Мавзуи 1. Бахисобгирии бухгалтери хамчун низоми иттилооти

Донишгохи давлатии Хучанд ба номи

Академик Б. Гафуров

Факултаи «Молия ва иктисодиёти бозор»

 

 

«Тасдик мекунам»

Ноибректор оид ба

корхои таълим

Назаров Р.Р._______

 

 

Комплекси таълими-методи аз фанни: «Хисобгирии бухгалтери молияви»

(барои донишчуёни курси 2-уми ихтисосхои иктисоди)

Тартибдихандагон устони кафедраи «Мухосибот ва аудит» Ходжаева Р.

 

ХУЧАНД 2011

Комплекси таълими-методи аз фанни «Хисобгирии бухгалтери молияви» дар таркиби худ чунин маводхоро дорост:

матни лексияхо;

саволхо барои худсанчи ва мустахкамгардони;

 

Хафтаи якум.

Дарси 1

Мавзуи 1. Бахисобгирии бухгалтери хамчун низоми иттилооти

 

Накша:

1. Мавхум ва мохияти бахисобгирии бухгалтери.

2. Низоми иттилоотии бахисобгирии бухгалтери ва истифодабарандагони он.

3.Бахисобгирии молияви ва идорави.

4.Андоза ва услуби баходихи дар бахисобгири молияви.

Баҳисобгирии бухгалтерӣ забони байналмилалии соҳибкорӣ буда, донишҳои соҳаи риёзиёт, омор, молия, ҳукуқ, андозбандӣ, технологияи компютерӣ ва фанҳои дигар талаб мекунад, ки онҳо дар ниҳояти кор боиси ташаккули насли нави кормандони баҳисобгирӣ - менеҷерони молиявии ширкат мегарданд. Беҳуда нест, ки роҳбарони аксарият иттиҳодияҳои транснатсионалӣ дорои маълумоти бухгалтерй ва ё собиқ бухгалтеронанд.

Баробари такомули муносибатҳои бозаргонй баҳисобгирии бухгалтерӣ масъалахои мураккаби зеринро ҳал менамояд:

- муайян намудани сатҳи иқтидори истеҳсолӣ ва вазъи молиявии корхона;

-т---аниқ кардани мавҷудияти моликият, вазъ ва ҳаракати воситаҳои асосӣ ва гардишӣ;

таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ ва омода намудани пешниҳодот оиди қабули қарорҳои идоракунӣ; таъмини назорат аз «болои нигоҳдории захираҳои моливу моддӣ, воситаҳои пулй ва тамоми моликияти ширкат;

мониторинги амалиёти ҳисоббаробаркунй ва қарзӣ, идоракунии хароҷот, таъминоти самаранокй ва рақобаттобоварӣ.

Мақсади бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ - ин ҷамъоварӣ, коркард ва танзими маълумот оиди вазъи соҳибкорӣ, воқиф сохтани роҳбар ва менеҷерон оиди ҳаҷми корҳои иҷрошуда, даромад, хароҷот ва фоида, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмй, оиди тағйирот дар ҳаракати захираҳои модй ва меҳнатӣ мебошад.

Аз ин бармеояд, ки низоми баҳисобгирии бухгалтерӣ манбаи иттилоотиро барои идоракунй ба вуҷуд оварда, назорат ва таҳлили фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад.

Низолш иттилоотии баҳисобгирии бухгалтерӣ ва истифодабарандагони он

Пешбарии бомуваффақияти соҳибкорӣ дар шароити ҳозира асосан бо азхудкунии маълумоти иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Ба қатори рукнҳои муҳимтарини ахбороти иқтисодӣ низоми иттилоотии баҳисобгирии бухгалтерй дохил мешавад.

Ба сифати истифодабарандагони ахброти баҳисобгирӣ ва ҳисобот гурӯҳҳои мухталифи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ , ки дорои манфиатҳои гуногун - дохилӣ ва берунӣ мебошанд, баромад мекунанд.

Истифодабарандагони дохилии иттилоот, ки асосак бевосита бо идораи сармоя машгуланд, моликони хусусӣ ва дастҷамъӣ, мақомоти олии идоракунандаи ширкат, дастгоҳи иҷроия, менеҷерон, сардорони шӯъба, қисм ва сехҳо мебошанд.

Гурӯҳи дуюми истифодабарандагони иттилооти бухгалтериро онҳое ташкил медиҳанд, ки кормандони бевоситаи ширкат набуда, лекин манфиатҳои молиявӣ доранд. Ба қатори чунин ҳавасамандон маблағгузори ҳақиқй (воқеъӣ) ва эҳтимолӣ, қарздиҳандагони воқеъй ва эҳтимолй, аз он ҷумла саҳмдорон, таъмингарон ва харидорон мансубанд.

Гурӯҳи сеюми истифодабарандагони иттилооти бухгалтерӣ манфиатҳои молиявии бавосита(ғайримустақим) доранд. Ба қатори-чунин истифодабарандагон дар навбати аввал давлат дар шахсияти мақомоти андоз, молия ва омор, мақомоти батанзимоваранда, аудиторон, мушовирон мансубанд.

Моликон, мудирон ва дигар кормандони дастгоҳи иҷроия барои фаъолияти самаранок ҷавобгар буда, барои даромаднокй ва фоидаоварии корхона манфиатдоранд. Ҳамин тариқ, Шӯрои директорон нақшаи даромад, хароҷот ва фоидаро кор карда мебарояд, Маҷлиси умумӣ онро тасдиқ мекунад, Дастгоҳи иҷроия нақшаҳои пешбинишударо бевосита иҷро мекунад. Барои пешбарии бомуваффақияти кор иттилооти рӯзмарра оиди ҳаҷми корҳои иҷрошуда, воридоти пулии накдина, вазъи амалиёти ҳисоббаробаркунӣ, ҳаракати воситаҳои пулй зарур аст. Дар сурати мавҷудияти ин гуна маълумот таҳлили натиҷаҳои бадастомада ва қабули карорҳои асосноки идоракунӣ имконпазир мегардад. Сармоягузорон ва кредиторон, гарчанде дар идоракунии корхона бевосита ширкат намеварзанд, нисбати тараққиёти корхона назар ба идоракунандагон бештар ҳавасманданд.

Дар давлатҳои Осиёи Марказй, ки дар онҳо ҷараёни ташаккул ва инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ сурат мегирад, сармоягузориҳои бузурге на танҳо ба истеҳсолот, тиҷорат ва хадамот, балки ба соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои ҳаёт низ талаб карда мешаванд. Аксарияти сармоягузорон воситаҳои пулӣ, молу мулки худро барои барқароркунии истеҳсолот, тараққиёти соҳаи савдо ва хадамот, сохтмони иншооти нав ва таҷдиди объектҳои амалкунанда бо вуҷуди хавф (риск) харҷ мекунанд. Ин хавф он гоҳ эътимоднок мегардад, ки сармоягузорон ва кредиторон оиди рафти корҳо дар объектҳои мазкур маълумоти ҳамаҷониба дошта, аз болои воситаҳои харҷшаванда ва таъмини



далелҳои ҳисоботӣ назорат бурда тавонанд. Менеҷерон ба дурустии қарорҳои кабулшуда ва босамара будани сохтори сармоя баҳо медиҳанд.

Дар қатори истифодабарандагони иттилооти бухгалтерӣ мавқеи махсусро истифодабарандагони дорои манфиати бавосита(гайримустақим) ишгол мекунанд. Барои Осиёи Марказӣ, дар шароити ташаккули иқтисоди бозоргонӣ, вақте, ки аксарияти корхонаву ташкилотҳо бекор хобидаанд, ҷамъ намудани пардохтҳои андозӣ алалхусус муҳим буда, ба сифати истифодабарандагони асосии ахбороти молиявӣ баромад кардани макомоти андоз табиист. Гурӯҳи манфиатдорони иттилоотие вуҷуд дорад, ки барои онҳо хамагуна маълумот оиди фаъолияти корхона муҳим аст. Ин мақомоти молиявист, ки аз болои хифзи моликияти давлатӣ назорат мебарад.

 

Айни замон нақши мақомоти омор, ки бо ҷамъ намудан, коркард, таҳлил ва чамбасти маълумот оиди тараққиёти иҷтимой - иқтисодии кишвар машгул аст, афзуда шудааст.

Ба гурӯҳи судмандони ахбороти бухгалтерии дорои манфиати бавоситаи молиявӣ ;хамчунин аудиторон, мушовирон ва ҳама гуна истеъмолкунандагони молу хадамот дохил мешаванд. Ҳамин тариқ, ҳар як судманди дар боло зикр гардида нисбати вазъу тараққиёти тичорат дар маҳал рагбати хоса дорад. Масалан:

• сармоягузорони эҳтимолӣ ва саҳҳомон ҳавасманди маълумот оиди пардохти фоида аз сармоягузории худ - ҳаққусаҳм (дивиденд) мебошанд;

• кредитор ва таъминкунандагон ҳавасманди сари вақт гирифтани маблағи қарзҳои пешкаш гардида бо фоизаш ва молҳои (хадамоти) пешниҳодшуда, корҳои иҷрогардидаанд;

• харидорон ҳавасманди маълумот оиди фаъолияти муттасили субъекти хоҷагидорианд;

• кормандони ширкат шавқманди даромаднокӣ ва таъминоти саривақтии маош мебошанд;

• мақомоти давлатӣ ҳавасманди маълумот оиди ҳаҷми фаъолият ва андоз аз он мебошанд;

• аудиторон дурустии таҳияи ҳисоботи молиявӣ ва мувофиқати онро ба СБҲМ месанҷанд ва аслан манфиатдори қобилияти пардохтадокунӣ доштани мизоҷони хешанд;

• мушовирон оиди хариди саҳмияҳо ё худ маблаггузорӣ тавсия медиҳанд

Баҳисобгириимолиявӣ ва идоравӣ

Ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ зарурати таснифи баҳисобгирии бухгалтериро ба баҳисобгирии молиявӣ ва баҳисобгирии идоравӣ ба миён овард.

Дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ҳамчун фанни ягона бо қисматшавӣ ба фанҳои дохилсоҳавӣ омӯхта мешуд. Дар шароити ҳозира, бо пайдо шудани шаклҳои мухталифи моликият ва мувофиқан, истифодабарандагони мухталифи иттилоотии манфиатҳои гуногундошта, баҳисобгирии бухгалтерӣ ба молиявӣ ва идоракунӣ қисмат мешавад.

Баҳисобгирии молиявӣ маълумоти заруриро ҳам барои истифодабарандагони дохилӣ ва ҳам беруна дарбар мегирад. Қисми асосии баҳисобгирии молиявӣ аз маълумоти ҷамъбастӣ иборат аст; ки мақсади асосии он - омода намудани шаклҳои гуногуни ҳисоботи молиявӣ ва пешниҳоди саривақтии он ба истифодабарандагони берунаи ҳавасманд мебошад.

Баҳисобгирии молиявӣ дар шароити ташаккули иқтисодиёти бозоргонӣ, ҳангоме ки на ҳар як корхона пардохтҳои андозиро бардошт карда метавонад, ба истифодабарандагони ҳавасманд маълумотеро, ки на ҳамаи талаботи онҳоро қонеъ мегардонад, пешниҳод мекунад.

Маълумоти хеле пурра ва холисро оиди самаранокии фаъолияти ширкат тавассути баҳисобгирии идоракунӣ гирифтан мумкин аст.

Баҳисобгирии идоракунӣ (дохилиширкатй) маълумоти хеле пурра ва ҳаматарафаро оиди фаъолияти истеҳсолии ширкат, нишондодҳои микдорӣ ва сифатии кори бахшҳо дарбар гирифта, асосан барои қонеъ гардонии талаботи роҳбарон ва менеҷерони ширкат равона гардидааст. Бинобар ин мақсад аз бурдани баҳисобгирии идоракунӣ - ин баланд бардоштани сатҳи муфидии маълумот барои баҳодиҳии воқеии вазъи кор ва қабули қарорҳои муносиби идоракунӣ мебошад.

Баробари тараққиёбии муносибатҳои бозаргонӣ ҷараёни идоракунии воҳидҳои хоҷагидорӣ то рафт мураккабтар мешавад. Илова бар ин, диққати асосӣ ба баҳисобгирии идоракунй дода мешавад, ки он тадриҷан васеъ гардида, вазифаҳои маблаггузории буҷетӣ, назорат, батанзимоварӣ ва гайраро дарбар мегирад.

Бо вуҷуди ин, баҳисобгирии истеҳсолии амалкунандаро бо баҳисобгирии идоракунӣ ташбеҳ додан мумкин нест, чунки маълумоти баҳисобгирии истеҳсолӣ ҳам дар баҳисобгирии идоракуни ва ҳам дар баҳисобгирии молиявй истифода бурда мешавад. Олимони амрикоӣ оид ба баҳисобгирии идоракунӣ Хорнгрен Ч.Т. ва Фастер Дж. қайд мекунанд, ки «баҳисобгирии истеҳсолӣ - ин баҳисобгирии идоракунӣ бо ҷамъи қисмати начандон калони баҳисобгирии молиявист»1.

Баробари ба даст овардани мустақилият маҳорати идоракунӣ ва самтҳои ташкил истеҳсолотро худи ширкатҳо муайян мекунанд. Дар чунин шароит роҳбарон ба маълумоти саҳех оиди вазъи кор эҳтиёҷ доранд. Истиқлолияти молиявии ширкатҳо тавассути - бароҳмонии дурусти баҳисобгирӣ ва кушоду равшании ҳисобот назорати пайваста аз болои ҳаракати воситаҳои пулӣ ва вазъи ҳисоббаробаркунӣ бо дебитор ва кредиторон, бо мақомоти андоз таъмин карда мешавад.