Макоми бухгалтер дар идоракуни ва асосхои одоби касби

Гузариш ба муносбатхои бозоргони дар тамоми сохахои иктисоди масъалахои зиедеро ба миен овард, ки онхо хоси давраи гузариш мебошанд. Кисми асосии сохторхои давлати хусуси кунонида шуда, субъектхои тичорати хурд вам иена, чамъиятхои саххоми пайдо шудаанд, лекин бахисобгири ва хисоботдихи аз ин табаддулотхои бозори хеле кафо мондааст. Дар чунин шароит накши мухимро дар марвиди кабули карорхои идоракуни бухгалте мебозад, зеро у бояд масъаларо хаматарафа омухта, барои кабули карорхои мувофик ба рохбарият пешниход намояд.

Дар робита бо гузариш ба стандартхои байналхалкии хисоботи молияви, ки асосан ба дастгирии инкишофи бизнеси хурд вам иена равона карда шудааст, нуфузи касби бухгалтер меафзояд. Бухгалтери хакики бояд натанхо бухгалтер бошад, балки вай бояд дорои донишхо оиди конунгузори, менечменти молияви, забонхои хоричи ва технологияи компютери низ бошад.

Барои бастани шартномаҳо бо шарикон оиди таъмини мол ва иҷроиши корҳо (хадам маълумот доир ба мавҷудияти воситаҳо дар банк ва воридоти минбаъдаи воситаҳои пух пешбинишуда, ҳамчунин қудрати пардохтадокунӣ аз рӯи андоз ва қарзҳои кредиторон хеле зарур аст. Пешниҳоди объективии ин гуна маълумот дар навбати аввал аз бухгалтер вобаста аст.

Барои қабули қарор нисбати гирифтани қарз аз бонк ё худ ҷалби сармоя, кори ниҳоят муҳим дар пеш аст, ки он аз муайянкунии зарурати гирифтани қарз, ё худ ҷалби сармоя, харочоти қаблии давраҳои минбаъда ва мӯҳлати таловият (хароҷотбарорӣ), ҳамчунин дараҷаи хав амалиёти содиршаванда вобаста аст. Илова бар ин, нақши махсус ба муҳосиб таалуқ дорад.

Баҳисобгирии бухгалтерӣ касби шавқовар, эҷодӣ ва бонуфузу музди хуб доштаро вуҷуд овард. Намояндагони касби мазкур метавонанд аз рӯи самтҳои зерин мутахассис шаванд

♦ бурдани баҳисобгирии молиявй ва таҳияи ҳисобот дар доираи як воҳиди хоҷагидорӣ;

♦ фаъолияти аудиторӣ - консалтингӣ;

♦ фаъолияти мустақилонаи бухгалтери;

♦ фаъолияти омӯзгорӣ.

Мувофиқан, дар аксарияти давлатҳо намояндагони касби бухгалтерӣ кордонии худро роҳи аз санҷиш (атестатсия) гузаштан собит месозанд, то ки дараҷаи ихтисоси аз тарафи умум эътирофшуда - бухгалтери касбиро (ҷамъиятӣ, дорои сертификат, савгандёдкарда) доро гарда Чунончӣ, дар ИМА номзадон метавонанд дорои дараҷаи тахассусии СМА(Certified management accountant) ё худ СРА (certified public accountants) танҳо дар сурати тайёрии дуру дароз супоридани якчанд имтиҳон, ҷавобгӯ будан ба талаботи муқарраргардида вобаста ба маълу^ ва коршоямии касбӣ шаванд. Барои бухгалтери касбӣ гардидан, номзадон бояд ба талаботхои қатъӣ, ки воқеан дар аксари кулли мамолик шабеҳи якдигаранд, ҷавобгӯ бошанд. Дар аксари: давлатҳо аз номзад мавҷудияти маълумоти олии касбӣ, супоридани имтиҳонот барои сертифи: (гувоҳнома) ва обрӯву эътибори бенуқсон талаб карда мешавад. Дар Олмон бошад, бар замми ҳама, номзадон то оғози фаъолияти касбӣ ба намуди зайл савганд ёд мекунанд: «Ба номи Худованди Басир ва Тавоно савганд мехррам, ки бо тамоми масъулият ва аз рӯи виҷдон аз вазифаи бухгалтер - аудиторро иҷро мекунам, бо ҷидду ҷаҳди хоса махфииятро ҳимоя мекун холисона ва объективона санадҳои санҷишии аудиториро (ҳисоботи мотявиро), инчунин хулоса аз рӯи онҳо таҳия менамоям. Худо мададгори ман бошад\ »'.

Айни замон дар қаламрави собиқ Иттиҳодияи Шӯравӣ Шӯрои байналхалкии бухгалтерон ва аудиторони дорои гувоҳнома созмон ёфтааст ва бомуваффақият амал мекун Ин Шӯро аз ибтидои фаъолияти хеш дар ҷодаи такмили дониши бухгалтерони касбй, руц ҳамкории йттиҳодияҳои онҳо корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст. Мутобиқи оинномаз қабулшудаи ин ташкилоти бонуфуз, намояндагони касби бухгалтерӣ барои доро гардид; дараҷаҳои зерини касбӣ баяд аз санҷиш (аттестатсия) гузаранд:

♦ бухгалтери корозмудаи дорои гувоҳнома (САР);

♦ бухгалтери касбии байналхалқии дорои гувоҳнома (С1РА).

Барои гирифтани дараҷаи САР номзадон бояд чунин имтиҳонҳоро супоранд:

• баҳисобгирии молиявӣ - 1 (беш аз 75 хол);

• баҳисобгирии идоракунӣ - 1 (беш аз 75 хол);

• андоз ва ҳуқуқ (беш аз 75 хол);

• технологияи иттилоотӣ (сертификат - гувоҳнома).

Номзадоне, ки хоҳиши гирифтани дараҷаи дуюм - СIРА-ро доранд, бояд аз рӯи фан: зерин имтиҳонро бо дарёфти зиёда аз 75 хол супоранд:

■ баҳисобгирии молиявӣ -2;

■ баҳисобгирии идоракунй -2;

■ аудит;

■ молия.

Ғайр аз ин, аз номзадон аъзогии ҳатмӣ дар яке аз иттиҳодияҳои касбй ва мавҷуди маълумоти касбӣ низ талаб карда мешавад.

Дар сатҳи байналхалқӣ, аз с. 1973 сар карда, иттиҳодияи байналхалқии бухгалтерс касбй - Федератсияи Байналхалқии Бухгалтерон (ФББ - IFAC) фаъолият мебарад, ки дар на он ба тариқи соҳибихтиёрӣ кумита оид ба стандартҳои байналхалкии ҳисоботи моли. (КСБҲМ - IASB) амал мекунад. Кумитаи мазкур бо коркард ва паҳнкунии стандартҳои ҳисоботи молиявӣ машгул аст. Яке аз самтҳои фаъолияти кумита ин коркарди талабот ва қоидаҳои одобу рафтор барои бухгалтерони касбист.

Одоби касбӣ барои ҳамаи намояндагони соҳаи иқтисодиёт вуҷуд дорад. Ин талабот принсипҳои муайян дар рафтори бухгалтерони касбӣ мебошад. Маҷмӯаи қоидаҳо, тавсия меъёрҳои одоби бухгалтерони касбӣ дар Кодекси одоб инъикос гардидаанд, ки аз ҷониби Федератсияи Байналхалкии Бухгалтерон пешниход карда шудааст. Кодекс меъерхои ахлокии бухгалтеронро мукаррар намуда, принсипхои асосиеро, ки бояд оонхоро бухгалтерони касби риоя намоянд, дарбар мегирд.

Мувофиқи кодекси одоби бухгалтерони касбӣ намояндагони ин касб бояд кори худро дар мгъерхои касбӣ, босифат, саривақт ва натиҷанок ба анҷом расонанд. Илова бар ин, бояд эеринро риоя кард: эътимоднокӣ, кордонӣ, сифатнокии хадамот ва боварӣ. Ғайр аз ин, коидахои асосие мавҷуданд, ки мояи маҳорати бухгалтеронро ифода мекунанд: поквиҷдонӣ, холисият (бегарази), корозмудагии касбӣ, риояи махфият, ахлоқи касбӣ ва меъёрҳои техникӣ.

 

Дарси амалии № 2.