Мазуи 4. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти

Накша:

Баланси таснифии бухгалтерӣ

Навъҳои ҳисобот оиди фоида ва зарар

Хисоботи молиявии дигар

Баланси таснифии бухгалтерӣ

Хисоботи бевосита бо муодилаи балансӣ алоқаманд буда,ки вазъи молиявии субъектро мекунад ва дар таърихи мушаххас таҳия мегардад, ҳисоботи балансӣ ном гирифтааст. Маҳз тавассути ҳисоботи балансй истифодабарандагон оиди бозоргирӣ, кудрати молияви ва чандирии молиявии ширкат маълумот мегиранд. Баланс барои ҳисоб аксариятикоэффитсиентҳои молиявӣ ва иқтисодӣ, баҳодиҳии муассисаҳои бо сиёсати он дар ҷодаи азхудкунии истеҳсолоти навин имконият медиҳад. Балланси бухгалтерӣ оиди захираҳои субъект (актизҳо), даъво ба захираҳо (ӯҳдадориҳо) ва :гр ширкат (сармоя) маълумот медиҳад.

 

Чузъхои баланси бухгалтери Тавсифиамалиёт
активхо- захираҳои иқтисодии аз ҷониби хочагидорй назоратшаванда, ки натичахои руйдодхо ва шартномаҳои гузашта ва нафъи иктисодии минбаъда дар назар дошта шудааст. I. Захираҳои ҳамчун актив баррасишаванда бояд: а) дар оянда нафъи иқтисодй оранд (барои бадастоварии фоида кор оянд); б) зери назорат қарор гирифта, ба субъекти хоҷагидорй дар асоси соҳибҳуқуқй тааллуқ дошта бошанд (метавонанд озодона истифода шаванд ё аз истеҳсолот хорич гарданд); в) натиҷаи амалиёти қаблиро ташкил диҳанд (яъне воқеан дар айни замон дар намуди захираҳо, дар истеҳсолот, дар арафаи бунёдгардй ё дар роҳ мавҷуд будан).
Ухдадорихо- ин қарзи ҷории ширкат, ки дар натичаи руйдодхои давраҳои қаблӣ ба вуҷуд омада, батанзимдарории он ба хориҷшавии субъект, ки нафъи иқтисодиро тачассум намудааст, бурда мерасонад 2. Уҳдадориҳои баррасишаванда бояд: а) ба камшавии активҳо, ки минбаъд бояд нафъи иқтисодй оваранд, мусоидат намоянд; б) ногузир бошанд; в) аз амалиётҳои қаблӣ бароянд.
3. Сармоя - ин ҳиссаи активҳои субъекти хочагидори, ки пас аз пардохти хамаи ухдадорихо боки мемонад.. Сармоя гурухи махсуси моддаҳоро, аз ҷумлаи сармояи оинномавй ва фоидаи тақсимношударо дарбар мегирад. Бақия дар ҳисобот ҳиссаи боқимондаи активҳоро пас аз тарҳнамоии ӯҳдадориҳо ифода мекунад.  

Ширкатҳо дар асоси хусусияти амалиёти содиршуда, активҳо ва ӯҳдадориҳоро дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат тасниф мекунанд. СБҲМ талаб мекунанд, ки новобаста сиёсати баҳисобгирии қабулшуда, ширкатҳо бояд маблағҳоро, ки пардохт ё қабули онҳо ва ё баъд аз дувоздаҳ моҳи санаи ҳисоботӣ пешбинӣ шудааст, аз рӯи ҳар як моддаи актиа ва ӯҳдадориҳо кушода диҳанд.

Мувофикан, таснифи актив ва ухдадорихо ба намудхои кутохмуддату дарозмуддат истифодабарандагонро бо маълумоти муфид таъмин намуда, активхои гардон ва гайригардонро чудо мекунанд. Хамзамон ба активхои воридшаванда ва ухдадорихои пардохтшаванда дар тули 12 мохи наздик диккатро равона месозад. Гайр аз ин, маълумот оиди мухлати пардохти активхо ва ухдадорихо барои баходихии бозоргири ва аник кардани кобилиияти пардохт доштани ширкат муфид мебошад.

Актив бояд хамчун кутохмуддат nfcyba шавад, агар:

А) фуруш, нигохдори барои фуруш е худ истифодаи он дар шароити муътадили давраи амалиетии ширкат пешбини шуда бошад;

Б) он асосан барои фуруш дар давоми муддати кутох нигох дошта шавад, ва е фуруши он дар тули 12 мохи пас аз санаи хисоботи пешбини шудааст;

В) он активе бошад, дар шакли воситахои пули е худ воситахои хамарзиш (эквивалент) , ки истифдаи номахдуд доранд;

Хамаи активхои дигар бояд хамчун дарозмуддат nfcyba карда шаванд

Ухдадорихо он гох хамчун даромуддат nfcyba мегардад, агар:

А) адои пардохти он дар шароити муътадили давраи амалиетии ширкат пешбини шуда бошад;

Б) адои пардохти он дар тули 12 мохи пас аз таърихи хисоботи вочиб аст

Хамаи ухдадорихои дигар бояд хамчун кутохмуддат nfcyba карда шаванд

Ширкат ухдадорихои дарозмуддати хешро, ки пардохти фоизхоро дарбар мегиранд, хатто дар холати вочиб будани вочиб будани пардохти фоизхо дар тули 12 мохи пас аз таърихи хисоботи хамчун дарозмуддат nfcyba мекунанд, агар:

А) мухлати ибтидои давраи зиеда аз 12 мохаро дарбар мегирифт

Б) азнавмолиякунонии ухдадорихо дар асоси дарозмуддат пешбини шудааст

В) Ин максад бо шартнома оиди азнавмолиявикунони таквият дода шудааст е худ тагйири чадвали пардохтхо то тасдики хисоботи молияви кабул мешавадд

Хамин тарик, мутобики СБХМ, баланс бояд моддахои зеринро дарбар гирад:

· воситахои пули ва хамарзиш (эквивалент) – и онхо

· карздории дебитории савдои ва дигар

· захирахои моддию моли

· воситахои асоси

· активхои гайримодди

· активхои молияви

· сармояхои аз руи усули иштирок бахисобгиритфашуда

· карздории кредитории савдои ва дигар

· ухдадорихо ва талаботи андози

· захирахо

· ухдадорихои дарозмуддат, ки пардохти фоизро дарбар мегиранд

· хиссаи акаллият

· сармояи интишоршуда ва бунедхо (фонды)

Баланси бухгалтери дар баробари тавсифномахои мусбии хеш боз махдудиятхои зеринро дорост:

· на хамаи моддахои баланси аз руи арзиши чори инъикос меебанд. Масалан, активхои гайригардиши аз руи арзиши ибтидои ба хисоб гирифта мешаванд, ки эхтимол бо арзиши чории вокеи мувофикат накунад

· аксарияти моддахои баланс аз руи маблаги хисобкардашуда инъикос меебанд. Масалан, ухдадорихои хисобкардашуда, фарсудашави, захирахои карзхои шубханок ва гайра

· маблаги баъзе моддахо дар баланс метавонад тадкик набошад. Масалан, активхои гайримодди ва маблагхое, ки хамчун ухдадорихои мавкуфгузошташуда инъикос шудаанд