Шаклхои хисобот оиди фоида ва зарар

Хисобот оиди фоида ва зарар (оиди фаъолияти натичахои молияви - хочаги) хамчун чузъи васеъкунандаи баланс дар ибтидо ва интихои давраи хисоботи накши мухимро мебозад.

Даромад – ин афзоиши нафъхои иктисоди, ки дар шакли зиедшавии активхо ва е худ камшавии ухдадорихо ба амал омада, дар афзудани сармояи саххомии бо хиссагузорихои иштирокчиен вобаста набуда ифода меебад.

Харочот – ин камшавии нафъи иктисоди дар намуди хоричшави, тачдиди активхо, ё худ афзудани ухдадорихо баамалоянда, ки ба камшавии сармоя оварда мерасонад ва ба таксимоти сармоя байни иштирокчиени сармояи саххоми вобастаги надорад.

Фоида – ин афзоиши сармоя дар натичаи фаъолияти асоси ва гайриасоси, руйдодхо, вазъиятхое, ки ба субъекти хочагидори таъсир мерасонанд, ба чузъ аз хакки узвият ба сармояи саххоми.

Зарар – ин камшавии сармояи саххоми дар натичаи фаъолияти асоси ва амалиети дигар, руйдодхо, вазъият, ба чузъ онхое, ки натичаи таксимоти сармояи саххомиянд.

Ҳисобот тағйиротеро дар вазъи молиявӣ маънидод мекунад, ки аз амалиётҳои хоҷагй молиявӣ (даромад ва хароҷот) бармеоянд. Тавассути маълумоти ҳисобот оиди фоида в зарар истифодабарандагон аз натиҷаҳои фаъолияти ширкат - фоидаи бадастомада ва ё зара хабардор мешаванд.

Мутобиқи СБҲМ ҳисобот оиди фоида ва зарар бояд то ҳадди аққал моддаҳои зеринро дарбс бигирад:

а) пули фурӯш (выручка);

б) натиҷаҳои фаъолияти амалиётӣ;

в) хароҷоти маблаггузорӣ;

г) ҳиссаи фоида ва зарари муассисоти шарикия ва фаъолияти муштарак, ки аз рӯи усули иштирок I
ҳисоб гирифта шудааст;

д) хароҷоти андоз;

е) фоида ва зарар аз фаъолияти маъмул; . 4
ё) натиҷаҳои вазъияти фавқуллода;

ж) ҳиссаи ақаллият;

з) фоидаи соф, ё худ зарари давраи ҳисоботӣ.

Моддаҳои хароҷотӣ баъдан ба гурӯҳҳо барои ҷудокунии қатори ҷузъҳои натиҷаҳс фаъолияти гайримолиявӣ, ки дорои хусусиятҳои фарқкунандаи мухталиф ба мисли устувор қудрати фоида ё худ зарар ва пешгӯӣ мебошанд, тасниф мешаванд. Ин маълумот бо яке аз I усуле, ки СБҲМ барои таҳлили даромад ва хароҷот маъқул ҳисобидааст, пешниҳод кар^ мешавад:

аз рӯи хусусияти хароҷот; аз рӯи вазоифи хароҷот;

Мавриди истифодаи усули якум хароҷот дар ҳисобот оиди фоида ва зарар мувофш хусусияти онҳо (фарсудашавй ва истеҳлок, хароҷоти накдиётӣ, музди меҳнат, харҷи реклам муттаҳидонида шуда, байни самтҳои мухталифи дохили ширкат аз нав тақсим карда мешава Усули мазкур асосан дар муассисаҳои кӯчак истифода мешавад, ки дар он ҷо азнавтақсимкунии хароҷоти амалиётӣ дар асоси таснифи функсионалӣ эҳтиёҷ нест.

Тағйирот дар захираи маҳсулоти тайёр ва истеҳсолоти нотамом дар тӯли давра исло: хароҷоти истеҳсолиро ифода мекунад. Истеҳсолот дар ин маврид сатҳи захираҳоро афзу; фурӯши аз истеҳсолот зиёда ба камшавии сатҳи захираҳо оварда мерасонад.

Усули дуюм харочотро мутобики амали онхо, хамчун чузъи арзиши аслии фуруш, таксимот ва е фаъолияти маъмури тасниф мекунад. Чунин пешниходкуни ба истифодабарандагон маълумотеро медихад, ки назар ба харочоти аз руи хусусият таснифшаванда муфидтар аст, аммо таксимоти харочот аз руи вазоиф метавонад мубохисаомез бошад ва хиссаи хеле калони субъективиятро ифода намояд.

Бахши сиёсати баҳисобгирӣ дар эзоҳнома доир ба ҳисоботи молиявӣ бояд инҳоро тасви намояд:

а) асосҳои баҳодиҳӣ, ки барои омода намудани ҳисоботи молиявӣ истифода шудаанд; Ь) ҳар як масъалаи мушаххаси сиёсати баҳисобгирӣ, ки барои дарки дурусти ҳисоботи молиявӣ зару аст.

Сиёсати баҳисобгирй, ки мавриди пешниҳод муассиса бояд онро баррасӣ намояд (лекин бо и махдуд нагардад) инҳоро дарбар мегирад:

• эътирофи пули фурӯш;

• қоидаҳои муттаҳидшавй, аз он ҷумла корхонаҳои фаръӣ ва иттиҳодияҳо;

• муттаҳидшавии корхонаҳо;

• фаъолияти муштарак;

• эътирофи фарсудашавй ва истеҳлоки активҳои моддӣ ва гайримоддӣ;

• ба сармоя табдилшавии (капитализатсия) хароҷот аз рӯи қарз ва дигар хароҷот;

• шартнома оиди сохтмон;

• моликияти гузошташуда;

• воситаҳои молиявӣ ва маблаггузорй;

• иҷора;

- хароҷоти ташхис ва коркард;

• захираҳои моддию молӣ;

• андозҳо, аз ҷумла андози батаъхиргузошташуда;

• захираҳо;

• хароҷоти таъминоти нафақавӣ;

• азнавҳисобкунии асъори хориҷӣ ва суғуртаи асъор;

• муйаян намудани воситаҳои пулӣ ва ҳамарзиши онҳо;

• баҳисобгирии беқурбшавии пул;

• кӯмаки (субсидияи) ҳукуматӣ.

 

 

Дарси амалии №4.

1. Супориш барои худсанчи

2. Муҳимият

Муҳимияти моддаҳои зеринро муайян намоед:

1. Дар охири сол маълум шуд, ки активҳои соли гузашта ба даст омада нодуруст истеҳлок гардидаанд. Истеҳлоки ин активҳо бояд маблаги 1 000 в.ш.-ро ташкил медод. Фоидаи софи ширкат баҳисоби миёна ба 110 000 в.ш. баробар аст.

2. Ибтидои соли дигари пас аз давраи ҳисоботй, дебитори калони корхона оиди муфлисшавиаш эълон намуд.

3. Дар ширкати тиҷоратӣ аз ҷониби баъзе кормандон ҳодисаи дуздй маълум карда шуд. Мувофик баҳодиҳӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблаги 1500 в.ш. молҳо горат шудаанд. Фоидаи ширкат ба ҳисоб миёна ба 250000 в.ш. баробар аст.

4. Бинобар риоя накардани иҷозатнома аз болои ширкат ба додгох ариза ворид шуд. Дар ҳолати бохтани мурофиа, вай маҷбур аст, ки истеҳсолот ва фурӯши маҳсулотеро, ки сабаби даъвои суди гаштааст, катъ гардонанд. Маблаги фуруши махсулоти мазкур 10000 в.ш. – ро ташкил мекунад, хол он, ки маблаги умумии савдои ширкат баробари 50000в.ш. аст. Эхтимол ширкатро гунахкор месозанд.

А) 31 январ дар Китоби асосӣ қайдҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

Дт

Кт

б) Моҳи феврал қайд оиди ҳисобкунии зерин ифода меёбад:

Дт

Кт

в) Дар интиҳои моҳи феврал бақияи ҳисобҳо кадом маблагро ташкил менамояд?
Номгӯи ҳисоб:

Бақия аз рӯи ҳисоб: Номгӯи ҳисоб: Бақия аз рӯи ҳисоб:

г) Фаъолияти ширкатро дар моҳи март инъикос намоед:
Хароҷоти иҷораи тӯлй моҳ:

Дт

Кт
Пардохт ба иҷорадиҳанда: _

Дт

Кт

3. Аз рӯи шарти қарордод пардохт барои аудйти с. 2001 7 200 в.ш.-ро ташкил медиҳад. Мутоби
қоидаи ҳисобкунӣ пардохт барои аудит бояд ба хароҷоти с. 2001 тааллуқ дошта бошад, сарфи назар
он, ки хадамот соли 2002 расонида мешавад.

а) Дар Китоби асосии с. 2002 мукотиботи зерини ҳисобҳо ҳармоҳ ба амал бароварда мешаванд:

ДТ

Кт

б) Агар ширкат моҳи декабри с. 2001 20% -и ҳаққи аудитро пардохт кунад, пардохти декабри
инъикос намоед:

Дт

Кт

в) Бақияи ӯҳдадории ҳисобкардашуда дар ҳисоб 31 декабри с. 2001 кадом маблағро ташкил мекунад'

г) Маблағи хароҷоти с. 2001 чӣ бузургиро ташкил мекунад?

д) Маблағи хароҷоти с. 2002 чӣ бузургиро ташкил мекунад?

4. а) Ҳангоми фурӯши бевоситаи маҳсулот ба мизоҷ бо пули нақд ба маблаги 3400 в.ш. мукотибо
зерини ҳисобҳо (танҳо оид ба фурӯш) ба амал оварда мешавад:

Дт

Кт

б) Ҳангоми фурӯши насиявии маҳсулот ба мизоҷ ба маблаги 3400в.ш., мукотиботи зерини ҳисоб
(танҳо оид ба фурӯш) ба амал оварда мешавад:

Дт

Кт

в) Ҳангоми пардохткунӣ аз ҷониби мизоҷ, мукотиботи зерини ҳисобҳо тартиб дода мешавад:

Дт

Кт

5. а) Агар ширкат як қисми анбори худро ба муддати 6 моҳ ба маблаги 12 ОООв.ш. ба ширкати диг
иҷора диҳад, ҳангоми гирифтани ҳаққи пардохт дар санаи 10 январ ба маблағи 12 ОООв.ш., мукотибо
зерини ҳисобҳо тартиб дода мешавад:

Дт

Кт Анҷоми ҳар моҳ аз январ то июн қайдҳои зерин иҷро карда мешаванд:

(Эзоҳ: ин мукотибот даромади ҳар моҳ аз маблаги иҷора пешпардохшударо инъикос мекунад). Дт

Кт

б) Агар то моҳи феврал маблаги пардохт ворид нашавад, - охири моҳи январ чӣ гуна қайд ба ам
бароварда мешавад?

Эзоҳ: ин мукотибот даромадро инъикос мекунад, ки моҳи январ ба даст омада, пардохт ҳоло вор нашудааст. Дт

Кт

в) Агар то анҷоми моҳи феврал маблаги пардохт ворид нашавад, мавриди ворид шудани пардохт
маблаги 12000 в.ш. кадом мукотиботро бояд ба амал овард? Эзоҳ: нигар ба-мукотиботи банди 5 б.

Дт

Кт

Хафтаи панчум.

Дарси 5.

Мавзуи 5. Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа

Накша:

Масъалаҳои ченкунӣ

Муайян намудани моҳияти иқтисодии ҳисобҳои бухгалтерй

Сохтори ҳисобҳо

1. Масъалаҳои ченкуни

Ҳисоби бухгалтерӣ ҳамчун фан ва таҷрибаи муназзам, ҳамчун низоми ахборотиест, к ҳамчун ченкунй, коркард ва пешкаш намудани ахбороти молиявӣ ба истифодабарандагон мушаххас фаҳмида мешавад. Дар луғати энсиклопедӣ чунин таърифи система овард шудааст: «Низом (Система) - ҷузъҳои бисёре, ки ба якдигар вобастагӣ дошта, яклухт, ягонагиро ташкил медиҳад».

Система дар назар дорад, ки кадом объектҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд ва онҳо чи гуна чен карда мешаванд. Фақат ба воситаи ченаки пулӣ дараҷаи таъсири амалиёти хоҷаг ба натиҷаи фаъолияти воҳиди хочагидорӣ (business entities) муайян карда мешавад.

Дар ҳисоби бухгалтерӣ объекти ченкунӣ амалиёти хочагй фаҳмида мешавад. Амалиёти хоҷагӣ - ҳодисаҳои иқтисодӣ ва ё хоҷагию ҳуқуқие, ки ба натиҷаҳои фаъолияти молияви ширкат таъсир мерасонанд. Мисол, сарфи масолеҳ, ҳисобкунии музди меҳнат, фурӯш молҳо, гирифтани даромад ва дигарҳо. Вале на ҳамаи ҳодисаҳо ва воқеаҳо ҳамчун амалиет хоҷагӣ фаҳмида мешаванд. Барои мисол, талафот дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодд камомади захираҳои молию моддӣ, йстеҳлоки воситаҳои асосй ва ба инҳо монандро ( гурӯҳи амалиёти хоҷагӣ дохил кардан мумкин аст. Онҳоро далели (ҳақиқати) фаъолиял хоҷагӣ меноманд. Бинобар он, дар баҳисобгирии бухгалтерӣ мафҳуми «воқеаи фаъолияп хоҷагй»-ро истифода мебаранд (амалйети хоҷагиро ҳам ба воқеаҳо дохил мекунанд). Аз 1 нуқтаи назар, тадқиқоти гуногуни воқеаҳои фаъолияти иқтисодии корхонаҳо гузаронщ мешаванд ва ин доираи тафаккури фаъолият 'барои муносибати муназзам ва ҳаш муаммоҳои идоракунии самараноки фаъолияти ширкат аҳамияти муҳим дорад.

Аломатҳои гуногуни воқеаҳо ҷудо карда мешаванд, ки дорои таъиноти аниқ мебошанд:

1) нисбати худи корхона - беруна ва дохилй;

2) мувофиқи мазмун - иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, омехта;

3) аз рӯи вақти содиршуда - гузашта, ҷорӣ, оянда;

4) нисбати воситаҳои корхона - пермутатсия (тағйирёбии активҳо ва ё пассивҳо) ва модификатсия (тағйирёбии якбораи активҳо ва пассивҳо).

Воқеаҳои содиршуда ба ҳолати молиявии ширкат таъсир мерасонанд. Бинобар, онҳоро ба ҳисоб мегиранд ва таҳлил менамоянд.

Дар таҷриба бухгалтер (муҳосиб) бояд ба се савол ҷавоб дода тавонад:

• кай амалиёти хоҷагӣ ба амал омад (масъалаи аниқгардонй – recognition issue);

• арзиши амалиёти хоҷагӣ чй қадар аст (масъалаи баҳодиҳӣ – valuetion issue);

• амалиёти хоҷагй чй тавр бояд тасниф гарданд (масъалаи таснифот – classification issue).

Баҳисобгирии бухгалтерй бояд воқеаҳои фаъолияти хоҷагиро дуруст ва дар айни ва шинохта, чен карда, ҳисоб карда ва мувофиқи мазмуни амалиёти хоҷагй маънидод кунад. Аз давраи бақайдгирии амалиёти хоҷагӣ андозаи натиҷаи молиявӣ вобастагӣ дорад.

Дар ҳисобгирии бухгалтерии анъанавӣ арзиши аслии маҳсулот (кор, хадамот) дарҷ,

чамъбаст ва ҳисоб карда мешавад. Активҳои гардон дар баланси бухгалтерии ширкат бо арзиши аслӣ баҳо дода мешаванд. Мувофиқи қоидаи баҳодиҳӣ ҳисоби бухгалтерии амвол,

ухдадориҳо ва амалиёти хоҷагӣ аз рӯи ченаки пулӣ бурда мешавад. Пас аз ченкунӣ ва

баходиҳӣ амалиёти хоҷагиро дар системаи ҳисоб менависанд. Ҳар як ҳисоб - соҳиби

ахборот, ҷузъи система ва зерсистемаи ахборотӣ мебошад. Бинобар он, интихоб намудани

микдори зарурии ҳисоби куллӣ, асоснок кардани аломатҳои таснифоти онҳо ва ба қисмҳо

таксим намудани ахбороти ба даст оварда муҳимтарин масъалаҳои методологии

бахисобгирии бухгалтерӣ ба шумор мераванд. Аз ҳалли дурусти ин масъалаҳо сифати

ахборот ва андозаи натиҷаҳои молиявй вобастагӣ доранд. Мисол, хариди асбобҳои махсусро

чун хароҷот барои таъмир ва хизматрасонии воситаҳои асосӣ (1) ва ё ҳамчун харидкунии

воситаҳои асосӣ фаҳмидан мумкин аст.

Дар мавриди якум манбаи хариди асбобҳои махсус арзиши аслӣ мебошад, дар мавриди дуюм - сармояи худӣ ва ё қарзй аст. Агар арзиши асбобҳои махсуси сарфшударо ба арзиши асли гузаронем, пас аён мегардад, ки фоида кам мешавад. Аз ин ҷо, интихоби ҳисоб ба натиҷаҳои молиявӣ таъсир мерасонад.

Муайн намудани моҳияти иқтисодии ҳисобҳои бухгалтерӣ

Дар аввалин асари чопшуда оиди ҳисоби бухгалтерй Л.Пачоли чунин таърифи

хисобҳои бухгалтериро оварда аст: «Ҳисобҳо моҳияти на бештар аз тартиби даркориро

доранд, ки худи тоҷир муқаррар кардааст, дар ҳолати дуруст итстифодабарии онхо вай дар

бораиҳамаи корҳояш, ки бо муваффақият рафта истодаанд ва ё не маълумот мегирад». Ин таърифи моҳияти ҳисобҳо ба давраи Эҳё тааллуқ дорад. Таърифҳои ҳозиразамони

мохияти ҳисобҳои бухгалтерӣ аз ақидаи дар асараш «Рисола дар бобати ҳисобҳо ва сабтҳо»

ниҳодкардаи Л.Пачоли он қадар фарқе надоранд. Ғояи асосй аз он иборат аст, ки ҳисоб

бораи фаъолияти хоҷагии субъект маълумот пешниҳод мекунанд ва дар асоси он

маълумот баҳо дода, қарорҳои зарурии идоракунй қабул карда мешаванд.

Баҳисобгирии бухгалтерӣ ҳамчун системаи иттилоотии таъмини идоракунӣ бо

ахбороти фоидаовар фаҳмида мешавад. Ба мақсади дастрас намудани ахбороти зарурӣ

системаи ҳисобҳои бухгалтерӣ истифода бурда мешаванд.

Нисбати муайян намудани моҳияти ҳисобҳои бухгалтерӣ ду нуқтаи назар вуҷуд доранд: Ҳисоб ҳамчун тарзи гурӯҳбандии назорати ҷорӣ ва инъикос намудани тагйирёбиҳои рггаҳои хоҷагии корхона фаҳмида мешаванд. Муҳимтаринаш дар ин ақида ҳамон буда метавонад, ки ҳисоб ҳамчун тарзи гурӯҳбандӣ, инъикос ва ҷамъбасткунии ахбороти якхелаи рсобгирӣ фаҳмида мешавад.

Ҳисобҳои бухгалтерӣ - ин ҷузъи системаи ахборотии идоракунй ва ё дорандаи ахборот мебошад.

Ҳисобҳои бухгалтерӣ - тарзи таснифот, инъикос ва муқоисакунии ахборот ба мақсади чамъбасткунии нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагй мебошад.

Ба воситаи низоми ҳисобҳо мушоҳидакунии бефосилаи ҷорӣ ва назорат аз рӯи ҳолат ва харакати воситаҳои хоҷагии субъекти хоҷагидорй гузаронида мешавад.

Таърифи дуюми моҳияти ҳисобҳо хеле ҳозиразамон ва пурмазмун мебошад.

Сохтори ҳисобҳо

Ҳисоб тасвири графикӣ, шакли «Т» - монанд дошта, ба намуди ҷадвали дутарафа дар китобхо, карточкаҳо ва варақаҳои ҷудогона тасвир карда шудааст. Ҳар як намуди ҳисоб аз ду кисм иборат аст: чап - дебет (лот. debit. - вай қарздор), рост - кредит (лот. credit. - вай бовар мекунад). Ин калимаҳо фақат маънои ифодаи техникии тарафҳои чапу рости ҳисобро доранд.

Нисбати баланси бухгалтерӣ ҳисоб активӣ ва пассивӣ мешавад. (ҳисобҳои активию пассиви эътироф карда намешаванд).

Хисоби активй - ин ҳисобест, ки дар он таркиб ва ҳаракати ҳаргуна намудҳои амвол ба хисоб гирифта мешавад, онҳо бақияи дебетӣ доранд.

Дар ҳисоби активй зиёдшавӣ (+) дар дебет ва камшавй (-) дар кредит тасвир карда мешавад. Чунин маънидод кардани тагйирёбии амалиёт (+,-) дар ҳисобҳо бо осонй фаҳмост,

.. ■■■ .'....■

вале барои фаҳмидани моҳияти ахбороти ҳисоби алоҳида нокифоя мебошад(8. с. 9). ҳолатро дар мисоли ҳисоби «Воситаҳои асосӣ» дида мебароем.

Маблаги умумии амалиёти хоҷагй гардиш номида мешавад, ки он метавонад дебетй ва кредитӣ бошад. Бакияи охир (салдо ҳисоб кардан) аз рӯи ҳисоби актив бо формулаи зерин муайян карда мешавад:

Бо=Ба + Гд - Гк;

ки дар ин ҷо: Ба ва Б0 - гардиши аввала ва охира;

Гд- гардиши дебетӣ;

Гк - гардиши кредитӣ;

Нақшаи ҳисоби «Воситаҳои асосй»-и оварда шуда нишон медиҳад, ки ҳисоб мазмуни аниқи иқтисодӣ дорад. Мисол, ҳисоби «Воситгаҳои асосӣ» нишон медиҳад, ки арзш воситаҳои асосӣ 65 000 в.ш. зиёд шуданд (565 000 - 500 000), дохилшавии воситаҳои ас (120 000) нисбати хориҷшавиашон (55 000) 65 000 зиёд шудааст (120 000 -155 000)

Ҳисоби пассив - ин ҳисоби бухгалтериест, ки манбаъҳои пайдоиши моликияти корхонаро ба ҳисоб мегирад. Мувофиқи нишондоди СБҲМ (Стандартҳои Байналмилалии Ҳисоботи Молиявӣ) пассиви баланс аз ӯҳдадорй ва сармояи худӣ иборат аст. Бақия ҳисоби пассивӣ кредитй мешавад. Бақияи охиринро дар ҳисоби пассив чунин муайян мекунанд:

Бо=Ба+Гк- Гд= 800 + 30 200 -30 000=1000

Ахбороти «Ҳисобҳо барои пардохт»-ро, ки ҳолати ҳисоббаробаркуниро молтаъминкунандагон нишон медиҳад, дида мебароем


Мо нақшаҳои умумии ҳисоби актив ва пассивро муқоиса намудем. Агар аз баробарии математикии ҳодисаҳои иқтисодй ва тасвири тагйирёбии онҳо дар ҳисоби бухгалтерй ш кунем, пас маълум мешавад, ки ҳисобҳои активӣ сохтори якхела доранд. Барои такомула касбии бухгалтер зарур аст, ки вай мазмуни дебет ва кредитро хонда тавонад; яъне бидон ки кадом ахборот дар дебет ва кредити ҳисоби аниқ акс меёбад ва кй истифодабарая чунин ахбороти баҳисобгирӣ аст.

Ахбороти аз ҳисобҳо гирифта шуда барои тартиб додани ҳисоботи молиявй зарур аст. Ба ҷузъҳои ҳисоботи молиявй дохил мешаванд:

• дороиҳо - активҳо (ҳисоби доимӣ);

• ӯҳдадориҳо (ҳисоби доимй);

• сармояи худӣ (ҳисоби доимӣ);

• даромадҳо (ҳисоби муваққатӣ);

• хароҷот (ҳисоби муваққатӣ);

• фоида (ҳисоби муваққатй);

• зарар (ҳисоби муваққатӣ).

 

Бакияи хисобхои доими ба баланси бухгалтери гузаронида мешавад, вале хисоби тагйирёбанда дар охири давра пӯшида мешавад.

Қоидаи навиштидутарафа

 

    Дебет ' Кредат \
Активхо   Зиедшави (бакия) 1 Камшави
Ухдадориҳо Камшавй Зиёдшавӣ
Сармояи худй Камшавй Зиёдшавй
Даромад Камшавӣ Зиёдшавӣ
Хароҷот Зиёдшавй Камшавй
Фоида Камшавӣ Зиёдшавӣ
Зарар Зиёдшавӣ Камшавӣ

Дарси амалии № 5

1.

 

Хафтаи шашум

Дарси 6.