Баҳисобгирии амалиётҳои хазина

Амалиёти бо воситаҳои пулии нақдинаи корхона алоқамандро амалиёти хазина меноманд. Баҳисобгирии маблағи нақд ва ҳаракати воситаҳои пулӣ дар хазина ҷудогона мувофиқи амалиётҳои дахлу харҷ бурда мешавад.

Амалиётҳои қабули пули накд:

• Қабули пул аз суратҳисоб ва ҳисоби арзии дар бонк буда;

• Баргардонидани бақияи сарфнашудаи сафархарҷ;

• Супоридани саҳми пулии муассисон ба сармояи оинномаи корхона;

• Барқарор намудани маблағи зарари моддӣ;

• Қабули маблағи накди даромад аз фурӯши арзишҳои молию моддӣ;

• Қабули воситаҳои накд аз ҳисоби махсуси қарзӣ ва дигар қарзҳо;

Гирифтани даромад аз фарқияти қурби арзй.

Амалиёти қабули пули накд хатман бо «Ордери даромадии хазина» ҳуччатнок карда мешаванд.

• Амалиёти сарфи пули накд:

• Пардохти ҳисоби молтаъминкунандагон барои мол ва хадамот;

• Пардрхти арзиши харочоти нақлиётии коркунан; » Арзиши молҳои харидашуда;

• Харочоти почтаю телефон;

• Додани музди меҳнат, мукофот ва кмуакпулиҳо;

• Сафархари;

• Қабул ба еуратҳисоб;

• Пардохти музди меҳнати депозитшуда (дар давоми се рзу нагирифта);

• Пардохти даромадҳои ҳисобкардашуда ва даромад аз саҳмияҳо, вомҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок;

• Додани қарз ба коркунон.

Ҳамаи амалиёти харчи пул ҳатман бо «Ордери сарфи хазина» асоснок карда мешаванд. Ҳисоби «Воситаҳои пули» ва ё «Хазина» активи аст. Қабули пули накд дар дебет ва сарфи пул дар кредити хисоб навишта мешавад, бақияи дебитиаш нишон медиҳад, ки дар хазина чи қадар пули накд боқи мондадст.

Дар ҳолати гирифтани пули нақд аз бонк ба хазина ба маблаги 4200 в.ш. чунин навишт ба амал бароварда мешавад:

Нақдинаи хазина......................... 4200

Нақдинаи суратҳисоб. ,,,,................... ,,,4200

Ҳуччати аввалае, ки сарфи пуяро аз суратқисоб нишон медиҳад, чек мебошад ва қабули пул ба хазина дар асоси Ордери даромадии хаэина гузаронида мешавад. Воситаҳои пулин нақд аз дигар манбаъҳо ҳам дохил мешаванд, мисол, аз фуруши маҳсулот, молҳо, кор. хадамот, воситаҳои асосӣ ва дигар ЗММ. Д&р чунин амалиёт кредити ҳисоб самтн воридшавии пулро ба хазина нишон медиҳад:

Нақдинаи хазина................................ XXX

Даромад аз фуруш.......................................... XXX

Даромадҳо аз амалиёт.......................... ,,....... XXX

Фаъотяпш гайрифурушй............................... XXX

Қарздории дебитории кормаидон ва сарвар XXX

Қарздории муассисон........................... ,,<.... XXX

Дар муҳлатҳои муқараршуда ва иваз шудади хазинадор санчиши ногаҳонии хазина гузаронида мешавад.

Дар натичаи чунин санчиш камомад ва ё зиёдомади воситаҳои пули муайян карда мешавад.

Чунин тартибот қабул карда шудааст, ки камомади пул - ин ҳисоби харочот буда, ба
ҳисоби шахси чавобгар (қарздории дебитори) гузаронида мешавад

Дигар қарздории дебитори........... XXX

Нақдинаи хазина................................... ,...... XXX

Дар мавриди пардохти маблағи камомад навишти баръакс гузаронида мешавад. Маблағи барзиёди пул ба ҳисоби «Хазина» қабул карда шуда, ҳамчун «Даромади дигар» фаҳмида мешавад:

Нақдинаи Хазина................ ...ХХ

Даромади дигар...... ,„,................................ XXX

Мисоли 1. Ширкати «Сорбон» бо расонидани хадамоти нақлиёти ба аҳоли фаъолият машгул аст. Дар I рузи 1.10.02 дар хазина 5000 в.ш. пул мавчуд буд.

Дар охири октябр дар хазина 800 в.ш. пул боқй монда, 4200 в.ш. маблағи пули сарф шудааст. Аз I он чумла: барои хариди асбобҳои хатнависи - 1900 в.ш.; пардохти кумакпулии давраи корношоямй -250 в.ш., харочоти почтаю телеграф - 750 в.ш., хариди бензин-1000 в.ш.

Хароҷоти накдина бо ордерҳои сарфии хазина ба роҳ монда шудааст. Таҳлили ин амалиёт нишон медиҳад, ки хазина ба маблаги 300 в.ш. камомад кардааст: (4200 - 1900 - 250 - 750 -100)

Навишти буҳгалтерии пайдарҳамии амалиёт: 1. Гирифтани пул аз суратҳисоб

Нақдинаи хазина..................... 5000

 

Нақдинаи суратҳисоб........................... 5000

2. Харчи воситаҳои пули
Хароҷоти асбобҳои хатнависӣ... 1900

Хароцоти коммуникатсия................. 750

Хиссацудокуниҳо ба сугуртаи ицтимоӣ .....250

Хароцоти хариди масолеҳ................. 1000

Цигар қарздории дебиторӣ .............300

Нақдинаи хазина................................ 5000

Бахисобгирии амалиёти хазиеаи хурд

Барои эҳтиёҷоти хароҷоти ҷории пули накд фондҳои пешпардохти маблағҳои ҳисоботӣ ташкил карда мешаванд (pretty cash fund). Аз ин фонд пулҳои накд ба нони ҳисоботдеҳ барои пӯшонидани хароҷоти махсус дода мешаванд: сафархарҷ, пардохти таъмири хурди техника, хариди асбобу анҷоми хатнависй, хароҷоти почта, барои уникатсия (телефон, факс) ва дигар гуна истеъмоли хадамот.

Ба шакли алоҳида ҷудо кардани ҳисоби «Хазинаи хурд» ба мақсади гузаронидани
ати ҷорӣ барои истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии накд таъин гардидааст.
Додани пули нақд ба шахсони ҳисоботдеҳ чунин сабт карда мешавад:
Нақдинаи хазинаи хурд…… ..1 200

Нақдинаи суратҳисоб................ .........900

Нақдтаи хазина.................................. 300

Хариди масолеҳ бо мақсадҳои хоҷагӣ аз ҳисоби хазинаи хурд:
Масолеҳ........................................ .....250

Нақдинаи хазинаи хурд......................... ,.250

Дарсхои амалии№7

1.

 

 

Хафтаи хаштум

Дарси 8.

Мавзуи 8 . Активьои жорц: воситахои пули ва

Муодили онхо.

Накша:

Баҳисобгирии амалиёти суратҳисоб

Назпрапш бонкӣ аз рӯи амалиёти суратҳисоб

Баҳисобгирии сармоягузориҳои кӯтоҳмуддат

Бахисобгирии амалиёти суратҳисоб

Воситаҳои пулии озодро корхонаҳо вазифадоранд, ки дар суратҳисоби дар банк дошта нигох доранд. Ин ҳисобро баъзан «Накдинаи суратҳисоб», «Ҳисоби банкй» (Bank account) -ки асосии ҳаргуна шахсони ҳуқуқӣ меноманд.

Муносибатҳо байни банк ва мизоҷ дар асоси шартномаи бонкй сурат мегирад. Барои •дани ҳисоби бонкӣ ширкат ба бонки хизматрасонаш ҳуҷҷатҳои заринро пешниҳод мояд:

- Ариза барои кушодани суратҳисоб; [уҷҷати қонунӣ будани ташккли корхона;

- Нусхаи ойинномаи кирхона, ки онро нотариус тасдиқ карда аст;

- Маълумоти ташкилоти андоз дар бораи ба снфати андоздиқанда ба ҳисоб гирифтани орхона;

- Ду нусха карточка (варақа) бо камунаи имзоҳо ва нақши мӯҳри корхона, ки онро ютариус тасдиқ кардааст.

Воридшавии воситаҳои пулй ба суратҳисоб дар натиҷаи амалиёти зерин ба амал меояд:

- кабули даромад аз фурӯши маҳсулот, молҳо, кор, хадамот, воситаҳои асосй ва активхои гайримоддӣ;

- пардохти ӯхдадориҳои қарздорон (дебиторон);

- кабули қарзҳои бонкй ва заёмҳо;

- баргардонидани воситаҳои пулӣ аз хазина ба еуратҳисоб;

- кабули ҳаргуна даромадҳо, ки ба натиҷаи молкявй дохиланд (фоиз аз сармоягузорй, (ивидендҳо, даромадҳо аз фарқиятҳои қурбй);

- даромадҳо аз ширкатҳои ҷамъиятӣ ва харидуфурӯши байналхалқӣ;

- баргардонидани воситаҳои истифоданашудаи дар ҳисоби махсус депонентгардида аккредитивҳо ва ҳисобҳои махсус);

- дигар амалиёт.

Амалиёти молиявй-хоҷагии дар боло зикршуда воситаҳои пулиро зиёд мекунанд (Дт «Суратхисоб ба арзи миллй», вале ҳисобҳои кредитшаванда самти дохилшавии пулро ба суратхисоби корхона нишон медиҳанд).

Амалиёти хоҷагие, ки ба камшавки воситаҳси пулии суратҳисоб таъсир мерасонанд инхоянд:

- пардохти қарзи қарздеҳон барои дар мӯҳлат иҷро намудани ӯқдадориҳо;

- пардохти хароҷоти тайёркунй ва харидани масолеҳ аз молтаъминкунандагон:

- пардохти арзиши қарзҳо ва вомҳои пештар гирифташуда;

• додани пули нақд ба хазина;

• гузаронида ни пул ва ё додани пешпардохт (аванс);

- пешниҳод намудани қарзҳо ва вомҳо ба дигар ташкилот;

• гузаронидани воситаҳои пулӣ ба тарзи маблағгузориҳо ;

• додани маблағи аванс ба шахсони ҳисоботдеҳ;

• гузаронидани воситаҳои пулй бо тарзи ҳисоббаробаркунии дохилифирмавӣ.

Ҳамаи амалиёти номбаршуда воситаҳои пулиро кам карда, ӯҳдадориҳо ва ё сармояи худии корхонаро ҳам кам мекунанд.

Бонк дар мӯҳлати муқарраргардида ва ё мувофиқи талаботи мизоҷ Нусха аз ҳисоби банкро (bank statement) мефиристад, ки он як намуди сабткунаки махсуси баҳисобгирии ҷузъии ҳисоби бонкӣ (суратҳисоб) мебошад.

Дар вақти мутолиа намудани дебет ва кредити нусха аз суратҳисоби банк, бухгалтер бояд донад, ки бақияи воситаҳои пулӣ ва қабули он дар кредит, вале сарфу харҷи накдина -дар дебет навишта мешавад. Хулоса, кредити ҳисоби бонкй (пассив) барои корхона маънои дебет - дохилшавии пулро дорад (актив).

Зиёдшавй ва камшавии амалиёти суратҳисоб аз самти дохилшавии воситаҳои пулй вобаста аст:

3) аз фурӯши маҳсулот (хадамот, кор), воситаҳои асосӣ ва масолеҳ:

Суратҳисоб................................................................ 27000

Даромад аз фурӯш................................................................ ....20 000

Дигар даромад........................................................................... 7 000

2) аз амалиёти сармоягузорй:

Суратҳисоб................................................................ 12 000

Дигар даромад........................................................... ,.............. 2 009

Сармоягузориҳои кӯтоҳмуддат............................................... 8 090

Сармоягузориҳои дарозмуддат............................................ ...1 000

Даромадҳо дар намуди фоизҳо.............................................. .1 000

3) аз амалиёти ҳисоббаробаркунй:

Суратҳисоб................................................................ 3 400

Ҳисоби дарёфтӣ (қарздорон) .,................................................. 2 000

Васиқаҳо барои қабул(дарозмуддат) ..1 400

4) аз фаъолияти молиявӣ:

Суратҳисоб.................................................................... 900

Ҳисобҳо бароиқабул...................................................................... 700

Саҳмияҳои имтиёзнок.................................................................... 200

5) Фоида аз ҳодисаҳои фавқулодда:

Суратҳисоб................................................................... 120

Фоидаи фавқулодда....................................................................... 120

Аз ин ҷо дида мешавад: дар кредити ҳисобҳои алоқаманд манбаи дохилшавии пул дарҷ карда мешавад, ки барои тартиб додани Ҳисобот оиди ҳаракати воситаҳои пулй хеле аҳамият дорад.

Пардохти воситаҳои пулӣ аз кредити Суратҳисоб ба дебети ҳисоби ЗММ (захираҳон молию модцӣ); хароҷоти пешпардохтшуда; ҳисоб барои қабул; ӯҳдадориҳои қӯтоҳмуддат ва дарозмуддат ва пардохтани дигар ӯхдадориҳо гузаронида мешавад.



php"; ?>