Боби 2. ПРИНСИПЊОИ АСОСИИ ИНТИЌОЛИ МОЛ ВА ВОСИТАЊОИ НАЌЛИЁТ АЗ САРЊАДИ ГУМРУКЇ

Моддаи 11. Интиќоли мол (аз љумла асъор ва сарватњои асъорї) ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон

1. Њамаи шахсон барои интиќоли мол ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукї, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс њуќуќи баробар доранд.

2. Мол ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон бо тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс интиќол дода мешаванд.

Тартиби интиќоли асъори Љумњурии Тољикистон, коѓазњои ќиматноки бо асъори Љумњурии Тољикистон ифодаёфта, асъори хориљї ва сарватњои асъории дигар тибќи њамин Кодекс ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон танзим мегардад.

Моддаи 12. Риояи мамнўият ва мањдудиятњо њангоми интиќоли мол ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукї

1. Моле, ки воридоташ ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъ карда шудааст, аз љониби маќомоти гумрук боздошта шуда, нисбати онњо тадбирњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон татбиќ мегарданд. Агар дар њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад, чунин мол бояд бетаъхир аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бароварда шавад. Ин молро интиќолдињанда мебарорад. Њангоми набудани имконоти баровардан ё фавран набаровардан ин мол бояд дар анбори нигањдории муваќќатї ё мањали дигаре, ки минтаќањои назорати гумрукї мебошанд (моддаи 403), аз њисоби шахсони дар моддаи 15 њамин Кодекс зикргардида љойгир карда шавад. Мўњлати нињоии нигањдории чунин мол 3 шабонарўз муайян карда шудааст, агар мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нисбати моли алоњида мўњлати дигаре муќаррар нашуда бошад. Моли мазкур њангоми ба охир расидани ин мўњлат мувофиќи боби 58 њамин Кодекс ихтиёрдорї карда мешавад.

Моле, ки воридоти он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудааст (ва дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс аз љониби маќомоти гумрук иљозат дода мешавад), бо риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон барои воридот иљозат дода мешавад.

2. Моле, ки содироташ аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон манъ аст, бояд аслан содир карда нашавад.

Моле, ки содироташ аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудааст, бо риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон барои содирот иљозат дода мешавад.

3. Харољоти декларантњо, интиќолдињандагон ё шахсони алоњида вобаста ба риояи мамнўият ва мањдудиятњо барои воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё содироти он аз ин ќаламрав мувофиќи моддаи 15 њамин Кодекс аз љониби маќомоти гумрук љуброн карда намешавад.

Моддаи 13. Расмиёти гумрукї ва назорати гумрукї

1. Њамаи мол ва воситањои наќлиёте, ки аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќол дода мешаванд, тибќи тартиб ва шартњои муайяннамудаи њамин Кодекс бояд њатман мавриди барасмиятдарорї ва назорати гумрукї ќарор гиранд.

2. Њангоми амалї намудани расмиёт ва назорати гумрукї маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори онњо њуќуќ надоранд талабот ва мањдудиятњоеро муќаррар намоянд, ки дар санадњои меъёрии њуќуќии гумрук ва ё дигар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї нашудаанд.

Моддаи 14. Истифодабарї ва ихтиёрдории мол ва воситањои наќлиёт

1. Њељ кас ба истифодабарї ва ихтиёрдории мол ва воситањои наќлиёт то замони иљозати онњо њуќуќ надорад, ба истиснои тартиб ва шартњое, ки њамин Кодекс муќаррар намудааст.

2. Баъди иљозати мол ва воситањои наќлиёт истифодабарї ва ихтиёрдории онњо тибќи низоми арзгардидаи гумрукї анљом дода мешавад.

Моддаи 15. Ўњдадорї оид ба татбиќи амалиёти гумрукї барои иљозати мол

Агар њамин Кодекс тартиби дигаре муќаррар накарда бошад, ўњдадорї оид ба татбиќи амалиёти гумрукиро барои иљозати мол инњо ба зимма мегиранд:

1) агар мол аз сарњади гумрукї тибќи ањди фаъолияти иќтисодии хориљї аз љониби шахси ватанї басташуда интиќол дода шавад - шахси ватание, ки чунин ањдро бастааст ё аз номи ў ё бо супориши ў ањд ба имзо расидааст;

2) агар мол аз сарњади гумрукї бе бастани ањд аз љониби шахси ватанї интиќол дода шавад - шахсе, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон њуќуќи соњибї ё њуќуќи истифодабарии молро дорад;

3) шахсони дигаре, ки тибќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон ва (ё) њамин Кодекс бо моли тањти назорати гумрукї ќарордошта барои иљрои амали дорои ањамияти њуќуќї аз номи худ ба сифати дахлдор баромад карда метавонанд.

Моддаи 16. Кафолатњо барои иљрои пурраи ўњдадорињои муќаррарнамудаи њамин Кодекс

Дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нисбати мол маќомоти гумрук њуќуќ доранд аз шахси кафолатдињанда иљрои ўњдадорињояшро мувофиќи муќаррароти њамин Кодекс, аз љумла љињати пардохти бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи боби 46 њамин Кодекс талаб намоянд.