Боби 3. АМАЛЊО ДАР СОЊАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКЇ

Моддаи 17. Амалњо дар соњаи фаъолияти гумрукї

Фаъолияти шахси њуќуќї ба сифати боркашони гумрукї, соњибони анборњои нигањдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї, соњибони маѓозањои савдои бебољ ва брокерњои гумрукї (намояндањо), бо шарти мувофиќан дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї, Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї, Реестри соњибони анборњои гумрукї, Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ ё Реестри брокерњои гумрукї (намояндањо) (минбаъд дар њамин боб Реестри шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунанда) иљозат дода мешавад.

Моддаи 18. Реестри шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунанда

1. Реестри шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунанда мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба роњ монда мешавад.

2. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар њар се моњ Реестри шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунандаро дар воситањои ахбори омма нашр намояд.

Моддаи 19. Дохил намудани шахси њуќуќї ба Реестри шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунанда

1. Шахси њуќуќї ба Реестри шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунанда мутобиќи шартњои муќарраркардаи њамин Кодекс дохил карда мешавад. Барои дохил намудан ба ин реестрњо музд ситонида намешавад.

2. Барои дохил намудан ба яке аз Реестрњои шахсоне, ки дар соњаи фаъолияти гумрукї амал мекунанд, шахси њуќуќї ба маќомоти гумрук бо аризаи хаттии дорои маълумоти пешбининамудаи њамин Кодекс ва њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти дар ин ариза нишондодашуда, бо номгўи муќаррарнамудаи њамин Кодекс мурољиат менамояд.

3. Њуљљатњои дар ќисми 2 њамин модда пешбинишуда метавонанд дар шакли асл ва ё нусхаи бо тартиби љорї тасдиќшудаи онњо пешнињод карда шаванд.

Баъди анљоми баррасии ариза маќоми гумрук вазифадор аст бо хоњиши тарафи аризадињанда нусхаи аслии њуљљатњои пешнињодшударо ба вай баргардонад.

4. Маќоми гумрук аризаро дар давоми на дертар аз 30 рўзи ќабул баррасї менамояд. Маќоми гумрук хулосаро њангоми ќабули ќарор љињати ба реестри дахлдор дохил намудани аризадињанда ба маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мефиристад. Барои ба расмият даровардани ќарори маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї маќоми гумрук ба аризадињанда дар бораи дохил карда шудани ў ба чунин реестр шањодатнома медињад. Аризадињанда њуќуќ дорад фаъолияти дахлдорро дар соњаи фаъолияти гумрукї аз рўзи гирифтани шањодатнома оѓоз намояд.

Маќоми гумрук њуќуќ дорад ба реестри дахлдор дохил карда шудани аризадињандаро танњо дар сурати шартњои ба реестри дахлдор дохил намуданро риоя накардани ў, ки њамин Кодекс пешбинї намудааст, рад намояд. Ќарор дар бораи рад баъди ќабул шуданаш ба шакли хаттї фавран ба аризадињанда расонида мешавад.

5. Маќоми гумруке, ки аризаро баррасї менамояд, њуќуќ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз маќомоти давлатї њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти аризадињандаро талаб намояд. Шахсони мазкур вазифадоранд дар давоми дањ рўзи гирифтани дархост њуљљатњо ё маълумоти дархостшударо пешнињод намоянд.

Моддаи 20. Шањодатномаи ба яке аз реестрњо дохил намудани шахсоне, ки дар соњаи фаъолияти гумрукї амал мекунанд

1. Шањодатномаи ба яке аз реестрњо дохил намудани шахсоне, ки дар соњаи фаъолияти гумрукї амал мекунанд (баъдан дар њамин боб - шањодатнома), аз рўи намунаи муайянкардаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дода мешавад. Шањодатнома бояд маълумоти њамин Кодекс пешбининамударо дошта бошад. Шањодатномаро ба шахси дигар додан мумкин нест.

2. Дар бораи таѓйирёбии маълумоти дар ариза ё дар њуљљатњои замимавї зикршуда мутобиќи ќисми 2 моддаи 19 њамин Кодекс шахси њуќуќї (вориси њуќуќии вай), ки дар яке аз реестрњои шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунанда дохил карда шудааст, вазифадор аст маќоми гумрукро ба таври хаттї дар давоми панљ рўзи сар задани њодисаи дахлдор ё аз рўзи ба шахс маълум шудани он огоњ намояд.

Маќоми гумрук дар давоми 5 рўзи корї мутобиќати маълумоти нави зикршударо ба шартњое, ки барои дохил намудани шахси њуќуќї ба яке аз реестрњо муќаррар шудаанд, месанљад ва агар маълумоти дар шањодатнома зикршаванда таѓйир ёбад, мутобиќи тартиби муќаррарнамудаи ќисми 4 моддаи 19 њамин Кодекс масъалаи додани шањодатномаи навро баррасї менамояд.

3. Шањодатнома аз тарафи маќоми гумрук танњо дар њолатњои пешбининамудаи моддањои 98, 113, 145, 231 ва ќисми 4 моддаи 263 њамин Кодекс бозхонда мешавад.

Ќарор дар бораи бозхонди шањодатнома аз тарафи маќоми гумрук ба шахси њуќуќие, ки нисбати ў чунин ќарор ќабул шудааст, бояд рўзи дигари ќабули ќарор ба таври хаттї бо фањмонидани сабаби ќабули чунин ќарор расонида шавад. Ин ќарор ба роњбар ё намояндаи ваколатдори шахси њуќуќї бо гирифтани имзо ё дигар намуди тасдиќкунандаи далел ва санаи ќабули ин ќарор супорида мешавад. Агар шахсони номбаршуда аз гирифтани ин ќарор саркашї кунанд, он бо мактуби супоришї ба воситаи почта равон карда мешавад.

Ќарор дар бораи бозхонди шањодатнома баъд аз 15 рўзи ќабули чунин ќарор эътибори ќонунї пайдо мекунад.

Намунаи ќарор дар бораи бозхонди шањодатнома аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќ карда мешавад.

4. Бозхонди шањодатнома боиси аз реестри дахлдор хориљ кардани шахси њуќуќие, ки дар соњаи фаъолияти гумрукї амал мекунад, мегардад.

5. Аризаи дохил намудан ба реестри дахлдор пас аз бозхонди шањодатнома, баъди бартараф намудани сабабњое, ки барои чунин бозхонд асос гардидаанд ва дар њолатњои бозхонди шањодатнома бо сабаби якчанд маротиба ба љавобгарии маъмурї кашида шудани шахси њуќуќї баъди ба охир расидани мўњлате, ки шахс тањти љазои маъмурї ќарор дошт, баррасї карда мешавад.

Моддаи 21. Хориљ намудани шахси њуќуќї аз реестрњои шахсоне, ки дар соњаи фаъолияти гумрукї амал мекунанд

1. Шахси њуќуќї аз реестрњои шахсоне, ки дар соњаи фаъолияти гумрукї амал мекунанд, дар њолатњои зерин хориљ карда мешавад:

1) бо хоњиши њамин шахс аз рўзи дигари аз љониби маќоми гумрук гирифтани аризаи хаттии шахс њангоми хориљ намудан аз реестри дахлдор;

2) баъди ба охир расидани мўњлати амали шањодатномае, ки ќисми 2 моддаи 96, ќисми 3 моддаи 111, ќисми 2 моддаи 142, ќисми 3 моддаи 229 ва ќисми 3 моддаи 263 њамин Кодекс муќаррар кардааст, аз рўзи дигари ба охир расидани чунин мўњлат;

3) њангоми ќабул намудани ќарори бозхонди шањодатнома - аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани чунин ќарор;

4) њангоми барњам додани шахси њуќуќї баъди як рўзи аз љониби маќоми баќайдгиранда ба Реестри ягонаи давлатии шахси њуќуќї ќайд намудани шахси њуќуќие, ки мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар љараёни барњамхўрї фаро мерасад;

5) њангоми боздоштани фаъолияти шахси њуќуќї дар натиљаи азнавташкилдињї, ба истиснои дигаргунсозї - аз рўзи дигаре, ки азнавташкилдињии шахси њуќуќї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба охиррасида њисоб мешавад.

2. Аз Реестри шахсони дар соњаи фаъолияти гумрукї амалкунанда хориљ кардани шахси њуќуќї ин шахсро (вориси њуќуќии ўро) аз ўњдадорињои ба охир расонидани амалиёти гумрук оид ба интиќол ё нигоњдошти моли тањти назорати гумрукї ќарордошта ё иљрои дигар амале, ки ўњдадории иљрои он то хориљ намудани шахси њуќуќї аз Реестри дахлдор тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс ба миён омадааст, озод намекунад.