Боби 6. КИШВАРИ ИСТЕЊСОЛКАРДАИ МОЛ, НОМГЎИ МОЛЊОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЌТИСОДИИ ХОРИЉЇ

Моддаи 28. Соњаи истифодаи њамин боб

1. Муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол тибќи муќаррароти пешбининамудаи њамин боб дар њамаи њолатњое, ки истифодаи тадбирњои танзими тарифи гумрукї ва мамнўияту мањдудиятњои тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраршуда ба кишвари истењсолкардаи мол вобаста бошад, муайян карда мешавад.

2. Ќоидањои муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол бо маќсади татбиќи тарифњои имтиёзнок (преференсияњо) ё беимтиёзи сиёсати тиљорат муќаррар карда мешаванд.

Моддаи 29. Муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол

1. Кишвари истењсолкардаи мол кишваре ба њисоб меравад, ки дар он мол пурра истењсол шудааст (моддаи 30) ё тибќи мизони муќаррарнамудаи њамин Кодекс ё тартиби муайяннамудаи њамин Кодекс мавриди коркарди њамаљониба ќарор гирифтааст (моддаи 31). Њамзамон кишвари истењсолкардаи мол метавонад гурўњи кишварњо ё иттињоди гумрукњои кишварњо ё минтаќа ё ќисми кишвар фањмида шавад, агар ин барои муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол зарур бошад.

2. Бо дархости декларант ё шахси дигари манфиатдор маќомоти гумрук оид ба муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол тибќи моддањои 41 - 44 њамин Кодекс ќарори пешакї ќабул менамоянд.

Моддаи 30. Моле, ки пурра дар ин кишвар истењсол карда шудааст

Моли пурра дар ин кишвар истењсолкардашуда инњо њисобида мешаванд:

1) канданињои фоиданоке, ки аз ќаъри замини њамин кишвар ва ќаламрави бањрњо ва ќаъри бањрњои он гирифта шудаанд;

2) мањсулоти растанї, ки дар њамин кишвар парвариш ва љамъоварї карда шудаанд;

3) чорвое, ки дар њамин кишвар тавлид ва парвариш ёфтааст;

4) мањсулоти дар њамин кишвар аз чорвои дар он љо парваришёфта гарифта шудааст;

5) мањсулоте, ки дар натиљаи шикор ё моњидорї дар њамин кишвар гирифта шудааст;

6) мањсулоти шикори моњї аз дарё ва дигар мањсулоти моњї, ки дар киштии бањрии њамин кишвар коркард шудааст;

7) мањсулоте, ки дар киштињои коркарди бањрии њамин кишвар пурра аз мањсулоти дар банди 6 њамин модда зикршуда гирифта шудааст;

8) мањсулоти аз ќаъри дарёњо ва бањрњо берун аз ќаламрави бањрии њамин давлат гирифташуда, ба шарте ки њамин давлат барои коркарди ќаъри ин дарё ва бањр њуќуќи истисної дошта бошад;

9) шикастапорањо ва партовњо (ашёи дуюмдараља), ки дар натиљаи истењсолот ё амалиёти дигар оид ба коркард дар ин ё он кишвар истењсол шудаанд, инчунин мањсулоти ќаблан истифодашуда, ки дар њамин кишвар љамъоварї гардида, танњо барои коркарди он ба сифати ашё ба кор меояд;

10) мањсулоти технологияњои олї, ки дар объектњои кайњоние гирифта шудааст, ки дар фазои кайњонї ќарор доранд, агар њамин кишвар кишвари баќайдгирии объекти дахлдори кайњонї бошад;

11) моле, ки дар њамин кишвар мањз аз мањсулоти дар бандњои 1 - 10 њамин модда зикргардида тайёр шудааст;

12) ќувваи барќе, ки дар ќаламрави њамин кишвар истењсол шудааст;

13) мањсулоти моликияти зењнї ва сарватњои фарњангї.

Моддаи 31. Мизони (критерияњои) коркарди кифоя

1. Агар дар истењсоли мол ду ё зиёда кишвар иштирок намояд, кишвари истењсолкардаи мол кишваре њисоб меёбад, ки дар он амалиёти охирини коркард ё истењсоли моли тибќи муќаррароти њамин модда љавобгўи мизони коркарди дахлдор мебошад, сурат гирифтааст.

2. Агар нисбати намуди моли алоњида ё ягон кишвар хусусиятњои муайян намудани кишвари истењсолкардаи моле, ки ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид шудааст, тибќи ќисми 4 њамин модда махсус зикр нагардад, ќоидаи умумї татбиќ карда мешавад. Мол мањсули њамон кишваре ба њисоб меравад, ки агар дар натиљаи амалиёти коркард ё истењсоли мол коди таснифотии мол нисбати Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї дар сатњи њама гуна чор аломати аввали он таѓйир ёфта бошад.

3. Сарфи назар аз муќаррароти пешбининамудаи ќисми 2 њамин модда, ин амалиётњо љавобгўи мизони дахлдори коркард њисобида намешаванд:

1) амалиёти њифзи мол њангоми нигањдошт ва интиќоли он;

2) амалиёти омода намудани мол барои фурўш ва интиќол (таќсими партияи мол), ташкили ирсолот, навбандї, бастабандии нав);

3) амалиёти оддии сарљамъ кардан ва амалиёти дигаре, ки иљрои он њолати молро мувофиќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон куллан таѓйир намедињад;

4) якљоякунии моле, ки дар кишварњои мухталиф истењсол шудааст, агар хусусияти мањсулоти нињої аз хусусияти моли якљояшаванда фарќи калон надошта бошад.

4. Барои муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол мувофиќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон мизони коркарди куллии мол низ дар чунин њолатњо истифода бурда мешавад:

1) анљом додани амалиёти муайяни истењсолї ё технологї барои он, ки кишвари истењсолкардаи мол њамон кишваре њисобида шавад, ки амалиёт дар он сурат гирифтааст,

2) таѓйир додани арзиши мол, њангоме ки њиссаи фоизии арзиши масолењи истифодашуда ё арзиши изофашуда ба њиссаи муќарраргардидаи нархи мањсулоти нињої баробар мешавад (ќоидаи њиссаи адвалорї).

5. Њангоми муайян намудани тартиби татбиќи мизони коркарди дахлдори моли алоњидае, ки аз кишварњои барояшон тарифи имтиёзнок фароњамовардаи Љумњурии Тољикистон ворид мешавад. Бо маќсади пешнињоди тарифи имтиёзнок Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад шартњои истифодаи хариди мустаќим ва интиќоли мустаќими молро муайян намояд.

Моддаи 32. Хусусиятњои муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол

1. Моли ба партияњо људокардашуда ё васл карданашудае, ки бинобар шароити истењсолї ё наќлиётї имконияти як партия карда фиристоданаш вуљуд надорад, њамчунин моле, ки як партияаш иштибоњан ба чанд партия таќсим карда шудааст, бо хоњиши декларант њангоми муайян кардани кишвари истењсолкардаи мол бояд њамчун моли ягона, яклухт дониста шавад.

2. Шартњои истифодаи ќисми 1 њамин модда аз инњо иборатанд:

1) пешакї огоњонидани маќоми гумрук аз моли ба ќисмњо људо кардашуда ё васл карданашудае, ки ё бо якчанд партия фиристода шудааст, бо зикри сабаби чунин молрасонї ва пешнињоди мушаххасоти њар як дастаи мол бо зикри коди таснифотии мол мувофиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї, арзиш ва кишвари истењсолкардаи мол, ки ба њар як дастаи мол дахл дорад ё пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи иштибоњан ба чанд даста таќсим карда шудани мол;

2) тамоми дастаи молро аз як давлат фиристодани як боррасон,

3) декларатсия кардани тамоми дастаи мол дар як маќоми гумрук,

4) ворид намудани тамоми дастаи мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар мўњлате, ки аз рўзи декларатсияи гумрукиро ќабул кардани маќоми гумрук ё ба анљом расидани мўњлати пешнињоди декларатсия кардани дастаи аввали мол бештар аз як сол набошад. Бо дархости асосноки декларант ин мўњлат аз љониби маќоми гумрук ба мўњлати барои ворид намудани тамоми дастаи ин мол зарурї дароз карда мешавад.

3. Таљњизот, ќисмњои эњтиётї ва асбобу анљоме, ки барои истифодаи мошину таљњизот ва дастгоњу воситањои наќлиёт заруранд, мањсули њамон кишваре ба њисоб мераванд, ки мошину таљњизот, дастгоњу воситањои наќлиёт ба онњо марбутанд, ба шарте ки ин таљњизоту ќисмњои эњтиётї ва асбобу анљом њамроњи њамин мошину таљњизот, дастгоњњо ё воситањои наќлиёт ба миќдоре якљоя оварда ва истифода бурда шаванд, ки маъмулан онњоро бо ин таљњизот мефиристанд.

4. Бастабанде, ки дар он мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид карда мешавад, низ мањсули њамон кишваре дониста мешавад, ки дар он мол истењсол шудааст, ба истиснои њолатњое, ки бастабанди мол бояд алоњида декларатсия карда шавад. Дар ин њолат кишвари истењсоли бастабанд алоњида аз кишвари истењсолкардаи мол муайян карда мешавад.

Моддаи 33. Тасдиќи кишвари истењсолкардаи мол

1. Барои тасдиќи кишвари истењсолкардаи мол маќоми гумрук њуќуќ дорад аз ин кишвар мувофиќи њолатњои пешбининамудаи моддаи 36 њамин Кодекс пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи молро талаб намояд.

2. Њуљљатњои тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол аз ин ё он кишвар декларатсияи истењсоли мол (моддаи 34) ё дар њолатњои муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон сертификати истењсоли мол мебошад (моддаи 35).

Моддаи 34. Декларатсияи истењсоли мол

1. Њуљљати тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол тибќи њамин Кодекс метавонад декларатсияи истењсоли мол бошад, ки дар шакли озод тањия шудааст, ба шарте ки дар он маълумот оид ба муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол зикр шуда бошад. Ба сифати чунин декларатсия метавонанд њуљљатњои тиљоратї ва дигар њуљљатњои мансуб ба мол истифода гарданд, ки дорои маълумот оид ба кишвари истењсолкардаи мол буда, аз љониби тайёркунанда, фурўшанда ё содиркунанда вобаста ба содир намудани мол тањия шудаанд.

2. Агар дар декларатсияи истењсоли мол маълумот оид ба кишвари истењсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Љумњурии Тољикистон (моддањои 30 ва 31) истифодашаванда фарќ мекунад, кишвари истењсолкардаи мол мувофиќи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Љумњурии Тољикистон истифода мегардад.

Моддаи 35. Сертификати истењсоли мол

1. Сертификати истењсоли мол њуљљатест, ки кишвари истењсолкардаи молро бе чунучаро тасдиќ менамояд ва аз љониби маќоми ваколатдор ё ташкилотњои њамин кишвар ё кишварњои содиркунанда дода шудааст, агар дар кишвари содиркунанда сертификат дар асоси маълумоти кишвари истењсолкардаи мол дода шавад.

Агар дар сертификати истењсоли мол маълумот оид ба кишвари истењсолкардаи мол ба мизоне асос ёфта бошад, ки аз мизони дар Љумњурии Тољикистон (моддањои 30 ва 31) истифодашаванда фарќ дорад, кишвари истењсолкардаи мол мувофиќи мизоне муайян карда мешавад, ки дар Љумњурии Тољикистон истифода мегардад.

2. Њангоми содир намудани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон сертификати истењсоли мол, агар сертификати мазкур мувофиќи шартњои ќарордод, мувофиќи ќоидањои миллии кишвари воридкунандаи мол зарур бошад ё агар мављуд будани сертификати мазкур тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон пешбинї шуда бошад, аз љониби маќомот ё ташкилоти ваколатдори Њукумати Љумњурии Тољикистон дода мешавад.

Маќомот ва ташкилотњое, ки сертификати истењсоли молро додаанд, вазифадоранд нусхаи он ва дигар њуљљатњоеро, ки дар асоси онњо кишвари истењсолкардаи мол тасдиќ шудааст, дар давоми чор сол нигањ доранд.

3. Сертификати истењсоли мол њамзамон бо декларатсияи гумрукї ва дигар њуљљатњо њангоми барасмиятдарории гумрукии моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда пешнињод карда мешавад. Њангоми гум кардани сертификат нусхаи расман тасдиќшудаи он ќабул карда мешавад.

4. Агар сертификати истењсоли мол ба таври зарурї ба расмият дароварда нашуда бошад (тасњењшуда, ифлос, тасњењоти тасдиќнашуда, имзо ва мўњрњои дахлдор надорад, маълумоти дар сертификат зикршуда имконият намедињад муносибати он бо моли декларатсияшаванда муќаррар карда шавад, дар сертификат кишвари истењсолкардаи мол ё меъёрњои он, ки дар асоси онњо дар бораи кишвари истењсолкардаи мол хулоса бароварда шудааст, аниќ муайян карда нашудааст, ба шарте ки зикри ин мизон тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ё ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њатмї бошад) ё агар муайян гардад, ки сертификат дорои маълумоти носањењ мебошад, маќоми гумрук њуќуќ дорад ба маќомоти салоњиятдор ё ташкилотњои давлатї, ки сертификати кишвари истењсолкардаи молро додаанд, бо хоњиши пешнињоди њуљљатњои иловагї ё даќиќсозандаи маълумот мурољиат намояд.

5. Маќоми гумрук њуќуќ дорад ба маќомоти салоњиятдор ё ташкилотњои кишваре, ки сертификати истењсоли молро додаанд, бо хоњиши пешнињоди њуљљатњои иловагї ё даќиќсозандаи маълумот, инчунин бо маќсади гузаронидани санљиши љузъї мурољиат намояд. Гузаронидани чунин санљиш барои ба муомилот иљозат додани мол дар асоси маълумот оид ба кишвари истењсолкардаи он, ки њангоми барасмиятдарории гумрукии он истифода шудааст, монеа шуда наметавонад.

Моддаи 36. Пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол

1. Њангоми воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон њуљљати тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол дар сурате нишон дода мешавад, ки Љумњурии Тољикистон ба давлати истењсолкардаи чунин мол тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон имтиёзњои тарифї фароњам оварад. Дар ин њолат њуљљати тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол њамзамон бо пешнињоди декларатсияи гумрукї ба маќомоти гумрук манзур мегардад. Дар айни замон имтиёзњои тарифии фароњамоварда метавонанд бо зарурати пешнињоди сертификати кишвари истењсолкардаи мол тибќи намунаи муайяни пешбининамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон асоснок карда шавад.

Маќомоти гумрук њуќуќ доранд њуљљати тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи молро, дар њолатњои алоњида танњо њангоми муайян намудани носањењии маълумоти зикргардида оид ба кишвари истењсолкардаи мол, ки барои татбиќи меъёри бољи гумрукї ва андоз ва (ё) мамнўият ва мањдудиятњои тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраргардида таъсир мерасонанд, талаб намоянд.

2. Сарфи назар аз муќаррароти пешбининамудаи ќисми 1 њамин модда пешнињоди њуљљати тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол дар њолатњои зайл талаб карда намешавад:

1) агар моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда ба низоми гумрукии байналмилалии транзит ё низоми гумрукии воридоти муваќќатї бо пешнињоди пурра озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз манзур шуда бошад, ба истиснои њолатњое, ки маќомоти гумрук нишонањоеро ошкор намудаанд, ки кишвари истењсолкардаи мол давлате мебошад, ки воридоти молаш ба Љумњурии Тољикистон ё транзити он аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ё санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъ аст;

2) агар арзиши умумии моли аз сарњади гумрукї интиќолшаванда, ки дар як ваќт ва бо як усул, аз тарафи як интиќолдињанда ба номи як ќабулкунанда, дар як воситаи наќлиёт, бо як борхати молу наќлиёт фиристодашуда, то 400 маоши њадди аќал баробар бошад;

3) агар мол аз сарњади гумрукї аз љониби шахси воќеї тибќи боби 37 њамин Кодекс интиќол дода шавад;

4) дар њолатњои дигаре, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон пешбинї намудаанд.

Моддаи 37. Шартњои иловагии иљозати мол њангоми муайян намудани кишвари истењсолкардаи он

1. Дар њолатњои мављуд набудани њуљљатњои тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол ё њангоми ошкор шудани нишонањои он ки њуљљатњои пешнињодшуда дуруст ба расмият дароварда нашудаанд ва (ё) дорои маълумоти носањењ мебошанд, то пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунандаи кишвари истењсолкардаи мол ё даќиќкунандаи маълумот:

1) агар маќомоти гумрук нишонањоеро ошкор намуда бошанд, ки кишвари истењсолкардаи мол кишварест, ки муносибати тиљоратию сиёсї бо он низоми мусоидаткунандаи миллиро пешбинї наменамояд ё пардохти бољњои гумрукї аз рўи меъёрњои зикргардида пешнињод карда мешавад бољњои гумрукии мол бояд аз рўи меъёрњое пардохта шаванд, ки онњо нисбати моли кишваре истифода мешаванд, ки муносибатњои тиљоратию сиёсї бо онњо низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллиро пешбинї накардаанд;

2) агар маќоми гумрук нишонањои онро ошкор намояд, ки кишвари истењсолкардаи мол давлатест, ки нисбати воридоти моли он тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ё санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон мањдудият муќаррар карда шудааст, барои муомилоти мол ба шарти аз љониби декларант пешнињод шудани њуљљатњое иљозат дода мешавад, ки риоя гардидани мањдудиятњои муќарраршуда ё таъмини пардохти бољњои зиддидемпингї ё љуброниро тасдиќ намояд;

3) агар маќоми гумрук нишонањоеро ошкор кунад, ки кишвари истењсолкардаи мол кишваре буда метавонад, ки воридоти моли он ба Љумњурии Тољикистон тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъ карда шудааст, дар ин њолат барои муомилоти мол иљозат дода намешавад.

2. Нисбати моли дар банди 1 ќисми 1 њамин модда зикргардида низоми имтиёзнок ё низоми нисбатан мусоидаткунандаи миллї татбиќ (барќарор) мешавад, агар баъди 1 соли ќабули декларатсияи гумрукї аз љониби маќоми гумрук кишвари истифодаи чунин мол тасдиќ гардад. Дар ин њолат маблаѓи бољњои гумрукї ва андози пардохтшуда мувофиќи моддаи 397 њамин Кодекс баргардонида мешавад.

Моддаи 38. Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї

1. Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон, бо назардошти амалияи байналмилалии системаи таснифоти ќабулгардидаи мол тасдиќ карда мешавад.

2. Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї барои андешидани тадбири танзими гумрукию тарифї ва ѓайритарифї, инчунин намудњои дигари фаъолияти иќтисодии хориљї, пешбурди омори гумрукии тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон истифода бурда мешавад.

Моддаи 39. Пешбурди Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї

Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљиро пеш мебарад.

Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї:

1) Љумњурии Тољикистонро дар созмонњои байналмилалї дар бобати тањия, ворид намудани таѓйиру иловањо, тафсир ва татбиќи асосњои байналмилалии Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї намояндагї мекунад;

2) ба ворид намудани таѓйиру иловањо ба асосњои байналмилалии Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї, тавзењи байналмилалии онњо ва ќарорњо оид ба тафсири ин асосњо назорат менамояд;

3) ба Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати мутобиќгардонии Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї ба асосњои байналмилалии он пешнињод манзур медорад;

4) бо маќомоти давлатии манфиатдор љињати тањия ва ворид намудани таѓйиру иловањо ба Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї пешнињодот тартиб медињад;

5) нусхаи назоратии Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљиро тањия намуда, њамзамон ба талабот нигоњ медорад;

6) нашри Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї тавзењи байналмилалї ва ќарорњо оид ба тафсири асосњои байналмилалиро таъмин менамояд;

7) ќарорњои иљрояшон њатмиро оид ба таснифоти моли алоњида тањия, тасдиќ ва нашр менамояд;

8) вазифањои дигареро, ки барои пешбурди Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї заруранд, ба љо меоварад.

Моддаи 40Таснифоти (классификатсияи) мол

1. Мол њангоми декларатсиякунонї дар маќомоти гумрук (боби 14) бояд мавриди таснифот ќарор гирад, яъне нисбати мол тибќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї коди таснифотї муайян карда мешавад.

2. Мувофиќи дархости декларант маќомоти гумрук оид ба таснифи мол мувофиќи моддањои 41 - 44 њамин Кодекс пешакї ќарор ќабул менамоянд.

3. Дар њолатњои муайян намудани вайронкунии ќоидањои таснифи мол њангоми декларатсиякунонї маќоми гумрук њуќуќ дорад молро мустаќилона тасниф намояд.

4. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар хусуси таснифи намудњои алоњидаи мол ќарор ќабул карда, нашр менамояд.

5. Ќарорњои маќомоти гумрук дар хусуси таснифи мол њатмї мебошанд. Декларант њуќуќ дорад нисбати чунин ќарорњо мувофиќи боби 7 њамин Кодекс шикоят намояд.

Моддаи 41. Ќабули ќарори пешакї

1. Маќомоти гумрукї, ки аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешаванд, тибќи дархости шахси манфиатдор мувофиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї дар бораи таснифоти мол нисбати моли мушаххас, дар бораи истењсоли мол аз кишвари мушаххас (кишвари истењсолкардаи мол) ќарори пешакї ќабул менамояд.

2. Шакл ва тартиби ќабули ќарори пешакї аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад.

Моддаи 42. Дархост дар бораи ќабули ќарори пешакї

1. Шахсе, ки ба ќабули ќарори пешакї манфиатдор аст, ба маќоми дахлдори гумрук нисбати ќабули ќарори пешакї дархостнома ирсол менамояд.

Ин дархостнома бояд барои ќабули ќарори пешакї дорои њамаи маълумоти зарурї бошад. Ба дархостнома бояд чошнию намуна, тафсиру сурат, тасвир, наќша, њуљљатњои тиљоратї, техникї ва дигар њуљљатњо замима карда шаванд.

Дархостнома дар бораи ќабули ќарори пешакї дар мўњлати муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мурољиати шањрвандон» баррасї мегардад.

2. Агар маълумоти дар дархостномаи ќабули ќарори пешакї зикрнамудаи аризадињанда барои ќабули ќарори пешакї нокифоя бошад, маќоми гумрук дар давоми 30 рўзи гирифтани чунин дархостнома аризадињандаро аз зарурати пешнињоди маълумоти иловагї огоњ менамояд ва мўњлати пешнињоди онро таъин мекунад. Њангоми дар мўњлати муайяншуда пешнињод накардани маълумоти иловагї дархостнома дар бораи ќабули ќарори пешакї рад карда мешавад.

Рад намудани дархостномаи ќабули ќарори пешакї ба мурољиати такрории аризадињанда, ки ќабули ќарори пешакиро дархост кардааст, монеа намегардад, ба шарти рафъ карда шудани сабабњое, ки боиси радди дархостномаи мазкур гардида буданд.

Моддаи 43. Моњияти њуќуќї ва мўњлати амали ќарори пешакї

Ќарори пешакї барои њамаи маќомоти гумрук њатмї мебошад. Ќарори пешакї аз рўзи ќабул гардиданаш ба мўњлати 3 сол амал мекунад, ба шарте ки он таѓйир наёфта ё бозхонд нашуда ё амали он тибќи моддаи 44 њамин Кодекс ќатъ нашуда бошад.

Моддаи 44. Ќатъи амал, таѓйир додан ё бозхондани ќарори пешакї

1. Маќомоти гумрук метавонанд дар бораи ќатъи амали ќарори пешакї, таѓйир додан ё бозхондани ќарори пешакии ќабулнамудаи худ ё маќомоти поёнии гумрук (таѓйир додан ё бозхондани ќарори пешакї, ки худашон ё маќомоти поёнии гумрук ќабул кардаанд) танњо дар њолатњои муќаррарнамудаи њамин модда ќарор ќабул кунанд.

Ќарор дар бораи ќатъи амал, таѓйир додан ва бозхондани ќарори пешакї ба шахсе, ки барояш ќарори пешакї дода шудааст, дар шакли хаттї, дар рўзи дигари ќабул гардидани ќарор дар бораи ќатъи амал, таѓйир додан ё бозхондани ќарори пешакї фиристода мешавад.

2. Агар ќарор дар бораи амали ќарори пешакї дар асоси њуљљатњои ќалбакии пешнињоднамудаи аризадињанда ќабул шуда бошад, он бекор карда мешавад. Ќарор дар бораи ќатъи амали ќарори пешакї аз рўзи ќабули ќарори пешакї эътибори ќонунї пайдо мекунад.

3. Ќарори пешакї дар бораи таснифоти мол њангоми аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ќабул намудани ќарор дар бораи таснифоти моли алоњида, ки иљрои он барои маќомоти гумрук њатмї мебошад, инчунин дар сурати ошкор намудани норасоињо њангоми ќабули ќарори пешакї таѓйир дода мешавад.

Таѓйирот дар мўњлати дар ќарори таѓйир додани ќарори пешакї зикршуда, аммо на камтар аз 3 моњи баъди рўзи ќабули ќарор дар бораи ворид намудани таѓйирот ба ќарори пешакї эътибор пайдо мекунад.

4. Ќабули ќарори пешакї метавонад дар њолатњои зайл бозхонда шавад:

1) њангоми таѓйирёбии Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї, аз љониби Ташкилоти умумиљањонии гумрукї ќабул шудани ќарорњои таснифотие, ки барои татбиќ дар Љумњурии Тољикистон њатмї мебошанд;

2) агар тибќи созишномањои байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ё санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон марбут ба масъалањои муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол тартиб ва шартњои дигари муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол муќаррар карда шуда бошанд.

Ќарор дар бораи бозхонди ќарори пешакї бояд дар давоми 3 рўзи баъди интишори санадњои номбаршуда ќабул гардад ва њамзамон бо он эътибори ќонунї пайдо мекунад.

5. Ќарор дар бораи таѓйир додан ё бекор кардани ќарори пешакї оид ба муайян намудани кишвари истењсолкардаи мол метавонад аз љониби суд аз нав баррасї гардад.

 

Боби 7. ШИКОЯТ АЗ ЌАРОР, АМАЛИ (БЕАМАЛИИ)