Боби 8. МУЌАРРАРОТИ АСОСИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКЇ

Моддаи 58. Доираи истифодаи њамин боб

Муќаррароти њамин боб њамаи амалиёти гумрукии мол ва воситањои наќлиёти аз сарњади гумрукї интиќолшавандаро дар бар мегирад.

Моддаи 59. Тартиби барасмиятдарории гумрукї

1. Барасмиятдарории гумрукї тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи он ќабул гардидаанд, анљом дода мешавад.

2. Талаботи маќомоти гумрук њангоми барасмиятдарории гумрукї бояд асоснок ва тибќи талаботи муќаррарнамудаи њамин Кодекс ва зарурияти таъмини риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шаванд.

3. Тартиб ва технологияи барасмиятдарории гумрукї вобаста ба намуди моли аз сарњади гумрукї интиќолшаванда, навъи наќлиёти барои чунин интиќол истифодашаванда, гурўњи шахсони интиќолдињандаи мол ва воситањои наќлиёт муќаррар карда мешавад.

4. Амалиёти гумрукї сарфи назар аз кишвари истењсолкардаи мол, давлати ирсолкунанда ва таъиноти мол баробар татбиќ мешавад.

Моддаи 60. Оѓоз ва анљоми барасмиятдарории гумрукї

1. Барасмиятдарори гумрукии мол чунин оѓоз меёбад:

1) њангоми воридоти мол - дар лањзаи пешнињоди декларатсияи ќаблии гумрукї ба маќоми гумрук ё њуљљатњо тибќи моддаи 72 њамин Кодекс (вобаста ба он, ки кадом амал аввал анљом дода мешавад) ва дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс бошад, аризаи шифоњї ё анљоми амалњои дигаре, ки дар бораи нияти шахс љињати барасмиятдарории гумрукї гувоњї медињанд;

2) њангоми содироти мол - дар лањзаи пешнињоди декларатсияи гумрукї ва дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс бошад, - аризаи шифоњї ё анљоми амалњои дигаре, ки дар бораи нияти шахс љињати барасмиятдарории гумрукї гувоњї медињад.

2. Барасмиятдарории гумрукї бо иљрои амалиёти гумрукї, ки тибќи њамин Кодекс барои нисбати мол ќабул намудани расмиёти гумрукї, љойгир намудани мол тањти низоми гумрукї ё анљом додани амали ин низом, агар ин низоми гумрукї дар мўњлати муайян амал намояд, инчунин барои њисоб ва пардохти бољњои гумрукї ва андоз заруранд, хотима меёбад.

Моддаи 61. Иљозати маќоми гумрук барои анљом додани амалиёти гумрукї

1. Агар барои анљом додани амалиёти гумрукии алоњида иљозати маќоми гумрук зарур бошад, чунин иљозат бетаъхир, баъди он, ки шахси мансабдори ваколатдори маќоми гумрук итминон пайдо намояд, ки шартњои зарурии муќаррарнамудаи њамин Кодекс барои гирифтани чунин иљозат иљро шудаанд, дар мўњлати на дертар аз санљиши декларатсияи гумрукї, њуљљатњои дигар ва санљиши мол (ќисми 1 моддаи 400) дода мешавад.

Агар санљиши риояи шартњои додани иљозат баъди додани он тавонад бе зарар барои назорати гумрукї анљом пазирад ва агар њангоми минбаъд ошкор намудани риоя нашудани чунин шарт вайрон кардани ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон тавонад бартараф гардад, иљозат то гузаронидани санљиш дода мешавад.

2. Агар дар њамин Кодекс пешбинї шуда бошад, ки иљозат аз љониби маќоми гумрук дар шакли хаттї дода мешавад, тартиби додани чунин иљозат ва шакли онро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар менамояд.

3. Иљозати маќоми гумрук инчунин аз љониби маќоми гумрук анљом додани амалњои дигар низ ба њисоб меравад.

Моддаи 62. Мањал ва ваќти барасмиятдарории гумрукии мол

1. Барасмиятдарории гумрукии мол дар мањалњои љойгиршавии маќомоти гумрук дар ваќти кори ин маќомот анљом дода мешавад.

2. Бо дархости асосноки декларант ё шахси дигари манфиатдор амалиёти алоњидаи гумрукї њангоми барасмиятдарории гумрукї метавонад берун аз мањали љойгиршавї ва берун аз ваќти кори маќомоти гумрук тибќи моддањои 465 ва 466 њамин Кодекс анљом дода шаванд.

Моддаи 63. Њуљљатњо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукї заруранд

1. Барои барасмиятдарории гумрукї шахсони дар њамин Кодекс муайянгардида бояд ба маќомоти гумрук њуљљатњо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукї заруриро пешнињод намоянд.

Маќомоти гумрук њуќуќ доранд њангоми барасмиятдарории гумрукї пешнињоди танњо њамон њуљљатњо ва маълумотеро талаб намоянд, ки барои таъмини риояи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон заруранд ва пешнињоди онњо тибќи њамин Кодекс пешбинї шудааст.

2. Номгўи њуљљатњо ва маълумот, талабот нисбати маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукї нисбати расмиёти мушаххаси гумрукї ва низомњои гумрукї заруранд, аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тибќи њамин Кодекс муайян карда мешавад. Њамзамон маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад номгўи маълумот ва њуљљатњои барои барасмиятдарории гумрукї заруриро бо назардошти гурўњи шахсони интиќолдињандаи мол ва воситањои наќлиёт, навъи мол, маќсади истифодаи мол, талаботи низомњои гумрукї ё навъи наќлиёте, ки барои интиќоли мол аз сарњади гумрукї истифода мешавад, ихтисор намояд. Мўњлати пешнињоди њуљљатњо ва маълумоти зарурї барои барасмиятдарории гумрукї, агар њамин Кодекс тартиби дигаре муайян накарда бошад, аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

3. Номгўи њуљљатњо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукї зарурї бояд расман интишор карда шаванд. Санадњои меъёрии њуќуќии маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, ки номгўи њуљљатњо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукї заруриро муайян менамояд, мутобиќи моддаи 4 њамин Кодекс эътибори ќонунї пайдо мекунад.

4. Агар њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигаре пешбинї накарда бошанд, шакли њуљљатњои гумрукиро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян мекунад.

5. Бо маќсади соддагардонї ва суръатбахшии барасмиятдарории гумрукї маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо маќомоти гумрукии давлатњои хориљї дар бораи эътирофи муштараки њуљљатњои барои маќсадњои гумрукї истифодашаванда созишнома ба имзо мерасонад.

6. Маќомоти гумрук њуќуќ надоранд ќабули њуљљатњои барои барасмиятдарории гумрукї заруриро аз сабаби дар онњо мављуд будани маълумоти носањењ, ки ба муайян намудани андозаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз, ба ќабули ќарори маќомоти гумрук нисбати мамнўият ва мањдудиятњо тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон таъсир намерасонад, рад намоянд. Њангоми радди маќоми гумрук љињати ќабули њуљљатњои зикршуда ин маќом шахси пешнињоднамудаи њуљљатњоро дар бораи сабабњои рад огоњ менамояд. Бо дархости њамин шахс маќоми гумрук огоњии мазкурро дар шакли хаттї пешнињод менамояд.

7. Њуљљатњои зарурї барои барасмиятдарории гумрукї метавонанд дар шакли асл ё нусха пешнињод карда шаванд, ки онњоро шахси пешнињоднамуда, декларант ё маќоми ваколатдоре, ки чунин њуљљатро додааст, тасдиќ намудаанд ё ба таври нотариалї тасдиќ шудаанд. Њангоми пешнињоди нусхаи њуљљатњои мазкур, ки шахси пешнињоднамуда ё декларант тасдиќ кардааст, маќоми гумрук тибќи зарурат мувофиќати нусхаи чунин њуљљатњоро бо асли онњо муќоиса менамояд, сипас нусхаи асли ин њуљљатњо ба шахси пешнињоднамуда баргардонида мешавад.

8. Њуљљатњои барои барасмиятдарории гумрукї зарурї метавонанд тибќи њамин Кодекс дар шакли њуљљатњои электронї пешнињод карда шаванд.

Моддаи 64. Иштироки шахсони манфиатдор ва намояндагони онњо њангоми барасмиятдарории гумрукї

Шахсони ваколатдори мол њуќуќ доранд ва бо талаботи маќомоти гумрук вазифадоранд њангоми барасмиятдарории гумрукї иштирок намоянд.

Моддаи 65. Забони барасмиятдарории гумрукї

Барасмиятдарории гумрукї, аз љумла пур кардани њуљљатњои барои барасмиятдарории гумрукї зарурї, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс, бо забони давлатї ё забони муоширати байни миллатњо анљом дода мешавад. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад њолатњои дигареро муайян намояд, ки маќомоти гумрук барои маќсадњои гумрукї метавонанд њуљљатњо ва маълумотро бо забонњои хориљие, ки шахсони мансабдори гумрукї ин забонро медонанд, ќабул кунанд.

Моддаи 66. Барасмиятдарории гумрукї ва назорати дигар маќомоти давлатї

Барасмиятдарорї танњо баъди анљом додани назорати давлатии санитарию карантинї, карантинию фитосанитарї, байторї ва намудњои дигари назорати давлатии воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё содироти онњо аз ин ќаламрав сурат гирад, агар мол тибќи санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, бо назардошти муќаррароти пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 77 њамин Кодекс бояд њатман мавриди чунин назорат ќарор гиранд.

Моддаи 67. Тартиби дар навбати аввал барасмиятдарории гумрукї

Њангоми ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид намудан ва аз ќаламрави он содир намудани моле, ки барои рафъи оќибати офатњои табиї, садамањо ва фалокат заруранд, инчунин моли зудвайроншаванда, њайвоноти зинда, маводи радиоактивї, муросилоти байналмилалии почта, бори экспресс, иттилоот ва маводи дигар барои воситањои ахбори омма, маводи барои маќомоти олии њокимият таъингардида ва дигар моли шабењ барасмиятдарории гумрукии онњо ба таври соддагардонидашуда ва дар навбати аввал анљом дода мешавад.

Моддаи 68. Расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои барасмиятдарории гумрукии шахсони алоњида

1. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї барои барасмиятдарории гумрукии шахсони алоњида расмиёти соддагардонидашудаи махсусро муќаррар менамояд, ки:

1) дар рўзи мурољиат ба маќомоти гумрук нисбати онњо истифодаи расмиёти соддагардонидашудаи махсуси эътибори ќонунї пайдокарда ва ќарорњои иљронашуда оид ба парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї вуљуд надорад;

2) онњо пешбурди бањисобгирии њуљљатњои тиљоратии худро тибќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба роњ мондаанд, ки имкон медињад маќомоти гумрук маълумоти дар он љойдоштаро бо маълумоти њангоми барасмиятдарории гумрукї ба маќомоти гумрук пешнињодгардида муќоиса намоянд;

3) онњо дар мўњлати на камтар аз 3 сол фаъолияти иќтисодии хориљиро анљом медињанд.

2. Шахсе, ки мехоњад аз расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукї истифода барад, ба маќомоти гумрук бо аризаи хаттї љињати истифодаи расмиёти соддагардонидашудаи махсуси барасмиятдарории гумрукї мурољиат менамояд. Дар ин ариза маълумот дар бораи аризадињанда ва фаъолияти иќтисодии хориљии ў зикр мегардад. Аризадињанда бояд дар бораи розї будани худ љињати пешбурди бањисобгирии њуљљатњои тиљоратї тибќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, ки имкон медињад маќомоти гумрук маълумоти дар он љойдоштаро бо маълумоти њангоми барасмиятдарории гумрукї ба маќомоти гумрук пешнињодгардида муќоиса намоянд, ўњдадории хаттї пешнињод кунад, инчунин ба дастрас будани системаи бањисобгирии мазкур ба шахсони мансабдори маќомоти гумрук розигї дињад.

3. Барасмиятдарории гумрукии расмиёти соддагардонидашудаи махсус барои шахсоне, ки ба воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон машѓуланд, муќаррар гардида, метавонанд декларатсияњои гумрукии даврї (моддаи 136), иљозати мол њангоми пешнињоди маълумоти зарурї барои њаммонандсозии мол (моддаи150), барасмиятдарории гумрукї дар объектњои чунин шахсњо, нигањдории мол дар анборњои худ ва дигар расмиёти соддагардонидашудаи пешбининамудаи њамин Кодексро пешбинї намоянд.

4. Барасмиятдарории гумрукии расмиёти соддагардонидашудаи махсус наметавонад муќаррароти озод намудани шахсро аз риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар бобати пардохтњои пурра ва сариваќтии гумрукї, риояи мамнўият ва мањдудиятњои тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраргардида, инчунин риояи низомњои гумрукиро дар бар гирад.