Боби 9. РАСИДАНИ МОЛУ ВОСИТАЊОИ НАЌЛИЁТ БА ЌАЛАМРАВИ ГУМРУКИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 69. Мањал ва ваќти расидани мол ва воситањои наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон

1. Расидани мол ва воситањои наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар гузаргоњњо аз сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар шудааст, дар ваќти кории маќомоти гумрук (моддаи 466), иљозат дода мешавад. Дар мањалњои дигар мол ва воситањои наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон метавонанд тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон расонида шаванд.

Барои расидани намудњои моли алоњида ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон нуќтањои гузаргоњњоро аз сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

2. Баъди гузаштан аз сарњади гумрукї интиќолдињанда вазифадор аст мол ва воситањои наќлиёти овардаи худро дар нуќтаи гузаргоњ ё мањалњои дигари дар ќисми 1 њамин модда (мањали расидан) зикршуда расонад ва онњоро ба маќомоти гумрук пешнињод кунад. Дар айни замон таѓйири њолати мол ё вайрон кардани бастабандии онњо, инчунин таѓйирдињї, барњамдињї, нобудсозї ё вайронкунии тамѓаю мўњрњо ва воситањои дигари њаммонандсозї иљозат дода намешавад.

3. Маќомоти гумрук вазифадоранд дар шакли оммафањм оид ба нуќтањои гузаргоњњо аз сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, мањдудиятњои муќарраршуда ва ваќти кори маќомоти гумрук маълумот пешнињод намоянд.

4. Муќаррароти њамин модда нисбати моле, ки тавассути наќлиёти дарёї ё њавої аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, бе таваќќуф дар бандар ё фурудгоњи дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон љойгирбуда убур мекунанд, татбиќ намегардад.

Моддаи 70. Тадбирњое, ки њангоми садама ва таъсири ќувваи рафънопазир ё дигар њолатњо андешида мешаванд

1. Агар молрасонї аз мањали убури сарњади гумрукї ба мањали расидан ќатъ гардад, инчунин агар киштињои дарёї ва њавопаймо ночор таваќќуф кунанд ё фуруд оянд ё дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар натиљаи садама ва таъсири ќувваи рафънопазир ё њолатњои дигари барои боррасонї монеашаванда таваќќуф ва фуруд дар мањалњои муайяншуда номумкин бошад, интиќолдињанда вазифадор аст барои њифзи молу воситањои наќлиёт тамоми тадбирњоро андешад ва фавран дар бораи ин њолатњо ва мањали љойгиршавии молу воситањои наќлиёт ба наздиктарин маќоми гумрук хабар дињад, инчунин молро ба наздиктарин маќоми гумрук интиќол дињад (агар воситаи наќлиёти ў зарар дида бошад) ё интиќоли онњоро ба њама гуна љойи дигар, ки маќоми гумрук нишон додааст, таъмин намояд.

2. Маќомоти гумрук харољоти интиќолдињанда ва дигар шахсонро, ки вобаста ба риояи талаботи њамин модда ба миён омадааст, љуброн намекунанд.

Моддаи 71. Огоњонидани пешакии маќомоти гумрук дар бораи расидани мол ва воситањои наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон

Маъмурияти дидбонгоњи гузаргоњ аз сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон (роњбарияти фурудгоњ, аэродром, бандарњо, истгоњњои роњи оњан, стансияњо) маќоми гумрукро ќаблан дар бораи мањал ва ваќти расидани воситањои наќлиёт дар нуќтањои гузаргоњ аз сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон тибќи тартиби бо маъмурияти гузаргоњи мазкур ва маќоми гумрук тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мувофиќашуда огоњ менамояд.

Моддаи 72. Пешнињоди њуљљатњо ва маълумот дар бораи расидани мол ва воситањои наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон

1. Њангоми расидани мол ва воситањои наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќолдињанда вазифадор аст ба маќомоти гумрук њуљљатњо ва маълумоти пешбининамудаи моддањои 73 - 76 њамин Кодексро вобаста ба навъи наќлиёте, ки дар он њамлу наќли байналмилалї амалї мегардад, пешнињод намояд.

Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад рўйхати маълумоти дар моддањои 73 - 76 њамин Кодекс пешбинишударо ихтисор намояд. Маќоми гумрук њуќуќ надорад аз интиќолдињанда пешнињоди маълумоти дигарро талаб намояд.

Агар њуљљатњои дар моддањои 73 - 76 њамин модда пешбинишуда дорои маълумоти зарурї набошанд, интиќолдињанда вазифадор аст ба маќоми гумрук маълумоти нокифояро бо роњи пешнињоди њуљљатњои дигари иловагии ба таври озод тањияшуда хабар дињад.

2. Интиќолдињанда њуќуќ дорад ба маќоми гумрук њуљљатњо ва маълумотро то воќеан расидани мол ва воситањои наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Тољикистон пешнињод намояд.

3. Интиќолдињанда њуќуќ дорад њуљљатњоро (ќисми њуљљатњоро) тибќи њамин Кодекс ва тибќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар шакли њуљљатњои электронї пешнињод намояд.

4. Њангоми аз љониби интиќолдињанда пешнињод кардани њуљљатњо бо забони хориљї маќомоти гумрук њангоми зарурат њуќуќ доранд танњо тарљумаи маълумоти пешбининамудаи моддањои 73 - 76 њамин Кодексро ба забони давлатї ё забони муоширати байналмилалї талаб намоянд.

5. Аз номи интиќолдињанда њуљљатњо ва маълумотро метавонад шахсе, ки бо супориши вай амал мекунад, пешнињод намояд.

Моддаи 73. Њуљљатњо ва маълумоте, ки њангоми њамлу наќли байналмилалї тавассути наќлиёти автомобилї пешнињод карда мешаванд

1. Њангоми њамлу наќли байналмилалї тавассути наќлиёти автомобилї интиќолдињанда ба маќоми гумрук маълумоти зеринро хабар медињад:

1) дар бораи ќайди давлатии воситањои наќлиёт;

2) ном ва суроѓаи интиќолдињандаи мол;

3) номи давлати ирсолкунанда ва давлати таъиноти мол;

4) ном ва суроѓаи фиристанда ва гирандаи мол;

5) дар бораи фурўшанда ва ќабулкунандаи мол мувофиќи њуљљатњои тиљоратие, ки интиќолдињанда дорад;

6) дар бораи миќдори љойњои бор, маркировкаи онњо ва навъи бастабандии мол;

7) номгўй, инчунин рамзи (коди) мол мувофиќи талаботи байналмилалии тавзењ ва кодгузории мол дар сатњи на камтар аз 4 раќами аввал;

8) вазни умумии мол (бо кг) ё њаљми мол (бо метри мукааб) ба истиснои моли калонњаљм;

9) дар бораи мављудияти моле, ки воридоташон ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон манъ ё мањдуд карда шудаанд;

10) дар бораи мањал ва таърихи тањияи борхати наќлиётии байналмилалї;

2. Интиќолдињанда маълумоти дар ќисми 1 њамин модда зикршударо бо роњи ба маќоми гумрук пешнињод намудани њуљљатњои зерин хабар медињад:

1) њуљљатњо ба воситаи наќлиёт;

2) борхати наќлиётии байналмилалї;

3) њуљљатњои тиљоратї ба моли интиќолшаванда, ки интиќолдињанда дорад.

Моддаи 74. Њуљљатњо ва маълумоте, ки њангоми њамлу наќли байналмилалї тавассути наќлиёти дарёї пешнињод карда мешаванд

1. Њангоми њамлу наќли байналмилалї тавассути наќлиёти дарёї интиќолдињанда ба маќоми гумрук маълумоти зеринро хабар медињад:

1) дар бораи ќайди киштї ва мансубияти миллии он:

2) номгў ва тавсифи киштї:

3) ному насаби капитан:

4) ному насаб ва суроѓаи агенти киштї:

5) дар бораи теъдоди мусофирони киштї, ному насаби онњо, шањрвандї (табаият), таърих ва мањали таваллуд, бандари таваќќуф ва фуруд:

6) дар бораи теъдод ва њайати экипаж:

7) номгўи бандари сафар ва бандари даромади киштї

8) номгўй, теъдоди умумї ва тавсифи мол:

9) дар бораи теъдоди љойњои бор, маркировкаи онњо ва навъи бастабандии мол:

10) номгўи бандари боргирї ва бандари борфарорї:

11) раќами коносаментњо ё дигар њуљљатњое, ки мављудият ва мазмуни ќарордоди интиќоли бањриро барои моли дар бандари мазкур холишаванда тасдиќ менамояд;

12) номгўи бандарњои фаровардани моли дар киштї боќимонда,

13) номгўи бандарњои аввалаи ирсоли мол;

14) номгўи захирањое, ки дар киштї мављуданд ва нишон додани теъдоди онњо;

15) тавзењи љойгиркунии мол дар киштї;

16) дар бораи мављуд будани (мављуд набудани) муросилоти почтањои байналмилалї дар киштї;

17) дар бораи мављуд будани (мављуд набудани) моле, ки ворид кардани онњо ба ќаламрави гумрукии Тољикистон манъ ё мањдуд аст, аз љумла асъори Љумњурии Тољикистон ва арзишњои асъорї, ки њайати экипаж бо худ дорад, доруворї, ки дар таркибашон воситањои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддањои психотропї ва зањрнок мављуд аст;

18) дар бораи мављуд будани (мављуд набудани) моли хатарнок, аз љумла яроќу лавозимоти љангї.

2. Интиќолдињанда маълумоти дар ќисми 1 њамин модда зикршударо бо роњи ба маќоми гумрук пешнињод намудани њуљљатњои зерин хабар медињад:

1) декларатсияи умумї;

2) декларатсияи бор;

3) декларатсияи захирањо дар киштї;,

4) декларатсия дар бораи ашёи шахсии њайати экипажи киштї;

5) таъиноти киштї;

6) рўйхати мусофирон;

7) њуљљате, ки Конвенсияи умумиљањонии почта таќозо менамояд;

8) коносаментњо ва дигар њуљљатњое, ки мављудият ва мазмуни ќарордоди интиќоли дарёиро тасдиќ мекунанд.

Моддаи 75. Њуљљатњо ва маълумоте, ки њангоми њамлу наќли байналмилалї тавассути наќлиёти њавої пешнињод карда мешаванд

1. Њангоми њамлу наќли байналмилалї тавассути наќлиёти њавої интиќолдињанда ба маќомоти гумрук маълумоти зеринро хабар медињад:

1) зикри аломати мансубияти миллї ва аломати баќайдгирии њавопаймо;

2) раќами рейс, зикри самти парвоз, нуќтаи парвоз, љойи фуруди њавопаймо;

3) номи истифодабарандаи њавопаймо;

4) теъдоди њайати экипаж;

5) дар бораи теъдоди мусофирон, ном ва насаби онњо; номгўи мањалњои саворшавї ва фурудоии онњо;

6) зикри навъи мол;

7) раќами борхат, миќдори љой дар њар як борхат;

8) номи нуќтаи боргирї ва борфарорї;

9) дар бораи миќдори захирањои киштї, ки ба он бор карда ё фароварда мешаванд;

10) дар бораи мављуд будани (мављуд набудани) муросилоти почтањои байналмилалї дар киштии њавої;

11) дар бораи мављуд будани (мављуд набудани) моле, ки ворид кардани он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон манъ ё мањдуд аст, аз љумла асъори Љумњурии Тољикистон ва арзишњои асъорї, ки њайати экипаж бо худ дорад, доруворї, ки дар таркибашон воситањои нашъадор, маводи сахттаъсир, моддањои психотропї ва зањрнок мављуданд, инчунин аслиња ва лавозимоти љангї.

2. Интиќолдињанда маълумоти дар ќисми 1 њамин модда зикршударо бо роњи ба маќоми гумрук пешнињод намудани њуљљатњои зерин хабар медињад:

1) њуљљати муќаррарии (стандартии) интиќолдињанда, ки мувофиќи созишномаи байналмилалї дар соњаи авиатсияи гражданї (декларатсияи генералї) пешбинї шудааст;

2) њуљљати дорои маълумот дар бораи моли тавассути њавопаймо интиќолшаванда (борхат);

3) њуљљати дорои маълумот дар бораи захирањои њавопаймо,

4) борхати бори њавопаймо;

5) њуљљати дорои маълумот оид ба интиќоли мусофирон ва баѓољи онњо (рўйхати мусофирон);

6) њуљљате, ки Конвенсияи умумиљањонии почта таќозо менамояд.

Моддаи 76. Њуљљатњо ва маълумоте, ки њангоми интиќоли байналмилалї тавассути наќлиёти роњи оњан пешнињод карда мешаванд

1. Њангоми њамлу наќли байналмилалї тавассути наќлиётироњи оњан интиќолдињанда ба маќоми гумрук маълумоти зеринро хабар медињад:

1) номгў ва суроѓаи ирсолкунандаи бор;

2) номгў ва суроѓаи ќабулкунандаи бор;

3) номгўи истгоњи ирсолкунанда ва истгоњи таъиноти мол;

4) дар бораи теъдоди љойи бор, оид ба маркировкаи он ва навъи бастабандии мол;

5) номгў, инчунин коди мол тибќи Системаи њамоњангшудаи тасниф ва кодгузории мол ё Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї, дар сатњи на камтар аз 4 раќами аввал;

6) вазни умумии мол (бо кг);

7) раќамњои њаммонандсозии контейнерњо.

2. Интиќолдињанда маълумоти дар ќисми 1 њамин модда зикршударо бо роњи нишон додани њуљљатњои зерин хабар медињад:

1) борхати роњи оњан;

2) њуљљатњои тиљоратї барои интиќоли мол, ки дар ихтиёри интиќолдињанда мављуданд.

Моддаи 77. Амалиёт бо молу воситањои наќлиёт дар мањали расидани онњо

1. Баъди расидани мол ва ба маќоми гумрук пешнињод намудани њуљљату маълумоти дахлдор молро метавон фаровард, ба дигар воситаи наќлиёт бор кард (моддаи 78), дар анбори муваќќатї љой кард (боби 12), ба низоми муайяни гумрукї ё транзити дохилии гумрукї арзшуда ворид намуд (боби 10).

2. Аз лањзаи пешнињоди мол ба мањали боррасонї чунин мол статуси тањти нигањдошти муваќќатї ќарордоштаро мегирад. Бо анљом ёфтани мўњлати нињоии нигањдории муваќќатї (моддаи 103) маќомоти гумрук моли мазкурро тибќи боби 57 њамин Кодекс ихтиёрдорї менамоянд.

3. Агар маќомоти гумрук санљиши молеро анљом дињанд, ки нисбати воридоти он ба Љумњурии Тољикистон тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мамнўият ва мањдудиятњо муќаррар шудаанд ва таъмини риояи онњо инчунин тањти салоњияти дигар маќомоти давлатї низ мебошад, маќомоти гумрук њамоњангсозии ин амалиёт ва баробар анљом додани онњоро таъмин менамоянд.

4. Воситањои наќлиёт бояд тибќи боби 36 њамин Кодекс ба расмияти гумрукї дароварда шаванд.

Моддаи 78. Борфарорї ва азнавборкунї дар мањали расидани мол

1. Борфарорї ва азнавборкунии мол аз воситањои наќлиёте, ки ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид шудааст, дар мањали расидан ва дар ваќти кори маќомоти гумрук, дар мањали махсус барои чунин маќсадњо пешбинигардида анљом дода мешавад.

Дар љойњои дигар ва (ё) дар ваќти ѓайрикории маќоми гумрук борфарорї ва азнавборкунии мол бо иљозати маќоми гумрук, ки бо дархости шахси манфиатдор тибќи моддањои 465 ва 466 њамин Кодекс дода шудааст, анљом дода мешавад.

2. Љойи борфарорї ва азнавборкунии он минтаќаи назорати гумрукї њисобида мешавад. Љойи мазкур бояд тарзе сохта ва муљањњаз гардад, ки њифзи молро таъмин намояд ва имконияти ба он дохилшавии шахсоне, ки дар борфарорї ва борбардорї иштирок наменамоянд, истисно карда шавад.

3. Бо дархости шахсе, ки дар бандарњо амалиётро бо мол анљом медињад, мол метавонад дар љойњои борфарорї ва азнавборкунї бе љойгиркунонї дар анборњои нигањдории муваќќатї дар мўњлати барои иљрои амалиёт зарурї, вале дар доираи мўњлати муайяннамудаи моддаи 103 њамин Кодекс, нигоњ дошта шаванд.

4. Њангоми гум кардани мол ё бе иљозати маќомоти гумрук додани он ба шахсони сеюм масъулият барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз мутобиќи њамин Кодекс ба зиммаи шахсе мебошад, ки ин амалиётро анљом медињад.

5. Фаровардани моле, ки воридоти он ба Љумњурии Тољикистон тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъ шудааст, иљозат дода намешавад.