Боби 11. БОРКАШОНИ ГУМРУКЇ

Моддаи 93. Боркашони гумрукї

1. Боркашони гумрукї шахси њуќуќии ватание буда метавонад, ки ба Реестри боркашонњои гумрукї дохил карда шудааст.

2. Боркашони гумрукї интиќоли моли тањти назорати гумрукї бударо тибќи њолат ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс анљом медињад.

3. Боркашони гумрукї њуќуќ дорад минтаќаи фаъолияти худро бо минтаќаи як (якчанд) маќоми гумрук (маќомоти гумрук) мањдуд созад.

4. Муносибати боркашони гумрукии мол бо ирсолкунандагони мол ё экспедиторњо дар асоси шартнома муќаррар мегардад. Аз љониби боркашони гумрукї набастани шартнома оид ба интиќоли мол њангоми мављудияти имконияти бастани чунин шартнома иљозат дода намешавад.

Моддаи 94. Шартњои дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї

Шартњои ба Реестри боркашонњои гумрукї дохил намудан аз инњо иборатанд:

1) фаъолият љињати интиќоли бор дар мўњлати на камтар аз ду сол;

2) таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

3) мављуд будани иљозатнома (литсензия) барои фаъолият дар соњаи интиќоли бор, агар ба чунин намуди фаъолият мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иљозат дода шавад;

4) дар ихтиёр доштани (тањти моликият, пешбурди хољагидорї, идоракунии оперативї ё тањти иљора) воситањои наќлиёти барои интиќоли мол истифодашаванда, аз љумла воситањои наќлиёти барои интиќоли мол бо пломбаю мўњри гумрукї муносиб (моддаи 84);

5) мављудияти шартнома дар бораи суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии худ, ки мумкин аст дар натиљаи зарар ба моли тибќи шартномаи интиќол ба интиќолдињанда супурдашуда ё аз сабаби вайрон кардани ўњдадорињое, ки аз ќарордод бармеояд, расад. Маблаѓи суѓурта наметавонад аз андозаи 6000 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда камтар бошад.

Эзоњ:Бо маќсади истифодаи њамин боб тањти воситањои наќлиёт инчунин воситањои наќлиёте, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон бор мекашонанд, дар назар дошта шудааст.

Моддаи 95. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї

1. Шахс ба Реестри боркашонњои гумрукї дар асоси аризаи ў, мувофиќи муќаррароти моддањои 93 ва 94 њамин Кодекс дохил карда мешавад.

2. Ариза дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї бояд инњоро дар бар гирад:

1) мурољиат ба маќоми гумрук бо хоњиши дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию њуќуќї, мањали љойгиршавї, оид ба кушодани суратњисобњои бонкї, инчунин маълумот дар бораи миќдори сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

3) маълумот дар бораи мўњлати иљрои фаъолият дар соњаи интиќоли бор ;

4) маълумот дар бораи нияти мањдуд кардани минтаќаи фаъолияти худ дар ќаламрави минтаќаи як (якчанд) маќоми гумрук (маќомоти гумрук) ё мањдуд накардани минтаќаи фаъолияти худ;

5) маълумот дар бораи воситањои наќлиёти тањти соњибии худ ќарордошта (миќдори умумї, тавсифи техникї), ки барои истифода њангоми иљрои фаъолият њамчун боркашони гумрукї пешбинї мегардад, аз љумла оид ба воситањои наќлиёти барои интиќоли мол бо пломбањо ва мўњрњои гумрукї муносиб (моддаи 84);

6) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

7) маълумот дар бораи шартномаи (шартномањои) суѓурта кардани хавфи масъулияти шањрвандии аризадињанда.

3. Ба ариза барои дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї иљозатнома оид ба иљрои фаъолият дар соњаи интиќоли бор, агар чунин намуди фаъолият мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон иљозат дода шавад, инчунин њуљљатњои зерини тасдиќкунандаи маълумоти пешнињодшуда замима мегарданд:

1) њуљљатњои таъсисотї ва њуљљати тасдиќкунандаи воќеияти ба ќайд гирифтани шахси њуќуќї ба Реестри ягонаи давлатии шахсони њуќуќї;

2) маълумот дар бораи баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї;

3) маълумот дар бораи баќайдгирии аризадињанда дар маќомоти андоз;

4) њуљљатњои тасдиќкунандаи њуќуќи ихтиёрдории воситањои наќлиёте, ки барои истифода љињати иљрои фаъолият ба сифати боркашони гумрукї ба инобат гирифта шудаанд;

5) маълумот дар бораи иљозат доштани воситањои наќлиёт барои интиќоли мол бо пломба ва мўњрњои гумрукї;

6) њуљљатњои тасдиќкунандаи андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

7) њуљљатњои тасдиќкунандаи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

8) тасдиќномањои бонкњо дар бораи дар онњо кушода шудани суратњисобњо;

9) шартномаи (полиси) суѓурта.

Моддаи 96. Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї

1. Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашони гумрукї инњоро дар бар мегирад:

1) номи боркаши гумрукї, зикри шакли ташкилию њуќуќї ва мањали љойгиршавї;

2) маълумот дар бораи њаљм ва шакли таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

3) нишон додани минтаќаи фаъолияти боркаши гумрукї, њангоме, ки он фаъолияти худро дар ќаламрави минтаќаи фаъолияти як (якчанд) маќоми гумрук (маќомоти гумрук) мањдуд карда бошад.

2. Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї дар давоми се сол эътибор дорад.

Моддаи 97. Вазифањои боркашони гумрукї

Боркаши гумрукї вазифадор аст:

1) шарт ва талаботи муќаррарнамудаи њамин Кодексро њангоми интиќоли моле, ки тањти назорати гумрукї ќарор доранд, риоя кунад;

2) бањисобгирии моли тањти назорати гумрукї ќарордоштаро ба роњ монад ва ба маќомоти гумрук дар бораи интиќоли чунин мол њисобот пешнињод намояд (моддаи 405).

3) бољу андозњои гумрукиро дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 моддаи 90 њамин Кодекс пардозад;

4) махфияти маълумоти аз ирсолкунанда, ќабулкунандаи мол ё экспедитор гирифтаро нигоњ дорад.

Моддаи 98. Бозхонди шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашонњои гумрукї

Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри боркашони гумрукї дар њолатњои зерин аз љониби маќоми гумрук бозхонда мешавад:

1) аз љониби боркашони гумрукї риоя нашудани њатто яке аз шартњои дохил намудан ба Реестри боркашони гумрукї, ки моддаи 94 њамин Кодекс муќаррар кардааст;

2) аз љониби боркашони гумрукї риоя нашудани ўњдадорињои пешбининамудаи банди 3 моддаи 97 њамин Кодекс;

3) аз сабаби иљро накардани ўњдадорињо љалби чандинкаратаи боркаши гумрукї ба љавобгарии маъмурї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї.