Боби 12. НИГАЊДОРИИ МУВАЌЌАТИИ МОЛ

Моддаи 99. Нигањдории муваќќатии мол

Нигањдории муваќќатии мол расмиёти гумрукие мебошад, ки тибќи он моли хориљї бидуни пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва бе татбиќи мањдудиятњои нисбати он муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, то иљозат додани он мутобиќи низоми муайяни гумрукї ё то љойгиркунии онњо тањти расмиёти дигари гумрукї тањти назорати гумрукї нигоњ дошта мешавад.

Моддаи 100. Анборњои нигањдории муваќќатї

1. Нигањдории муваќќатии мол дар анборњои нигањдории муваќќатї анљом дода мешавад, агар њамин боб тартиби дигаре муќаррар накарда бошад.

Анборњои нигањдории муваќќатї биноњои махсус људогардида ва барои чунин маќсадњо таљњизонидашуда ва (ё) майдончањои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муќаррарнамудаи моддаи 107 њамин Кодекс мувофиќанд.

2. Анборњои нигањдории муваќќатї минтаќаи назорати гумрукї ба шумор мераванд.

3. Мол мумкин аст дар њама гуна анбори нигањдории муваќќатї, бо назардошти мањдудиятњои пешбининамудаи њамин Кодекс љойгир карда шавад.

Моддаи 101. Љойгиронии мол дар анборњои нигањдории муваќќатї

1. Дар анборњои нигањдории муваќќатї мумкин аст њама гуна моли хориљї, аз љумла моле љойгир карда шавад, ки ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо вайрон кардани тартиби муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ворид карда шудааст (ќисми 1 моддаи12).

2. Моле, ки мумкин аст ба моли дигар зарар расонад ё шароитњои махсуси нигањдориро талаб кунад, бояд дар анборњо ё дар биноњои алоњидаи анборњои нигањдории муваќќатї, ки барои нигањдории чунин мол мутобиќ гардонида шудаанд, бо риояи талаботи њатмии муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта шавад.

3. Анборњои нигањдории муваќќатї мумкин аст дар њолатњои пешбининамудаи моддањои 418 ва 435 њамин Кодекс барои нигањдории мол истифода бурда шаванд.

Моддаи 102. Њуљљатњои зарурї барои љойгиронии мол дар анбори нигањдории муваќќатї

1. Њангоми љойгиронии мол дар анбори нигањдории муваќќатї интиќолдињанда ё шахси нисбат ба мол ваколатдошта ба маќоми гумрук декларатсияи мухтасар пешнињод мекунад. Декларатсияи мухтасар дар рўзи дигари кории баъди пешнињоди мол ва воситањои наќлиёт ба маќоми гумрук пешнињод карда мешавад. Агар мол дар давоми ин муддат тањти низоми муайяни гумрукї ќарор дода шуда бошад, декларатсияи мухтасар пешнињод карда намешавад. Намунаи декларатсияи мухтасар ва тартиби пур кардани онро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд.

Њамзамон бо декларатсияи мухтасар ба маќоми гумрук њуљљатњое пешнињод карда мешаванд, ки маълумотро дар бораи номгўй ва мањали љойгиршавии ирсолкунандаи (гирандаи) мол мутобиќи њуљљатњои наќлиётї (њуљљатњои борбарї), кишвари ирсолкунанда ва кишвари таъиноти мол, Номгўи молњо, миќдори он, миќдори љойи бор, хусусият ва тарзи бастабандї, маркировка, арзиши фактурї, вазни умумии мол (бо килограмм) ё њаљми мол (бо метри мукааб), инчунин дар бораи кодњои таснифотии (классификатсионии) мол тибќи Системаи њамоњангшудаи тавсифот ва кодгузории мол ё Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї дар сатњи на камтар аз чор аломати аввалро дар бар мегирад.

Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад рўйхати маълумоти дар сархати дуюми њамин ќисм зикршударо бо назардошти навъи наќлиёт, навъи мол, инчунин категорияњои шахсоне, ки мол ва воситањои наќлиётро интиќол медињанд, ихтисор намояд.

2. Барои љойгиронии мол дар анбори нигањдории муваќќатї чунин њуљљатњо истифода мешаванд:

1) њуљљатњои дар моддањои 73 - 76 њамин Кодекс пешбинишуда - дар сурати љойгиркунии мол дар анбори нигањдории муваќќатие, ки дар мањали расидани мол воќеъ аст;

2) њуљљатњои дар моддаи 81 њамин Кодекс пешбинишуда - дар њолатњои дигари љойгиронии мол дар анбори нигањдории муваќќатї.

Агар њуљљатњои пешнињодшуда дорои маълумоти дар сархати дуюми ќисми 1 њамин модда зикргардида набошанд, шахсе, ки молро дар анбори нигањдории муваќќатї љойгир мекунад, вазифадор аст ба маќоми гумрук бо роњи пешнињоди њуљљатњои дигари дар ихтиёрдошта ё њуљљатњои иловагие, ки дар шакли озод тањия намудааст (ё бо супориши вай шахси дигар тањия кардааст) маълумоти нокифояро пешкаш кунад.

3. Њангоми љойгиронии мол дар анбори нигањдории муваќќатї маќоми гумрук њуќуќ надорад пешнињоди маълумотеро талаб кунад, ки дар сархати дуюми ќисми 1 њамин модда зикр нашудааст.

Моддаи 103. Мўњлати нигањдории муваќќатии мол

1. Мўњлати нигањдории муваќќатии мол ду моњ мебошад.

Маќоми гумрук дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор мўњлати мазкурро тамдид мекунад. Тартиби тамдиди мўњлат аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар мегардад.

Мўњлати нињоии нигањдории муваќќатии мол 4 моњ мебошад, агар њамин модда мўњлати дигареро муќаррар накарда бошад.

2. Моли зуд вайроншаванда мумкин аст дар анбори нигањдории муваќќатї дар доираи мўњлати њифзи сифати он, ки истифодаи ин молро тибќи таъиноташ имконпазир месозад, нигоњ дошта шавад, вале ин мўњлат набояд аз мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда бештар бошад.

3. Дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 моддаи 12 ва ќисми 8 моддаи 418 њамин Кодекс нигањдории муваќќатии мол дар мўњлати дар ин моддањо зикршуда анљом дода мешавад. Тамдиди ин мўњлатњо иљозат дода намешавад.

4. Бањисобгирии мўњлати нигањдории муваќќатии мол аз рўзи љойгиронии он дар анбори нигањдории муваќќатї ё аз рўзе оѓоз мешавад, ки мол тибќи њамин Кодекс дорои статуси моли ба таври муваќќатї нигањдоришаванда мегардад. Дар сурати истифодаи транзити дохилии гумрукї њангоми интиќоли мол аз мањали расидан ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон то мањали љойгиршавии маќоми гумрук бањисобгирии мўњлати нигањдории муваќќатии ин мол аз рўзи анљоми транзити дохилии гумрукї аз нав оѓоз мегардад.

5. Мол баъди анљоми мўњлатњои пешбининамудаи њамин модда мутобиќи боби 57 њамин Кодекс ихтиёрдорї карда мешавад.

Моддаи 104. Амалиёт бо моле, ки тањти нигањдории муваќќатї ќарор дорад.

1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онњо њуќуќ доранд бо моли тањти нигањдории муваќќатї ќарордошта амалиёти муќаррарии барои таъмини нигањдории бетаѓйири мол заруриро анљом дињанд (аз љумла молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар ќаламрави анбори нигањдории муваќќатї љойњои онро иваз намоянд), ба шарте агар ин амалњо боиси таѓйири њолат, вайроншавии бастабандњо ва (ё) таѓйир додани воситањои њаммонандкунии гузошташуда нагарданд.

2. Амалиёти дар ќисми 1 њамин модда зикрнашударо (аз љумла, гирифтани чошнї ва намунаи мол, таъмири бастбанди мол, инчунин амалиёти баровардани мол аз анборњои нигањдории муваќќатї ва интиќоли минбаъдаи он) шахсони ваколатдори мол ва намояндагони он бо иљозати маќоми гумрук анљом медињанд.

Маќоми гумрук њуќуќ дорад чунин амалиётро танњо дар сурате рад намояд, ки агар иљрои он боиси талафот ва таѓйирёбии њолати мол гардад.

Моддаи 105. Моли корношоям, харобгардида ва вайроншуда

Моле, ки дар натиљаи садама ё таъсири ќувваи рафънопазир дар давраи нигањдории муваќќатии мол корношоям, вайрон ё хароб гаштааст, бояд тањти низоми гумрукии арзнамудаи декларант љой дода шавад, чунон ки агар он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар шакли корношоям, харобгардида ё вайроншуда ворид карда шудааст.

Моддаи 106. Навъњои анборњои нигањдории муваќќатї

1. Анборњои нигањдории муваќќатї метавонанд пўшида ва кушода бошанд.

2. Анборњои нигањдории муваќќатї, агар барои истифодаи њама гуна мол ва њама гуна шахс дастрас бошанд, анборњои кушода ба њисоб мераванд.

3. Анборњои нигањдории муваќќатї, агар барои нигањдории моли соњиби анбор (моддаи 108) ё барои нигањдории моли муайян, аз љумла муомилоташ мањдуд ва (ё) талабкунандаи шароити махсуси нигањдорї пешбинї шуда бошанд, анборњои пўшида мебошанд.

Моддаи 107. Талабот нисбати ободонї, таљњизонї ва мањали љойгиршавии анборњои нигањдории муваќќатї

1. Биноњо ва (ё) майдончањои кушода, ки барои истифода ба сифати анборњои нигањдории муваќќатї таъин гардидаанд, бояд тавре обод ва таљњизонида шаванд, ки њифзи молро таъмин намоянд ва дастрасии шахсони бегонаро (ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколатдор ё намояндаи шахси ваколатдор нисбати мол намебошанд) имконнопазир гардонанд, инчунин имконият дињанд, ки назорати гумрукї нисбати чунин мол анљом дода шавад.

2. Биноњо ё майдончањои кушода, ки барои истифода ба сифати анборњои нигањдории муваќќатї пешбинї шудаанд, бояд дорои њудуди муњофизатшаванда бошанд, ки воситањои наќлиёти интиќолдињандаи мол дар мўњлати барои анљом додани транзити дохилии гумрукї зарурї таваќќуф кунанд. Ин њудуд минтаќаи назорати гумрукї њисоб карда мешавад. Воситањои наќлиётие, ки бори тањти назорати гумрукиро интиќол медињанд, метавонанд ба ин минтаќа дар њама ваќти шабонарўз дохил шаванд.

3. Мутобиќи ќисмњои 1 ва 2 њамин модда маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї барои ободонї, таљњизонї ва мањали љойгиршавии анборњои нигањдории муваќќатї бо маќсади таъмини назорати гумрукї талаботи њатмї муќаррар менамояд.

4. Бо ќарори маќоми гумрук талаботи алоњидаи барои ободонї ва таљњизонии анборњои пўшида пешбининамудаи њамин модда метавонад нисбати анборњои дар њудуди корхонањо ќарордошта, ки соњиби онњо фаъолияти истењсолиро анљом медињад, истифода нагардад, агар меъёрњои муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда риоя карда шавад.

Эзоњ: Бо маќсади истифодаи њамин модда тањти мафњуми воситаи наќлиёт воситаи наќлиёте фањмида мешавад, ки тавассути он дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мол интиќол дода мешавад.

Моддаи 108. Соњибони анборњои нигањдории муваќќатї

1. Соњиби анбори нигањдории муваќќатї шахси њуќуќии ватание буда метавонад, ки ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї дохил карда шуда бошад.

2. Соњиби анбори нигањдории муваќќатї нигањдории моли тањти назорати гумрукї ќарордоштаро тибќи њолат ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс таъмин менамояд.

3. Муносибати соњиби анбори нигањдории муваќќатї бо шахсоне, ки моли худро дар он нигањ медоранд, дар асоси шартнома ба роњ монда мешавад. Агар барои бастани шартнома љињати нигањдории мол дар анбори нигањдории муваќќатї шароит мављуд бошад (ба истиснои анбори пўшида, ки барои нигањдории моли соњиби анбор истифода мегардад), соњиби анбори гумрукї наметавонад аз бастани шартнома саркашї кунад.

4. Соњибони анборњои нигањдории муваќќатї метавонанд маќомоти гумрук бошанд, ки бе дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї ба фаъолият ба сифати соњибони анборњои нигањдории муваќќатї (моддаи 115) машѓуланд. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї вазифадор аст номгўи анборњои нигањдории муваќќатиеро, ки соњибони онњо маќомоти гумрук мебошанд, инчунин таѓйироти ба ин номгўй дохилшударо на камтар аз як маротиба дар шаш моњ дар нашрияњои расмии худ чоп кунад.

Моддаи 109. Шартњои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї

1. Шартњои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї аз инњо иборатанд:

1) соњибии (тањти моликият, пешбурди хољагидорї ё тањти иљора будани) анборњои кушода, бино ва (ё) майдончањои кушодаи барои истифодаи нигањдории муваќќатї ва ба сифати анборњои нигањдории муваќќатї таъингардида, ки љавобгўи талаботи муќарраргардида мебошанд ( моддаи 107);

2) таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мувофиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

3) мављудияти ќарордод дар бораи суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии худ, ки мумкин аст дар натиљаи расонидани зарар ба моли тањти нигањдорї мављудбудаи шахси дигар ё вайрон кардани шартњои дигари нигањдорї бо шахсони дигар фаро расад. Маблаѓи суѓурта, ки дар доираи он суѓуртакунанда ўњдадор шудааст њангоми фарорасии њар як њолати суѓурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо љуброн намояд, тибќи масоњати муфид ё њаљми муфид ба њисоб гирифта шуда, агар ба сифати анбори гумрукї майдончаи кушода истифода шуда бошад, аз њисоби њаљми 5 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда барои њар як метри мураббаи масоњати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукї бино истифода шуда бошад, аз њисоби њаљми 2 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда барои њар як метри мукааби масоњати муфид муќаррар карда мешавад, вале он наметавонад аз њаљми 8000 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда камтар бошад.

2. Агар соњибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иљора амалї гардад, пас чунин шартнома бояд ба мўњлати на камтар аз як сол аз рўзи додани ариза љињати дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї баста шавад.

Моддаи 110. Ариза барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї

1. Шахс ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатїдар асоси аризаи љавобгўи талаботи муќаррарнамудаи моддањои 108 - 109 њамин Кодекс дохил карда мешавад.

2. Ариза барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатїбояд инњоро дар бар гирад:

1) мурољиат ба маќомоти гумрук барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию њуќуќї, мањали љойгиршавї, кушодани суратњисобњои бонкї, инчунин андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

3) маълумот дар бораи навъи анбори нигањдории муваќќатї (барои анбори пўшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба маќсад мувофиќ будани интихоби чунин анбор);

4) маълумот дар бораи биноњо ва (ё) майдончањои кушодае, ки дар ихтиёри аризадињанда ќарор дошта, барои истифода ба сифати анбори нигањдории муваќќатї дар назар гирифта шудаанд, мањали љойгиршавии онњо, ободонї, таљњизонї ва таъминоти моддию техникї;

5) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномањои) суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии аризадињанда.

3. Ба аризаи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатїњуљљатњои зерине, ки тасдиќкунандаи маълумоти пешнињодшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) њуљљатњои таъсисотї ва њуљљати тасдиќкунандаи воќеияти баќайдгирии шахси њуќуќї дар Реестри ягонаи давлатии шахсони њуќуќї;

2) гувоњнома дар бораи баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї;

3) гувоњнома дар бораи баќайдгирии аризадињанда дар маќоми андоз;

4) њуљљатњои тасдиќкунандаи њуќуќи ихтиёрдории биноњо ва (ё) майдончањои кушода, ки барои истифода њамчун анбори нигањдории муваќќатї таъин гардидаанд;

5) лоињањо ва наќшањои биноњо ва (ё) майдончањои кушода, ки барои истифода њамчун анбори нигањдории муваќќатї таъин гардидаанд;

6) њуљљатњои тасдиќкунандаи андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

7) њуљљатњои тасдиќкунандаи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

8) тасдиќномањои бонкњо дар бораи дар ин бонкњо кушодани суратњисобњо;

9) шартномаи (полиси) суѓурта.

4. Барои њар бинои аз нигоњи њудуд махсусгардонидашуда ва (ё) њар майдончаи кушодаи аз нигоњи њудуд махсусгардонидашуда, ки барои истифода њамчун анбори нигањдории муваќќатї таъингардида, аризаи алоњида пешнињод карда мешавад.

Моддаи 111. Шањодатнома барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї

1. Соњиби анбори нигањдории муваќќатї ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї ба њар як бинои њудудан махсусгардонидашуда ё њар майдончаи кушодаи њудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигањдории муваќќатї истифода мегардад, дохил карда мешавад. Ба њар як бинои њудудан махсусгардонидашуда ё њар майдончаи кушодаи њудудан махсусгардонидашуда, ки ба сифати анбори нигањдории муваќќатї истифода мегардад,барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї шањодатномаи алоњида дода мешавад.

2. Шањодатнома барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї инњородар бар мегирад:

1) номи соњиби анбори нигањдории муваќќатї, шакли њуќуќию ташкилии он ва зикри мањали љойгиршавиаш;

2) маълумот дар бораи њуќуќи ихтиёрдории бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори нигањдории муваќќатї истифода бурда мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

4) зикри навъи анбори нигањдории муваќќатї;

5) зикри мањали љойгиршавии анбори нигањдории муваќќатї.

3. Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї дар давоми се сол эътибор дорад.

Моддаи 112. Вазифањои соњиби анборњои нигањдории муваќќатї

1. Соњиби анбори нигањдории муваќќатї вазифадор аст:

1) шарт ва талаботи муќаррарнамудаи њамин Кодексро нисбати нигањдории мол, ки тањти назорати гумрукї ќарор доранд, таъмин намояд.

2) бањисобгирии нигањдории моли тањти назорати гумрукї ќарордоштаро анљом дода, ба маќомоти гумрук дар бораи нигањдории ин мол (моддаи 405) њисобот пешнињод намояд;

3) њифзи моли дар анборњои нигањдории муваќќатї мављуда ва воситањои наќлиёти дар њудуди њамшафати он бударо, ки минтаќаи назорати гумрукї њисоб мешавад, таъмин намояд,

4) имконияти љойгиркунии шабонарўзии мол ва воситањои наќлиётро дар анборњои нигањдории муваќќатї ё дар њудуди њамшафат ба анбор, ки минтаќаи назорати гумрукї њисоб мешавад, таъмин намояд,

5) бе иљозати маќоми гумрук имконнопазирии дастрасии шахсони бегонаро ба мол ва воситањои наќлиёти дар анбори мазкур ё њудуди њамшафати он таъмин намояд,

6) дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 2 њамин модда, инчунин дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 моддаи 90 њамин Кодекс, агар соњиби анбори нигањдории муваќќатї ба транзити дохилии гумрукї иљозат дошта бошад, бољи гумрукї ва андозро мепардозад.

2. Соњиби анбори нигањдории муваќќатї њангоми талаф ё бе иљозати маќомоти гумрук додани моли дар анборњои нигањдории муваќќатї љойгиршуда барои супурдани бољњои гумрукї ва андоз масъул мебошад. Соњиби анбори нигањдории муваќќатї барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз танњо њангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиљаи садама, таъсири ќувваи рафънопазир ё нобудшавии табиї дар шароити муќаррарии нигањдорї тамоман талаф ёфта бошад.

Моддаи 113. Бозхондани шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї

Шањодатнома барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатїдар њолатњои зерин бозхонда мешавад:

1) аз љониби соњиби анбори нигањдории муваќќатї риоя нашудани њатто яке аз шартњои талаботи Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї, ки моддаи 109 њамин Кодекс муќаррар кардааст;

2) аз љониби соњиби анбори нигањдории муваќќатї риоя нашудани талаботи банди 6 ќисми 1 моддаи 112 њамин Кодекс;

3) љалби чандкаратаи соњиби анбори нигањдории муваќќатї ба љавобгарии маъмурї барои содир кардани њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї.

Моддаи 114. Амалиёт бо мол њангоми аз Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї хориљ намудани соњиби анбори нигањдории муваќќатї

Њангоми бозхондани шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї ё хориљ намудани соњиби анбори нигањдории муваќќатї аз ин Реестр моли дар анбори нигањдории муваќќатї ќарордошта бояд аз њисоби вай, дар давоми 2 моњи баъди рўзи хориљшавї фарорасанда ба анбори дигари нигањдории муваќќатї гузаронида шавад. Аз рўзи дигари баъди хориљ кардани соњиби анбори нигањдории муваќќатї аз Реестри соњибони анборњои нигањдории муваќќатї ба љойгиркунии мол дар анбори нигањдории муваќќатї иљозат дода намешавад.

Моддаи 115. Нигањдории мол дар анборњои нигањдории муваќќатии маќомоти гумрук

1. Анборњои нигањдории муваќќатии маќомоти гумрук анборњои кушода буда, бояд ба талаботи муќаррарнамудаи моддаи 107 њамин Кодекс љавобгў бошанд.

2. Њангоми нигањдории мол дар анборњои нигањдории муваќќатии маќомоти гумрук муносибатњои мутаќобилаи маќомоти гумрук бо шахсоне, ки молро дар ин анборњо љойгир намудаанд, тибќи њамин Кодекс ва Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад. Нисбати шартномае, ки маќоми гумрук бо шахси љойдињандаи мол дар анбори нигањдории муваќќатї мебандад, талаботи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон, ки барои шартномаи оммавї муќаррар шудаанд, татбиќ мегардад. Агар барои бастани шартнома љињати нигањдории мол дар анбори нигањдории муваќќатї шароит мављуд бошад, соњиби анбори гумрукї наметавонад аз бастани шартнома саркашї кунад.

Барои нигањдорї дар анбори нигањдории муваќќатї ќабул намудани мол маќоми гумрук ба шахси молро љойгирнамуда мувофиќи намунаи муайянкардаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї квитансия медињад.

3. Њуќуќ, вазифа ва масъулияти маќомоти гумрук вобаста ба нигањдории мол аз љониби ин маќомот аз моњияти ўњдадорињо тибќи муќаррароти умумии нигањдорї бармеояд, ки ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон, бо назардошти муќаррароти њамин Кодекс пешбинї намудааст.

Маќоми гумрук барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз њангоми талаф шудани моли дар анбори нигањдории муваќќатї ќарордошта љавобгар мебошад, ба истиснои њолатњое, ки агар мол дар натиљаи садама, таъсири ќувваи рафънопазир ё талафи табиї дар шароити мўътадили нигањдорї тамоман нобуд шуда бошад.

4. Барои нигањдории мол дар анбори нигањдории муваќќатии маќоми гумрук мувофиќи шартнома музд ситонида мешавад. Њаќќи пардохт барои нигањдории мол дар анбори нигањдории муваќќатї мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

Моддаи 116. Хусусиятњои нигањдории муваќќатии моле, ки тавассути наќлиёти роњи оњан интиќол дода мешавад

1. Тибќи дархости роњи оњан нигањдории муваќќатии моли тавассути наќлиёти роњи оњан интиќолёбанда то фаровардани он мустаќиман дар воситањои наќлиёти дар хатњои роњи оњан ќарордоштаи ин роњи оњан, дар љойњое, ки анбори нигањдории муваќќатї нестанд ва мањали љойгиршавии он бо маќомоти гумрук мувофиќа шудааст, иљозат дода мешавад.

Мањалњои мазкур минтаќаи назорати гумрукї ба шумор мераванд. Роњи оњан вазифадор аст амнияти молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро ба он истисно намояд.

2. Моле, ки дар воситањои наќлиёт дар минтаќаи назорати гумрукї нигањдорї мешавад, тибќи њамин модда барои маќсади гумрукї њамчун моли тањти нигањдории муваќќатї ќарордошта баррасї мегардад. Фаровардани бор ва интиќоли он ба мањалњои дигар бо иљозати маќоми гумрук анљом дода мешавад.

3. Њангоми талафи моли дар воситањои наќлиёти дар минтаќаи назорати гумрукї ќарордошта ё бе иљозати маќомоти гумрук додани он, масъулияти пардохти бољњои гумрукї ва андозњо ба зиммаи роњи оњан мебошад.

Моддаи 117. Нигањдории муваќќатї дар анбори гирандаи мол

1. Бо иљозати маќоми гумрук нигањдории муваќќатї метавонад дар анборњои гирандаи мол дар њолати зайл анљом дода шавад:

1) њангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашуда барои шахсони алоњида (моддаи 68);

2) њангоми зарурати нигањдории муваќќатии моле, ки шароити махсуси нигањдориро таќозо менамояд, агар дар мањали наздиктарин барои нигањдории чунин мол анбори махсусгардонидашуда мављуд набошад.

2. Њангоми додани иљозат барои нигањдории муваќќатї дар анборњои ќабулкунандаи мол маќоми гумрук њуќуќ дорад таъмини супоридани пардохтњои гумрукиро талаб намояд.

3. Ќабулкунандаи бор њангоми нигањдории мол дар анбор худ вазифадор аст њамаи дигар талаботи њамин моддаро риоя намояд. Дар анборњои ќабулкунандаи мол ба нигањдории моли хориљие, ки ба шахсони сеюм таалуќ доранд, иљозат дода намешавад.

Моддаи 118. Љойгир намудани мол дар анборњои нигањдории муваќќатї аз љониби маќомоти гумрук

1. Дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 моддаи 12, моддањои 418 ва 435 њамин Кодекс мол метавонад дар анборњои нигањдории муваќќатии маќомоти гумрук љойгир карда шавад.

Подош барои нигањдорї ва љуброни харољот ба соњиби анборњои нигањдории муваќќатї дар њолатњои зикргардида аз њисоби шахсони дар њамин моддањо муќарраршуда анљом дода мешавад.

2. Агар харољоти нигањдорї аз њисоби воситањои буљети давлатї сурат гирад, ин харољот ба соњиби анбори нигањдории муваќќатї аз љониби маќомоти гумрук дар доираи њаљми зарурї ва харољоти њуљљатан тасдиќгардида, ки соњиби анбори нигањдории муваќќатї масраф намудааст, љуброн карда мешавад.