Боби 14. ДЕКЛАРАТСИЯ КАРДАНИ МОЛ

Моддаи 123. Моле, ки бояд декларатсия карда шавад

Мол њангоми интиќол аз сарњади гумрукї, таѓйири низоми гумрукї, инчунин дар њолатњои дигари пешбининамудаи моддањои 183, 184, 247 ва 435 њамин Кодекс бояд декларатсия карда ба маќоми гумрук пешнињод шавад.

Моддаи 124. Декларатсия кардани мол

1. Мол бо роњи ба маќомоти гумрук дар шакли муќарраршуда арз намудани маълумоти боэътимод дар бораи мол, низоми гумрукии он ва маълумоти дигари барои маќсадњои гумрук зарурї (ба таври хаттї, шифоњї, конклюдентї ва электронї) декларатсия карда мешавад.

Мол аз љониби декларант ё брокери гумрук (намоянда) (боби 15) бо интихоби декларант декларатсия карда мешавад.

2. Шакл ва тартиби декларатсия кардани мол дар њолатњое, ки њамин Кодекс танзим нанамудааст, аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад.

3. Рўйхати маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумрукї зикр гардад, танњо бо маълумоте мањдуд мегардад, ки барои маќсадњои њисоб ва ситонидани бољњои гумрукї ва андоз, ташаккули омори гумрукї ва татбиќи ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон зарур мебошанд.

4. Њангоми истифодаи декларатсияи гумрукї ба сифати њуљљати бањисобгирї бо маќсади назорати асъор, ки маќомоти гумрук анљом медињанд, дар декларатсияи гумрукї бояд маълумоте низ зикр шаванд, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор барои чунин маќсадњо заруранд.

5. Декларатсияи гумрукї аз љониби тартибдињандаи он тасдиќ ва аз љониби корманди ин шахси њуќуќї имзо карда мешавад. Декларатсия бо роњи гузоштани мўњр тасдиќ карда мешавад, агар тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон шахси тартибдињандаи декларатсияи гумрукї мўњр дошта бошад.

6. Номгўи маълумоте, ки бояд дар декларатсияи гумрукї зикр гардад ва шакли пешнињоди онњо бояд расман чоп карда шаванд. Санадњои меъёрии њуќуќии маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, ки номгўи маълумоти дар декларатсияи гумрукї зикршавандаро муайян мекунанд, тибќи моддаи 4 њамин Кодекс эътибори ќонунї пайдо мекунанд.

Моддаи 125. Мањали декларатсия кардани мол

1. Декларатсияи гумрукї мумкин аст ба њар маќоми гумруки дорои њуќуќи ќабули декларатсия пешнињод гардад.

2. Бо маќсади таъмини самаранокии назорати риояи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад маќоми гумруки дахлдорро барои декларатсияи намудњои алоњидаи мол танњо дар ин њолатњо муайян кунад:

1) њангоми зарурати истифодаи таљњизоти махсусгардонидашуда ва (ё) донишњои махсус барои барасмиятдарории гумрукии чунин мол ба монанди арзишњои фарњангї, аслиња, техникаи њарбї ва лавозимоти љангї, маводи радиоактивї ва таљзияшаванда;

2) вобаста ба навъи наќлиёти мавриди истифодаи интиќоли моли байналмилалї истифодашаванда (автомобилї, дарёї, њавої, роњи оњан, ќубурї ва хати интиќоли барќ);

3) њангоми интиќоли намудњои алоњидаи мол аз сарњади гумрукї, ки нисбати онњо вайронкунии ќонунгузории гумрукї муттасил ба ќайд гирифта шудааст ё мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мамнўият ва мањдудият муќаррар гардидааст;

4) њангоми зарурати назорати махсуси моли алоњидаи дорои объекти моликияти зењнї (интеллектуалї) тибќи номгўи муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон.

3. Дар сурати пешнињоди декларатсияи гумрукї ба маќоми дигари гумрук, ки ќисми 2 њамин модда муайян намудааст, декларатсияи гумрукї дар рўзи пешнињод аз љониби маќоми гумрукие, ки декларатсияи гумрукиро гирифтааст, ба маќомоти гумрукии дахлдор фиристода мешавад.

Мўњлати ќабули декларатсияи гумрукї (моддаи 132) дар чунин њолат ба мўњлате тамдид мегардад, ки барои ирсоли он зарур аст, вале набояд аз ду рўзи корї зиёд бошад.

4. Санадњои меъёрии њуќуќии маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, ки љойи декларатсияи баъзе навъњои молро муайян кардааст, тибќи моддаи 4 њамин Кодекс эътибори ќонунї пайдо мекунанд.

Моддаи 126. Декларант

1. Ба сифати декларант шахсони дар моддаи 15 њамин Кодекс зикргардида, инчунин дигар шахсоне, ки тибќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо риояи муќаррароти ќисми 2 њамин модда њуќуќи ихтиёрдории молро доранд, метавонанд баромад намоянд.

2. Танњо шахси ватанї декларант буда метавонад, ба истиснои њолатњои интиќоли мол аз сарњади гумрукї:

1) аз љониби шахсони воќеї барои истифодаи шахсї, оилавї, хонаводагї ва дигар эњтиёљоте, ки ба фаъолияти соњибкорї марбут нест;

2) аз љониби шахсони хориљие, ки аз имтиёзњои гумрукї тибќи боби 39 њамин Кодекс истифода мебаранд;

3) аз љониби ташкилотњои хориљие, ки намояндагиашон дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тибќи тартиби муќарраргардида ба ќайд гирифта (аккредитатсия) шудаанд, њангоми ариза ба маќоми гумрук тањти низомњои гумрукии воридоти муваќќатї, реэкспорт, транзит, инчунин низоми гумрукии иљозат барои муомилоти озоди мол, ки барои истифодаи шахсии њамин намояндагињо ворид карда мешаванд;

4) аз љониби интиќолдињандагони хориљї њангоми арзи низоми гумрукии транзит;

5) дигар њолатњое, ки шахси хориљї барои ихтиёрдории мол дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон берун аз доираи муомилоти иќтисодии хориљї њуќуќ дорад ва яке аз тарафњои он шахси ватанї мебошад.

Моддаи 127. Њуќуќу вазифањои декларант

1. Њангоми декларатсияи мол ва иљрои дигар амалњои гумрукї, ки барои иљозати мол зуруранд, декларант њуќуќ дорад:

1) моли декларатсияшавандаро аз љумла то пешнињоди декларатсияи гумрукї аз назар гузаронад ва онњоро чен кунад;

2) бо иљозати маќоми гумрук чошнї ва намунаи моли декларатсияшавандаи ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшавандаро гирад. Декларатсияи гумрукии алоњида барои гирифтани чошнї ва намунаи мол ба шарте пешнињод карда намешавад, ки агар чунин чошнї ва намуна дар декларатсияи гумрукии мол нишон дода шаванд;

3) њангоми азназаргузаронии моли декларатсияшаванда (моддањои 412 ва 413), дар сурати аз љониби шахси мансабдори маќоми гумрук гирифтани чошнї ва намунаи мол иштирок кунад (моддаи 424);

4) бо натиљањои тадќиќотњои дар маќоми гумрук мављудаи чошнї ва намунаи моли декларатсияшавандаи худ шинос шавад;

5) барои декларатсия кардани мол дар шакли њуљљатњои электронї њуљљатњо ва маълумоти заруриро тибќи њамин Кодекс пешнињод намояд;

6) аз дигар ваколатњо ва њуќуќњои пешбининамудаи њамин Кодекс истифода барад.

2. Њангоми декларатсия кардани мол ва анљом додани дигар расмиёти гумрукї декларант вазифадор аст:

1) ба маќоми гумрук декларатсияи гумрукї, маълумот ва њуљљатњои заруриро пешнињод намояд (моддаи 131);

2) бо талаби маќоми гумрук моли декларатсияшавандаро пешнињод намояд;

3) тибќи фасли 3 њамин Кодекс бољњои гумрукї ва андозро пардозад ё пардохти онњоро таъмин намояд.

Моддаи 128. Хусусиятњои хоси декларатсия кардани моли мухталифи марбут ба як партия

1. Бо хоњиши декларант моли мухталифи як партия метавонад бо нишон додани як коди таснифотии Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї декларатсия карда шавад, ба шарте агар ба ин коди таснифотї мувофиќат кунанд:

1) ставкаи нисбатан баланди бољњои гумрукї;

2) ставкаи нисбатан баланди аксизи гумрукї;

3) ставкаи нисбатан баланди андоз аз арзиши изофашуда;

4) коди ин мол ба сатњи 4 раќами аввал мувофиќат кунад.

2. Маълумот дар бораи номгўй ва теъдоди моли як партия аз љониби декларант бо роњи пешнињоди рўйхати мол арз карда мешавад. Ба сифати чунин рўйхат шарњи номнависи (спетсификатсияи) бор, вараќаи бастабандї, рўйихат ва дигар њуљљатњои шабењ истифода бурда мешавад. Барои маќсадњои гумрукї рўйхати мол ба сифати ќисми таркибии декларатсияи гумрукї баррасї карда мешавад.

3. Агар нисбати яке аз моли дар як партия мављуда тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мањдудият муќаррар шуда бошад, декларатсияи чунин мол бо зикри як коди таснифотї мувофиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї декларантро аз риояи чунин мањдудият озод намекунад.

4. Бо маќсади санљиши риояи муќаррароти ќисми 3 њамин модда маќоми гумрук њуќуќ дорад аз декларант пешнињоди маълумоти аниќкунандаи баъзе моли декларатсияшавандаро талаб кунад.

Моддаи 129. Мўњлати пешнињоди декларатсияи гумрукї

1. Декларатсияи гумрукии моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи моддањои 150, 309 ва 316 њамин Кодекс, дар мўњлати на дертар аз 15 рўзи баъди пешнињоди мол ба маќоми гумруки мањали расидани он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё аз рўзи анљоми транзити дохилии гумрукї пешнињод карда мешавад, агар мол дар мањали расидани он декларатсия карда нашуда бошад.

2. Агар мўњлати дар ќисми 1 њамин модда зикршуда барои љамъоварии њуљљатњо ва маълумот барои декларант нокифоя бошад, бо мурољиатномаи асосноки декларант маќоми гумрук мўњлати пешнињоди декларатсияи гумрукиро тамдид мекунад. Тамдиди мўњлати пешнињоди декларатсияи гумрукї бояд боиси вайрон кардани мўњлати нигањдории муваќќатии мол нагардад.

3. Агар анљоми мўњлати пешнињоди декларатсияи гумрукї ба рўзи ѓайрикории маќоми гумрук рост ояд, рўзи анљоми ин мўњлат рўзи минбаъдаи кории маќоми гумрук њисобида мешавад.

4. Декларатсияи гумрукї барои моли аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон содиршаванда, ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи моддаи 336 њамин Кодекс, то баровардани онњо аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда мешавад.

Моддаи 130. Декларатсияи пешакии мол

1. Декларатсияи гумрукии моли хориљї метавонад то лањзаи расидани он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё то анљоми транзити дохилии гумрукї пешнињод карда шавад.

2. Агар барои маќсадњои гумрукї истифодаи њуљљатњои наќлиётї (борбарї) ё тиљоратии мушоияткунандаи мол зарур бошад, маќоми гумрук њангоми декларатсияи пешакии мол нусхаи ин њуљљатњои тасдиќнамудаи декларантро мегирад ва њангоми зарурат, баъди расидани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон маълумоти дар нусхаи њуљљатњои мазкур мављударо бо маълумоти нусхањои асл муќоиса менамояд.

3. Баъди анљоми санљиши декларатсияи гумрукї ва пардохти маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз то расидани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон чунин декларатсияи гумрукї метавонад ба сифати њуљљати ягона љињати истифодаи расмиёти гумрукї нисбати ин мол истифода гардад.

4. Агар мол ба маќоми гумруки декларатсияи гумрукиро ќабулкарда тибќи ќисми 1 њамин модда дар давоми 15 рўзи ќабули он пешнињод нашавад, декларатсияи гумрукї пешнињоднашуда ба њисоб меравад.

Моддаи 131. Пешнињоди њуљљатњо њангоми декларатсия кардани мол

1. Декларатсияи бори гумрукї ба маќоми гумрук бояд њамзамон бо пешнињоди нусхаи электронї ва њуљљатњои барои маќсади гумрукї зарурии пешбининамудаи њамин модда пешнињод карда шавад.

Шакли нусхаи электронии декларатсияи бори гумрукиро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд.

2. Декларант метавонад нусхаи њуљљати тасдиќкунандаи маълумоти арзшударо дар асоси ўњдадорї љињати пешнињоди њуљљати дахлдор ба маќоми гумрук дар мўњлати санљиши декларатсияи гумрукї пешнињод намояд, агар чунин њуљљат барои ќабули ќарор дар бораи иљозати додани мол њатмї бошад.

Агар пешнињоди њуљљатњои алоњида дар мўњлати зикргардида имконнопазир бошад, дар асоси аризаи асосноки декларант маќомоти гумрук иљозат медињанд нусхаи онњо бо пешнињоди минбаъдаи њуљљатњо дар мўњлати барои љамъоварии онњо зарурї, вале на дертар аз 30 рўзи таќвимии баъди баќайдгирии декларатсияи гумрукї манзур карда шаванд. Декларант барои пешнињод накардани њуљљатњо дар мўњлати муќарраршуда ё нишон додани маълумоти носањењ дар нусхаи њуљљатњои ќаблан пешнињоднамуда масъул мебошад.

Агар ба маќоми гумрук пештар њуљљатњое пешнињод шуда бошанд, ки тибќи онњо барасмиятдарории гумрукии маљмўи минбаъдаи мол сурат гирифтааст, дар ин њолат пешнињоди нусхаи чунин њуљљатњо кифоя аст.

3. Агар дар коргузории маќоми гумрук њуљљатњое боќї монанд, ки барои ќабули ќарор љињати иљозат додани мол заруранд, маќоми гумрук барои декларант дар нусхаи ин њуљљатњо бо зикри маќоми гумруке, ки дар он ин њуљљатњо нигоњ дошта мешаванд, сабти дахлдор мегузорад. Ин сабт бо мўњри дорои раќами шахсии шахси мансабдори маќоми гумрук тасдиќ карда мешавад.

4. Ќарордод, њисобнома–фактурањо (инвойсњо), њуљљатњои наќлиётї, њуљљатњои тасдиќкунандаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз баъди иљозати мол бояд ба декларант баргардонида шаванд ва онњо дар давоми се соли баќайдгирии декларатсияи бори гумрукї нигоњ дошта мешаванд.

5. Пешнињоди декларатсияи бори гумрукї бояд њамзамон бо пешнињоди њуљљатњои барои маќоми гумрук зарурї, ки дар асоси онњо декларатсияи бори гумрукї пур карда шуда, инњоро тасдиќ менамояд, сурат гирад:

1) ваколати декларант барои пешнињоди декларатсияи бори гумрукї аз номи худаш, - ваколатнома ба шахси воќеии дар штати декларант ќарордошта ё шартнома барои хизматрасонии брокерї ва гувоњномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї;

2) њуќуќи соњибї, ихтиёрдорї ё истифодабарии моли тањти барасмиятдарории гумрукї ќарордошта, - шартномаи (ќарордоди) тиљорати хориљии хариду фурўш ё мубодила (мена), созишнома ё њуљљати дигар барои њуќуќи ихтиёрдорї ё истифодабарии моли тањти барасмиятдарории гумрукї ќарордошта;

3) интиќоли мол аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон, - њуљљатњои наќлиётї;

4) арзиши гумрукии мол, - њисобнома - фактура (инвойс), њисобнома - проформа, шарњи номнависї (спетсификатсия) ва дигар њуљљатњои барои арз пешбининамуда ва муайян кардани арзиши гумрукии мол мутобиќи њамин Кодекс;

5) мањали истењсоли мол - декларатсия ё сертификати мањали истењсоли мол мутобиќи њамин Кодекс;

6) пардохт ё таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз вобаста ба шароити низоми гумрукї ва мављудияти имтиёз оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз:

- супоришномаи пардохт бо ќайди бонк дар бораи иљрои пардохти ѓайринаќдї ё квитансия ба ордери мадохилоти кассавии маќоми гумрук, бонк - њангоми пардохт бо пули наќд;

- њуљљатњои тасдиќкунандаи таъмини пардохтњои бољњои гумрукї ва андоз мутобиќи њамин Кодекс;

7) расонидани мол ба мањали таъинот, - декларатсияи транзитии пешбининамудаи њамин Кодекс ё бо њуљљатњои дигари мутобиќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон;

8) риояи мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, - њуљљатњои тасдиќкунандаи риояи мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон,

9) мувофиќат ба талаботи њатмии стандартњо њангоми воридоти мол, сарфи назар аз низомњои гумрукии арзшавандаи сертификатњо. Сертификатњо танњо дар њолатњои нисбати мол муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки пешнињоди сертификат барояшон њатмист, пешнињод карда мешаванд;

10) гувоњномаи баќайдгирї дар маќомоти андози Љумњурии Тољикистон.

6. Тибќи талаботи низомњои гумрукии интихобшуда иловатан ба њуљљатњои асосии дар ќисми 5 њамин модда зикршуда мувофиќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дигар њуљљатњои барои маќсадњои гумрукї зарурї пешнињод карда мешаванд.

7. Агар декларант довталаби имтиёзи пардохти бољњои гумрукї ва андоз, аз љумла њангоми арзи низоми гумрукие, ки низоми гумрукии пурра ё ќисман озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз, нисбати мол истифода набурдани мамнўият ва мањдудияти тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраргардида ё кам кардани заминаи андоз бошад, ў вазифадор аст ба маќоми гумрук њуљљатњои дахлдори тасдиќкунандаи шартњои арзро пешнињод намояд.

8. Бо маќсади тасдиќи арзиши гумрукии арзшуда декларант вазифадор аст њуљљатњои асосноккунандаи арзиши гумрукии арзшуда ва усули барои муайян намудани арзиши гумрукї интихобнамудаашро пешнињод кунад.

9. Агар пешнињоди њуљљатњои алоњида њамзамон бо декларатсияи гумрукї имконнопазир бошад, бо мурољиатномаи асосноки декларант маќоми гумрук дар шакли хаттї барои пешнињоди ин њуљљатњо дар мўњлати барои љамъоварии онњо зарурї, аммо на дертар аз 45 рўзи баъди ќабули декларатсияи гумрукї иљозат медињад, агар дар њамин Кодекс мўњлати дигари пешнињоди њуљљатњои алоњида ва маълумот пешбинї нашуда бошад. Декларант дар шакли хаттї оид ба пешнињоди њуљљатњо дар мўњлати муайяншуда ўњдадорї манзур медорад.

10. Дар њолати ба маќоми гумрук пешнињод намудани њуљљатњое, ки метавонанд њангоми барасмиятдарории гумрукии дигар мол истифода гарданд, бо дархости декларант маќоми гумрук оид ба ќабули њуљљатњо тибќи намунаи муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќномаи хаттї медињад. Тасдиќнома то дохил намудани таѓйирот ба њуљљатњои пешнињодшуда ё то гузаштани мўњлати амали он эътибор дорад. Тасдиќномаи мазкурро декларант метавонад њангоми барасмиятдарории гумрукии мол, бидуни пешнињоди иловагии њуљљатњои ќабулкардаи маќоми гумрук истифода барад. Декларант њуќуќ дорад њуљљатњои мазкурро то пешнињоди декларатсияи гумрукї манзур дорад.

Моддаи 132. Ќабули декларатсияи гумрукї

1. Далели пешнињоди декларатсияи гумрукї ва манзур доштани њуљљатњои зарурї дар рўзи гирифтани онњо аз љониби маќоми гумрук сабт мегардад. Маќоми гумрук бо дархости шахси пешнињодкардаи декларатсияи гумрукї дар бораи гирифтани декларатсияи гумрукї ва пешнињоди њуљљатњои зарурї (аз љумла дар шакли њуљљати электронї) бетаъхир тасдиќнома медињад.

2. Маќоми гумрук декларатсияи гумрукии пешнињодшударо дар рўзи расидани он ќабул менамояд, ба истиснои њолатњое, ки агар:

1) декларатсияи гумрукї ба маќоми гумруке пешнињод шуда бошад, ки њуќуќи ќабули декларатсияи гумрукиро надорад;

2) декларатсияи гумрукї аз љониби шахсе пешнињод шуда бошад, ки ба ин кор ваколатдор набошад;

3) дар декларатсияи гумрукї маълумоти зарурї зикр нашуда бошад (моддаи 124);

4) декларатсияи гумрукї имзо нашуда бошад ё ба таври зарурї тасдиќ нашуда бошад ё мувофиќи шакли муќарраршуда тањия нагардида бошад;

5) њангоми пешнињоди декларатсияи гумрукї њуљљатњои барои барасмиятдарории гумрукї зарурї пешнињод нашуда бошанд, ба истиснои њуљљатњое, ки метавонанд баъди ќабули декларатсияи гумрукї мутобиќи ќисми 9 моддаи 131 њамин Кодекс пешнињод карда шаванд;

6) нисбати моли декларатсияшаванда амале, ки бояд мутобиќи њамин Кодекс пеш аз пешнињод ё њамзамон бо пешнињоди декларатсияи гумрукї анљом дода шавад, сурат нагирифта бошад.

3. Декларатсияи гумрукї аз лањзаи ќабул њамчун њуљљати тасдиќкунандаи далели дорои ањамияти њуќуќї эътибор пайдо мекунад.

4. Агар декларатсияи гумрукї аз љониби маќоми гумрук ќабул нашуда бошад, чунин декларатсия барои маќсади гумрукї пешнињоднашуда дониста мешавад.

5. Маќоми гумрук сабабњои ќабул накардани декларатсияи гумрукиро ба шахси пешнињодкунандаи декларатсия на дертар аз рўзи дигари пешнињод шудани декларатсияи гумрукї огоњ менамояд. Бо дархости шахси пешнињодкунандаи декларатсияи гумрукї чунин огоњинома дар шакли хаттї манзур мегардад.

Моддаи 133. Ворид намудани таѓйиру иловањо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии арзшуда

1. Бо дархости асосноки хаттии декларант ба маълумоти ќаблан дар декларатсияи гумрукии ќабулшуда арзнамудаи ў таѓйиру иловањо ворид кардан мумкин аст.

2. Таѓйиру иловањо ба маълумоти дар декларатсияи гумрукии ќабулгардида арзшуда бо иљозати маќоми гумрук зимни риояи шартњои зерин имконпазир аст:

1) агар маќоми гумрук дар лањзаи гирифтани дархости декларант носањењии маълумоти дар декларатсияи гумрукї зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои њолати ошкорсозии носањењињое, ки ба ќабули ќарор дар бораи иљозати мол таъсир намерасонанд;

2) агар маќоми гумрук то лањзаи гирифтани дархости декларант санљиши молро оѓоз накарда бошад;

3) агар таѓйиру иловањои воридшаванда ба ќабули ќарор дар бораи додани иљозат ба мол таъсир нарасонанд ва боиси зарурати таѓйир додани маълумоте нагарданд, ки ба муайян кардани андозаи маблаѓи пардохти бољњои гумрукї ва истифодаи мамнўияту мањдудиятњои тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраршуда таъсир расонанд.

3. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њуќуќ надоранд бо ташаббуси худ ё супориш ё хоњиши шахсони манфиатдор декларатсияи гумрукиро пур кунанд, таѓйир дињанд ё маълумоти дар декларатсияи гумрукї арзшударо пурра кунанд, ба истиснои ворид намудани танњо он маълумоте, ки тањти салоњияти маќомоти гумрук ќарор дорад, инчунин таѓйир додан ё пурра кардани маълумоти кодгузоришудае, ки барои коркарди мошинї истифода мешавад, ба шарте агар чунин маълумот дар шакли кодгузоринашуда дар декларатсияи гумрукї мављуд бошад.

Моддаи 134. Бозхондани декларатсияи гумрукї

1. Тибќи мурољиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии ќабулшуда барои моли хориљї мумкин аст аз љониби ў пеш аз додани иљозат ба чунин мол барои арз тањти низоми дигари гумрукї бозхонда шавад.

Бозхондани декларатсияи гумрукї бо иљозати хаттии маќоми гумрук имконпазир аст, агар пеш аз гирифтани ин дархост маќоми гумрук носањењии маълумоти дар декларатсияи гумрукї зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои њолати ошкор шудани носањењињое, ки ба ќабули ќарор дар бораи додани иљозат ба мол таъсир намерасонад.

Њангоми додани иљозат барои бозхондани декларатсияи гумрукї маќоми гумрук барои пешнињоди декларатсияи гумрукии нав мўњлат муайян мекунад ва ин мўњлат наметавонад аз рўзи додани иљозати бозхонд бештар аз 15 рўз бошад. Бозхондани декларатсияи гумрукї барои дароз кардани мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз асос шуда наметавонад.

2. Тибќи мурољиати хаттии декларант декларатсияи гумрукии ќабулшуда барои моли ватанї, ки аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон содир карда мешавад, мумкин аст аз љониби вай сарфи назар аз маќсади чунин бозхонд, ќабл аз баровардани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, аз љумла, баъди додани иљозати љойгиркунии мол тањти низоми гумрукии арзшуда бозхоста шавад.

Бозхондани декларатсияи гумрукї бо иљозати хаттии маќоми гумрук иљозат дода мешавад, ба шарте агар маќоми гумрук то гирифтани дархости декларант носањењии маълумоти дар декларатсияи гумрукї зикршударо муайян накарда бошад, ба истиснои њолати ошкорсозии носањењињое, ки ба ќабули ќарор дар бораи љойгиркунии мол тањти низоми гумрукии арзшуда таъсир намерасонанд.

Ба ин мол барои пешнињоди декларатсияи гумрукии нав мўњлат муќаррар намегардад.

Моддаи 135. Декларатсияи гумрукии нопурра

1. Агар декларант бинобар сабабњои ба ў вобастанабуда барои пур кардани декларатсияи гумрукї дорои маълумоти зарурї набошад, маќоми гумрук метавонад ба пешнињоди декларатсияи гумрукии нопурра иљозат дињад, ба шарте агар дар он барои иљозат додани мол, њисоб ва супурдани пардохтњои гумрукї, тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњо мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраршуда, инчунин имкондињандаи њаммонандсозии мол тибќи маљмўи хусусиятњои миќдорї ва сифатї маълумоти зарурї дарљ шуда бошад.

Декларант њангоми пешнињоди декларатсияи гумрукии нопурра дар шакли хаттї ўњдадорї ба зимма мегирад, ки маълумоти нокифояро дар мўњлати муайяннамудаи маќоми гумрук пурра хоњад кард ва ин муддат наметавонад аз рўзи ќабули декларатсияи гумрукии нопурра аз љониби маќоми гумрук бештар аз 45 рўз бошад.

2. Агар маќоми гумрук декларатсияи гумрукии нопурраро ќабул кунад, дар ин сурат њамон талабот ва шартњои ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон, аз љумла тартиби њисоб ва супурдани пардохтњои гумрукие истифода мегардад, ки дар њолатњои пешнињоди ибтидоии декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда истифода бурда шудааст.

Моддаи 136. Декларатсияи гумрукии даврї

1. Њангоми интиќоли мунтазами њамон як мол аз љониби њамон як шахс маќоми гумрук њуќуќ дорад барои пешнињоди декларатсияи гумрукии даврї ба њама моли аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон дар давраи муайян интиќолшаванда иљозат дињад.

2. Мол метавонад њамчун њамон як мол баррасї шавад, агар он мувофиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї коди таснифотии якхела дошта бошад.

3. Мол њангоме њамчун мунтазам аз љониби њамон як шахс аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќолёбанда њисобида мешавад, ки агар њамон як шахс дар давоми 30 рўзи таќвимї расонидани як Номгўи молњоро 3 маротиба ё бештар анљом дињад.

4. Барои маќсади гумрукї чун маљмўи ягона (партия) њамон як моле баррасї карда мешавад, ки аз як нуќтаи гузаргоњ интиќол ёфта, барасмиятдарории гумрукии он дар њамон як маќоми гумрук, дар давоми 30 рўзи таќвимї, тибќи як шартномаи (ќарордоди) тиљорати хориљї, сарфи назар аз теъдоди молрасонии алоњида, анљом дода мешавад.

5. Бољњо ва андозњои гумрукї то ќабули декларатсияи даврии гумрукї ё дар рўзи ќабули он пардохта мешаванд.

6. Њангоми барасмиятдарории мол бо истифодаи расмиёти даврии декларатсия санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки дар рўзи аз љониби маќомоти гумрук ќабул кардани декларатсияи даврии гумрукї амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.

7. Декларатсияи даврї бо роњи пешнињоди декларатсияи даврии гумрукї то оѓози давраи расидани мол (воридот ё содирот) амалї мешавад. Зимнан декларатсияи гумрукии даврї барои маљмўи ягонаи мол пур карда мешавад.

8. Дар давоми 10 рўзи таќвимии баъди анљоми давраи молрасонї, ки дар љараёни он интиќоли мол бо истифодаи расмиёти декларатсияи даврї сурат гирифтааст, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти миќдори воќеии моли ворид ва содиршуда пешнињод карда мешавад.

9. Агар воридоти мол дар њаљме, ки аз њаљми дар декларатсияи гумрукии даврї зикргардида фарќ кунад, декларатсияи пурраи гумрукии бор бо назардошти миќдори воќеии бори воридшуда пур карда мешавад. Дар ин сурат декларатсияи даврии гумрукї барои даврањои минбаъдаи молрасонї бо назардошти ин таѓйирот пур карда мешавад.

10. Тартиби барасмиятдарории гумрукии мол бо истифодаи декларатсияи даврии гумрукї аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад.

Моддаи 137. Хусусиятњои декларатсияи моли ватанї њангоми содир намудани онњо аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон

1. Њангоми содир намудани моли ватанї аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо хоњиши декларант тартиби соддагардонидашудаи декларатсия тибќи моддањои 135, 136 ва 138 њамин Кодекс истифода бурда мешавад.

2. Тартиби соддагардонидашудаи декларатсия кардани моли ватанї дар сурате истифода мешавад, ки агар он ба назорати гумрукї мамоният накунад ва декларантро аз риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, аз љумла дар бобати пурра ва сариваќт пардохтани бољњои гумрукї ва андоз, риояи мамнўият ва мањдудияти муќаррар намудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин риояи низоми гумрукии муайяншуда озод нанамояд.

Дар сурати аз љониби маќоми гумрук рад намудани истифодаи тартиби соддагардонидашудаи декларатсияи моли ватанї маќоми гумрук дар ин бора декларантро тибќи ќисми 5 моддаи 132 њамин Кодекс, бо зикри шартњое, ки барои татбиќи ин тартиб заруранд, огоњ месозад.

3. Моле, ки тавассути хати ќубур ва бо хати барќ интиќол меёбад, тибќи тартиби муайяннамудаи боби 40 њамин Кодекс декларатсия карда мешавад.

Моддаи 138. Декларатсияи гумрукии муваќќатии даврии моли ватанї

1. Њангоми содироти моли ватанї аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон, ки нисбаташ барои барасмиятдарории гумрукї имконияти пешнињоди маълумоти аниќ вуљуд надорад, бо тартиби маъмулии тиљорати хориљї декларатсикунонии муваќќатии даврии мол бо роњи пешнињоди декларатсияи муваќќатї иљозат дода мешавад.

2. Баъди баровардани моли ватанї аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон декларант вазифадор аст декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашударо ба њама моли ватании дар давоми мўњлати муайян интиќолдодашуда пешнињод намояд. Декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда, дар мўњлати муќаррарнамудаи маќоми гумрук тибќи аризаи декларант пешнињод карда мешавад. Њангоми муќаррар намудани чунин мўњлат, мўњлате, ки ба декларант љињати гирифтани маълумоти барои декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда зарурї ба инобат гирифта мешавад. Мўњлати нињоии пешнињоди декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда аз рўзи дигари тамом шудани мўњлати баровардани моли декларатсияшуда 90 рўзро ташкил медињад.

3. Мўњлате, ки дар тўли он эњтимоли баровардани моли декларатсияшавандаи ватанї бо истифодаи декларатсияи гумрукии муваќќатї сурат мегирад, аз љониби декларант муайян карда мешавад. Ин давра нисбати моли ватание, ки тањти андозбандии содиротї ќарор мегирад ё нисбат ба он мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон истифода мешавад, наметавонад аз як моњи таќвимї зиёд бошад, вале декларатсияи гумрукии муваќќатї дар мўњлати на бештар аз 15 рўз то оѓози ин давра аз љониби маќоми гумрук ќабул карда мешавад.

4. Дар декларатсияи гумрукии муваќќатї арзи маълумот бо назардошти нияти содироти миќдори эњтимолии моли ватанї дар давоми мўњлати муайян, арзиши гумрукии шартї (нарх), ки тибќи наќшаи интиќоли миќдори моли ватанї аз сарњади гумрукї, инчунин вобаста ба шартњои пешбининамудаи ањди фаъолияти иќтисоди хориљї хусусияти истеъмолии моли ватанї ва тартиби муайян кардани нархи онњо дар рўзи пешнињоди декларатсияи гумрукии муваќќатї муайян мегардад, иљозат дода мешавад.

Баровардани моли ватанї аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бештар аз миќдори дар декларатсияи гумрукии муваќќатї арзшуда, ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи ќисмњои 1 ва 2 моддаи 122 њамин Кодекс, иљозат дода намешавад.

5. Њангоми истифодаи декларатсияи гумрукии муваќќатї мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар рўзи аз тарафи маќоми гумрук ќабул намудани ин декларатсия истифода бурда мешаванд. Ставкањои бољњои воридотї дар рўзи ќабули декларатсияи гумрукии муваќќатї аз тарафи маќоми гумрук, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс, ќабул карда мешаванд.

6. Бољњои гумрукии содиротї якљоя бо пешнињоди декларатсияи гумрукии муваќќатї ба маќоми гумрук супорида мешаванд. Агар маблаѓи пардохтшавандаи бољњои гумрукии содиротї дар натиљаи даќиќсозии маълумоти дар ќисми 4 њамин модда зикргардида зиёд шавад, маблаѓи иловагии бољњои гумрукии содиротї якљоя бо декларатсияи гумрукии пурра ва ба таври дахлдор пуркардашуда пардохта мешавад. Дар чунин њолат пина њисоб карда намешавад. Маблаѓи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукии содиротї тибќи моддаи 396 њамин Кодекс баргардонида мешавад.

Мушахассоти пардохти бољњои гумрукии содиротї њангоми интиќоли мол тавассути ќубур ё хати барќ мутобиќи моддањои 312 ва 314 њамин Кодекс муайян карда мешавад.

7. Агар баъди гузашти 4 моњ аз рўзи ќабули декларатсияи муваќќатии гумрукї моли ватанї аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бароварда нашаванд, декларатсияи гумрукие, ки дар он баровардани чунин мол арз шудааст, пешнињоднашуда ба њисоб меравад.

Маќоми гумрук бо дархости асосноки шахси манфиатдор мўњлати мазкурро тамдид мекунад, вале он набояд бештар аз 4 моњи дигар бошад.

 

Боби 15. БРОКЕРИ ГУМРУК (НАМОЯНДА)

Моддаи 139. Брокери гумрук (намоянда)

1. Брокери гумрук (намоянда) шахси њуќуќии ватание буда метавонад, ки ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) ба ќайд гирифта шудааст (моддаи 140). Корхонаи давлатї наметавонад брокери гумрук (намоянда) бошад.

2. Брокери гумрук (намоянда) мувофиќи њамин Кодекс аз номи декларант ё шахсони манфиатдори дигар тибќи супориши онњо амалиёти гумрукиро анљом медињад.

3. Брокери гумрук (намоянда) њуќуќ дорад доираи фаъолияти худро бо иљрои амалиёти гумрукї нисбати намудњои муайяни мол, мувофиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї ё нисбати моли аз сарњади гумрукї бо воситањои навъи муайяни наќлиёт интиќолшаванда, инчунин иљрои амалиёти алоњидаи гумрукї ё минтаќаи фаъолият дар доираи минтаќаи фаъолияти як (якчанд) маќоми гумрук (маќомоти гумрук) мањдуд созад.

4. Муносибати брокери гумрук (намоянда) бо декларантњо ва шахсони дигари манфиатдор дар асоси шартнома ба роњ монда мешавад. Аз љониби брокери гумрук (намоянда) рад намудани бастани шартнома њангоми мављудияти шартњои ќобили ќабули бастани он иљозат дода намешавад.

Моддаи 140. Шартњои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

Шартњои дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) аз инњо иборатанд:

1) мављудияти на камтар аз ду мутахассиси барасмиятдарории гумрукии дорои шањодатномаи тахассусї дар штати дархосткунанда (моддаи 146);

2) мављудияти сармояи ибтидоии оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии дархосткунанда;

3) таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

4) мављудияти шартномаи суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии худ, ки мумкин аст бар асари расонидани зарар ба молу мулки шахсони муаррифишаванда ё вайрон шудани шартномањо бо ин шахсон ба миён ояд. Маблаѓи суѓурта наметавонад аз андозаи 6000 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда камтар бошад.

Моддаи 141. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

1. Шахс ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар асоси ариза, ки љавобгўи талаботи муќаррарнамудаи моддањои 139 ва 140 њамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад.

2. Ариза дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) бояд инњоро дар бар гирад:

1) мурољиат ба маќоми гумрук бо хоњиши дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон);

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию њуќуќї, мањали љойгиршавї, оид ба суратњисобњои бонкии кушодаи аризадињанда, инчунин маълумот дар бораи номгўй ва мањали љойгиршавии воњидњои сохторњои хоси он, ки тавассути он аризадињанда ба сифати брокери гумрук (намоянда) дар рўзи додани ариза мехоњад фаъолият кунад;

3) маълумот дар бораи андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) супоридашуда ё сањмњои аъзоњаќќии аризадињанда;

4) маълумот дар бораи нияти мањдуд кардани соњаи фаъолияти худ ба амалиёти гумрукї нисбати моли алоњида мувофиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї ё нисбати моле, ки тавассути воситаи наќлиёти алоњида дар ќаламрави гумрукї интиќол дода мешаванд, инчунин анљом додани амалиёти алоњидаи гумрукї ё минтаќаи фаъолият дар доираи минтаќаи фаъолияти як (якчанд) маќоми гумрук (маќомоти гумрук) ё иљрои фаъолияти худ бе чунин мањдудият;

5) маълумот дар бораи мављуд будани мутахассисони барасмиятдарории гумрукї дар штати аризадињанда дар рўзи пешнињоди ариза;

6) маълумот дар бораи таъмини супурдани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

7) маълумот оид ба шартномаи (шартномањои) суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии аризадињанда.

3. Ба аризаи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти зерин пешнињод карда мешаванд:

1) њуљљатњои таъсисотї ва њуљљати тасдиќкунандаи воќеияти сабти шахси њуќуќї ба Реестри ягонаи давлатии шахсони њуќуќї;

2) шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї;

3) шањодатнома дар бораи баќайдгирии аризадињанда дар маќомоти андоз;

4) шањодатномањои тахассусии мутахассисони барасмиятдарории гумрукие, ки кормандони аризадињанда мебошанд;

5) њуљљатњои тасдиќкунандаи андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

6) њуљљатњои тасдиќкунандаи таъмини супурдани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс,

7) тасдиќномаи бонкњо дар бораи дар онњо кушода шудани суратњисобњо;

8) шартномаи (полиси) суѓурта.

Моддаи 142. Шањодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

1. Шањодатнома дар хусуси дохил намудани ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) инњоро дар бар мегирад:

1) номи брокери (намояндаи) гумрук, зикри шакли ташкилию њуќуќї ва мањали љойгиршавї, воњидњои сохтории хоси он, ки вазифањои брокери гумрукро анљом медињанд;

2) маълумот дар бораи њаљм ва шакли таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

3) маълумот дар бораи мањдудият гардонидани соњаи фаъолияти брокерони гумрук (намояндагон), агар онњо муаяйн шуда бошанд.

2. Шањодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар муддати панљ сол эътибор дорад.

Моддаи 143. Њуќуќњои брокери гумрук (намоянда)

1. Њангоми анљом додани амалиёти гумрукї брокери гумрук (намоянда) дорои њамон њуќуќест, ки шахси брокери гумрук (намоянда) - ро љињати намояндагии манфиатњои худ дар муносибат бо маќомоти гумрук ваколатдорнамуда доро мебошад.

2. Брокери гумрук (намоянда) њуќуќ дорад дар назди маќомоти гумрук барои иљрои ўњдадорињои супурдани пардохтњои гумрукї ба сифати супоришдињандаи шахсе, ки ўро намояндагї мекунад баромад намояд, агар тибќи њамин Кодекс пешнињоди таъмини пардохти онњо талаб карда шавад.

3. Брокери гумрук њуќуќ дорад аз номи шахсе, ки ўро намояндагї мекунад, пешнињоди њуљљатњо ва маълумоти заруриро барои маќсади гумрукї, аз љумла дорои маълумоти сирри тиљоратї, бонкї, дигар маълумоти ќонунан њифзшаванда, дигар маълумоти махфиро талаб намояд ва чунин њуљљати маълумотро дар мўњлате, ки риояи талаботи њамин Кодексро таъмин менамояд, дастрас кунад.

4. Њангоми бастани шартнома бо шахсе, ки ўро намояндагї мекунад, брокери гумрук (намоянда) њуќуќ дорад:

1) барои гурўњњои алоњидаи шахсоне, ки ўро намояндагї мекунанд, нисбати нархњои муќарраршуда тањфиф (скидка) ва дигар имтиёзњо пешнињод намояд;

2) ба сифати шартњои имзои шартнома бо шахсе, ки ўро намояндагї мекунад, талаби таъмини иљрои ўњдадорињои ин шахсро тибќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон муќаррар намояд.

Моддаи 144. Вазифањо ва масъулияти брокери гумрук (намоянда)

1. Вазифањои брокери гумрук (намоянда) њангоми барасмиятдарории гумрукї тибќи талабот ва шартњои нисбати амалњои гумрукии барои љой додани мол тањти низоми гумрукии зарурї ё расмиёти дигари гумрукї муќаррарнамудаи њамин Кодекс муайян шудааст. Далели анљом додани чунин амалњо ба зиммаи брокери гумрук ўњдадории иљрои амалњои марбут ба анљоми амали низоми гумрукї, инчунин дигар ўњдадорињоеро, ки тибќи њамин Кодекс танњо ба зиммаи шахси дар моддаи 15 њамин Кодекс зикршуда, интиќолдињанда ё шахси дигар гузошта шудааст, намегузорад.

2. Брокери гумрук (намоянда) бољњои гумрукї ва андозро мепардозад, агар мазмуни низоми гумрукии барои декларатсияи мол муайян гардида пардохти онњоро пешбинї карда бошад. Барои супоридани бољњои гумрукї ва андоз, ки бояд тибќи њамин Кодекс њангоми декларатсияи мол пардохта шавад, брокери гумрук (намоянда) дорои њамон масъулияте мебошад, ки декларант ба зимма дорад.

3. Маълумоти аз шахсони намояндагишаванда дастрасшуда, ки дорои сирри бонкї, тиљоратї ва дигар сирри ќонунан њифзшаванда ё дигар маълумоти махфї мебошанд, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунњои Љумњурии Тољикистон бояд ифшо карда нашаванд ё аз љониби брокери гумрук (намоянда) ва кормандони он барои маќсадњои шахсї, додан ба шахси дигар истифода бурда нашаванд.

4. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бањисобгирии молњоеро, ки нисбати онњо амалиёти гумрукї мегузаронад, анљом дињад ва ба маќомоти гумрук дар бораи амалиёти гумрукии гузаронидашуда њисобот пешнињод намояд (моддаи 405).

5. Брокери гумрук (намоянда) вазифадор аст бо талаби маќоми гумрук нусхаи электронии декларатсияи гумрукиро пешнињод намояд.

6. Ўњдадорї ва масъулияти брокери гумрук (намоянда) дар назди маќомоти гумрук наметавонад дар асоси шартномаи брокери гумрук (намоянда) бо шахси намояндагишаванда мањдуд гардад.

Моддаи 145. Бозхондани шањодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон)

Шањодатнома дар хусуси дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намояндагон) дар њолатњои зерин аз тарафи маќоми гумрук бозхонда мешавад:

1) аз љониби брокерони гумрук (намояндагон) риоя нашудани њатто яке аз талаботи дохил намудан ба Реестри брокерони гумрук (намоянда), ки моддаи 140 њамин Кодекс муќаррар кардааст;

2) аз сабаби иљро накардани вазифањо љалби чандинкаратаи брокери гумрук (намоянда) ба љавобгарии маъмурї барои њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї.

Моддаи 146. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукї

1. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукї шахси воќеие мебошад, ки љавобгўи талаботи тахассуси муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї буда, дорои шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї мебошад.

2. Мутахассиси барасмиятдарории гумрукї фаъолияти худро ба сифати корманди брокери гумрук (намоянда) анљом медињад.

Моддаи 147. Аттестатсияи мувофиќат ба талаботи тахассусї (квалификатсионї)

1. Аттестатсияи мувофиќат ба талаботи тахассусї (минбаъд – аттестатсия) – санљиши тахассусии шахси воќеї мебошад, ки барои гирифтани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї довталаб аст. Аттестатсия дар шакли имтињони тахассусї гузаронида мешавад. Ба шахсоне, ки бомуваффаќият имтињони тахассусиро месупоранд, шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї дода мешавад. Шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї бо мўњлати амал мањдуд карда намешавад.

2. Талаботи њатмї барои гирифтани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї барои довталабон инњо ба њисоб мераванд:

1) мављудияти њуљљат дар бораи маълумоти олї, ки дар муассисањои таълимии ватании дорои аккредитатсияњои давлатї гирифта шудааст ё мављудияти њуљљат дар бораи гирифтани маълумот дар муассисањои таълимии давлатњои хориљї ва шањодатнома дар бораи мутаносибии (эквивалентии) он бо њуљљати ватании намунаи давлатї оид ба тањсилоти олї;

2) мављуд будани собиќаи кории на камтар аз 2 сол.

Тартиби гузаронидани аттестатсия, номгўи њуљљатњое, ки њамзамон бо ариза дар бораи иљозати дохил шудан ба аттестатсия супорида мешаванд, барномањои имтињонњои тахассусї ва тартиби супоридани онњоро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд. Њамзамон барои супоридани имтињонњои тахассусї њамаи шахсоне, ки љавобгўи талаботи барои довталабон муќарраргардида мебошанд, сарфи назар аз тайёрии тахассусии онњо барои супоридани имтињонњо иљозат дода мешаванд. Имтињони тахассусиро маќомоти гумруке ќабул мекунанд, ки аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян гардидаанд.

3. Њар як мутахассиси барасмиятдарории гумрукї вазифадор аст дар њар ду соли баъди гирифтани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї, тибќи барномаи такмили дараљаи тахассусї, ки маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар њаљми 40 соати академї тасдиќ кардааст, бо таълим фаро гирифта шавад. Таълим оид ба барномањои баланд бардоштани тахассус аз љониби шахсоне анљом дода мешавад, ки барои пешбурди фаъолияти таълимї дорои иљозатнома мебошанд.

Моддаи 148. Асосњо ва тартиби бекор кардани шањодатномаи тахассусии (квалификатсионии) мутахассиси барасмиятдарории гумрукї

1. Шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї дар њолатњои зайл бекор карда мешавад, агар:

1) далели гирифтани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї бо истифодаи њуљљатњои ќалбакї муќаррар шуда бошад;

2) ќарори суд дар бораи љазо дар шакли мањрум сохтан аз њуќуќи фаъолият ба сифати мутахассиси барасмиятдарории гумрукї барои мўњлати муайян эътибори ќонунї пайдо карда бошад;

3) мутахассиси барасмиятдарории гумрукї талаботи ќисми 3 моддаи 144 њамин Кодексро вайрон карда бошад;

4) мутахассиси барасмиятдарории гумрукї якчанд маротиба барои њуќуќвайронкунињои маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї ба љавобгарии маъмурї кашида шуда бошад;

5) мутахассиси барасмиятдарории гумрукї талаботи таълимро аз рўи барномаи такмили ихтисос (квалификатсионї) мутобиќи ќисми 3 моддаи 147 њамин Кодекс вайрон карда бошад.

2. Ќарор дар бораи бекор кардани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ќабул карда мешавад. Њамин маќом дар бораи бекор кардани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї ќарори асоснок мебарорад. Нусхаи ќарори мазкур ба шахсе, ки нисбати вай ин ќарор бароварда шудааст, дар мўњлати 3 рўзи ќабули он фиристода мешавад.

3. Шахсе, ки шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукии ў бекор карда шудааст, њуќуќ дорад нисбати ќарор дар хусуси бекор кардани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї тибќи боби 7 њамин Кодекс шикоят намояд.

4. Шахсе, ки шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукии он беэътибор эълон шудааст, њуќуќ надорад такроран бо ариза барои гирифтани чунин шањодатномаи тахассусї дар мўњлатњои зайл мурољиат намояд:

1) дар давоми як соли ќабули ќарор дар бораи бекор кардани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї, агар ин шањодатнома тибќи асосњои пешбининамудаи зербандњои 1 ва 3 ќисми 1 њамин модда бекор карда шуда бошад;

2) дар давоми мўњлате, ки тибќи њукми эътибори ќонунї пайдокардаи суд пешбинї шудааст, агар шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї тибќи асосњои пешбининамудаи банди 2 њамин модда беэътибор дониста шуда бошад;

3) дар давоми мўњлате, ки шахс ба љавобгарии маъмурї љалбшуда ба њисоб меравад, агар шањодатномаи тахассусї тибќи асосњои пешбининамудаи банди 4 ќисми 1 њамин модда бекор карда шуда бошад.

 

Боби 16. ИЉОЗАТИ МОЛ

Моддаи 149. Асосњо барои иљозати мол

1. Иљозати мол аз љониби маќомоти гумрук дар мўњлати пешбининамудаи моддаи 152 њамин Кодекс бо риояи шартњои зерин анљом дода мешавад:

1) агар њангоми барасмиятдарории гумрукї ва тафтиши мол аз љониби маќомоти гумрук вайронкунии ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон ошкор нашуда бошад, ба истиснои њолатњое, ки вайронкунињои ошкоршудаи барои оѓози парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї асоснабуда, бартараф шуда бошанд ва моли тањти вайронкунї ќарордошта набояд ситонида ё мусодира гардад, наметавонанд минбаъд ба сифати далели шайъї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон талаб карда шавад;

2) агар ба маќоми гумрук иљозатномањо, сертификатњо, рухсатномањо ва (ё) њуљљатњои дигари тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњои муќарраркардаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ё санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, пешнињод шуда бошанд, ба истиснои њолатњое, ки њамин њуљљатњо мумкин аст баъди иљозати мол пешнињод карда шаванд;

3) агар аз љониби декларант талабот ва шартњои зарурї барои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии интихобгардида ё истифодаи расмиёти дахлдор тибќи њамин Кодекс риоя гардида бошанд;

4) агар бољњои гумрукї ва андози мол пардохта шуда бошанд ё таъмини супоридани пардохти онњо мувофиќи боби 46 њамин Кодекс пешнињод шуда бошанд.

2. Иљозати моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида ба муомилоти озод бо шарти ворид гардидани маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз ба буљет анљом дода мешавад. Њангоми ворид нагардидани маблаѓи бољњои гумрукї ва андозњо ба буљет мол шартан иљозатдодашуда њисобида мешавад. Бо талаби шахсе, ки бољњои гумрукї ва андозро пардохтааст, маќоми давлатии ваколатдори соњаи молия дар бораи ба буљет ворид шудани маблаѓ маълумот пешнињод менамояд.

Маќоми давлатии ваколатдори соњаи молия дар бораи ба буљет гузаронидани маблаѓ ба маќоми гумрук бояд фавран маълумот пешнињод намояд, аз љумла тавассути мубодилаи электронї.

3. Иљозати мол метавонад мувофиќи моддаи 441 њамин Кодекс боздошта шавад.

4. Рухсати љойгир намудани моли ватании аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон содиршавандаро тањти низоми гумрукї маќомоти гумрук вобаста ба иљозати мол медињад.

Моддаи 150. Иљозати мол то пешнињоди декларатсияи гумрукї

1. Њангоми ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид намудани моли дар моддаи 67 њамин Кодекс зикршуда, инчунин њангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукї тибќи моддаи 68 њамин Кодекс, иљозати мол то лањзаи пешнињоди декларатсияи гумрукї имконпазир аст, ба шарте агар декларант њуљљатњо ё дигар санадњои тиљоратиро, ки дорои маълумоти барои њаммонандсозии мол истифодашаванда мебошанд, инчунин њуљљатњо ва маълумоти тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро пешнињод карда бошад, ба истиснои њолатњое, ки чунин њуљљатњо ва маълумот баъди ќабули ќарори иљозати мол пешнињод гардида, пардохтњои гумрукї ё супоридани онњо мувофиќи тартиби муайяннамудаи боби 46 њамин Кодекс таъмин карда шавад.

2. Иљозати мол то пешнињоди декларатсияи гумрукї иљозат дода мешавад, агар декларант дар бораи аз љониби вай пешнињод кардани декларатсияи гумрукї, њуљљатњои зарурї ва маълумот дар мўњлати муќаррарнамудаи маќоми гумрук, ки наметавонад аз 45 рўзи баъди иљозати мол ё мўњлати дигари барои пешнињоди њуљљатњо ва маълумоти алоњида муќаррарнамудаи њамин Кодекс бештар бошад, ўњдадории хаттї пешнињод намояд.

3. Њангоми иљозати мол то пешнињоди декларатсияи гумрукї ставкањои пардохти бољњои гумрукї ва андоз, таносуби ќурби асъори хориљї, мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ки дар рўзи иљозати моли мазкур амал мекунанд, истифода бурда мешаванд.

Моддаи 151. Иљозати шартї

1. Иљозати шартии мол дар њолатњои зайл анљом дода мешавад, ки:

1) агар имтиёзњои пардохти бољњои гумрукї ва андоз тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дорои мањдудиятњо оид ба истифодабарї ва ихтиёрдории мол бошанд;

2) агар мол тањти низоми гумрукии анбори гумрукї, анбори озод, минтаќаи озоди гумрукї, савдои бебољ, коркарди мол дар ќаламрави гумрукї, коркарди мол барои муомилоти озод, воридоти муваќќатї, реэкспорт, транзити гумрукии байналмилалї, нобудкунї, инчунин тањти низомњои махсус, ки нисбати моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда истифода мегарданд, љойгир шуда бошанд;

3) агар иљозати мол бе пешнињоди њуљљатњо ва маълумоти тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон анљом дода шуда бошад;

2. Моли шартан иљозатдодашуда, ки нисбати он тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз имтиёз фароњам оварда шудааст, метавонад танњо барои маќсадњое истифода шавад, ки ба шартњои фароњам овардани имтиёз мутобиќ аст.

Ба шахси сеюм додани моле, ки маќомоти гумрук онро бе пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон иљозат додаанд, аз љумла бо роњи фурўш ё бегона кардан бо дигар усулњо ва дар њолатњое, ки мањдудият ба воридоти моли номбаршуда бо сабаби санљиши сифат ва бехатарии ин мол муќаррар шудааст, иљозати он барои истифода (кор фармудан, истеъмол) дар њама шаклњо манъ аст.

3. Моли шартан иљозатдодашуда дорои статуси моли хориљї буда, тањти назорати гумрукї ќарор мегирад.

4. Моли барои муомилоти озод арзшуда шартан иљозатдодашуда ба њисоб меравад, агар нисбати он батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз фароњам оварда шуда бошад ё агар ба буљет маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз ворид нашуда бошад.

Моддаи 152. Мўњлати иљозати мол

1. Маќомоти гумрук иљозати молро тибќи моддаи 149 њамин Кодекс дар давоми 2 рўзи корї аз лањзаи ќабули декларатсияи гумрукї, пешнињоди дигар њуљљатњо ва маълумоти зарурї, инчунин пешнињоди мол ба маќомоти гумрук анљом медињанд, ба истиснои њолати тамдиди мўњлати гузаронидани санљиши мол тибќи ќисми 2 моддаи 400 њамин Кодекс.

2. Њангоми истифодаи декларатсияи пешакї (моддаи 130) иљозати мол баъди пешнињод шуданаш ба маќоми гумрук анљом дода мешавад.

Моддаи 153. Шартњои иловагии иљозати мол

1. Њангоми аз љониби маќоми гумрук дар рафти тафтиши декларатсияи гумрукї, дигар њуљљатњои њангоми декларатсияи мол пешнињодшуда ва декларатсияшаванда ошкор намудани риоя накардани шартњои иљозати пешбининамудаи моддаи 149 њамин Кодекс иљозати мол дода намешавад.

Маќоми гумрук бетаъхир декларантро огоњ менамояд, ки мањз кадом шартњои иљозати мол риоя нашудааст, декларант бояд мањз кадом амалеро анљом дињад, ки барои риояи шартњои иљозати мол мутобиќи муќаррароти њамин модда заруранд.

2. Агар маќоми гумрук ошкор намояд, ки њангоми декларатсияи мол маълумоти носањењ пешнињод шудаанд, ки ба андозаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз тибќи њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс таъсир мерасонанд, маќоми гумрук ба декларант бетаъхир оид ба тасњењи ин маълумот ва аз нав њисобї кардани андозаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз талабнома мефиристад. Дар талабномаи маќоми гумрук бояд зикр гардад, ки мањз кадом маълумоти зарурї барои иљозати мол бояд тасњењ карда шавад.

3. Дар сурати аз љониби маќоми гумрук ошкор намудани нишонањои гувоњидињандаи он, ки маълумоти њангоми декларатсияи мол арзшуда, ки ба андозаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз таъсир мерасонанд, метавонанд носањењ бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдиќ нашудаанд, маќоми гумрук тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс бо њама гуна усули пешбининамудаи њамин Кодекс санљиши иловагї мегузаронад.

Иљозати мол аз љониби маќоми гумрук ба шарти таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз, ки ба таври иловагї оид ба натиљаи чунин санљиш њисоб карда мешаванд, амалї мегардад. Маќоми гумрук ба декларант дар шакли хаттї оид ба њаљми зарурии таъмини пардохти гумрукї маълумот медињад.

4. Агар маќоми гумрук ошкор намояд, ки њангоми декларатсияи мол маълумоти носањењ арз шудааст, ки барои нисбати мол истифода бурдани мамнўият ва мањдудияти муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон таъсир мерасонанд, дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс маќоми гумрук ба декларант барои тасњењи чунин маълумот ва пешнињоди њуљљатњо барои тасдиќи риояи мањдудиятњои дахлдор талабнома пешнињод менамояд. Дар талабномаи маќоми гумрук бояд зикр гардад, ки мањз кадом маълумотро барои муомилоти озод бояд тасњењ кард ва мањз кадом њуљљати тасдиќкунандаи риояи мањдудияти дахлдор бояд пешнињод карда шавад.

5. Дар сурати аз љониби маќоми гумрук ошкор намудани нишонањои гувоњидињандаи он, ки маълумоти њангоми декларатсияи мол арзгардида барои истифодаи мамнўият ё мањдудияти нисбати мол муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон таъсир мерасонанд, метавонанд носањењ бошанд ё маълумоти арзшуда ба таври дахлдор тасдиќ нашудааст, маќоми гумрук тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс бо њама гуна усули пешбининамудаи њамин Кодекс санљиши иловагї мегузаронад.

Иљозати молро маќоми гумрук ба шарти аз љониби декларант пешнињод шудани њуљљатњои тасдиќкунандаи риояи мањдудияти дахлдор анљом медињад. Маќоми гумрук дар шакли хаттї ба декларант хабар медињад, ки барои ин мањз кадом њуљљатњо бояд пешнињод карда шаванд.

6. Дар њолатњои пешбининамудаи ќисмњои 2 ва 4 њамин модда иљозати мол дар рўзи дигари аз љониби декларант иљро шудани талаботи маќоми гумрук ва пардохти маблаѓи дахлдори бољњои гумрукї ва андоз анљом дода мешавад, агар чунин пардохти иловагї талаб карда шавад, ба истиснои њолатњое, ки мол ситонида ё тибќи ќонунгузории љиноятию мурофиавии Љумњурии Тољикистон ё ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи њуќуќвайронкунии маъмурї ба њабс гирифта шуда бошад.

Дар њолатњои пешбининамудаи ќисмњои 3 ва 5 њамин модда иљозати мол дар рўзи дигари пешнињоди таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз ё аз лањзаи пешнињоди њуљљатњои тасдиќкунандаи риояи мањдудиятњои дахлдор анљом дода мешавад.

Агар дар натиљаи тасњењи маълумоти њангоми барасмиятдарории мол арзшуда маблаѓи бољњои гумрукї ва андози барои пардохт муайяншуда нисбати маблаѓи арзнамудаи декларант барои иљозати мол камтар бошад, иљозат додани ин мол то иљрои талаботи дар ќисмњои 2 ва 3 њамин модда зикргардида сурат мегирад.

7. Амалњои пешбининамудаи њамин модда бояд аз љониби декларант дар доираи мўњлатњои нигањдории муваќќатии муќаррарнамудаи њамин Кодекс анљом дода шавад.

Моддаи 154. Иљозати мол њангоми кушодани парвандаи њуќуќвайронкунињои маъмурї

Њангоми кушодани парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї иљозати мол метавонад тибќи моддаи 153 њамин Кодекс бо ќарори сардори маќоми гумрук, ки шахси мансабдори он парвандаро оѓоз намудааст, то хатми баррасии парванда анљом дода шавад, агар мол ба сифати далели шайъї ситонида ё мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи њуќуќвайронкунињои маъмурї ба њабс гирифта нашуда бошад.