ЗЕРФАСЛИ 2. НИЗОМИ ГУМРУКї

Боби 17. МУЌАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ

БА НИЗОМИ ГУМРУКї

Моддаи 155. Намудњои низоми гумрукї

Бо маќсади татбиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи танзими гумрукї нисбати мол намудњои зерини низоми гумрукї муќаррар карда мешаванд:

1) иљозат барои муомилоти озод;

2) содирот;

3) транзити гумрукии байналмилалї;

4) коркард дар ќаламрави гумрукї;

5) коркард барои муомилоти озод;

6) коркард берун аз ќаламрави гумрукї;

7) воридоти муваќќатї;

8) анбори гумрукї;

9) реимпорт;

10) реэкспорт;

11) нобудкунї;

12) даст кашидан ба манфиати давлат;

13) содироти муваќќатї;

14) савдои бебољ;

15) минтаќаи озоди гумрукї;

16) анбори озод;

17) интиќоли захирањо;

18) низомњои гумрукии махсус.

Моддаи 156. Интихоб ва таѓйир додани низоми гумрукї

1. Воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва содироти он аз ин ќаламрав шахсро вазифадор менамояд, ки молро тањти яке аз низоми гумрукии муќаррарнамудаи њамин зерфасл љойгир кунад ва ин низоми гумрукиро риоя намояд.

2. Шахс њуќуќ дорад, ки мувофиќи њамин Кодекс њар навъи низоми гумрукиро дар доираи мўњлати барои њар низом муќарраргардида интихоб намояд ё низоми онро таѓйир дињад.

Моддаи 157. Љойгир намудани мол тањти низоми гумрукї

1. Љойгир намудани мол тањти низоми гумрукї аз љониби маќоми гумрук мувофиќи њамин Кодекс иљозат дода мешавад.

2. Њангоми аз љониби шахс риоя кардани низоми гумрукии арзшуда ва шартњои иљозати мол (моддаи 149) маќоми гумрук вазифадор аст барои тањти низоми гумрукии арзшуда љойгир намудани мол иљозат дињад.

3. Рўзи љойгир намудани мол тањти низоми гумрукї рўзи иљозати мол аз љониби маќоми гумрук њисоб мешавад.

Моддаи 158. Риояи мамнўият ва мањдудиятњо њангоми тањти низоми гумрукї љойгир намудани мол

Мамнўият ва мањдудиятњоеро, ки дорои хусусияти иќтисодї намебошанд ва мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар карда шудаанд, шахсон вазифадоранд сарфи назар аз низоми гумрукии арзшуда, риоя намоянд.

Моддаи 159. Њуљљатњо ва маълумоти тасдиќкунандаи риояи низоми гумрукї

1. Барои тањти низоми гумрукї љойгир намудани мол ба маќомоти гумрук танњо њуљљату маълумоте пешнињод карда мешаванд, ки риояи шартњои тањти низоми гумрукї љойгир намудани молро мувофиќи њамин зерфасл тасдиќ менамоянд.

2. Маќоми гумрук њуќуќ дорад танњо њуљљату маълумотеро талаб намояд, ки барои тасдиќи риояи шартњои нигањдории мол тањти низоми гумрукии арзшуда ва риояи ин низоми гумрукї мувофиќи њамин Кодекс заруранд.

Моддаи 160. Кафолати риояи низоми гумрукї

Њангоми додани иљозат барои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукї, ки мундариљаи он пурра ё ќисман озод намудан аз бољњои гумрукї ва андоз ё баргардонидани маблаѓи пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнўият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро пешбинї менамояд, маќоми гумрук њуќуќ дорад пешнињоди таъмини супоридани пардохтњои гумрукї (боби 46), пешнињоди ўњдадорї оид ба содироти бозпаси моли муваќќатан воридгардида ва дигар кафолатњои иљрои ўњдадорињои муќаррарнамудаи њамин зерфаслро талаб намояд.

Моддаи 161. Ўњдадорињои тасдиќи риояи шартњои нигањдории мол тањти низоми гумрукї

Ўњдадории тасдиќи риояи шартњои нигањдории мол тањти низоми гумрукии арзшуда, ки мазмуни он пардохти ќисман ё пурраи бољњои гумрукї ва андоз ё баргардонидани маблаѓи пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнўият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро пешбинї менамояд, ба зиммаи декларант гузошта мешавад.

Моддаи 162. Оќибати ситонидани мол аз рўи парвандаи њуќуќвайронкунињои маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї

1. Дар сурати ситонидани моли тањти низоми гумрукї љойгиршуда оид ба парвандаи њуќуќвайронкунињои маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї амали низоми гумрукї нисбати ин мол боздошта мешавад.

2. Агар ќарори эътибори ќонунї пайдокарда оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї мусодираи моли тањти низоми гумрукї љойгиршударо пешбинї накарда бошад, амали низоми гумрукї нисбати ин мол барќарор карда мешавад.

Њангоми барќарор намудани амали низоми гумрукї фоизњо, ки њисоб кардан ва пардохтани онњо тибќи њамин зерфасл пешбини гардидаанд, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукї њисоб карда ва пардохта намешаванд.

3. Агар ба љавобгарии маъмурї кашида шудани шахс ба риоя накардани низоми гумрукї вобаста бошад ва риоя накардани он боиси имконнопазирии истифодаи минбаъдаи њамин низоми гумрукї гардад, низоми гумрукї бояд мутобиќи зерфасли мазкур дар давоми 15 рўзи баъди эътибор пайдо кардани ќарори дахлдор оид ба парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї, анљом дода шавад.