Боби 24. ВОРИДОТИ МУВАЌЌАТЇ

Моддаи 209. Мазмуни низоми гумрукии воридоти муваќќатї

Воридоти муваќќатї низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он моли хориљї дар мўњлати муайян (мўњлати воридоти муваќќатї) дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо пурра ё ќисман озод намудан аз бољи гумрукї ва андоз, бидуни истифодаи тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодї нисбати ин мол, ки мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян шудааст, ба шарти содироти бозпаси он дар мўњлати муайян аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тањти назорати гумрукї истифода бурда мешавад.

Моддаи 210. Шартњои тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї ќарор додани мол

1. Воридоти муваќќатї бо шарте иљозат дода мешавад, ки агар молро маќоми гумрук њангоми содироти бозпаси он (реэкспорт) њаммонанд карда тавонад, ба истиснои њолатњое, ки тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон иваз намудани моли муваќќатан воридгардида бо њамин навъи мол иљозат дода мешавад.

2. Маќоми гумрук њуќуќ дорад аз шахсе, ки низоми гумрукии воридоти муваќќатиро арз менамояд, пешнињоди кафолати иљрои ўњдадорињои муќаррарнамудаи њамин Кодексро (моддаи 160) талаб намояд, аз љумла барои бозпас содир намудании моли муваќќатан вориднамуда ўњдадорї ба зимма гирад.

3. Тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї метавонад моли хориљие љойгир карда шавад, ки ќаблан бо риояи талабот ва шартњои пешбининамудаи њамин Кодекс тањти низомњои дигари гумрукї ќарор дошт.

Моддаи 211. Мањдудиятњо барои истифода ва ихтиёрдории моли муваќќатан вориднамуда

1. Аз моли муваќќатан вориднамуда шахсе метавонад истифода барад, ки барои воридоти муваќќатї дорои рухсатномаи маќоми гумрук бошад.

2. Бо иљозати маќоми гумрук моли муваќќатан воридгардидаро барои истифода ба шахси дигар, ки метавонад тибќи моддаи 126 њамин Кодекс декларант бошад, додан мумкин аст.

Моли муваќќатан воридшуда ба шахси дигар бо иљозати маќоми гумрук дода мешавад, агар ин шахс дар назди маќоми гумрук ўњдадор шавад, ки шартњои низоми гумрукии воридоти муваќќатиро риоя менамояд. Њамзамон шахси ќаблан барои воридоти муваќќатї иљозатгирифта бояд бољњои гумрукї ва андозро барои даврае, ки ин шахс истифодаи молро тибќи низоми гумрукии воридоти муваќќатї анљом додааст, пардозад, агар нисбати мол озодкунии ќисмани шартии пардохти бољњои гумрукї ва андоз тибќи ќисми 2 моддаи 212 њамин Кодекс татбиќ гардад. Агар риояи низоми гумрукии воридоти муваќќатии гумрукї бо кафолат таъмин гардад (моддаи 160), шахсе, ки ба он моли муваќќатан воридгардида супурда мешавад, бояд њуљљатњои дахлдорро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рўзи иљозати маќоми гумрук барои додани моли муваќќатан воридшуда ба шахси дигар аз њуќуќ ва ўњдадорињои барои шахси дорои иљозат барои воридоти муваќќатї муќаррарнамудаи њамин Кодекс истифода мебарад ва онњоро иљро мекунад.

3. Моли муваќќатан воридшуда бояд дар њолати бетаѓйир нигоњ дошта шавад, ба истиснои таѓйири он дар натиљаи фарсудашавии табиї ё талафи табиї њангоми шароити мўътадили интиќол (борбарї), нигањдорї ва истифода. Нисбати моли муваќќатан воридшуда иљрои амалиёти зарурї љињати таъмини нигањдории он, аз љумла таъмир (ба истиснои таъмири асосї ва модернизатсияи он), хизматрасонии техникї ва дигар амалиёте, ки барои нигањдории хусусиятњои истифодабарии мол дар њолате, ки он дар рўзи љойгиркунї тањти низоми воридоти муваќќатї ќарор дошта иљозат дода мешавад.

4. Ихтиёрдории моли муваќќатан воридшуда бо усулњои пешбининанамудаи њамин модда манъ мебошад.

5. Додани мол ба шахси дигар тибќи ќисми 2 њамин модда мўњлати воридоти муваќќатиро боз намедорад ва тамдид наменамояд.

Моддаи 212. Истифодаи бољњои гумрукї ва андоз

1. Номгўи гурўњи моли бо шарти пурра озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз муваќќатан воридшаванда, инчунин шартњои чунин озодкунї аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

Озодкунии пурраи шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз иљозат дода мешавад, агар воридоти муваќќатии мол ба иќтисоди Љумњурии Тољикистон зарари назарраси иќтисодї нарасонад, аз љумла дар њолатњои:

1) воридоти муваќќатии контейнерњо, таѓмонњо ва намудњои дигари зарфњо ва бастабандњо, ки барои истифодаи чандинкарата таъин гардидаанд;

2) агар воридоти муваќќатии мол дар доираи рушди муносибатњои тиљоратии хориљї, робитањои байналмилалї дар соњаи илм, санъат, кинематография, варзиш, туризм, гузаронидани намоишгоњњо ва ярмаркањо анљом дода шавад;

3) агар маќсади воридоти муваќќатї аз расонидани кўмаки байналмилалї иборат бошад;

4) агар воридоти муваќќатї бо шартњои лизингї анљом дода шавад.

2. Нисбати гурўњњои дигари мол, инчунин њангоми риоя нашудани шартњои озодкунии пурраи шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андози муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда озодкунии ќисман шартї барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз истифода бурда мешавад. Њангоми озодкунии ќисмии шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз барои њар як моњи пурра ва нопурраи таќвимии нигањдории мол дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон 3 фоизи маблаѓи бољњо ва андозњо пардохта мешавад, чуноне, ки агар он њангоми иљозати мол барои муомилоти озод пардохта шавад.

3. Њангоми озодкунии ќисман шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз њангоми љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї ё давра ба давра, бо интихоби шахсе, ки барои воридоти муваќќатї иљозат гирифтааст, пардохта мешавад. Пардохти даврии маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз бо розигии маќоми гумрук аз љониби шахсе муайян карда мешавад, ки барои воридоти муваќќатї иљозат гирифтааст. Њамзамон мўњлати мушаххаси пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо назардошти он муайян мегардад, ки ин маблаѓ бояд то оѓози давраи дахлдор пардохта шавад.

4. Маблаѓи умумии бољњои гумрукї ва андоз, ки њангоми воридоти муваќќатї бо озодкунии ќисман шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ситонида мешавад, бояд аз маблаѓи пардохти бољњои гумрукї ва андозе, ки мебоист дар рўзи љойгиронї тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї ба муомилоти озод иљозат дода шавад, бе назардошти фоизњо барои гузаронидани мўњлати пардохти бољњои гумрукї, андоз ва фоизњое, ки метавонанд тибќи сархати 4 ќисми 2 моддаи 214 њамин Кодекс њисоб карда шаванд, зиёд набошад.

5. Агар маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз, ки њангоми озодкунии ќисман шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ситонида шудаанд ба маблаѓи бољњои гумрукї ва андозе, ки мебоист дар рўзи љойгиронї тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї ба муомилоти озод иљозатшуда баробар шавад, мол барои муомилоти озод иљозатшуда ба њисоб меравад, ба шарте агар нисбати мол мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќарраркардаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон татбиќ нагарданд ё мањдудиятњое, ки дар рўзи љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї истифода шудаанд, бекор карда шаванд.

6. Њангоми љойгир намудани моли воридоти муваќќатї тањти низомњои дигари гумрукї маблаѓи бољњои гумрукї ва андозе, ки њангоми озодкунии ќисман шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз пардохта шудаанд, баргардонида намешавад.

7. Масъулияти пардохти бољњои гумрукї ва андоз тибќи ќисми 2 моддаи 350 њамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки барои воридоти муваќќатї рухсатнома дорад.

Моддаи 213. Мўњлати воридоти муваќќатии мол

1. Мўњлати воридоти муваќќатии мол на бештар аз 2 сол мебошад.

Барои молњои алоњида, аз љумла молњое, ки бо шартњои лизинг ворид мешаванд, Њукумати Љумњурии Тољикистон метавонад барои воридоти муваќќатї нисбат ба мўњлати нињоии муайяннамудаи сархати якуми њамин банд мўњлати нисбатан кўтоњ ё давомнокро муќаррар намояд.

2. Мўњлати воридоти муваќќатии мол дар асоси аризаи шахси барои иљозати воридоти муваќќатї мурољиаткарда, бо назардошти маќсад ва њолатњои чунин воридот аз љониби маќоми гумрук дар доираи мўњлати дар ќисми 1 њамин модда зикршуда муќаррар карда мешавад.

3. Дар асоси мурољиати асосноки шахси дорои иљозат барои воридоти муваќќатї ва њангоми вайрон накардани талабот ва шартњои пешбининамудаи њамин боб мўњлати муќарраргардидаи воридоти муваќќатии мол бо ќарори маќоми гумрук дар доираи мўњлати дар ќисми 1 њамин модда зикршуда тамдид карда мешавад.

Моддаи 214. Анљоми амали низоми гумрукї ва боздоштани он

1. Мол бояд аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон на дертар аз рўзи охирини гузаштани мўњлати воридоти муваќќатии мол, ки маќоми гумрук муќаррар намудааст (моддаи (213), содир карда шавад ё мутобиќи њамин Кодекс тањти низоми дигари гумрукї ќарор дода шавад.

2. Низоми гумрукии воридоти муваќќатї метавонад бо иљозати мол барои муомилоти озод анљом ёбад.

Њангоми анљоми низоми гумрукии воридоти муваќќатї ба иљозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукї ва теъдоди мол дар рўзи тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї љойгиркунии мол, аммо ставкаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 5 моддаи 212 њамин Кодекс, дар рўзи иљозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешаванд. Декларант њуќуќ дорад њангоми камшавии арзиши гумрукии мол ё камшавии теъдоди он, ки дар натиљаи фарсудашавии табиї ё талафи табиї дар шароити муќаррарии интиќол, нигањдорї ва истифода, инчунин дар натиљаи садама ва таъсири ќувваи рафънопазир ба миён омадаанд, мурољиат намояд. Тасњењи арзиши гумрукии мол ва (ё) миќдори онњо метавонад анљом дода шавад, агар декларант ба маќоми гумрук маълумоти сањењ ва бо њуљљатњо тасдиќшударо пешнињод намояд.

Њангоми муайян намудани маблаѓи бољњои гумрукї ва андозе, ки бояд њангоми иљозати мол ба муомилоти озод пардохта шаванд, бањисобгирии маблаѓи пардохти гумрукии њангоми озодкунии ќисман аз бољњои гумрукї ва андоз тибќи ќисми 2 ва 3 моддаи 212 њамин Кодекс супоридашуда сурат мегирад.

Њангоми иљозати мол барои муомилоти озод, ки нисбати он озодкунии ќисман шартї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз татбиќ шудааст, барои даврае, ки чунин озодкунї истифода гардидааст, фоизњо аз маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз бояд пардохта шаванд, чуноне, ки агар нисбати ин маблаѓ аз рўзи татбиќи озодкунии ќисман аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз тамдиди мўњлат фароњам оварда шудааст, ба истиснои њолатњое, ки дар ќисми 5 моддаи 212 њамин Кодекс пешбинї шудааст.

3. Амали низоми гумрукии воридоти муваќќатї дар њолатњои зайл боздошта мешавад:

1) њангоми ба њабс гирифтани моли воридотии муваќќатї ё ситонидани онњо тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон;

2) њангоми љойгир намудани моли воридотии муваќќатї ба анбори гумрукї тибќи ќисми 3 моддаи 217 њамин Кодекс;

3) бо хоњиши шахси дорои иљозати воридоти муваќќатї њангоми љойгир намудани моли воридотии муваќќатї, ки нисбати он озодкунии ќисман аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз истифода шудаанд, тањти низоми дигари гумрукї, ки иљозати молро барои муомилоти озод пешбинї намекунад.

Баъди анљоми мўњлати боздошт амали низоми гумрукии воридоти муваќќатї барќарор карда мешавад.

Њангоми барќарор намудани амали низоми гумрукии воридоти муваќќатї фоизњо, ки њисоб ва пардохти онњо мувофиќи њамин боб пешбинї шудааст, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукии воридоти муваќќатї њисоб ва пардохта намешаванд.

 

Боби 25. АНБОРИ ГУМРУКЇ

Моддаи 215. Мазмуни низоми гумрукии анбори гумрукї

Анбори гумрукї низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшуда бидуни пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва бе истифодаи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тањти назорати гумрукї нигоњ дошта шуда, вале моли барои содирот таъингардида мувофиќи шартњои пешбининамудаи њамин боб тањти назорати гумрукї нигоњ дошта мешавад.

Моддаи 216. Анборњои гумрукї

1. Анборњои гумрукї бинои махсус људокардашуда ва муљањњаз барои маќсади нигањдории мол ва (ё) майдончањои кушодае мебошанд, ки ба талаботи муќаррарнамудаи моддаи 225 њамин Кодекс мувофиќанд.

Моли тањти низоми гумрукии анборњои гумрукї љойгиршуда дар анборњои гумрукї нигањдорї карда мешавад, ба истиснои моле, ки дар ќисми 4 моддаи 217 њамин Кодекс зикр шудааст.

2. Анборњои гумрукї минтаќаи назорати гумрукї мебошанд.

3. Мол метавонад дар њама гуна анборњои гумрукї, бо назардошти мањдудиятњои пешбининамудаи њамин Кодекс љойгир карда шавад.

Моддаи 217. Шартњои тањти низоми гумрукї ќарор додани мол

1. Тамоми намуди мол, ба истиснои моле, ки мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон воридот ва содироташ аз Љумњурии Тољикистон манъ аст, инчунин моли дигаре, ки нисбати он мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон татбиќ мегарданд ва номгўи онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд, инчунин моле, ки мўњлати истифодабарии он дар рўзи пешнињод тањти низоми гумрукии анбори гумрукї аз мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 2 моддаи 218 њамин Кодекс камтар аст, нигоњ дошта шавад.

2. Моле, ки метавонад ба моли дигар зарар оварад ё шароити махсуси нигањдориро талаб мекунад, бояд дар анборњои гумрукї ё биноњои алоњидаи анборњои гумрукии барои нигањдошти чунин мол махсус љињозонидашуда, бо риояи њатмии талаботи муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта шавад.

3. Тањти низоми гумрукии анбори гумрукї метавонад моле љойгир карда шавад, ки ќаблан тањти низомњои дигари гумрукї ќарор дошт. Дар анборњои гумрукї дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс метавонад моли хориљї бо маќсади боздоштани амали низоми гумрукие, ки иљозати молро барои муомилоти озод пешбинї наменамояд, љойгир карда шавад.

4. Тањти низоми гумрукии анбори гумрукї бидуни љойгиркунии воќеии мол ба анбори гумрукии молњое, ки аз сабаби њаљми калон доштанашон дар анбори гумрукии дар наздикї ќарордошта нигањдорї кардани онњо имконнопазир аст, дар сурати иљозати хаттии маќоми гумрук иљозат дода мешавад. Дар чунин њолат шахсе, ки низоми гумрукии анбори гумрукиро арз намудааст, бояд ба маќоми гумрук таъмини супоридани пардохтњои гумрукиро, ки метавонист њангоми барои муомилоти озод иљозат додани мол супорад, пешнињод намояд, инчунин њамаи дигар талабот ва шартњои пешбининамудаи њамин бобро риоя кунад. Њамзамон бо њама усул ба шахси дигар барои истифода ё ихтиёрдорї додани мол, аз љумла бегона кардани мол дар мўњлати нигањдории он тањти низоми гумрукии анбори гумрукї манъ аст.

Моддаи 218. Мўњлати нигањдории мол дар анбори гумрукї

1. Мол метавонад дар мўњлати то 3 сол дар анбори гумрукї нигоњ дошта шавад.

2. Моли дорои мўњлати мањдуди истифода ё фурўш бояд аз низоми гумрукии анбори гумрукї бароварда, тањти низомњои дигари гумрукї арз карда шавад ва аз анбори гумрукї дар давоми 180 рўзи то гузаштани мўњлати мањдуди зикршуда бароварда шавад, ба истиснои моли зуд вайроншаванда, ки нисбати он маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї метавонад мўњлати кўтоњтарро муќаррар намояд.

3. Мўњлати нигањдории молро шахсе, ки молро дар анбори гумрукї љойгир кардааст, дар декларатсияи гумрукї, дар доираи мўњлати пешбининамудаи њамин модда муайян менамояд.

4. Дар асоси дархости асосноки шахсе, ки молро дар анбори гумрукї љойгир намудааст, маќоми гумрук метавонад мўњлати нигањдории молро дар доираи мўњлати пешбининамудаи њамин модда тамдид намояд.

Моддаи 219. Амалиёт бо моли дар анбори гумрукї ќарордошта

1. Шахсони ваколатдори мол ва намояндагони онњо њуќуќ доранд бо моли дар анбори гумрукї нигањдоришаванда амалиёти муќаррарии барои эњтиёт заруриро бо нигоњ доштани таѓйирнопазирии мол анљом дињанд, молро аз назар гузаронанд ва чен кунанд, дар њудуди анбори гумрукї љойи онро иваз кунанд, ба шарте агар ин амалиёт боиси таѓйир ёфтани њолати мол, вайрон шудани бастабандии он ва (ё) таѓйирёбии воситањои гузошташудаи њаммонандсозї нагардад.

2. Амалиёти дар ќисми 1 њамин модда зикрнашуда, аз љумла гирифтани чошнї ва намунаи мол, амалиёти оддии насб, инчунин амалњои зарурї љињати омодасозии мол барои фурўш, њамлу наќл, аз љумла ба партияњо људо намудан, барои баровардан омода сохтан, навъбандї, борбандї, аз нав бастан, маркировка ва дигар амалњои барои бењдошти сифати мол нигаронидашуда аз љониби шахсони ваколатдори мол ва намояндаи онњо бо иљозати маќоми гумрук анљом дода мешавад.

Маќоми гумрук њуќуќ дорад танњо дар њолате, ки агар иљрои ин амалњо боиси талафи мол ё таѓйир ёфтани хосияти мол гардад, барои гузарондани чунин амалњо иљозат надињад.

3. Нисбати гирифтани чошнї ва намунањо аз моли хориљї бояд бољњои гумрукї ва андози воридотї пардохта шаванд, чуноне, ки агар ин мол барои муомилоти озод иљозат дода шудааст, ба истиснои њолатњое, ки намунаи мол ба анбори гумрукї дар давоми 1 моњ баргардонда мешавад.

4. Бегона кардани моли дар анбори гумрукї нигањдоришаванда, додани њуќуќи соњибї, истифода ва ихтиёрдории он ба шахси дигар, ба истиснои моли дар ќисми 4 моддаи 217 њамин Кодекс зикршуда, ба шарти ќаблан ба таври хаттї огоњ намудани маќоми гумрук иљозат дода мешавад. Њамзамон шахси њуќуќи амволиро бадастоварда ба маќоми гумрук дар бораи риояи минбаъдаи талабот ва шартњои нисбати ин мол муќарранамудаи њамин боб ба таври хаттї ўњдадорї пешнињод менамояд. Аз рўзи дигари баъди аз љониби маќоми гумрук гирифтани ин ўњдадорї шахси соњиби њуќуќи амволї ба мол аз њуќуќ ва ўњдадорињое, ки њамин Кодекс нисбати шахси молро дар анбори гумрукї љойгиркарда муайян намудааст, истифода мебарад.

5. Бо иљозати хаттии маќоми гумрук интиќоли мол аз як анбори гумрукї ба анбори дигари гумрукї то анљоми мўњлати дар моддаи 218 њамин Кодекс муќарраршуда иљозат дода мешавад. Њамзамон мўњлати нигањдории мол дар анбори гумрукї ќатъ ва боздошта намешавад.

Моддаи 220. Аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз озод кардани моли содиротї ё баргардонидани маблаѓи бољњои гумрукї ва андози пардохтшуда

1. Њангоми тањти низоми гумрукї ќарор додани моли хориљие, ки ќаблан тањти низоми гумрукии дигар ќарор дошт ва барои баровардан аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон таъин шудааст, аз чунин мол бољњои гумрукии воридотї ва андоз пардохта намешавад ё маблаѓи супоридашудаи бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи боби 48 њамин Кодекс баргардонида мешаванд, агар озод кардани мол аз бољњои гумрукї ва андоз ё баргардондани маблаѓ њангоми воќеан баровандани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пешбинї шуда бошад. Њангоми содир накардани молњо аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон маблаѓи бољњои гумрукии воридотї ва андоз, ки аз онњо озодкунї аз пардохт ё баргардонидани маблаѓ истифода шуда буд, инчунин фоизи онњо бояд пардохта шавад. Њисоби маблаѓи барои бољњои гумрукї ва андоз супоридашаванда, инчунин фоизњо дар асоси ќоидањои анљоми низоми гумрукии ќаблї ва мувофиќи шартњои љойгир кардани мол тањти низоми гумрукии арзшуда, ки аз тарафи декларант барои истифодаи мол дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон муайян шудааст, анљом дода мешавад.

2. Њангоми љойгир намудани моли ватании барои содирот аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон таъингардида дар анбори гумрукї тибќи низоми гумрукии содирот озодкунї аз пардохт, баргардондани маблаѓи андозњои дохилї фароњам оварда мешавад, агар чунин озодкунї, љуброн ё баргардонидани маблаѓ њангоми содироти воќеии ин мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мувофиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон пешбинї шуда бошад. Њангоми анљом надодани содироти воќеии чунин мол дар давоми шаш моњ аз рўзи љойгир намудани онњо дар анбори гумрукї маблаѓи мазкур бо њисоби фоизњо, дар њаљми муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, тибќи тартиби барои ситондани пардохтњои гумрукї пешбининамудаи њамин Кодекс ситонида мешавад.

Моддаи 221. Моли корношоям, вайроншуда ё харобшуда

Моле, ки дар натиљаи садама, таъсири ќувваи рафънопазир дар давраи нигањдории мол дар анбори гумрукї корношоям, вайрон ё хароб шудааст, бояд тањти низоми гумрукии муайян љойгир карда шавад, чуноне, ки агар он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон њангоми корношоямї, вайроншуда ё харобшуда ворид карда шуда бошад.

Моддаи 222. Муайян намудани арзиши мол њангоми иљозат барои муомилоти озод

Агар барои маќсадњои њисоби бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи њамин Кодекс арзиши гумрукии мол ё теъдоди он баъди нигањдории мол дар анбори гумрукї истифода гардад, њангоми иљозати мол барои муомилоти озод арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он дар рўзи иљозати мол барои муомилоти озод муайян карда мешавад.

Моддаи 223. Анљоми амали низоми гумрукї

1. Мол дар анбори гумрукї (моддаи 218) бояд мувофиќи талабот ва шартњои пешбининамудаи њамин Кодекс дар муддати на дертар аз рўзи гузаштани мўњлати нигањдории он тањти низоми дигари гумрукї ќарор дода шавад.

Ихтиёрдории моли мазкур баъди анљоми ин мўњлат мувофиќи фасли VI њамин Кодекс анљом дода мешавад.

2. Моли тањти низоми анбори гумрукї бударо тањти низоми дигари гумрукї танњо шахсе метавонад љойгир намояд, ки нисбати ин мол ваколатдор аст.

3. Њангоми аз анбори гумрукї иљозат додани моле, ки ќаблан тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї ќарор дошт, бо маќсади истифодаи минбаъдаи он дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мувофиќи њамин низом, мўњлати воридоти муваќќатии мол барќарор карда мешавад. Њангоми иљозати чунин мол барои муомилоти озод њисоби пардохти бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи моддаи 214 њамин Кодекс анљом дода мешавад.

4. Нисбати моли дар анбори гумрукї нигањдоришаванда низоми гумрукии нобудкунї метавонад аз љониби соњиби анбори гумрукї бо назардошти муќаррароти ќисми 2 њамин модда арз карда шавад.

Моддаи 224.Навъњои анбори гумрукї

1. Анборњои гумрукї метавонанд кушода ва пўшида бошанд.

Анборњои гумрукї, агар онњо барои нигањдошти њама гуна мол ва истифода барои њар шахс дастрас бошанд, анбори кушода њисоб мешаванд.

Агар анборњои гумрукї танњо барои нигањдории моли соњиби анбори гумрукї таъин гардида бошанд, анбори пўшида њисоб мешаванд (моддаи 226).

2. Номгўи молњоеро, ки наметавонанд дар анборњои навъи пўшида нигоњ дошта шаванд, Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

3. Анборњои гумрукии пўшида ва кушода метавонанд барои нигањдории моли алоњидае, ки нигањдории махсусро талаб менамояд ё моле, ки метавонад ба моли дигар зарар расонад (анборњои гумрукии махсус), истифода бурда шаванд.

Моддаи 225. Талабот нисбати ободонї, таљњизонї ва мањали љойгиршавии анборњои гумрукї

1. Бино ва (ё) майдонњои барои истифода ба сифати анбори гумрукї таъиншуда бо маќсади таъмини назорати гумрукї бояд тарзе сохта ва таљњизонида шаванд, ки амнияти нигањдории молро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро (шахсоне, ки кормандони анбор нестанд, нисбати мол ваколат надоранд ё намояндаи шахси дорои чунин ваколатњо намебошанд) имконнопазир созад, инчунин барои назорати гумрукї нисбати ин мол имконият фароњам орад. Мањали љойгиршавии анбори гумрукї бо назардошти манфиати ташкилоти тиљоратї ва шахсони манфиатдори дигар муайян карда мешавад.

2. Мувофиќи ќисми 1 њамин модда маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї барои ободонии бино, таљњизот ва мањали љойгиршавии биноњо ва майдонњои кушодаи барои истифодаи анбори гумрукї таъиншуда талаботи њатмиро муќаррар менамояд.

Моддаи 226. Соњиби анбори гумрукї

1. Соњиби анбори гумрукї метавонад шахси њуќуќии ватанї бошад, ки ба Реестри соњибони анборњои гумрукї дохил карда шудааст.

2. Соњиби анбори гумрукї нигањдории моли тањти назорати гумрукї бударо тибќи њолат ва шартњои пешбининамудаи њамин Кодекс анљом медињад.

3. Муносибати соњиби анбори гумрукї бо шахсоне, ки молро дар анборњои гумрукї барои нигањдорї љойгир намудаанд, дар асоси шартнома ба роњ монда мешавад. Набастани шартнома аз љониби соњиби анбори гумрукии кушода њангоми мављудияти шароити муносиби бастани он иљозат дода намешавад.

4. Соњибони анборњои гумрукї метавонанд маќомоти гумрукие бошанд, ки ба сифати соњиби анбори гумрукї, бе дохил намудани онњо ба Реестри соњибони анборњои гумрукї фаъолият намоянд. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї вазифадор аст на камтар аз як маротиба дар шаш моњ мунтазам нашри номгўи анборњои гумрукиро, ки соњиби он маќоми гумрук њисоб мешавад, инчунин таѓйиру иловањо ба онњоро дар нашрияњои расмї таъмин намояд.

Моддаи 227. Шарти дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї

1. Шартњои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї аз инњо иборатанд:

1) соњибии (тањти моликият, пешбурди хољагидорї ё тањти иљора) бино ва (ё) майдончањои кушодаи барои истифода ба сифати анбори гумрукї коршоям ва љавобгўи талаботи муќарраргардида (моддаи 225);

2) таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

3) шартнома дар бораи суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии худ, ки метавонад дар натиљаи расонидани зарар ба моли дигар шахсон, ки тањти нигањдорї ќарор гирифтааст ё вайрон кардани шартњои дигари нигањдорї бо шахсони дигар фаро расад. Маблаѓи суѓурта, ки дар доираи он суѓуртакунанда ўњдадор мешавад њангоми фарорасии њар як њолати суѓурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо љуброн намояд, тибќи масоњати муфид ё њаљми муфид њисоб карда мешавад ва агар ба сифати анбори гумрукї майдончаи кушода истифода шуда бошад - дар њаљми 5 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда барои њар як метри мураббаи масоњати муфид ё агар ба сифати анбори гумрукї бино истифода шуда бошад - дар њаљми 2 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда барои њар як метри мукааби масоњати муфид истифода бурда шавад, вале наметавонад аз њаљми 8000 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда камтар бошад

2. Агар соњибии бино ва (ё) майдончаи кушода дар асоси шартномаи иљора анљом дода шавад, дар ин сурат шартнома бояд ба мўњлати на камтар аз се сол аз рўзи пешнињоди ариза љињати дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї баста шавад.

Моддаи 228. Ариза барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї

1. Шахс ба Реестри соњибони анборњои гумрукї дар асоси аризаи љавобгўи талаботи муќаррарнамудаи моддаи 226 њамин Кодекс дохил карда мешавад.

2. Ариза барои дохилшавї ба Реестри соњибони анборњои гумрукї бояд инњоро дар бар гирад:

1) мурољиат ба маќоми гумрук бо ариза барои дохилшавї ба Реестри соњибони анборњои гумрукї;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию њуќуќї, мањали љойгиршавї, кушодани суратњисобњои бонкї, инчунин андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

3) маълумот дар бораи навъи анбори гумрукї (барои анбори пўшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба маќсад мувофиќ будани интихоби ин анбор);

4) маълумот дар бораи биноњо ва (ё) майдончањои кушодае, ки дар ихтиёри аризадињанда ќарор дошта, барои истифода ба сифати анбори гумрукї таъин гардидааст, мањали љойгиршавї, ободонї, таљњизонї ва таъминоти моддию техникии онњо;

5) маълумот дар бораи таъмини пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

6) маълумот дар бораи шартномаи (шартномањои) суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии аризадињанда.

3. Ба аризаи барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї њуљљатњои зерини тасдиќкунандаи маълумоти пешнињодшуда замима мегарданд:

1) њуљљатњои таъсисотї ва њуљљати тасдиќкунандаи воќеияти баќайдигирии шахси њуќуќї дар Реестри ягонаи давлатии шахсони њуќуќї;

2) шањодатнома дар бораи сабти давлатии шахси њуќуќї;

3) шањодатнома дар бораи баќайдгирии аризадињанда дар маќоми андоз;

4) њуљљатњои тасдиќкунандаи њуќуќи соњибии биноњо ва (ё) майдончањои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигањдории муваќќатї таъин гардидаанд;

5) тарњњо ва наќшањои биноњо ва (ё) майдончањои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори нигањдории муваќќатї таъин гардидаанд;

6) њуљљатњои тасдиќкунандаи андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

7) њуљљатњои тасдиќкунандаи супурдани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

8) тасдиќномањои бонкњо дар бораи кушодани суратњисобњо;

9) шартномаи (полиси) суѓурта;

4. Барои њар бинои њудудан алоњида ва (ё) њар майдончаи кушодаи њудудан алоњида, ки барои истифода ба сифати анбори гумрукї таъин гардидааст, аризаи алоњида пешнињод карда мешавад.

Моддаи 229. Шањодатнома дар барои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї

1. Дохил намудани соњиби анбори гумрукї ба Реестри соњибони анборњои гумрукї нисбати њар як бинои њудудан алоњида ва (ё) њар як майдончаи кушодаи њудудан алоњида, ки ба сифати анбори гумрукї истифода мегардад, анљом дода мешавад. Ба њар як бинои њудудан алоњида ва (ё) њар як майдончаи кушодаи њудудан алоњида дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї шањодатнома дода мешавад.

2. Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї инњоро дар бар мегирад:

1) номи соњиби анбори гумрукї ва нишон додани номгўи шакли ташкилию њуќуќї ва мањали љойгиршавї;

2) маълумот дар бораи њуќуќи соњибии бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори гумрукї истифода мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї тибќи талаботи пешбининамудаи моддаи 384 њамин Кодекс;

4) нишон додани навъи анбори гумрукї;

5) нишон додани мањали љойгиршавии анбори гумрукї.

3. Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї дар давоми панљ сол эътибор дорад.

Моддаи 230. Вазифањо ва масъулияти соњиби анбори гумрукї

1. Соњиби анбори гумрукї вазифадор аст:

1) шарт ва талаботи муќаррарнамудаи њамин Кодексро нисбати нигањдории мол дар анборњои гумрукї риоя намояд;

2) бањисобгирии моли нигањдоришавандаро анљом дода, ба маќомоти гумрук дар бораи нигањдории ин мол њисобот пешнињод намояд (моддаи 405);

3) амнияти моли дар анборњои гумрукї нигањдоришавандаро таъмин намояд;

4) дастрасии шахсони бегонаро ба моли нигањдоришаванда бе иљозати маќомоти гумрук имконнопазир созад;

5) бољњои гумрукї ва андозро дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 2 њамин модда, инчунин дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 моддаи 90 њамин Кодекс пардозад, агар соњиби анбори гумрукї дорои иљозат ба транзити дохилии гумрукї бошад.

2. Соњиби анбори гумрукї нисбати моли дар анбори гумрукї нигањдоришаванда, њангоми гум кардан ё бе иљозати маќоми гумрук додани мол барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъул мебошад. Соњиби анбори гумрукї барои пардохти бољњои гумрукї, андозњо танњо њангоме масъул намебошад, ки агар мол дар натиљаи садама, таъсири ќувваи рафънопазир ё талафи табиї њангоми нигањдории муќаррарї нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.

Моддаи 231. Бозхондани шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї

Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї метавонад аз љониби маќоми гумрук дар њолатњои зерин бозхонда шавад:

1) аз љониби соњиби анбори гумрукї риоя нашудани њатто яке аз шартњои дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї, ки тибќи моддаи 227 њамин Кодекс муќаррар шудааст;

2) аз љониби соњиби анбори гумрукї риоя нашудани ўњдадорињои пешбининамудаи банди 5 ќисми 1 моддаи 230 њамин Кодекс;

3) агар соњиби анбори гумрукї чандин маротиба барои њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї ба љавобгарии маъмурї љалб шуда бошад.

Моддаи 232. Амалиёт бо мол њангоми хориљ намудани соњиби анбори гумрукї аз Реестри соњибони анборњои гумрукї

Њангоми бозхондани шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони анборњои гумрукї ё хориљ намудани соњиби анбори гумрукї аз Реестри соњибони анборњои гумрукї бо дигар асосњо моли дар анборњои гумрукї нигањдоришаванда бояд аз њисоби вай дар мўњлати ду моњ аз рўзи хориљшавї дар анбори дигари гумрукї љойгир карда шаванд. Соњиби анбори гумрукї вазифадор аст шахсонеро, ки моли худро дар анборњои гумрукї ќарор додаанд, дар давоми 3 рўзи хориљ намудани вай аз Реестри соњибони анборњои гумрукї огоњ намояд. Аз рўзи дигари хориљ намудани соњиби анбори гумрукї аз Реестри соњибони анборњои гумрукї љойгиркунии мол дар ин анборњои гумрукї манъ мебошад.

Моддаи 233. Нигањдории мол дар анборњои гумрукии маќомоти гумрук

1. Анборњои гумрукии маќомоти гумрук анборњои кушода њисоб мешаванд ва бояд љавобгўи талаботи муќаррарнамудаи моддаи 225 њамин Кодекс бошанд.

2. Њангоми нигањдории мол дар анборњои гумрукї муносибати муттаќобилаи маќомоти гумрук бо шахсоне, ки моли худро дар анборњои гумрукї љой медињанд, мутобиќи њамин Кодекс ва Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон ба роњ монда мешавад. Нисбати шартномаи маќоми гумрук бо шахсе, ки моли худро дар анборњои гумрукї љойгир менамояд, талаботи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон, ки барои шартномаи оммавї пешбинї шудааст, татбиќ мегардад. Аз љониби маќоми гумрук набастани шартномаи нигањдории мол њангоми мављудияти имконияти бастани он иљозат дода намешавад.

Ќабули мол барои нигањдорї аз љониби маќоми гумрук дар анборњои гумрукї бо додани квитантсияи дорои намунаи муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба шахси соњиби бор тасдиќ карда мешавад.

3. Њуќуќ, вазифањо ва масъулияти маќоми гумрук марбут ба нигањдории мол дар анборњои гумрукї аз моњияти масъулияти мувофиќи муќаррароти умумии нигањдорї пешбининамудаи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон, бо назардошти муќаррароти њамин Кодекс бармеояд.

Маќоми гумрук дар сурати гум шудани моли дар анборњои гумрукї нигањдоришаванда барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз љавобгар мебошад, ба истиснои њолатњое, ки агар мол дар натиљаи садама, таъсири ќувваи рафънопазир ё талафи табиї њангоми нигањдории муќаррарї нобуд ё тамоман талаф шуда бошад.

 

Боби 26. РЕИМПОРТ

Моддаи 234. Мазмуни низоми гумрукии реимпорт

1. Реимпорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиќи он моли ќаблан аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон содиршуда ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мувофиќи мўњлатњои муќарраршуда (банди 2 ќисми 1 моддаи 235), бе пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва бе татбиќи мамнўият ва мањдудияти дорои хусусиятњои иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ворид карда мешавад.

2. Моли тањти низоми гумрукии реимпорт љойгиршуда барои маќсади гумрукї чун иљозатшуда барои муомилоти озод баррасї карда мешавад.

Моддаи 235. Шартњои тањти низоми гумрукии реимпорт ќарор додани мол

1. Тањти низоми гумрукии реимпорт ќарор додани мол иљозат дода мешавад, агар:

1) њангоми содир намудани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон он дорои статуси тањти муомилоти озод ќарордошта ё мањсули коркарди моли хориљї бошад (боби 21);

2) мол дар љараёни 3 соли баъд аз рўзи дигари интиќоли моли мазкур аз сарњади гумрукї њангоми содироти он аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тањти низоми гумрукии реимпорт арз шудааст. Тибќи дархости асосноки шахси манфиатдор маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мўњлати мазкурро нисбати таљњизоти дар сохтмон, истењсолоти саноатї, истихрољи канданињои фоиданок ва дигар маќсадњои шабењ бо шарти риояи њамаи дигар муќаррароти њамин боб тамдид менамояд;

3) мол дар њамон њолате, ки аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон содир шуда буд, бетаѓйир боќї монда бошад, ба истиснои таѓйирот дар натиљаи фарсудашавии табиї ё талафи табиї њангоми шароити мўътадили интиќол, нигањдорї ва истифода;

4) маблаѓи бољњои гумрукї, андозњо, субсидияњо ва дигар маблаѓњое, ки бояд њангоми реимпорти мол ба буљети давлатї (моддаи 236) баргардонида шаванд, пардохта шуда бошад.

2. Истифодаи мол берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо маќсади ба даст овардани фоида, инчунин иљрои амалиёти зарурї барои таъмини нигањдории он, аз љумла таъмир (ба истиснои таъмири асосї ва модернизатсия), хизматрасонии техникї ва дигар амале, ки барои нигањдории хусусиятњои истифодабарии мол заруранд ва нигоњ доштани мол дар њолате, ки он дар рўзи содирот аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ќарор дошт, барои љойгир намудани он тањти низоми гумрукии реимпорт монеа шуда наметавонад, ба истиснои њолатњое, ки иљрои амалњои таъмир боиси баланд шудани арзиши мол нисбат ба арзиши он дар рўзи содирот нагардад.

3. Тањти низоми гумрукии реимпорт метавонад моле љойгир карда шавад, ки ќаблан тањти низомњои дигари гумрукї ќарор дошт.

Моддаи 236. Баргардонидани маблаѓи бољњои гумрукии воридотї, андозњо, субсидияњо ва дигар маблаѓ њангоми реимпорти мол

1. Њангоми реимпорти мол ба буљети давлатї бояд ин маблаѓ баргардонида шавад:

1) маблаѓи бољњои гумрукии воридотї, андозњо ва (ё) фоизи онњо, агар маблаѓи чунин бољњои гумрукї, андозњо ва (ё) фоизњо ситонида нашуда бошад ё вобаста ба содироти мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон баргардонида шуда бошад;

2) маблаѓи андозњои дохилї, субсидияњо ва дигар маблаѓи пардохтнашуда ё ќаблан мустаќиман ё ѓайримустаќим ба сифати пардохт, имтиёз гирифташуда ё аз сабаби содироти мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон љуброн гардидааст.

2. Маблаѓи бољњои гумрукии воридотї ва андозњои тибќи ќоидањои муќаррарнамудаи ќисми 4 моддаи 185 њамин Кодекс барои муайян намудани маблаѓи барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз зарурї њангоми иљозати мањсули коркарди мол барои муомилоти озод њисоб карда мешавад.

Маблаѓи андозњои дохилї дар асоси ставкањои дар рўзи ќабули декларатсияи гумрукї њангоми баровардани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон амалкунанда ва арзиши гумрукии мол ва (ё) теъдоди он, ки њангоми баровардани он аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон муайян шудааст, њисоб карда мешавад.

3. Тартиби њисоби маблаѓи субсидия ва дигар маблаѓи дар ќисми 2 њамин модда зикрнашуда аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад. Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад њолатњоеро муќаррар намояд, ки њамзамон бо ин маблаѓ фоизњои он дар њаљми муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ситонида шавад.

4. Маблаѓњои бољњои гумрукї, андозњо, субсидияњо ва дигар фоизњое, ки мувофиќи њамин модда пешбинї шудааст, аз љониби маќомоти гумрук мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс ситонида мешаванд.

Моддаи 237. Њуљљат ва маълумоте, ки барои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии реимпорт заруранд

1. Барои гирифтани иљозати љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии реимпорт декларант ба маќоми гумрук дар бораи шароитњои баровардани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар бораи таъмири мол, агар чунин амалиёт бо мол берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон гузаронида шуда бошанд, маълумот пешнињод мекунад.

2. Барои тасдиќи маълумоти дар ќисми 1 њамин модда зикршуда декларант ба маќоми гумрук декларатсияи гумрукиро, ки њангоми содироти мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ќабул шуда буд, њуљљатњои тасдиќкунандаи рўзи убури мол аз сарњади гумрукї њангоми содирот, њуљљатњои тасдиќкунандаи риояи талаботи моддаи 236 њамин Кодекс, инчунин дигар њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти арзшударо пешнињод менамояд.

Моддаи 238. Баргардонидани маблаѓи бољњои гумрукии содиротї њангоми реимпорти мол

1. Маблаѓи пардохтшудаи бољњои гумрукии содиротї њангоми реимпорти мол баргардонида мешавад, агар мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тибќи низоми гумрукии реимпорт дар давоми на дертар аз 6 моњи баъди убури мол аз сарњади гумрукї њангоми содироти он аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид карда шавад.

2. Маблаѓи бољњои содиротии гумрукии пардохтшуда бо ќарори маќомоти гумрук аз љониби маќомоти ваколатдори молия тибќи њамин Кодекс баргардонида мешавад.

 

Боби 27. РЕЭКСПОРТ

Моддаи 239. Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт

Реэкспорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиќи он моли ќаблан ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида аз ин ќаламрав бидуни пардохт ё баргардонидани бољњои гумрукии воридотї ва андозњо, бе татбиќи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусиятњои иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон содир карда мешавад.

Моддаи 240. Шартњои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии реэкспорт

1. Тањти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартњои зайл љойгир карда мешавад:

1) баровардани молњое, ки дар љойњои нигањдории муваќќатї ќарор доранд то љойгиркунии онњо тањти низоми муайяни гумрукї;

2) баровардани моли ќаблан барасмиятдаровардашуда тањти низоми гумрукии иљозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 њамин Кодекс;

3) содироти молњои хориљї, ки тањти амалиёти коркард ќарор нагирифтаанд ва ќаблан тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї ва коркарди мол барои муомилоти озод љойгир карда шудаанд:

4) содироти молњои хориљї, ки ќаблан тањти низомњои гумрукии анбори гумрукї, минтаќаи озоди гумрукї, анбори озод ќарор дода шудаанд;

5) содироти молњои хориљии ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридкардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онњо тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон (ќисми 1 моддаи 12).

2. Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

3. Реэкспорти моли зераксизї дар сурати таъмини пардохти бољњои гумрукї, андозњо ё мушоияти гумрукї анљом дода мешавад.

4. Санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва (ё) санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон метавонанд шартњои иловагии љойгир намудани молро тањти низоми гумрукии реэкспорт муќаррар намоянд.

Моддаи 241. Татбиќи бољњои гумрукї ва андоз њангоми реэкспорти мол

1. Њангоми реэкспорти мол озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андози воридотї фароњам оварда мешавад ё баргардонидани таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз анљом дода мешавад, агар чунин озодкунї ё баргардонидан њангоми анљоми низоми гумрукї, ки тибќи он мол дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ќарор дошт, пешбинї шуда бошад.

2. Њангоми содир намудани моли реэкспортшаванда бољњои гумрукии содиротї пардохта намешаванд.

Моддаи 242. Татбиќи низоми гумрукии реэкспорт нисбати моле, ки барои муомилоти озод иљозат дода шудааст

1. Молњои барои муомилоти озод иљозатдодашуда, ки онњо дар рўзи убури сарњади гумрукї дорои камбудињо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабандї ё дигар шартњои муомилоти иќтисодии хориљї мувофиќат намекарданд ва аз њамин сабабњо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд, метавонанд тањти низоми гумрукии реэкспорт љойгир карда шаванд, агар ин молњо:

1) дар Љумњурии Тољикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои њолатњое, ки мол барои муайян намудани камбудї ё дигар њолатњое, ки боиси баргардонидани онњо гардидаанд, истифода шуда бошанд;

2) метавонанд аз љониби маќомоти гумрук њаммонанд карда шаванд;

3) дар давоми 6 моњ аз рўзи иљозати онњо барои муомилоти озод бароварда шаванд.

2. Њангоми реэкспорти мол тибќи ќисми 1 њамин модда маблаѓи пардохтшудаи бољњои гумрукї ва андоз мутобиќи моддаи 397 њамин Кодекс баргардонида мешаванд.

 

Боби 28. НОБУДКУНЇ

Моддаи 243. Мазмуни низоми гумрукии нобудкунї

Нобудкунї низоми гумрукие мебошад, ки мувофиќи он моли хориљї тањти назорати гумрукї, бе пардохти бољњои гумрукї ва андоз, инчунин бе татбиќи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нобуд карда мешавад.

Моддаи 244. Шартњои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии нобудкунї

1. Нобудкунии мол иљозат дода мешавад, агар моли тањти нобудкунї ќарордошта бо усули аз нигоњи иќтисодї судманд ба шакли аввалааш барќарор карда нашавад.

2. Нобудкунї нисбати гурўњи молњои зерин иљозат дода намешавад:

1) арзиши фарњангї;

2) намудњои њайвонот ва растанињое, ки тањти хатари нобудшавї ќарор доранд, узв ва мањсули онњо (дериватњо), ба истиснои њолатњое, ки нобудкунии онњо барои маќсадњои пешгирии эпидемия ва њолатњои эпизоотї анљом дода мешавад;

3) моли аз љониби маќомоти гумрук ба сифати гарав ќабулшуда, то анљоми муносибатњои вобаста ба гарав;

4) моли аз љониби маќоми давлатии ваколатдор ситонидашуда ё моле, ки нисбати он тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њабси амвол пешбинї шудааст;

5) дигар молњое, ки номгўи онњоро метавонад Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар намояд.

3. Нобудкунии мол иљозат дода намешавад, агар:

1) нобуд кардани мол ба муњити зист зарари љиддї расонад ё мустаќиман ё ѓайримустаќим ба њаёт ва саломати одамон хатари љиддї дошта бошад;

2) мол бо роњи истеъмол аз рўи таъиноти муќаррариаш нобуд карда шавад;

3) барои маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон боиси харољот гардад.

Моддаи 245. Мўњлат ва мањали нобудкунї

1. Мўњлати нобудкунии молро маќоми гумрук дар асоси аризаи декларант, бо назардошти ваќти дахлдор барои гузаронидани амали нобудкунии намуди моли арзшуда ва мўњлате, ки барои интиќоли мол бо воситаи наќлиёт аз мањали љойгиршавї ба мањали нобудкунї зарур аст, муќаррар карда мешавад.

2. Мањали нобудкунии молро декларант бо розигии маќоми гумрук, бо назардошти талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи њифзи муњити зист муайян менамояд.

Моддаи 246. Татбиќи низоми гумрукии нобудкунї нисбати моле, ки дар натиљаи садама ё таъсири ќувваи рафънопазир талаф ёфтааст

1. Низоми гумрукии нобудкунї метавонад нисбати моли нобудкардашуда, тамоман талафшуда ё дар натиљаи садама ё таъсири ќувваи рафънопазир харобгардида татбиќ карда шавад.

2. Њангоми љойгир намудани моли нобудшаванда ё харобгашта тањти низоми гумрукии нобудкунї муќаррароти ќисми 1 моддаи 244 ва моддаи 247 њамин Кодекс татбиќ карда мешавад.

Моддаи 247. Партовњои моли нобудкардашуда

1. Аз партовњое, ки дар натиљаи нобудкунии моли хориљї ба миён омадаанд, бояд бољњои гумрукї ва андоз ситонида шаванд, чуноне, ки агар партовњои мазкур ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар њамин њолат ворид гардида бошанд, ба истиснои њолатњое, ки ин партовњо аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бароварда шудаанд ё чунон коркард шудаанд, ки барои истифодаи минбаъдаи тиљоратї дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон корношоям буда, онњоро бо усули аз нигоњи иќтисодї судманд барќарор кардан ва ба њолати аввала баргардонидан имконнопазир аст.

Партовњое, ки аз онњо бољњои гумрукї ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

2. Барои маќсадњои ситонидани бољњои гумрукї ва андоз партовњо чун моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида дониста мешаванд.

3. Арзиши гумрукии партовњо тибќи ќоидањои пешбининамудаи моддаи 183 њамин Кодекс муайян карда мешавад.

4. Масъулияти пардохти бољњои гумрукї ва андоз барои партовњо ба зиммаи декларант гузошта мешавад.