Боби 30. СОДИРОТИ МУВАЌЌАТЇ

Моддаи 252. Мазмуни низоми гумрукии содироти муваќќатї

1. Содироти муваќќатї низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он моли ватанї метавонад дар мўњлати муайян берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, бо озодкунии пурраи шартї аз ситонидани бољњои гумрукии содиротї ва бе татбиќи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, истифода бурда шавад.

2. Њангоми содироти муваќќатии мол озодкунї аз андозњои дохилї, баргардонидан ё љуброни он татбиќ намегардад.

Моддаи 253. Шартњои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї

1. Мол тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї дар њолатњои зерин љойгир карда мешавад:

1) таъмини њаммонандсозии мол аз љониби маќомоти гумрук њангоми воридоти бозпаси он;

2) пешнињоди ўњдадорї дар бораи воридоти бозпаси мол тибќи намунаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї;

3) таъмини пардохти бољњои гумрукии содиротї.

2. Љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї барои моле, ки содироти он аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон манъ аст, мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон иљозат дода намешавад.

Моддаи 254. Мўњлати содироти муваќќатї

1. Мўњлати умумии содироти муваќќатии мол на зиёда аз се сол мебошад.

Мўњлати содироти муваќќатї аз љониби маќоми гумрук тибќи аризаи декларант, бо назардошти маќсад ва шартњои чунин содирот ва муќаррароти ќисми 2 њамин модда муайян карда мешавад. Бо дархости асосноки шахси мазкур мўњлати арзшудаи содироти муваќќатї бо назардошти муќаррароти ќисми 2 њамин модда, вале на бештар аз як сол тамдид карда мешавад.

2. Барои намудњои алоњидаи мол, ки воридоти бозпаси он њангоми содироти муваќќатї мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон њатмї мебошад, Њукумати Љумњурии Тољикистон мўњлати нињоии содироти муваќќатиро муќаррар менамояд.

Моддаи 255. Истифодаи бољњои гумрукии содиротї

1. Њангоми содироти муваќќатии мол озодкунии пурраи шартї аз пардохти бољњои гумрукии содиротї фароњам оварда мешавад.

2. Њангоми баргашта наовардани моли муваќќатан содиршуда маблаѓи бољњои гумрукии содиротї бо назардошти арзиши мол ва (ё) теъдоди он њангоми содирот, инчунин меъёрњои бољњои гумрукии дар рўзи арзшавии мол тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї амалкунанда пардохта мешаванд. Фоизњо аз ин маблаѓ дар њаљми муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон пардохта мешаванд, ба мисли он ки барои ин маблаѓњо дар рўзи љойгиркунии моли ватанї тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї тамдиди мўњлат фароњам оварда шуда бошад.

Моддаи 256. Анљоми низоми гумрукии содироти муваќќатї

1. Моли муваќќатан содиргардида ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон на дертар аз рўзи ба охир расидани мўњлати содироти муваќќатї (моддаи 254) бояд баргардонида шавад ё мувофиќи њамин Кодекс тањти низоми дигари гумрукї арз карда шавад.

2. Бо дархости шахсе, ки молро тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї ќарор додааст, маќоми гумрук барои иваз намудани низоми гумрукии содироти муваќќатї ба низоми гумрукии содирот, бо риояи шарт ва талаботи пешбининамудаи њамин Кодекс иљозат медињад, ба истиснои њолатњое, ки агар мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон моли муваќќатан содиршуда бояд њатман ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон баргардонда шавад.

3. Њангоми ба шахси хориљї додани моли муваќќатан содиршуда шахсе, ки молро тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї ќарор додааст, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 2 њамин модда, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваќќатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.

4. Таѓйири низоми гумрукии содироти муваќќатї ба низоми дигар, ки нисбати моли содиротї истифода мегардад, бидуни пешнињоди воќеии мол ба маќоми гумрук иљозат дода мешавад.

Моддаи 257. Масъулият вобаста ба пардохти бољњои гумрукї

Масъулият вобаста ба пардохти бољњои гумрукї мувофиќи ќисми 2 моддаи 350 њамин Кодекс ба зиммаи шахсе гузошта мешавад, ки молро тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї ќарор додааст.

 

Боби 31. САВДОИ БЕБОЉ

Моддаи 258. Мазмуни низоми гумрукии савдои бебољ

1. Савдои бебољ низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он молњои хориљии ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридшуда ё молњои ватанї ба тариќи чакана ба шахсони воќеии берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон сафаркунанда мустаќиман дар маѓозаи савдои бебољ, бидуни пардохти бољњои гумрукї ва андоз, инчунин бе татбиќи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон фурўхта мешаванд.

2. Тањти низоми гумрукии савдои бебољ њамаи мол љой дода мешавад, ба истиснои моле, ки воридот ва содироти он ба Љумњурии Тољикистон, муомилоти он дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон манъ аст, инчунин дигар молњое, ки номгўи онњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

3. Молњои дар ќисми 1 њамин модда зикршуда дар маѓозањои савдои бебољ тањти назорати гумрукї дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, дар нуќтањои гузаргоњ аз Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон фурўхта мешаванд.

4. Моли дар маѓозањои савдои бебољ фурўхташаванда мувофиќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бояд дорои воситањои њаммонандсозї бошад.

5. Њангоми ќарор додани моли ватанї тањти низоми гумрукии савдои бебољ озодкунї аз пардохти андозњои дохилї, баргардонидан ё љуброни он мувофиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад.

6. Њангоми љойгир намудани моли хориљї тањти низоми савдои бебољ маблаѓи бољи гумрукии воридотї ва андоз баргардонида мешавад, агар баргардонии онњо њангоми содироти воќеии мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мувофиќи њамин Кодекс пешбинї шуда бошад.

7. Декларанти моли тањти низоми гумрукии савдои бебољ љойгиршаванда метавонад танњо соњиби маѓозаи савдои бебољ бошад.

8. Соњиби маѓозаи савдои бебољ метавонад танњо шахси њуќуќии ватание бошад, ки ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ дохил карда шудааст.

9. Моле, ки барои таъмини фаъолияти маѓозаи савдои бебољ истифода мегардад, набояд тањти низоми гумрукии савдои бебољ љой дода шавад.

10. Маѓозаи савдои бебољ мувофиќи тартиби муќарраркардаи низом дар нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон дар сурати мављуд будани њуљљатњои баќайдгирї ва иљозат барои фурўши чаканаи мол, агар њатмї будани онњоро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї карда бошад, кушода мешавад.

11. Иљозати мол мувофиќи низоми гумрукии савдои бебољ баъди гирифтани шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ имконпазир мебошад.

Моддаи 259. Талабот нисбати ободонї ва таљњизонии бинои маѓозаи савдои бебољ

1. Бинои маѓозаи савдои бебољ метавонад аз толори савдо, биноњои ёрирасон ва анборњо иборат бошад.

Биноњои мазкур бояд тарзе муљањњаз бошанд, ки фурўши молро танњо дар толорњои маѓозаи савдои бебољ анљом дода, инчунин њифзи мол ва имконияти назорати гумрукиро нисбати онњо таъмин намоянд.

2. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї барои ободонии анборњои маѓозаи савдои бебољ талаботи њатмиро муќаррар мекунад, агар чунин анборњо берун аз нуќтањои гузаргоњ аз сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон мувофиќи тартиби пешбининамудаи моддаи 107 њамин Кодекс љойгир шуда бошанд.

3. Толорњои савдои маѓоза бояд тарзе љойгир шаванд, ки монда рафтани молњои аз маѓозаи савдои бебољ харидшударо дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон истисно намоянд, аз љумла ба дасти шахсони воќеие, ки дар ин ќаламрав мемонанд, додани онњоро имконнопазир гардонанд.

4. Бинои маѓозаи савдои бебољ минтаќаи назорати гумрукї ба шумор меравад.

5. Агар бино дар асоси шартномаи иљора ихтиёрдорї карда шавад, пас бояд ин шартнома ба мўњлати на камтар аз се сол аз рўзи додани ариза барои дохилшавї ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ баста шавад.

Моддаи 260. Шарти дохил намудан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ

1. Шартњои дохил намудан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ аз инњо иборатанд:

1) соњибии биное (тањти моликият, пешбурди хољагидорї ё тањти иљора), ки барои истифодаи он ба сифати маѓозаи савдои бебољ муносиб ва љавобгўи талаботи муќарраргардида бошад (моддаи 259);

2) таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

3) шартномаи суѓуртаи хавфї масъулияти шањрвандии худ, ки метавонад дар натиљаи расонидани зарар ба моли шахсони дигар, ки ба фурўш монда шудааст ё вайрон кардани шартњои дигари фурўш бо шахсони дигар фаро расад. Маблаѓи суѓурта, ки дар доираи он суѓуртакунанда ўњдадор мешавад њангоми фарорасии њар як њолати суѓурта зарари ба моликияти шахсон расонидашударо љуброн намояд, тибќи масоњат ё њаљми муфид дар њаљми 2 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда барои њар як метри мукааби масоњати муфид муайян карда мешавад, вале наметавонад аз њаљми 3000 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда камтар бошад.

Моддаи 261. Ариза барои дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ

1. Шахс ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ дар асоси аризае, ки љавобгўи шартњои муќаррарнамудаи моддањои 258 - 260 њамин Кодекс мебошад, дохил карда мешавад.

2. Ариза барои дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ бояд инњоро дар бар гирад:

1) мурољиат ба маќоми гумрук барои дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию њуќуќї, мањали љойгиршавї, оид ба кушодани суратњисобњои бонкї, инчунин маълумот дар бораи миќдори сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

3) маълумот дар бораи биноњои дар ихтиёри аризадињанда ќарордошта, ки барои истифода ба сифати маѓозаи савдои бебољ таъин шудаанд, дар бораи мањали љойгиршавии он, ободонї, таљњизонї ва таъминоти моддию техникии он;

4) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномањои) суѓурта кардани хавфи масъулияти шањрвандии аризадињанда.

3. Ба аризаи барои дохил шудан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ њуљљатњои зерине, ки тасдиќкунандаи маълумоти пешнињодшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) њуљљатњои таъсисотї ва њуљљати тасдиќкунандаи далели ворид намудани сабт дар бораи шахси њуќуќї дар Реестри ягонаи давлатии шахсони њуќуќї;

2) шањодатнома дар бораи сабти давлатии шахси њуќуќї;

3) шањодатнома дар бораи ба ќайд мондани аризадињанда дар маќоми андоз;

4) њуљљатњои тасдиќкунандаи њуќуќи соњибии биноњое, ки барои истифода њамчун маѓозаи савдои бебољ таъин гардидаанд;

5) тарњи наќшаи биноњо, ки барои истифода њамчун маѓозаи савдои бебољ таъин шудаанд;

6) њуљљатњои тасдиќкунандаи андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

7) њуљљатњои тасдиќкунандаи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

8) тасдиќномањои бонкњо дар бораи кушодани суратњисобњо;

9) шартномаи (полиси) суѓурта.

4. Барои њар як бинои њудудан алоњида, ки барои истифодаи маѓозаи бебољ пешбинї шудааст, аризаи алоњида пешнињод карда мешавад.

Моддаи 262. Вазифањо ва масъулияти соњиби маѓозаи савдои бебољ

1. Соњиби маѓозаи савдои бебољ вазифадор аст:

1) талабот ва шартњои низоми гумрукии савдои бебољро риоя кунад;

2) талаботи ободонї ва таљњизонии маѓозаи савдои бебољро риоя кунад (моддаи 260);

3) имконияти барои маќсадњои дигар истифода бурдани молеро, ки ба маѓозаи савдои бебољ барои фурўш ворид шудаанд, истисно намояд;

4) баќайдгирии моли ба маѓозаи савдои бебољ воридшуда ва фурўши онро анљом дода, ба маќомоти гумрук њисобот пешнињод намояд (моддаи 405);

5) моли тањти низоми гумрукии савдои бебољ ќарордоштаро танњо дар биноњои ёрирасон ва анборњои маѓозаи савдои бебољ нигоњ дорад;

6) дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 2 њамин модда ва ќисми 2 моддаи 263 њамин Кодекс, инчунин дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 моддаи 90 њамин Кодекс бољњои гумрукї ва андозро пардозад, ба шарте, агар соњиби маѓозаи савдои бебољ иљозати транзити дохилии гумрукиро дошта бошад;

7) талаботи муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро дар соњаи савдо бо назардошти хусусиятњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс риоя кунад;

8) дар сурати баста шудани маѓозаи бебољ маќоми гумрукро огоњ намояд.

2. Соњиби маѓозаи савдои бебољ барои пардохти бољњои гумрукї ва андози моли тањти низоми гумрукии савдои бебољ ќарордошта њангоми гум кардани моли хориљї ё истифодаи он бо маќсадњои дигари ѓайри фурўши чакана дар маѓозаи савдои бебољ ба шахсони воќеие, ки аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон хориљ мешаванд, мутобиќи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин боб масъулият дорад. Соњиби маѓозаи савдои бебољ барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз танњо дар сурате масъул намебошад, ки агар мол дар натиљаи садама, таъсири ќувваи рафънопазир ё талафи табиї дар шароити мўътадили нигањдорї ва фурўш нобуд ё тамоман гум шуда бошад.

Моддаи 263. Шањодатнома барои дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ

1. Дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ нисбати њар як бинои њудудан алоњида, ки ба сифати маѓозаи савдои бебољ истифода бурда мешавад, татбиќ мегардад. Барои њар як бинои њудудан алоњида дар бораи дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ шањодатномаи алоњида дода мешавад.

2. Шањодатнома дар бораи дохил намудан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ инњоро дар бар мегирад:

1) номи соњиби маѓозаи савдои бебољ ва нишон додани шакли ташкилию њуќуќї, мањали љойгиршавии он;

2) маълумот дар бораи њуќуќи соњибии бино, ки ба сифати маѓозањои савдои бебољ истифода бурда мешавад;

3) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтњои

гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

4) нишон додани мањали љойгиршавии маѓозаи савдои бебољ.

3. Шањодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ дар давоми панљ сол эътибор дорад.

4. Шањодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољро маќоми гумрук метавонад дар њолатњои зерин бозхонад:

1) аз тарафи соњиби маѓозаи савдои бебољ риоя нашудани њатто яке аз шартњои муќаррарнамудаи боби 31 њамин Кодекс барои фаъолият ба сифати соњиби маѓозаи савдои бебољ;

2) аз тарафи соњиби маѓозаи савдои бебољ риоя нашудани яке аз шартњои пешбининамудаи банди 5 ќисми 1 моддаи 230 њамин Кодекс ;

3) њангоми якчанд маротиба љалб намудани соњиби маѓозаи савдои бебољ ба љавобгарии маъмурї барои њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї.

5. Њангоми бозхондани шањодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозањои савдои бебољ:

1) моли хориљии тањти низоми гумрукии савдои бебољ ќарордошта бояд дар давоми 15 рўзи баъди бозхонди шањодатномаи мазкур тањти низоми дигари гумрукї ќарор дода шавад;

2) маблаѓи андозњои дохилие, ки аз моли ватании тањти низоми гумрукии савдои бебољ љойгиршуда ва дар маѓозаи савдои бебољ ќарордошта баргардонида шудаанд, бо њисоб кардани фоизњои муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон, ки дар давраи љойгир намудани мол дар маѓозаи савдои бебољ амал менамуданд, тибќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс барои ситонидани бољњои гумрукї ва андоз пардохта мешавад;

3) моли тањти низоми гумрукии савдои бебољ ќарордошта баъди як рўзи бозхонди шањодатнома барои маќсади гумрукї њамчун моли тањти низоми нигањдории муваќќатї љойгиршуда дониста мешавад. Фурўши чунин мол, инчунин љойгир намудани моли дигар дар маѓозаи савдои бебољ иљозат дода намешавад.

4. Бозхонди шањодатнома дар бораи дохил кардан ба Реестри соњибони маѓозаи савдои бебољ соњиби маѓозаи савдои бебољро аз риояи талабот ва иљрои ўњдадорињои муќаррарнамудаи њамин Кодекс озод наменамояд.