Боби 34. ИНТИЌОЛИ ЗАХИРАЊО

Моддаи 286. Мазмуни низоми гумрукии интиќоли захирањо

1. Интиќоли захирањо низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он моли барои истифода дар киштињои дарёї, њавопаймо ва ќаторањо таъингардида, ки барои интиќоли пулакии байналмилалии мусофирон ё интиќоли пулакї ва бепули байналмилалии моли саноатї ё тиљоратї истифода мешаванд, инчунин моли барои фурўш ба њайати экипаж ва мусофирони чунин киштињои дарёї, њавопаймо таъингардида аз сарњади гумрукї бидуни пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва бидуни татбиќи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, интиќол дода мешаванд.

2. Њангоми содироти моли тањти низоми гумрукии интиќоли захирањо љойгиршуда озодкунї аз пардохт, баргардонидан ё љуброни андозњои дохилї анљом дода намешавад, агар ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон тартиби дигарро пешбинї накарда бошад.

Моддаи 287. Љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии интиќоли захирањо

1.Тањти низоми гумрукии интиќоли захирањо љойгир намудани моли зерин иљозат дода мешавад (минбаъд дар њамин боб – захирањо), ки:

1) барои таъмини мўътадили истифодабарї ва хизматрасонии техникии киштињои дарёї, њавопаймо ва ќаторањо дар хати сайр ё дар нуќтањои истгоњњои фосилавї ё истгоњ (аз љумла сўзишворї, равѓанњои молиданї) заруранд;

2) барои истифодаи мусофирон ва њайати экипажи киштињои дарёї, њавопаймо ё мусофирон ва кормандони бригадањои ќаторањо пешбинї шудаанд, сарфи назар аз он, ки ин захирањо фурўхта мешаванд ё не;

3) барои фурўш ба мусофирон ва њайати экипажи киштињои дарёї ва њавопаймо бе маќсади истифодаи онњо дар сањни ин наќлиёт пешбинї шудаанд.

2. Захирањо тањти низоми гумрукии интиќоли захира сарфи назар аз давлати баќайдгирї ва мансубияти миллии киштињои дарёї, њавопаймо ва ќаторањо љойгир карда мешаванд.

3. Тањти низоми гумрукии интиќоли захирањо љойгир намудани ќисмњои эњтиётї ва таљњизоте, ки барои таъмини истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии киштињои дарёї, њавопаймо ва ќаторањо дар хати сайр ё дар нуќтањои истгоњњои фосилавї ё истгоњ таъин гардидаанд, иљозат дода намешавад.

4. Низоми гумрукии интиќоли захира нисбати захирањо њангоми истифодаи киштињои дарёї бо маќсади тиљоратї, њавопаймои авиатсияи гражданї, давлатї ва озмоишї (эксперименталї), ба истиснои њолатњои истифодаи воситањои наќлиёт аз љониби шахсони воќеї барои истифодаи шахсї (боби 37) татбиќ карда мешавад.

Моддаи 288. Шартњои озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Њангоми ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид намудани захирањое, ки барои таъмини истифодабарии мўътадил дар сањни киштињои дарёї, њавопаймо ва ќаторањо ќарор доранд, бољњои гумрукї ва андоз пардохта намешаванд, ба шарте агар ин захирањо њангоми таваќќуфи ин киштї, њавопаймо ва ќаторањо дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар онњо боќї монда бошанд.

2. Њангоми ворид намудани захирањое, ки дар ќаторањо ќарор доранд ва барои таъмини мўътадили истифода ва хизматрасонии техникии онњо, инчунин барои истифодаи мусофирон ва кормандони бригадањои ќаторањо таъин гардидаанд, бољњои гумрукї ва андоз ситонида намешаванд, ба шарте агар ин захирањо њангоми таваќќуфи ќаторањо дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар онњо боќї монанд.

3. Њангоми љойгир намудани моли хориљие, ки барои фурўш ба мусофирон ва њайати экипажи киштињои дарёї, њавопаймо бе маќсади истифодаи онњо дар ин њавопаймо ва киштињо таъин гардидаанд, тањти низоми гумрукии интиќоли захирањо озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андози воридотї њангоми фурўши ин мол берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо назардошти ќисми 3 моддаи 289 њамин Кодекс фароњам оварда мешавад.

4. Њангоми аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон баровардани захирањои дар киштињои дарёї ё њавопаймоњо ќарордошта бољњои гумрукии содиротї ситонида намешаванд, агар ин захирањо ба миќдори муайян, вобаста ба теъдоди њайати мусофирон, экипаж ва давомнокии сафар барои таъмини мўътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин њавопаймо ва киштињо, бо назардошти захирањои дар ин наќлиёт мављудбуда бароварда шаванд.

5. Њангоми аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон баровардани захирањои барои истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии ќаторањо зарурї, инчунин захирањои барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадањои ќаторањо таъингардида бољњои гумрукии содиротї ситонида намешаванд, агар ин захирањо ба миќдори барои таъмини истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии ќаторањо, инчунин барои истеъмоли мусофирон ва кормандони бригадањои ќатора дар хати сайр, бо назардошти захираи дар ќатора мављудбуда бароварда шаванд.

6. Захирањо метавонанд бо иљозати маќоми гумрук муваќќатан фароварда шаванд, мутаносибан ба дигар њавопаймо, киштињо ва ќаторањо, ки интиќоли байналмилалии мол ва мусофиронро анљом медињанд, бор карда шаванд, агар шартњои пешбининамудаи њамин боб риоя гардад.

Моддаи 289. Истифодаи захирањо

1. Захирањои барои истеъмоли мусофирон ва њайати экипажи киштињои дарёї таъингардида ва захирањо барои таъмини истифодаи мўътадил ва хизматрасонии техникии киштињо зарурї метавонанд дар ин киштињо њангоми таваќќуф дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба миќдори муайян, вобаста ба теъдоди њайати мусофирон, экипаж, давомнокии таваќќуф, аз љумла ваќти таъмири киштињои дарёї дар мањали таъмир (док, верф) ё заводњои таъмир истеъмол ва истифода бурда шаванд, агар экипаж дар ин њолатњо киштиро тарк накунад.

2. Њангоми фуруди ба наќша гирифташудаи њавопаймо дар як ё якчанд фурудгоњњое, ки дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воќеъ мебошанд, захирањои барои таъмини истифодабарии мўътадил ва хизматрасонии техникии ин њавопаймо ва барои истеъмоли њайати экипаж њангоми дар нуќтањои фурудгоњ ва њангоми парвоз байни ин нуќтањо ќарор доштани њавопаймо таъингардида метавонанд дар нуќтањои фуруд ва њангоми парвоз байни ин нуќтањо истифода бурда шаванд.

3. Захирањое, ки барои фурўш ба мусофирон ва њайати экипажи њавопаймо бидуни маќсади истеъмоли онњо дар њавопаймо таъин гардидаанд, метавонанд њангоми дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ќарор доштани ин њавопаймо фурўхта шаванд, ба шарте ки онњо дар ин њавопаймоњо фурўхта шаванд.

4. Захирањои барои истеъмоли мусофирони ќаторањо ва кормандони бригадањои ќатора ва захирањои барои таъмини мўътадили истифода ва хизматрасонии техникии ин ќаторањо зарурї метавонанд дар ќаторањо њангоми њаракат ё таваќќуф дар истгоњњои фосилавї ё истгоњњо дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба миќдори муайян, вобаста ба теъдоди мусофирон ва кормандони бригадањои ќатора, инчунин давомнокии таваќќуф ва ваќти њаракат дар хати сайр истеъмол ва истифода бурда шаванд.

5. Маќомоти гумрук њуќуќ доранд интиќолдињандаро вазифадор намоянд, ки барои таъмини риояи истифодаи захирањои пешбининамудаи њамин боб њангоми дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ќарор доштани киштињои дарёї, њавопаймо ё ќаторањо тадбирњои зарурї андешанд. Бо ќарори маќоми гумрук ба љойњое, ки захирањо нигоњ дошта мешаванд, метавонад тамѓа ва мўњри гумрукї гузошта шавад.