Боби 38. ИНТИЌОЛИ МОЛ ДАР МУРОСИЛОТИ

БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЧТА

Моддаи 313. Муросилоти байналмилалии почта

1. Бо маќсади татбиќи њамин боб тањти мафњуми муросилоти байналмилалии почта муросилоти почтае фањмида мешавад, ки барои ба хориљи ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон фиристодани муросилоти почтаи ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида ё худ ба тариќи транзит аз ин ќаламрав интиќолшаванда ќабул карда мешавад. Ба муросилоти байналмилалии почта инњо мансубанд:

1) мактубњо (оддї, фармоишї, бо эълони арзиш);

2) кортњои почтавї (оддї, фармоишї);

3) бандерол ва халтањои махсуси «М» (оддї, фармоишї) ;

4) секограммањо (оддї, фармоишї);

5) лифофањои хурд (фармоишї);

6) муросилот (муќаррарї, бо эълони арзиш);

7) муросилоти байналмилалии экспресс - почта.

2. Муассисањои алоќаи почта њуќуќ надоранд муросилоти байналмилалии почтаро бе иљозати маќоми гумрук ба гирандаи онњо супоранд ё берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ирсол намоянд.

Моддаи 314. Мамнўият ва мањдудиятњои воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва содироти он аз ин ќаламрав њангоми ирсол дар муросилоти байналмилалии почта

1. Дар муросилоти байналмилалии почта ба ирсоли моли зерин иљозат дода намешавад:

1) моле, ки мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон воридоти он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва содироти он аз ин ќаламрав манъ шудааст;

2) моле, ки ирсоли он мувофиќи санадњои Иттињоди умумиљањонии почта манъ шудааст;

3) моле, ки нисбаташ мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мањдудият муќаррар шудааст ва номгўи онро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

2. Нисбати моле, ки барои воридоти он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё содироти он аз ин ќаламрав мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ё санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон мањдудиятњо муќаррар карда шудаанд, гиранда ё фиристандаи моли мазкур ё шахсони аз номи онњо амалкунанда вазифадоранд њангоми барасмиятдарории гумрукї рухсатномањои зарурї, иљозатномањо, сертификатњо ва њуљљатњои дигари тасдиќкунандаи риояи ин гуна мањдудиятњоро пешнињод намоянд.

3. Нисбати моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристода мешаванд, мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар њолатњои зерин татбиќ карда намешаванд:

1) агар мол ба суроѓаи шахсони воќеї фиристода шуда, барои истифодаи шахсї таъин гардида бошад;

2) дар дигар њолатњои муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон.

4. Ситонидани моле, ки ирсоли он дар муросилоти байналмилалии почта манъ ва (ё) мањдуд карда шудааст, њамчунин ихтиёрдории он мувофиќи њамин Кодекс аз тарафи маќомоти гумрук ва дар ќисмати танзимнакардаи њамин Кодекс - бо тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад.

Моддаи 315. Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда

1. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшавандаи дорои њуљљатњои њамроњикунанда, ки дар санадњои Иттињоди умумиљањонии почта пешбинї шудаанд, мутобиќи њамин Кодекс бо назардошти хусусиятњои пешбининамудаи њамин боб ба расмият дароварда мешавад.

2. Моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда бо тартиби афзалиятнок ва дар мўњлати кўтоњтарин, ки наметавонад аз 3 рўз бештар бошад, ба расмият дароварда мешавад. Мўњлати аниќи барасмиятдарорї аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар якљоягї бо маќоми идоракунии фаъолияти соњаи алоќаи почта муайян карда мешавад.

3. Барасмиятдарории гумрукии моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда дар мањалњои мубодилаи байналмилалии почта, ба истиснои њолати пешбининамудаи ќисми 6 њамин модда ба расмият дароварда мешаванд. Объектњои алоќаи почта, ки љойњои мубодилаи байналмилалии почта ба њисоб мераванд, аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї якљоя бо маќоми идоракунии фаъолияти соњаи алоќаи почта муайян карда мешаванд.

4. Агар њамаи маълумоте, ки ба маќомоти гумрук барои маќсадњои гумрукї заруранд, дар њуљљатњои пешбининамудаи санадњои Иттињоди умумиљањонии почта ва њамроњикунандаи муросилоти байналмилалии почта мављуд бошанд, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 5 њамин модда, пешнињоди декларатсияи гумрукии алоњида талаб карда намешавад.

5. Декларатсиякунонии мол бо роњи пешнињоди декларатсияи алоњидаи гумрукї дар њолатњои зерин талаб карда мешавад, агар:

1) арзиши моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда аз андозаи муќаррарнамудаи ќисми якуми моддаи 317 њамин Кодекс, ки барои интиќоли мол дар муросилоти байналмилалии почта бе пардохти бољњои гумрукї ва андоз муќаррар шудааст, зиёд бошад, ба истиснои њолатњое, ки мол барои истифодаи шахсї, оилавї, хонаводагї ва дигар маќсадњои новобаста ба фаъолияти соњибкорї, ба унвони шахсони воќеї фиристонида мешавад;

2) содироти мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон аз тарафи фиристонандаи мол ба маќоми гумрук тасдиќ шуда бошад;

3) моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда барои ќарор додан тањти низоми гумрукие таъин гардида бошад, ки он ба муомилоти озод баровардани молро пешбинї намекунад.

6. Барасмиятдарории моле, ки мувофиќи ќисми 5 њамин модда нисбати онњо бояд декларатсияи алоњидаи гумрукї пешнињод карда шавад, аз љониби маќомоти гумрукие, ки дар минтаќаи фаъолияти онњо гирандањо ё фиристонандањои мол љойгиранд, тибќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми идоракунии фаъолияти соњаи алоќаи почта амалї мегардад.

7. Барасмиятдарории моли аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар муросилоти байналмилалии почта содиршаванда, ки нисбати он мувофиќи ќисми 5 њамин модда пешнињоди декларатсияи алоњидаи гумрукї пешбинї шудааст, то супоридани ин мол ба муассисоти алоќаи почта барои ирсол анљом дода мешавад.

Моддаи 316. Азназаргузаронии гумрукї ва тафтиши гумрукии муросилоти байналмилалии почта

1. Муассисоти алоќаи почта бо талаби маќомоти гумрук муросилоти байналмилалии почтаро барои азназаргузаронии гумрукї ва муоинаи гумрукї пешнињод менамоянд. Усулњои чунин пешнињодро маќомоти гумрук муайян менамоянд.

2. Маќомоти гумрук пешнињоди намудњои зерини муросилоти воридшавандаи почтаро талаб наменамоянд:

1) кортњои почта ва мактуб;

2) адабиёт барои нобиноён.

Њангоми мављуд будани асоси кофї дар бораи он ки дар байни чунин муросилоти почта моли воридоташ ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон манъ ё мањдудкардашуда њаст, инчунин њангоми азназаргузаронии гумрукї ва муоинаи гумрукї дар асоси санљиши интихобї ё тасодуфї маќомоти гумрук њуќуќ доранд пешнињоди ин муросилоти почтаро талаб намоянд.

3. Маќомоти гумрук њуќуќ доранд аз муассисањои алоќаи почта талаб намоянд, ки муросилоти байналмилалии почтаи содиротиро, ки маќомоти гумрук дар асоси санљиши интихобї ё тасодуфї онро аз назар мегузаронанд ё муоина мекунанд, нишон дињанд.

4. Њангоми азназаргузаронии гумрукї ё муоинаи гумрукї аз воситањои техникии назорати гумрукї њаддалимкон бештар истифода бурда мешаванд.

Моддаи 317. Бољњои гумрукї ва андоз нисбати моли дар муросилоти байналмилалии почта ирсолшаванда

1. Агар арзиши моле, ки дар муросилоти байналмилалии почта фиристонида мешавад, дар мўњлати як њафта ба унвони як гиранда аз миќдори 150 - каратаи маоши њадди аќалли муќаррарнамудаи ќонун зиёд набошад, аз он бољњои гумрукї ва андоз ситонида намешаванд.

2. Нисбати моле, ки ба унвони шахсони воќеї барои истифодаи шахсї ирсол шудаанд, ќисман ё пурра озод кардан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз истифода мегардад. Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќи моддаи 304 њамин Кодекс нисбати моле, ки арзиши он аз арзиши моли бе пардохти бољњои гумрукї ва андоз ирсолшаванда зиёдтар мебошад, нисбати чунин афзоиш ставкањои ягонаи бољњои гумрукї ва андоз муќаррар менамояд.

3. Бољњои гумрукї ва андоз нисбати моле, ки барояш декларатсияи алоњидаи гумрукї таќозо намегардад, аз тарафи маќомоти гумрукие, ки дар љойњои мубодилаи байналмилалии почта молро ба расмият медароранд бо истифодаи ордери мудохилоти гумрук (ќисми якуми моддаи 309) њисоб карда мешаванд. Маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз дар асоси маълумот доир ба арзиши моле, ки дар њуљљатњои пешбининамудаи санадњои Иттињоди умумиљањонии почта зикр шудаанд ва барои маќсадњои гумрукї истифода мегарданд, њисоб карда мешавад. Нисбати муросилоти байналмилалии почта, ки арзишаш эълон карда шудааст, маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз дар асоси њамин арзиши эълонгардида танњо дар сурате њисоб карда мешавад, ки агар он аз арзиши дар њуљљатњои барои маќсадњои гумрукї баёншуда зиёдтар бошад.

4. Муросилоти байналмилалии почтаи дорои моле, ки маќоми гумрук пардохтњои гумрукии онро њисоб кардааст, ба гирандаи мол дар љойњои мубодилаи байналмилалии почта танњо баъди пардохтњои гумрукиро пурра гирифтани муассисаи алоќаи почта супурда мешавад. Бољи гумрукї дар асоси бланкаи њаволаи почтавии маблаѓе, ки аз тарафи шахси мансабдори маќомоти гумрук пур карда шудааст, ситонида мешавад. Пардохти њаволаи почтавї аз њисоби шахсе сурат мегирад, ки бољи гумрукиро пардохтааст ва он набояд аз 1 фоизи мабалаѓи пардохти ситонидашаванда зиёд бошад. Бланкањои њаволаи почтавии маблаѓњо ба маќомоти гумрук ройгон дода мешаванд.

5. Њангоми гум кардани муросилоти байналмилалии почта, бе иљозати маќомоти гумрук ба гиранда додани он љавобгарии супоридани пардохтњои гумрукї ба зиммаи муассисаи алоќаи почтае мебошад, ки муросилоти почтаро гум кардааст ё супурдааст.

6. Бољњои гумрукї ва андоз нисбати моли дар ќисми 5 моддаи 315 њамин Кодекс зикршуда бо тартиби муќаррарнамудаи фасли III њамин Кодекс њисоб карда, пардохта мешавад.

Моддаи 318. Транзити гумрукии дохилии муросилоти байналмилалии почта

Расмиёти транзити гумрукии дохилї (боби 10) дар муросилоти байналмилалии почта бо тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар мувофиќа бо маќоми идоракунандаи фаъолият дар соњаи алоќаи почта дар асоси талабот ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс истифода карда мешавад.

Моддаи 319. Транзити муросилоти байналмилалии почта

Муросилоти байналмилалии почта, ки аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба тариќи транзит интиќол мегардад, мувофиќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ба расмият дароварда мешавад.