Боби 39. ИНТИЌОЛИ МОЛ АЗ ТАРАФИ КАТЕГОРИЯЊОИ АЛОЊИДАИ ШАХСОНИ ХОРИЉЇ

Моддаи 320. Соњаи истифодаи њамин боб

1. Муќаррароти њамин боб нисбати моле, ки намояндагињои дипломатї, консулгарї ва дигар намояндагињои расмии давлатњои хориљї, ташкилотњои байналмилалї, аъзои ин намояндагиву муассисањо, њамчунин нисбати моли мавриди истифодаи шахсї ва хонаводагии категорияи алоњидаи шахсони хориљии дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дорои имтиёзу афзалият ва (ё) масуният аз ќаламрави гумрукї интиќол медињанд, тибќи санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон татбиќ карда мешавад.

2. Барасмиятдарории гумрукии моли дар ќисми якуми њамин модда зикргардида бо тартиби соддагардонидашуда анљом дода мешавад.

Моддаи 321. Интиќоли мол аз тарафи намояндагони дипломатии давлатњои хориљї

Намояндагињои дипломатии давлатњои хориљии муќими Љумњурии Тољикистон метавонанд моли барои истифодаи расмии намояндагињо таъингардидаро бо озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї, андозњо ва бидуни татбиќ намудани мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид кунанд ва аз ин ќаламрав содир намоянд.

Моддаи 322. Интиќоли мол аз тарафи сардори намояндагии дипломатии давлати хориљї ва аъзои њайати дипломатии намояндагии давлати хориљї

1. Сардори намояндагии дипломатии давлати хориљї ва аъзои њайати дипломатии намояндагии давлати хориљї, њамчунин аъзои оилаи њамзисти онњо метавонанд моли таъиноти истифодаи шахсї ва хонаводагї, аз љумла моли таъиноти ниёзи аввалия пешбинигардидаро бо озод намудан аз бољњои гумрукї ва андоз бе истифодаи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид ва аз он содир намоянд.

2. Баѓочи шахсии сардори намояндагии дипломатии давлати хориљї, аъзои њайати дипломатии давлати хориљї, њамчунин аъзои оилаи њамзисти онњо аз муоинаи гумрукї озод мебошанд, ба шарте агар асосњои љиддии эњтимоли он мављуд набошад, ки баѓољ дорои моли барои истифодаи шахсї ва хонаводагї таъиннагардида ё ки моле мебошад, ки воридоташ ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва содироташ аз ин ќаламрав мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон манъ карда шудааст ё бо ќоидањои карантинї танзим карда мешавад. Муоинаи гумрукї бояд танњо дар њузури шахсони дар њамин модда зикршуда ё намояндагони ваколатдори онњо гузаронида шавад.

Моддаи 323. Интиќоли мол аз тарафи аъзои њайати маъмурї - техникии намояндагии дипломатии давлати хориљї

Агар аъзои њайати маъмурї–техникии намояндагии дипломатии давлати хориљї ва аъзои оилаи њамзисти онњо дар Љумњурии Тољикистон доимї зиндагї накунанд ва шањрвандони Љумњурии Тољикистон набошанд, метавонанд моли таъиноти ниёзи аввалия ва барои истифодаи шахсї ва хонаводагї пешбинигардидаро бо озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва бидуни ба ин мол татбиќ намудани мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид намоянд.

Моддаи 324. Имтиёзњои гумрукие, ки ба аъзои њайати дипломатии намояндагии давлати хориљї, ба аъзои њайати маъмурї–техникї ва хизматрасонї пешнињод карда мешаванд

Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хориљї, бо назардошти усули муносибатњои мутаќобила бо давлати алоњидаи хориљї имтиёзњои гумрукии ба аъзои њайати дипломатии намояндагии давлати хориљї пешбининамудаи њамин Кодекс метавонанд ба аъзои маъмурї –техникї ва хизматрасонии ин намояндагї, инчунин аъзои оилаи онњо, ки дар Љумњурии Тољикистон доимї зиндагонї намекунанд ва шањрвандони Љумњурии Тољикистон намебошанд, дар асоси принсипи њамкорї бо давлати хориљї татбиќ гарданд.

Моддаи 325. Интиќоли мол аз тарафи муассисањои консулгарии давлатњои хориљї ва аъзои њайати онњо

1. Ба муассисањои консулгарии давлатњои хориљї, шахсони мансабдори консулгарињои хориљї, аз љумла ба сардори муассисањои консулгарии давлати хориљї, ба хидматчиёни муассисањои консулгарии давлати хориљї, њамчунин ба аъзои оилаи онњо имтиёзњои гумрукии мувофиќи њамин Кодекс барои намояндагии њайати дипломатии давлатњои хориљї ё њайати дахлдори намояндагии дипломатии давлати хориљї пешбинишуда фароњам оварда мешавад.

2. Дар асоси созишномаи махсус бо давлати хориљї ба кормандони њайати хизматрасонии муассисаи консулгарии давлати хориљї, њамчунин аъзои оилаи онњо, ки дар Љумњурии Тољикистон доимї зиндагонї намекунанд, тибќи принсипи њамкорї бо давлати алоњидаи хориљї имтиёзњои гумрукие, ки мувофиќи њамин Кодекс барои аъзои дахлдори њайати дипломатии намояндагии давлатњои хориљї пешбинї гардидааст, фароњам оварда мешавад.

Моддаи 326. Интиќоли почтаи дипломатї ва вализаи консулгарии давлатњои хориљї аз сарњади гумрукї

1. Почтаи дипломатї ва вализаи консулгарии давлатњои хориљиро, ки аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќол дода мешаванд, кушодан ва боздоштан мумкин нест. Њангоми мављудияти асосњои љиддии эњтимоли он, ки дар вализаи консулї њуљљатњо ва (ё) моли дар ќисми 3 њамин модда зикрнашуда љой доранд, маќоми гумрук њуќуќ дорад талаб намояд, ки вализаи консулї аз тарафи шахси ваколатдори давлати хориљї дар њузури корманди маќоми гумрук кушода шавад. Њангоми розї нашудан ба кушодани вализаи консулї он ба мањали ирсолкунанда баргардонида мешавад.

2. Њамаи љойњои почтаи дипломатї ва вализањои консулї бояд ишорањои аёни зоњирие дошта бошанд, ки аз хусусияти ин љойњо гувоњї медињанд.

3. Почтаи дипломатї метавонад танњо њуљљат ва моли дипломатиро, ки барои истифодаи расмї пешбинї шудааст ва вализаи консулї бошад танњо мукотибаи расмї, њуљљат ё молеро дар бар гирад, ки мустаќиман барои истифодаи расмї пешбинї шудааст.

Моддаи 327. Имтиёзњои гумрукї ба курерњои дипломатї ва консулии хориљї

Курерњои дипломатї ва консулии давлатњои хориљї метавонанд ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон моли барои истифодаи шахсї ва хонаводагї таъингардидаро тибќи принсипи муносибатњои мутаќобила бо давлати алоњидаи хориљї бидуни муоинаи гумрукї ва пардохти бољњои гумрукї, андозњо ва истифодаи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид кунанд ва аз ин ќаламрав содир намоянд.

Моддаи 328. Имтиёзњои гумрукї барои намояндагон ва аъзои њайати вакилони давлатњои хориљї

Ба намояндагони давлатњои хориљї, аъзои њайати вакилони парлумон ва њукумат, инчунин дар асоси муносибатњои мутаќобила бо аъзои њайати вакилони давлатњои хориљї, ки ба Љумњурии Тољикистон барои иштирок дар гуфтушунидњои байналмилалї, конференсияњо ва маљлисњои байналмилалї ё бо супоришњои дигари расмї меоянд, имтиёзњои гумрукии барои аъзои њайати дипломатии намояндагони давлатњои хориљї пешбининамудаи њамин Кодекс фароњам оварда мешаванд. Ин гуна имтиёзњо барои аъзои оилаи њамроњикунандаи онњо низ фароњам оварда мешаванд.

Моддаи 329. Интиќоли мол аз тарафи њайати дипломатї, шахсони мансабдори консулгарї, намояндагон ва аъзои њайати вакилони давлатњои хориљї, ки ба тариќи транзит аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон убур мекунанд

Ба аъзои њайати дипломатии намояндагињои давлатњои хориљї ва шахсони мансабдори консулгарии давлатњои хориљї, аъзои оилаи онњо, ки дар моддаи 328 њамин Кодекс зикр шудаанд ва ба тариќи транзит аз Љумњурии Тољикистон убур мекунанд, имтиёзњои ба аъзои њайати дипломатии намояндагї пешбининамудаи њамин Кодекс фароњам оварда мешавад.

Моддаи 330. Имтиёзњои гумрукї барои ташкилотњои байналмилалии байнидавлатї ва байнињукуматї, намояндагињои давлатњои хориљии назди онњо, њамчунин барои кормандони ин ташкилоту намояндагињо

Имтиёзњои гумрукї барои ташкилотњои байналмилалии байнидавлатї ва байнињукуматї, намояндагињои давлатњои хориљии назди онњо, њамчунин барои њайати ин ташкилоту намояндагињо ва аъзои оилаи онњо мувофиќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд.