ФАСЛИ III. ПАРДОХТЊОИ ГУМРУКЇ

ВА ХИРОЉЊОИ ГУМРУКЇ

Боби 41. ЊОЛАТЊОИ УМУМИИ МАРБУТ

БА ПАРДОХТЊОИ ГУМРУКЇ ВА ХИРОЉЊОИ

ГУМРУКЇ. НАВЪЊОИ ПАРДОХТЊОИ

ГУМРУКЇ ВА ХИРОЉЊО

Моддаи 340. Пардохтњои гумрукї ва намудњои онњо

1. Ба пардохтњои гумрукї дохил мешаванд:

1) бољи гумрукї;

2) андоз аз арзиши иловашуда, ки њангоми воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ситонида мешавад;

3) аксиз, ки њангоми воридоти мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ситонида мешавад.

2. Пардохтњои гумрукї ситонида мешаванд, агар онњо мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян шуда бошанд.

3. Бољњои махсус, зиддидемпингї ва љубронї, ки мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешаванд, тибќи ќоидањои пешбининамудаи њамин Кодекс нисбати ситонидани бољњои гумрукии воридотї пардохт карда мешаванд.

4. Пардохткунанда, тартиби њисоб ва пардохти андозро ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

Моддаи 341. Бољњои гумрукї

1. Бољњои гумрукї њангоми декларатсия кардани мол дар низомњои гумрукие, ки шартњои тањти ин низом љойгиркунонї супурдани бољњои гумрукиро таъмин мекунанд, мувофиќи њамин Кодекс пардохта мешаванд.

2. Ставкањои бољњои гумрукиро Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд ва мувофиќи моддаи 4 њамин Кодекс эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 342. Намудњои ставкањои бољњои гумрукї

Ставкањои бољњои гумрукї ба чунин гурўњњо таќсим мешаванд:

1) адвалорї – ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандї ќароргирифта бо фоиз њисоб карда мешаванд;

2) махсус – тибќи њаљми муќарраршудаи воњиди моли мавриди андозбандї ќароргирифта њисоб карда мешаванд;

3) омехта – њар ду навъи зикршудаи ставкањои пардохти гумрукиро дар бар мегиранд.

Моддаи 343.Бољњои гумрукии мавсимї

Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад бољњои гумрукии мавсимиро барои танзими фаъолияти тиљорати хориљї муќаррар намояд. Дар ин њолат ставкањои бољњои гумрукии муќаррарнамудаи тарифи гумрукї истифода карда намешаванд. Мўњлати амали бољњои гумрукии мавсимї дар як сол набояд аз шаш моњ зиёд бошад.

Моддаи 344.Намудњои хоси бољњо

Бо маќсади њимояи манфиатњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон нисбати моли воридотї бољњои хоси гумрукї метавонанд муваќќатан истифода карда шаванд (махсус, зиддидемпингї ва љубронї):

1) бољњои махсус ин тариќ истифода мегарданд:

- ба сифати тадбири муњофизатї, агар мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба чунин миќдор ё шартњое ворид шавад, ки он тавонад ба истењсолкунандагони ватании моли шабењ ва ё моли бевосита раќобаткунанда зарар расонад ё тањдиди зарар расонидан намояд;

- њамчун тадбири љавобї ба амалњои табъизї (дискриминатсионї) ва амалњои дигари баъзе кишварњо ё иттињодияњои онњо, ки манфиати Љумњурии Тољикистонро халалдор менамоянд.

2) бољњои зиддидемпингї дар сурати ворид намудани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо нархи нисбат ба нархи гумрукии миёнаи омории дар кишвари содиркунанда дар лањзаи воридот нињоят пасттар, агар чунин воридот ба истењсолкунандагони дохилии моли шабењ зарари моддї расонад ё тањдиди зарар расонидан намояд ё ба ташкил ва ё ба бештар истењсол намудани чунин мол дар Љумњурии Тољикистон мамониат кунад, истифода мегарданд.

3) бољњои љубронї, њангоми ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид намудани моле, ки њангоми истењсол ё содир кардани он бевосита ё бавосита аз субсидия истифода шудааст ва агар чунин воридот ба истењсолкунандагони ватании моли шабењ зарари моддї расонад ё тањдиди зарар расонидан намояд ё ба ташкил ва ё ба истењсоли бештари моли шабењ дар Љумњурии Тољикистон мамониат кунад, истифода бурда мешаванд.

Моддаи 345. Озодкунии молњои алоњида аз пардохти бољњои гумрукї

Намудњои зерини моли воридотї аз пардохти бољњои гумрукї озод карда мешавад:

1) воридоти асъори миллї ва (ё) хориљї (ба ѓайр аз маќсадњои нумизматї), инчунин коѓазњои ќиматнок;

2) воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз љониби Бонки миллии Тољикистон, инчунин воридоти тилло, нуќра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосњои табиї (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавњар, шпинел аз љониби Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон барои Хазинаи давлатии сарватњо;

3) воридоти мол ба сифати кўмаки башардўстона ва воридоти моле, ки ба маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон ройгон дода мешавад;

4) воридоти таљњизоти истењсолию технологї ва мањсулоти такмилии (комплектии) онњо (ки маљмўи ягонаро ташкил медињанд, яъне бе онњо кори таљњизоти истењсолию технологї имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонањо ё азнавтаљњизонии техникии истењсолоти амалкунанда ба шарте ки ин амвол мустаќиман дар истењсоли мол, иљрои корњо ва хизматрасонї мутобиќи њуљљатњои таъсисотии корхона истифода гардад ва ба категорияи моли тањти аксиз ќарор нагирад, инчунин амволи шахсие, ки кормандони хориљии корхонањои дорои инвеститсияњои хориљї мустаќиман барои эњтиёљоти худ ба Љумњурии Тољикистон ворид менамоянд. Дар сурате, ки агар чунин корхона барњам дода шавад, ё таљњизоти истењсолии технологї ва мањсулоти такмилии (комплектии) онњо, ки ба Љумњурии Тољикистон ворид карда шудаанд, дар љараёни чор сол аз лањзаи воридот ба љумњурї истифода бурда нашаванд ё аз љониби ин корхона ба дигар шахс фурўхта шаванд, бољњои гумрукї, ки мутобиќи њамин банд пардохта нашудаанд, бояд ба буљет ситонида шаванд. Фароњам овардани ин имтиёзот ва ба таљњизоти истењсолию технологї мансуб намудани таљњизот тибќи тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад;

5) воридоти техникаи кишоварзї, ќисмњои эњтиётии он, инчунин дорувории тиббї аз рўи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї мутобиќи рўйхати муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон;

6) воридоти моле, ки барои татбиќи лоињањои маќсадноки маъќулдонистаи Њукумати Љумњурии Тољикистон аз њисоби (дар доираи) маблаѓи грантњо ва (ё) кредитњое (ќарзњое), ки шахсони њуќуќї ва воќеї, давлатњои хориљї, њукуматњои давлатњои хориљї ё ташкилотњои байналмилалї фароњам овардаанд, амалї гардонда мешаванд;

7) воридоти мол барои сохтмони объектњои махсусан муњим. Номгўи чунин мол ва объектњои махсусан муњимро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

Моддаи 346. Имтиёзњои тарифї

1. Тањти мафњуми имтиёзњои тарифї чунин имтиёзе фањмида мешавад, ки њангоми татбиќи сиёсати тиљоратии Љумњурии Тољикистон бо тартиби яктарафа шартњои муносибатњои мутаќобила ё нисбати моли аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќолшаванда, баргардонидани бољи ќаблан пардохташуда, озод кардан аз пардохти бољи гумрукї, кам кардани ставкаи бољи гумрукї, муќаррар намудани квотањои тарифї барои воридоти (содироти) имтиёзноки мол пешнињод карда мешавад.

2. Имтиёзњои тарифї мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

Моддаи 347. Хирољњои гумрукї ва намудњои онњо

Ба хирољњои гумрукї дохил мешаванд:

1) хирољи гумрукї барои барасмиятдарории гумрукї;

2) хирољи гумрукї барои мушоияти гумрукї;

3) хирољи гумрукї барои нигањдории мол дар анборњои маќоми гумрук;

4) хирољи гумрукї барои додани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумрукї.

Моддаи 348. Андозаи хирољњои гумрукї

1. Њангоми барасмиятдарории молу воситањои наќлиёт, мушоияти гумрукии мол ва воситањои наќлиёт, нигоњдории мол дар анборњои маќоми гумрук, инчунин барои додани шањодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарорандаи гумруки хирољњои гумрукї тибќи тартиб ва андозаи муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ситонида мешаванд.

2. Хирољњои гумрукї аз љињати андоза бояд бо арзиши тахминии хизматрасонї мањдуд шуда бошанд ва набояд асоси ѓайримустаќими њимояи моли ватанї ё бо маќсади ситонидани бољу хирољ асоси андозбандии моли хориљї њангоми воридоти он гарданд.

Моддаи 349. Ба миён омадан ва ќатъи ўњдадории пардохти бољњои гумрукї ва андоз. Њолатњое, ки бољњои гумрукї ва андоз пардохта намешаванд

1. Њангоми интиќоли мол аз сарњади гумрукї ўњдадории пардохти бољњои гумрукї ва андоз дар њолати зайл ба миён меоянд:

1) њангоми воридоти мол – аз лањзаи убури сарњади гумрукї;

2) њангоми содироти мол - аз лањзаи пешнињоди декларатсияи гумрукї ё анљом додани амалњое, ки маќсад аз онњо мустаќиман содир намудани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон аст.

2. Бољњои гумрукї ва андоз супорида намешаванд, агар:

1) мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ё њамин Кодекс:

- аз мол бољњои гумрукї ва андоз ситонида нашаванд;

- агар мол аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз шартан пурра озод карда шуда бошад – дар давраи амали ин гуна озодкунї ва бо риояи шартњое, ки дар натиљаи онњо мол аз пардохти бољу андозњо озод карда шудааст;

2) агар то иљозат барои муомилоти озод ва њангоми аз тарафи шахсон вайрон нашудани талаботу шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс моли хориљї бар асари садама ва ё таъсири ќувваи рафънопазир ё дар натиљаи фарсудашавии табиї ва ё талаф дар шароити муќаррарии интиќол, нигањдорї ва истифодабарї тамоман нобуд ё тамоман талаф шуда бошад;

3) агар мол мувофиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба моликияти давлатї гузаронида шавад.

3. Нисбати моле, ки барои муомилоти озод дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон иљозат дода шудааст ва ё аз ин ќаламрав содир карда шудааст, дар њолатњои пешбининамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон ўњдадории пардохти бољњои гумрукї ва андоз ќатъ меёбад.

Моддаи 350. Шахсоне, ки барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъуланд

1. Шахси масъул барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз декларант ба њисоб меравад. Агар мол аз тарафи брокери гумрук (намоянда) декларатсия карда шавад, ў мувофиќи ќисми 2 моддаи 144 њамин Кодекс барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз шахси масъул њисоб меёбад.

2. Њангоми риоя нашудани муќаррароти њамин Кодекс дар бораи истифодабарї ва ихтиёрдории мол ё иљрои дигар талаботу шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс барои татбиќи расмиёти гумрукї ва низоми гумрукї, ки мазмуни онњо пурра ё ќисман аз супурдани бољњои гумрукї ва андоз озод карданро пешбинї менамояд, шахсони барои супурдани бољњои гумрукї ва андоз масъул дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс соњиби анбори нигањдории муваќќатї, соњиби анбори гумрукї, интиќолдињанда, шахсоне, ки ба зиммаи онњо масъулияти риояи низомњои гумрукї гузошта шудааст, њисоб мешаванд.

3. Њангоми насупурдани бољњои гумрукї ва андоз, аз љумла њангоми нодуруст њисоб кардан ва (ё) дер супурдани онњо дар назди маќомоти гумрук шахсе љавобгар аст, ки масъулияти супурдани бољњои гумрукї ва андозро ба зимма дорад.

4. Њангоми интиќоли ѓайриќонунии молу воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукї масъулияти супурдани бољњои гумрукї ва андоз ба ўхдаи шахси интиќолдињандаи ѓайриќонунии молу воситањои наќлиёт ва ба зиммаи шахсе мебошад, ки дар интиќоли ѓайриќонунї иштирок мекунад, агар онњо аз чунин интиќоли ѓайриќонунии молу воситањои наќлиёт огоњ буданд ва ё бояд огоњ мебуданд, њангоми воридот бошад, инчунин шахсоне масъуланд, ки молу воситањои наќлиёти ѓайриќонунї воридшударо барои худ харида гирифтаанд ва ё моликияти худ ќарор додаанд, ба шарте ки њангоми харидан ѓайриќонунї ворид шудани онњоро медонистанд ё худ бояд огоњ мебуданд, ки ин ваљњ ба таври зарурї тибќи тартиби муайянкардаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тасдиќ шудааст. Агар шахсони номбаршуда дар содироту воридоти ѓайриќонунии молу воситањои наќлиёт ба сифати декларант амал карда бошанд, онњо барои супурдани бољњои гумрукї ва андоз, чунин масъулиятро ба зимма доранд.

Моддаи 351. Мањдудиятњо оид ба маблаѓи умумии бољњои гумрукї ва андоз нисбати моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда

Маблаѓи умумии бољњои гумрукї ва андоз нисбати моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда наметавонад аз маблаѓи бољњои гумрукї ва андозе, ки бояд супорида шаванд, зиёд бошад, чуноне ки агар мол барои муомилоти озод њангоми ворид шуданаш ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон, бе супурдани фоиз иљозат дода шудааст, ба истиснои њолатњое, ки маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз дар натиљаи таѓйир ёфтани ставкањои бољњои гумрукї ва андоз зиёд мешавад ва нисбати мол ставкањои бољњои гумрукї ва андози дар рўзи ќабули декларатсияи гумрукї амалкунанда аз тарафи маќоми гумрук њангоми арзи таѓйири низоми гумрукї татбиќ мегардад. Дар ин њолат маблаѓи супоридаи бољњои гумрукї ва андоз, ки њангоми истифодаи низоми гумрукии пешина пардохта шудааст, њангоми супурдани маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи шартњои низоми аз нав интихобшудаи гумрукї ба њисоб гирифта мешавад.