Боби 50. ШАКЛ ВА ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ

НАЗОРАТИ ГУМРУКЇ

Моддаи 407. Шаклњои назорати гумрукї

Шаклњои назорати гумрукї чунинанд:

1) тафтиши њуљљату маълумот;

2) пурсиши шифоњї;

3) гирифтани тавзењот;

4) мушоњидаи гумрукї;

5) азназаргузаронии гумрукии молу воситањои наќлиёт;

6) муоинаи гумрукии молу воситањои наќлиёт;

7) муоинаи шахс;

8) тафтиши маркировкаи мол бо маркањои махсус, мављудияти воситањои њаммонандсозї;

9) азназаргузаронидани бино ва њудуди он;

10) санљиши гумрукї.

Моддаи 408. Тафтиши њуљљату маълумот

1. Маќомоти гумрук њуљљату маълумоти њангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситањои наќлиёт пешнињодшударо мутобиќи њамин Кодекс, бо маќсади муќаррар кардани аслї будани њуљљатњо ва сањењии маълумоти онњо, инчунин дуруст ба расмият дароварда шудани онњоро тафтиш менамоянд.

2. Дурустии маълумоти ба маќомоти гумрук пешнињодшуда њангоми барасмиятдарории гумрукї бо роњи муќоисаи онњо бо маълумоти аз дигар манбаъњо гирифташуда, аз љумла тибќи натиљаи шаклњои дигари назорати гумрукї, тањлили маълумоти омори гумрукии махсус, коркарди маълумот бо истифодаи воситањои барномавї, инчунин бо дигар роњњое, ки ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон манъ накардааст, тафтиш карда мешавад.

3. Њангоми назорати низоми гумрукї маќомоти гумрук њуќуќ доранд ба таври асоснок њуљљату маълумоти иловагиро танњо бо маќсади тафтиши маълумоти дар декларатсияи гумрукї ва дигар њуљљатњои гумрукї дарљгардида дархост карда гиранд. Маќоми гумрук чунин њуљљату маълумотро дар шакли хаттї талаб мекунад ва мўњлати пешнињоди онњоро муайян мекунад, ки бояд барои тафтиш кифоя бошад.

4. Дархости њуљљату маълумоти иловагї ва тафтиши онњо барои иљозати мол ба муомилот монеа намешавад (моддаи 149), ба шарте агар дар њамин Кодекс тартиби дигар пешбинї нашуда бошад.

Моддаи 409. Пурсиши шифоњї

Њангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситањои наќлиёте, ки аз сарњади гумрукї интиќол дода мешаванд, шахсони мансабдори маќомоти гумрук њуќуќ доранд пурсиши шифоњии шахсони воќеї, инчунин шахсонеро, ки намояндагони ташкилотњои ваколатдори чунин молу воситањои наќлиёт мебошанд, бе тартиб додани тавзењи ин шахсон дар шакли хаттї доир намоянд.

Моддаи 410. Гирифтани тавзењот

1. Гирифтани тавзењот, яъне аз љониби шахсони мансабдори маќомоти гумрук дар бораи вазъе, ки барои назорати низоми гумрукї зарур аст, аз шахсони дар моддаи 15 њамин Кодекс зикргардида, декларантњо ва дигар шахсоне, ки бо интиќоли молу воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукї машѓуланд ва чунин маълумотро доранд.

2. Тавзењот ба таври хаттї тартиб дода мешавад. Намунаи тавзењот аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

Моддаи 411. Мушоњидаи гумрукї

Мушоњидаи гумрукї яъне ошкоро, маќсаднок, мунтазам ё як маротиба, мустаќим ё ѓайримустаќим (бо истифодаи воситањои техникї) аз љониби шахсони мансабдори ваколатдори маќоми гумрук бо чашм мушоњида кардани интиќоли молу воситањои наќлиёти тањти назорати гумрукї ќарордошта, амалиёти боркашонї ва дигар амалиёт мебошад.

Моддаи 412. Азназаргузаронии гумрукии молу воситањои наќлиёт

1. Азназаргузаронии гумрукии молу воситањои наќлиёт, яъне азназаргузаронии мол, баѓочи шахсони воќеї, воситањои наќлиёт, зарфњои боркашї, тамѓањои гумрукї, мўњру дигар воситањои њаммонандсозии мол бо маќсади назорати гумрукї аст, ки аз тарафи шахсони мансабдори маќомоти гумрук сурат мегирад, ба шарте, ки чунин азназаргузаронї ба кушодани дари воситањои наќлиёт ё баровардани онњо ва осеб дидани борљомаи мол алоќаманд набошад.

2. Дар минтаќаи назорати гумрукї азназаргузаронии гумрукии молу воситањои наќлиёт мумкин аст дар ѓайби декларант ва дигар шахсони ваколатдори молу воситањои наќлиёт ва намояндагони онњо сурат гирад, ба истиснои њолатњое, ки агар шахсони зикргардида хоњиши њангоми муоинаи гумрукї иштирок карданро дошта бошанд.

3. Агар дар рафти азназаргузаронии гумрукии молу воситањои наќлиёт маълум гардад, ки миќдори мол њангоми декларатсиякунонї нодуруст нишон дода шудааст, маќоми гумрук миќдори молро барои маќсадњои гумрукї мустаќилона муайян мекунад.

4. Аз натиљаи азназаргузаронии гумрукии молу воситањои наќлиёт, агар натиљаи чунин азназаргузаронї дар оянда зарур бошад, шахсони мансабдори маќомоти гумрук тибќи намунаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї акт тартиб медињанд. Бо талаби шахси ваколатдори мол ва (ё) воситањои наќлиёт шахсони мансабдори маќомоти гумрук вазифадоранд акт тартиб дињанд ё дар њуљљатњои наќлиётии (боркашонии) дар дасти ин шахс буда дар бораи азназаргузаронии гумрукии молу воситањои наќлиёт сабт гузоранд. Нусхаи дуюми акти азназаргузаронии гумрукї ба шахси ваколатдори мол ва (ё) воситањои наќлиёт супорида мешавад.

Моддаи 413. Муоинаи гумрукии молу воситањои наќлиёт

1. Муоинаи гумрукї, яъне аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори маќоми гумрукї барои азназаргузаронии молу воситањои наќлиёт бо кушодани тамѓа, мўњр ва дигар воситаи њаммонандсозии амвол, кушодани борљомаи мол ё боргоњи воситаи наќлиёт ё зарфу контейнерњо ва дигар љойњо, ки дар онњо мол њаст ё буданаш мумкин аст, гузаронида мешавад.

Муоинаи гумрукии мол баъди ќабули декларатсияи гумрукии мол гузаронида мешавад. То ќабули декларатсияи гумрукии моле, ки ба минтаќаи гумрукии Љумњурии Тољикистон оварда мешавад, муоинаи гумрукї бо маќсади њаммонандсозии мол барои маќсадњои гумрукї ё њангоми будани маълумот доир ба вайронкунии ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон љињати муоинаи чунин маълумот, инчунин барои назорати гумрукї дар асоси тафтиши интихобї гузаронида мешавад.

2. Шахси мансабдори ваколатдори маќоми гумрук барои муоинаи гумрукї ќарор ќабул карда, декларант ё дигар шахси ваколатдори мол ва (ё) воситањои наќлиётро, агар ў маълум бошад, дар ин бора хабардор мекунад. Њангоми муоинаи гумрукии молу воситањои наќлиёт шахсони зикршуда иштирок карда метавонанд ва бо талаби шахсони мансабдори ваколатдори маќомоти гумрук бошад, шахсони зикргардида ё намояндањои онњо вазифадоранд иштирок намоянд. Њангоми набудани намоянда, ки интиќолдињанда махсус ваколатдор намудааст, чунин шахси воќеї идоракунандаи воситаи наќлиёт мебошад.

3. Њангоми набудани декларант ё дигар шахсњои нисбати мол ва (ё) воситањои наќлиёт ваколатдор ва намояндањои онњо маќоми гумрук њуќуќ дорад дар њолатњои зерин муоинаи гумрукї гузаронад:

1) дар сурати наомадани шахсони мазкур баъди гузаштани мўњлати дар ќисми 1 моддаи 129 њамин Кодекс муайяншуда;

2) љой доштани тањдид ба бехатарии давлатї, тартиботи љамъиятї, њаёт ва саломатии инсон, њайвонот, наботот, муњити табиии зист, њифзи арзишњои маданї ва дигар њолатњое, ки таъхирнопазир аст (аз љумла нишонањое, ки ба моддаи оташангез, ашёи дорои хатари таркиш, тарканда, зањролудкунанда, моддањои химиявию биологии хатарнок, воситањои нашъадор, моддањои психотропї, зудтаъсиркунанда, зањролуд, зањрнок, моддањои радиоактивї, маводи ядрої ва дигар моли шабењ, ки аз бадбўй будани мол далолат мекунанд.);

3) тањвили мол тавассути почтаи байналмилалї (боби 38) ;

4) дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон гузоштани молу воситањои наќлиёт бо вайрон кардани низоми гумрукии аз ин ќаламрав баровардани молу воситањои наќлиёт.

Молу воситањои наќлиёт дар њолатњои зикршуда бо иштироки шахсони холис мавриди муоинаи гумрукї ќарор мегиранд.

4. Агар як ќисми моле, ки дар декларатсияи гумрукї чун моли як номгўй аз муоинаи гумрукї гузашта бошад, натиљаи чунин муоина ба њамаи чунин моли дар декларатсияи гумрукї ќайдшуда дахл мекунад. Агар, декларант ё дигар шахсони нисбати мол ваколатдор чунин шуморанд, ки натиљаи муоина њамаи молро фаро нагирифтааст, онњо њуќуќ доранд гузаронидани муоинаи гумрукии иловагии ќисми боќимондаи молро талаб намоянд.

5. Агар дар рафти муоинаи гумрукии молу воситањои наќлиёт далели нодуруст нишон додани миќдори мол њангоми декларатсиякунонї муќаррар карда шавад, маќоми гумрук миќдори молро барои маќсадњои гумрукї мустаќилона муайян мекунад.

6. Тибќи натиљаи муоинаи гумрукї ду нусха акт тартиб дода мешавад. Дар акти гузаронидани муоинаи гумрукї маълумоти зерин нишон дода мешавад:

1) маълумот дар бораи шахсони мансабдори маќомоти гумрук, ки муоинаи гумрукї гузарониданд ва шахсоне, ки дар муоинаи гумрукї иштирок доштанд;

2) сабабњои гузаронидани муоинаи гумрукї бе иштироки декларант ё дигар шахси нисбати молу воситањои наќлиёт ваколатдор;

3) натиљаи муоинаи гумрукї.

Намуди акт аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќ карда мешавад.

Нусхаи дуюми акт ба шахси нисбати мол ва (ё) воситањои наќлиёт ваколатдор ё ба намояндаи мол супорида мешавад, ба шарте, ки ў аниќ карда шуда бошад.

Моддаи 414. Муоинаи шахс

1. Муоинаи шахс њамчун шакли истисноии назорати гумрукї бо ќарори сардори маќоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ў њангоми мављуд будани далели кофї барои гумонбар шудан ба он, ки шахси воќеии аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон гузаранда ё дар минтаќаи назорати гумрукї ё дар минтаќаи транзитии фурудгоњи кушодаи байналмилалї ќарордошта моли барои воридот ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва содирот аз ин ќаламрав манъбударо ё интиќоли онро бо вайрон кардани тартиботи дар њамин Кодекс муќарраршуда пинњон карда, онро ихтиёран намедињад, иљозат дода мешавад.

Ќарори муоинаи шахс аз тарафи сардори маќоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ў бо гузоштани амри хаттї ба гузориши шахси мансабдори маќомоти гумрук ќабул карда мешавад.

2. Шахси мансабдори маќоми гумрук вазифадор аст, ки шахси воќеиро ќабл аз шурўи муоинаи шахсї бо ќарори муоина шудани шахс, њуќуќу вазифањояш њангоми муоина шинос карда, таклиф намояд, ки моли пинњонкардаашро ихтиёран супорад.

Далели шиносоии шахси воќеї бо ќарори муоина шудани ў бо роњи аз тарафи шахси мазкур гузоштани сабти дахлдор дар ин ќарор тасдиќ карда мешавад. Дар сурати аз чунин амал даст кашидан дар ин бора дар ќарори муоина шудани шахс сабт гузошта мешавад ва бо имзои шахси мансабдори маќомоти гумрук, ки оид ба муоинаи шахс ќарор ќабул кардааст, тасдиќ карда мешавад.

3. Шахс аз тарафи шахсони мансабдори маќомоти гумрукї, ки бо ў њамљинс мебошанд, дар њузури ду шахси холиси њамљинсаш дар бинои алоњидае, ки ба талаботи санитарию гигиенї мувофиќ аст, муоина карда мешавад.

Ба ин бино даромадани шахсони воќеии дигар ва рафти муоинаи шахсро мушоњида кардани онњо манъ аст. Тани шахси муоинашавандаро бояд танњо корманди тиб ташхис намояд ва ў њуќуќ надорад, ки аз иљрои ќарори сардори маќомоти гумрук ё шахси вайро ивазкунанда оид ба муоинаи шахс саркашї кунад.

Њангоми муоинаи шахсони ноболиѓ ва ѓайри ќобили амал, намояндагони ќонунии онњо (падар ё модар, падархонд, сарпараст, парастор,) ё шахсони ўро њамроњикунанда њуќуќи иштирок доранд.

4. Шахс бояд боодобона муоина шуда, ба иззати нафси ў нарасанд, ба саломатї ва моли шахси муоинашаванда дар сатњи зарурии барои ёфтани моли аз тарафи шахси воќеї пинњонкардашуда зарари ѓайриќонунї расонида нашавад.

5. Шахс (намояндаи ќонунии вай) дар рафти муоина вазифадор аст талаботи ќонунии шахси мансабдори муоинакунандаи маќоми гумрукро иљро намояд ва ў њуќуќ дорад:

1) талаб намояд, ки ќарори сардори маќоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ўро дар бобати муоина шуданаш нишон дињанд;

2) бо њуќуќу ўњдадорињои худ шинос шавад;

3) баёнот дињад, дархост пешнињод кунад;

4) баъди тартиб додани акти муоина бо он шинос шавад ва изњорот дињад, он бояд ба ин акт дохил карда шавад;

5) аз забони модарї ё хизмати тарљумон истифода намояд;

6) мутобиќи њамин Кодекс баъди анљом ёфтани муоинаи шахс ба шарте, ки њуќуќу манфиатњои ќонунии худро њангоми муоина шуданаш поймолшуда њисобад, метавонад аз амали шахсони мансабдори маќомоти гумрук шикоят намояд.

6. Оид ба муоинаи шахс аз рўи намунаи аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќгардида ду нусха акт тартиб дода мешавад.

Актро шахси мансабдори маќоми гумрук, ки шахсро муоина кардааст, шахси воќеие (намояндаи ќонунии ў), ки нисбати вай муоина гузаронида шудааст, шахсони холис ва агар ташхиси бадан гузаронида шуда бошад, корманди тиббї имзо мекунад. Нусхаи дуюми акт ба шахсе, ки мавриди муоина ќарор гирифтааст (намояндаи ќонунии ў), супорида мешавад.

Моддаи 415. Тафтиши маркировкаи мол бо маркањои махсус, дар онњо мављуд будани нишонањои њаммонандсозї

1. Маќомоти гумрук маркањои махсус доштани мол ё борљомаи он, воситањои њаммонандсозї ё дигар усулњои ишорагузории молро, ки барои тасдиќи воридоти расмии он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода мешаванд, тафтиш мекунанд.

2. Агар моли дар ќисми якуми њамин модда зикршуда маркањои махсус, воситањои њаммонандсозї ё усулњои дигари нишонагузорї надошта бошад, ин гуна далел њамчун ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бе расмиёти гумрукї ва иљозати мол барои муомилот овардани мол њисоб меёбад, ба шарте агар шахси дорандаи чунин мол акси ин њолатро исбот накунад.

Моддаи 416. Азназаргузаронии бино ва њудуди он

1. Бино ва њудуди он бо маќсади тасдиќи мављудияти молу воситањои наќлиёти тањти назорати гумрукї буда, аз љумла шартан иљозатдодашуда дар анборњои нигоњдории муваќќатї, анборњои гумрукї, анборњои озод, дар биноњои маѓозаи савдои бебољ, инчунин дар дасти шахсоне, ки бояд мол мутобиќи шартњои расмиёти гумрукї ё низоми гумрукии пешбининамудаи њамин Кодекс бошад, мавриди азназаргузаронї ќарор мегиранд. Бино ва њудуди он њангоми будани маълумот оид ба талафи мол ва (ё) воситањои наќлиёт, бегона ё истифода намудан бо дигар маќсад ё бо вайрон кардани талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс барои санљиши чунин маълумот, инчунин дар асоси тафтиши интихобї тафтиш карда мешавад.

2. Бино ва њудуди дар ќисми 1 њамин модда нишондоданашуда аз љониби маќомоти гумрук дар нуќтаи гузаргоњи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, дар минтаќањои назорати гумрукї, ки ќад - ќади сарњади гумрукї ташкил ёфтаанд, инчунин шахсонеро, ки моли овардаашонро ба таври чакана ё яклухт савдо мекунанд, дар сурати расидани маълумот дар мавриди дар бино ё њудуди тањти ихтиёрдории ин шахсон мављуд будани молу воситањои наќлиёте, ки ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо вайрон кардани тартиби пешбининамудаи њамин Кодекс оварда шудаанд ва барои тафтиши чунин маълумот аз назар гузаронида мешаванд.

3. Азназаргузаронии биноњои истиќоматї иљозат дода намешавад.

4. Бино ва њудуди он бо нишон додани амрномаи аз тарафи сардори маќоми гумрук ё шахси ўро ивазкунанда имзошуда ва шањодатномаи хизматї аз назар гузаронида мешавад. Номгўи шахсони мансабдори маќомоти гумрук, ки ба ин биною њудуд њуќуќи даромадан доранд, инчунин намунаи амрнома аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад. Агар ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон тартиби дигари дастрасии шахсони ваколатдори маќомоти давлатиро ба объектњои алоњида муќаррар карда бошад, шахсони ваколатдори маќомоти гумрук њуќуќ доранд ба объектњои зикргардида бо тартиби муайянкардаи ин санадњои њуќуќї ворид шаванд.

5. Њангоми роњ надодани шахсони мансабдори маќоми гумрук ба бино ва њудуди он, шахсони мазкур њуќуќ доранд бо рафъ намудани муќовимат ва кушодани дари бинои мањкам дар њузури ду шахси холис ба бино дароянд, ба истиснои њолатњое, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тартиби дигари ба объектњои алоњида ворид шудани шахсони мансабдори маќомоти давлатиро муќаррар кардааст. Маќомоти гумрук прокурорро аз њамаи њолатњои воридшавї ба биною њудуди он бо рафъи муќовимат, кушодани дари биноњои мањкам дар давоми 24 соат огоњ менамоянд.

6. Бино ва њудуди он бояд дар муддати кўтоњтарин аз назар гузаронида шавад ва он бояд аз 24 соат зиёд набошад.

7. Оид ба натиљаи азназаргузаронї тибќи намунае, ки маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќ мекунад, акт тартиб дода мешавад. Нусхаи дуюми акти мазкур ба дасти шахсе, ки бино ё њудуди он аз назар гузаронда шудааст, супурда мешавад.

Моддаи 417. Санљиши гумрукї

1. Маќомоти гумрук бо маќсади тафтиши далели иљозати мол, инчунин дурустии маълумоти дар декларатсияи гумрукї ва дигар њуљљатњо нишондодашуда, ки њангоми барасмиятдарории гумрукї пешнињод мегардад, бо роњи муќоисаи ин маълумот бо маълумоти њисобдории бухгалтерї, бо суратњисоб ва дигар маълумоти шахсоне, ки дар њамин модда зикр шудаанд, санљиши гумрукї мегузаронанд.

Санљиши гумрукї бо шаклњои умумї ва махсус гузаронида мешавад. Шаклњои умумї ва махсуси санљиш бо тартиби муайянкардаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї гузаронида мешавад.

2. Амали шахсону декларантњое, ки дар моддаи 15 њамин Кодекс зикр шудаанд ва шахсоне, ки декларант нестанд, аз тарафи маќомоти гумрук ба таври умумї санљида мешаванд.

Пеш аз саршавии санљиш нусхаи ќарори маќоми гумрук доир ба гузаронидани санљиш ба шахсе, ки бояд фаъолияташ санљида шавад, бо гузоштани сабти дахлдор дар Китоби баќайдгирии санљиши объектњои хољагидорї супорида мешавад.

Дар рафти санљиши гумрукии умумї маќомоти гумрук њуќуќ доранд дар доираи салоњияти худ барои дастрас кардани манбаи маълумоти системаи иттилоотии автоматикунонидашуда, бо назардошти талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи њифзи иттилоот, иљозат гиранд.

Санљиш бояд дар муддати кўтоњтарин гузаронида шавад ва бояд аз се рўзи корї зиёд набошад. Гузаронидани санљиш набояд ба анљом додани фаъолияти истењсолию тиљоратии шахси тафтишшаванда мамониат кунад.

Ба санљиши такрории умумии гумрукї нисбати њамон як мол роњ дода намешавад.

3. Санљиши махсуси гумрукиро маќомоти гумрук нисбати ин шахсон мегузаронанд:

1) шахсоне, ки дар ќисми 2 њамин модда зикр шудаанд, агар дар натиљаи санљиши умумии гумрукї ё њангоми татбиќи дигар намуди назорати гумрукии пешбининамудаи њамин боб маълумоте ошкор шуда бошад, ба мўътамадии маълумоти њангоми барасмиятдарории гумрукї пешнињодшуда ё аз истифода ва ихтиёрдории мол бо вайрон кардани талабот ва мањдудиятњои муќарраршуда шањодат дињанд;

2) брокерњои гумрукї (намояндагон) соњибони анборњои нигоњдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї, соњибони анборњои озод, соњибони маѓозањои савдои бебољ ва боркашонњои гумрукї – њангоми ошкор шудани маълумоте, ки дар бораи вайрон кардани њисоби моли аз сарњади гумрукї интиќолшаванда ва њисобот дар бораи онњо ё риоя накардани дигар талаботу шартњои фаъолияти навъи дахлдори муќарраркардаи њамин Кодекс, шањодат медињанд;

3)шахсоне, ки моли овардаашонро ба таври чакана ё яклухт савдо мекунанд - њангоми ошкор шудани маълумот, ки гувоњї медињад ба ќаламрави гумрукї овардани мол талаботу шартњои дар њамин Кодекс мукарраргардида риоя нашудааст ва дар натиља тартиби пардохти бољи гумрукию андозњо ё мамнўияту мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии гумрукии Љумњурии Тољикистон риоя нашудаанд.

Санљиши гумрукии махсус аз тарафи сардори гумрук ё маќомоти болоии гумрук ё шахси ўро ивазкунанда таъин карда мешавад. Ќарори гузаронидани санљиши гумрукии махсус ба таври хаттї ќабул карда мешавад. Пеш аз гузаронидани санљиши гумрукии махсус нусхаи рухсатнома ба шахсе, ки нисбати ў санљиш сурат мегирад, супорида мешавад.

4. Њангоми гузаронидани санљиши махсуси гумрукї маќомоти гумрук њуќуќ доранд:

1) њар гуна њуљљату маълумот (инчунин њуљљатњои бонкї), аз љумла њуљљатњои электронии вобаста ба иљрои амалиёти истењсолї, тиљоратї ва дигар амалиёт нисбати моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон овардашударо ба таври ройгон талаб карда гиранд ва ба онњо шинос шаванд;

2) бино ва њудуди шахси тафтишшавандаро аз назар гузаронанд, инчунин дар њузури намояндањои ваколатдори шахси тафтишшаванда ва њангоми санљидани амали соњибкори алоњида бошад дар њузури ду шахси холис мутобиќи њамин Кодекс молро аз назар гузаронанд ва муоина кунанд;

3) молро мутобиќи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон рўйихат (инвентаризация) кунанд;

4) мутобиќи моддаи 418 њамин Кодекс молро ситонанд ё ба њабс гиранд.

5. Санљиши гумрукии махсус бояд дар муддати кўтоњтарини барои ин кор зарурї гузаронида шавад ва набояд аз рўзи ќабули ќарори гузаронидани санљиши гумрукии махсус аз 15 рўз зиёд давом кунад. Ин мўњлат давраи ба шахс додани дархост оид ба пешнињоди њуљљату маълумот ва аз тарафи шахс пешнињод кардани њуљљату маълумотро дар бар намегирад. Ба таври истисно маќомоти болоии гумрукї давомнокии мўњлати санљишро то як моњ дароз карда метавонанд.

Ба санљиши такрории махсуси гумрукї нисбати њамон як шахс ва њамон як мол иљозат дода намешавад.

6. Ба санљиши гумрукї (дар шакли умумї ва махсус) танњо нисбати шахсони њуќуќї ва соњибкорони алоњида иљозат дода мешавад.

7. Маќомоти гумрук бо маќсади санљиши гумрукї (дар шакли умумї ва махсус) натиљаи рўйихатгириеро, ки шахси нисбати мол ваколатдор анљом додааст ё нигоњдорандаи чунин мол ё маќомоти назораткунанда, хулосаи аудиторї, инчунин санаду хулосањои аз тарафи маќомоти давлатї тартибдодашударо метавонанд истифода кунанд.

8. Оид ба натиљаи санљиши гумрукї (дар шакли умумї ва махсус) тибќи намунаи муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї акт тартиб дода мешавад. Акт дар мўњлати зерин тартиб дода мешавад:

1) баъди як рўзи тамом шудани санљиши умумии гумрукї;

2) дар давоми 10 рўзи баъди ба охир расидани санљиши гумрукии махсус.

Нусхаи дуюми акт ба шахсе, ки нисбати ў санљиш гузаронида шудааст, супорида мешавад.

9. Агар њангоми гузаронидани санљиши гумрукї (дар шакли умумї ва махсус) дар соњаи фаъолияти гумрукї нишонањои љиноят ё њуќуќвайронкунии маъмурї ошкор карда шавад, тафтиши объектњое, ки дар фаъолияташон бевосита њуќуќвайронкунї муќаррар шудааст, боздошта мешавад. Дар ин њолат акт оид ба натиљаи гузаронидани санљиши гумрукї бетаъхир тартиб дода мешавад. Амали минбаъдаи маќомоти гумрук мутобиќи ќонунгузории љиноятию мурофиавии Љумњурии Тољикистон ё ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи њуќуќвайронкунии маъмурї сурат мегирад.

Моддаи 418. Ба њабс гирифтан ё ситонидани амвол њангоми санљиши махсуси гумрукї

1. Њангоми санљиши махсуси гумрукї мол дар њолатњои зерин ба њабс гирифта мешавад:

1) њангоми ошкор намудани моле, ки маркаи махсус, воситањои њаммонандсозї, ё тарзњои дигари нишонагузорї надорад ва чунин нишонагузориро њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои тасдиќи он, ки мол бо роњи ќонунї ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон ворид шудааст, пешбинї намудаанд ё онњо дорои маркаю нишонањои ќалбакї мебошанд;

2) дар њуљљатњои тиљоратии шахси тафтишшаванда маълумот оид ба иљозати мол аз тарафи маќомоти гумрук ќайд нашуда бошад, ба шарте ки мутобиќи санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон ишора шудани чунин маълумот дар њуљљатњои тиљоратї њангоми муомилоти мол дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон њатмї бошад, њамчунин њангоми ошкор намудани нодурустии ин гуна маълумот ё вуљуд надоштани њуљљатњои тиљоратї, ки дар онњо чунин маълумот бояд зикр шаванд;

3) ошкор намудани далелњои истифода ва (ё) ихтиёрдории моли шартан барои муомилот иљозатшуда бо маќсади дигар, нисбати оне, ки онњо аз пардохти бољи гумрукию андозњои воридотї ќисман ё пурра озод карда шудаанд.

2. Моле, ки нисбаташ њабс муќаррар карда шудааст, барои нигоњ доштан ба соњибаш ё дигар шахсе, ки нисбати ин мол ваколатдор аст, дода мешавад. Љои нигоњдории чунин мол минтаќаи назорати гумрукї эълон карда мешавад (моддаи 403).

3. Агар мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон молро ба Љумњурии Тољикистон ворид намудан ё ба муомилот баровардан мумкин набошад, инчунин њангоми будани асоси кофї оид ба эњтимоли он, ки њабси мол барои эњтиёт кардани он кофї нест, маќомоти гумрук онро меситонанд.

Моли ситонидашуда дар анборњои муваќќатї ё дар дигар љой, ки минтаќаи назорати гумрукї мебошад, љойгир карда мешавад.

4. Ситонидан ё ба њабс гирифтани мол метавонад анљом дода нашавад. Агар шахси молаш ошкоргардида таъмини супурдани пардохтњоро, ки метавонад ситонида шавад, пешнињод намояд, ба истиснои њолатњое, ки воридоти молњо ба Љумњурии Тољикистон ва муомилоти онњо мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъ аст ё нисбати ин молњо мањдудияти миќдорї муќаррар шудааст, мол метавонад ситонида ё ба њабс гирифта нашавад.

Бољњои гумрукї ва андоз бо маќсади муайян кардани маблаѓи таъмини пардохти онњо мутобиќи моддаи 372 њамин Кодекс њисоб карда мешавад.

5. Мол дар асоси ќарори асосноки шахси мансабдори маќомоти гумрук, ки санљиши махсус мегузаронад, дар њузури соњиби мол ё намояндаи ў, инчунин дар њузури ду шахси холис ситонида ё њабс карда мешавад.

Дар њолатњои зарурї барои ситонидан ё ба њабс гирифтани мол мутахассис даъват карда мешавад (моддаи 425).

Пеш аз ситонидан ё њабси мол шахси мансабдори маќомоти гумрук вазифадор аст ба шахсе, ки молаш ситонида ё њабс карда мешавад, ќарори ситонидан ва њабс намудани молро пешнињод кунад.

6. Оид ба ситонидан ё њабс кардани мол протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол ё рўйихати ба он замимагардида моли ситонидашуда ва ё њабсшуда номгўи он, миќдор ва нишонањои хоса пурра ќайд карда мешавад. Протоколи мазкурро шахси мансабдори маќоми гумрук, ки молро ситонидааст ё њабс кардааст ва шахс ё намоянда, ки молаш ситонида ё њабс карда мешавад, инчунин шахсони холис имзо мекунанд. Нусхаи протокол ба соњиби мол ё намояндаи ў супурда мешавад.

7. Моли ситонида ё њабсшуда, ба истиснои њолатњое, ки он метавонад мавриди мусодира ќарор гирад, барои далели шайъї зарур гардад ё аз њисоби он бољи гумрукї пардохта шавад, баъди як рўзи анљом ёфтани санљиши гумрукї баргардонида ё аз њабс озод карда мешавад. Агар дар рафти тафтиш муќаррар нашавад, ки нисбати чунин мол ќонунгузории Љумњурии Тољикистон вайрон карда нашудааст, он ба соњибаш баргардонида ё фавран аз њабс озод карда мешавад, вале харољоти нигоњдории муваќќатии мол аз њисоби буљети давлат пардохта мешавад.

8. Оид ба ихтиёрдории моли ситонидашуда ё њабсшуда дар акте, ки дар он натиљаи санљиши гузаронидашуда инъикос меёбад, ќайд карда мешавад (ќисми 8 моддаи 417.).

9. Моли ситонида ё њабсшудаи талабнашуда баъди ду моњи ба охир расидани санљиши гумрукии махсус бо тартиби муќаррарнамудаи фасли VI њамин Кодекс ихтиёрдорї карда мешавад.