Боби 53. МУЌАРРАРОТИ ИЛОВАГИИ МАРБУТ

БА НАЗОРАТИ ГУМРУКЇ

Моддаи 430. Озод кардан аз шаклњои муайяни назорати гумрукї

1. Озод кардан аз татбиќи шаклњои муайяни назорати гумрукї танњо тибќи њамин Кодекс, инчунин санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

2. Баѓољи шахсии Президенти Љумњурии Тољикистон ва аъзои оилааш муоинаи гумрукї карда намешаванд.

3. Баѓољи шахсии аъзои Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Сарвазири Љумњурии Тољикистон ва аъзои оилаашон, ки бо онњо њамсафаранд, мавриди муоинаи гумрукї ќарор намегиранд.

Баѓољи шахсии аъзои Њукумати Љумњурии Тољикистон агар шахсони мазкур вобаста ба вазифањои хизматиашон аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон гузаранд, мавриди муоинаи гумрукї ќарор намегиранд.

4.Роњбари маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ё шахси ивазкунандаи ў њаќ дорад шахсони људогона, молу воситањои алоњидаи наќлиётро дар њолатњое, ки он ба таъмини бехатарии Љумњурии Тољикистон алоќаманд бошад, аз шаклњои муайяни на­зорати гумрукї озод намояд.

Моддаи 431. Маълумот дар бораи шахс

1. Маълумотро дар бораи шахсоне, ки молу воситањои наќлиётро аз сарњади гумрукї мегузаронанд, дар бораи шахсоне, ки дар соњаи гумрук фаъолият доранд (боби 3), маќомоти гумрук њангоми назорати гумрукї ва барасмиятдарории гумрукии молу воситањои наќлиёте, ки аз сарњади гумрукї гузаронида мешаванд, тибќи њолатњо ва тартиби пешбининамудаи њамин Кодекс љамъ меоваранд.

2. Бо маќсади назорати гумрукї ва ситонидани пардохтњои гумрукї, маќомоти гумрук њуќуќ доранд мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар ин бора маълумот љамъоварї намоянд, ки иттилооти зайлро дар бар гирад:

1) дар бораи муассисони ташкилот;

2) дар бораи баќайдгирии давлатї ба сифати шахси њуќуќї ё ба сифати соњибкори инфиродї;

3) дар бораи таркиби амволе, ки барои фаъолияти соњибкорї истифода мешавад;

4) дар бораи суратњисобњои бонкии кушодашуда;

5) дар бораи фаъолияти шахс дар соњаи фаъолияти иќтисодии хориљї;

6) дар бораи мањали љойгиршавии ташкилот;

7) дар бораи гузаштан аз ќайди маќоми андоз ба сифати андозсупоранда ва раќами мушаххаси андозсупоранда;

8) дар бораи шахсони ба рўйхат дохилкардашуда ва шахсоне, ки дар соњаи гумрук фаъолият мекунанд;

9) нисбати шахсони воќеї дар бораи маълумоти шахсии шањрвандон (ному насаб, шањрвандї, санаи таваллуд, љинс, раќами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), суроѓаи љои истиќомат), инчунин чанд маротиба аз сарњади гумрукї мол гузарондани онњо.

3. Шахсони дар ќисми 1 њамин модда зикршуда њуќуќ доранд маълумоти њуљљаткардаи маќомоти гумрукро дар бораи худ дастрас намоянд ва бо маќсади пурраву боэътимод гардонидани он маълумотро аниќу сањењ кунанд. Маќомоти гумрук ба шахсон маълумоти оид ба онњо мављударо ба таври ройгон медињанд.

Моддаи 432. Истифодаи воситањои техникї, киштию њавопаймоњо њангоми назорати гумрукї

1. Маќомоти гумрук бо маќсади кўтоњ кардани ваќти назорати гумрукї, самаранокї ё муносиб гардонидани он метавонанд воситањои техникиеро, ки рўйхаташ аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад, истифода баранд.

Воситањои техникии мазкур бояд барои њаёт ва саломатии инсон безарар бошанд.

2. Молу воситањои наќлиёт дар ќаламрави обњои дохилии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар мањалњои назди сарњади гумрукї бо истифодаи киштиву њавопаймоњои маќомоти гумрук мавриди назорати гумрукї ќарор мегиранд.

3. Тартиби истифодаи киштиву њавопаймоњои маќомоти гумрук бо маќсади назорати гумрукї мутобиќи њамин Кодекс аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

Моддаи 433. Бор кардану фаровардани молу воситањои наќлиёт ва дигар амалиёти барои назорати гумрукї зарурї

1. Бо талаби маќомоти гумрук декларант, соњиби анбори нигоњдории муваќќатї, соњиби анбори гумрукї, соњиби анбори озод, брокери гумрукї ва дигар шахси нисбати мол ваколатдор вазифадоранд моли тањти назорати гумрукї бударо интиќол дињанд, баркашида ё шуморида миќдорашро аниќ кунанд, бор кунанд ва фароранд, аз як наќлиёт ба дигар наќлиёт бор кунанд, бастабанди осебдидаро ба тартиб биёранд, бастабандро кушоянд, ба бастабанд љой кунанд ё аз нав бастабандї кунанд, инчунин дари бино, сарпўши зарф ва дигар љоеро, ки чунин мол мављуд њаст ва буда метавонад, кушоянд.

2. Интиќолдињанда вазифадор аст ба борбардорї ва борфарории молу воситањои наќлиёте, ки аз сарњади гумрукї мегузаронад, мусоидат намояд.

Моддаи 434. Њаммонандсозии молу воситањои наќлиёт

1. Барои њаммонандсозии (идентификатсияи) молу воситањои наќлиёти тањти назорати гумрукї буда мўњру тамѓагузорї, маркировкаи њарфї ва дигар намуди маркировка, аломатњои њаммонандсозї, њуљљатњои наќлиётї (борбарї), тиљоратї ва дигар њуљљатњо, гузоштани штамп, гирифтани чошнї ва намунањои мол, рўйихаткунии пурраи молу воситањои наќлиёт, наќшањои кашидашуда, тасвири манзарањои калонњаљм, суратњо, тасвирњо ва дигар воситањои њаммонандсозї истифода шуда метавонанд.

2. Воситањои њаммонандсозї ба истиснои тањдиди хатари воќеии нобуд шудан, тамоман аз даст рафтан ё хароб гардидани молу воситањои наќлиёт, танњо аз тарафи маќомоти гумрукї ё бо иљозати онњо таѓйир дода ё нобуд карда мешаванд. Дар бораи таѓйир додан, нобуд кардан канда гирифтан ва ё осеб расонидан ба воситањои њаммонандсозї ба маќоми гумрук фавран хабар дода, барои исботи тањдиди хатари зикршуда далелњо пешнињод карда мешаванд. Оид ба таѓйир додан, канда гирифтан, нобуд ё иваз кардани воситањои њаммонандсозї тибќи намунаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї аз љониби маќомоти гумрук акт тартиб дода мешавад.

3. Агар ба маќсадњои гумрукї тамѓа, мўњр ё дигар воситањои њаммонандсозии маќомоти гумрукии давлатњои хориљї ба сифати воситањои њаммонандкунї истифода гардад, муќаррароти ќисми 2 њамин модда истифода карда мешавад.

4. Бо хоњиши декларант маќомоти гумрук моли ватаниеро, ки барои баровардан аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пешнињод шудааст, дар љои декларатсиякунониашон њаммонанд мекунанд.

Моддаи 435. Ваколатњои иловагии маќомоти гумрук њангоми ошкор кардани моли ѓайриќонунї ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон овардашуда

1. Њангоми аз тарафи маќомоти гумрук ошкор кардани моли ѓайриќонунї аз сарњади гумрукї гузаронидашуда, ки онро шахсон дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон њангоми машѓул шуданашон ба фаъолияти соњибкорї харидаанд ва барояш бољњои гумрукї ва андоз супорида нашудааст ё мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон риоя нагардидааст, нисбати ин мол муќаррароти пешбининамудаи моддаи 418 њамин Кодекс татбиќ мегардад. Моли мазкур барои маќсадњои гумрукї хамчун моли тањти назорати гумрукї ќарордошта дониста мешавад.

2. Шахсони дар ќисми 1 њамин модда зикршуда њуќуќ доранд мутобиќи моддаи 372 њамин Кодекс бољи гумрукиро супоранд ва шарту талаботи барасмиятдарории гумрукии молро бо тартиби соддагардонидашудаи муќаррнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї иљро намоянд. Дар ин њолат мол ситонида намешавад, ба шарте ки агар шахсон пардохтњои гумрукиро дар давоми панљ рўзи ошкор шудани молашон супоранд ё пардохти онро мутобиќи боби 46 њамин Кодекс таъмин намоянд. Ба маблаѓи зикргардидаи пардохтњои гумрукї фоиз њисоб карда намешавад.

3. Муќаррароти ќисми 2 њамин модда дар бобати ба шахсон додани њуќуќи супоридани пардохтњои гумрукї ва барасмиятдарории гумрукии моли ѓайриќонунї ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон овардашуда нисбати молњои манъшуда, нисбати молњои воридоташон ба Љумњурии Тољикистон ва муомилоташон мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъшуда, инчунин нисбати молњое, ки мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нисбаташон њангоми воридот мањдудияти миќдорї муќаррар шудааст, татбиќ намегардад.

4. Њангоми супоридани пардохтњои гумрукї ва барасмиятдарории гумрукии он аз тарафи шахсони дар ќисми 1 њамин модда зикршуда, мол барои маќсадњои гумрукї њамчун моли барои муомилоти озод иљозатдодашуда њисоб мешавад, ки ин ба маќомоти гумрук оид ба иљрои амалњои зарурї барои ошкор кардани шахсоне, ки молро ѓайриќонунї аз сарњади гумрукї мегузаронанд, монеа намебошад.

5. Агар шахсон аз супоридани пардохтњои гумрукї ва иљрои амалиёти гумрукї нисбати моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ѓайриќонунї воридшуда саркашї кунанд, ихтиёрдории чунин мол мутобиќи њамин Кодекс сурат мегирад. Моли дар ќисми 3 њамин модда зикршуда дар асоси ќарори суд, бо дархости маќомоти гумрук ба моликияти давлатї гузаронида мешавад.

Моддаи 436. Истифодаи натиљаи назорати гумрукї њангоми пешбурди парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї, баррасии парвандањои гражданї ва љиноятї

Натиљаи назорати гумрукї, ки мутобиќи муќаррароти њамин фасл ба расмият дароварда шудааст, мумкин аст њангоми оѓоз намудани парвандањои љиноятї, гражданї ва њуќуќию маъмурї ба сифати далел ќабул карда шавад ва бояд аз љониби суд ё шахсони мансабдор њангоми баррасии парвандањои зикргардида, даъво ба ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори он ё парвандањои дахлдори бањсњои иќтисодї, ки суди иќтисодї њал мекунад, дар ќатори дигар далелњо мутобиќи ќонунгузории мурофиавии Љумњурии Тољикистон арзёбї карда шавад.