МОЛИ АЛОЊИДА АЗ ТАРАФИ МАЌОМОТИ ГУМРУК

Моддаи 437. Асос барои боздошти иљозати мол

1. Маќомоти гумрук бо тартиби пешбининамудаи њамин боб барои боздошти иљозати мол дар асоси аризаи шахси соњиби њуќуќњои истисної (моликияти зењнї) ба объекти њуќуќи муаллифї ва њуќуќњои ба њам вобастаанд ба нишони мол, ба нишони хизматрасонї ва соњибии истифодабарии номи љои истењсоли мол (минбаъд - соњибњуќуќ) тадбирњои дахлдор ќабул менамояд. Чорањои дар њамин боб пешбинишуда њангоми гузаронидани мол аз сарњади гумрукї ё њангоми иљрои амалњои дигар бо моле, ки тањти назорати гумрукї ќарор доранд, истифода бурда мешаванд.

2. Чорањои мутобиќи њамин боб андешидаи маќомоти гумрук мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љињати бо њама гуна восита њимоя намудани њуќуќњои худ ба дорандаи њуќуќ монеа намебошанд.

Моддаи 438. Аризаи соњибњуќуќ ва тартиби баррасии он

1. Соњибњуќуќи дорои асоси кофї, ки њуќуќњои вай мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи моликияти зењнї бар асари аз сарњади гумрукї гузаронидани моли ба аќидаи ў ќалбакї ё њангоми анљоми дигар амалњо бо моли тањти назорати гумрукї ќарордошта вайрон карда мешаванд, њуќуќ дорад ба маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар бораи андешидани чораи боздошти иљозати ин гуна мол ариза пешнињод кунад. Аризаро метавонад аз номи соњибњуќуќ намояндааш пешнињод намояд.

2. Ариза дар бораи андешидани чорањои боздошти иљозати мол бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) дар бораи соњибњуќуќ ва агар аризаро намояндаи вай дињад, инчунин дар бораи намоянда;

2) дар бораи объекти моликияти зењнї;

3) дар бораи моле, ки ба аќидаи соњибњуќуќ ќалбакї мебошад ва њаддалимкон муфассалтар, то он ки маќомоти гумрук тавонанд ин гуна молро ошкор намоянд;

4) дар бораи мўњлате, ки маќомоти гумрук мувофиќи њамин боб тадбирњо меандешанд.

Ба аризаи соњибњуќуќ дар бораи андешидани чорањои боздошти иљозати мол њуљљатњое илова карда мешаванд, ки ба объекти моликияти зењнї њуќуќ доштанашро тасдиќ мекунанд (шањодатнома, ќарордод, аз љумла ќарордоди литсензионї) дар бораи вогузоштани њуќуќњои истисної, (дигар њуљљатњое, ки њуќуќњои ўро ба объектњои моликияти зењнї тасдиќ менамоянд) агар аризаро намоянда дињад, ба аризаи ў инчунин ваколатномаи ба намояндаи худ додаи соњибњуќуќ замима карда мешавад.

Соњибњуќуќ (намояндаи вай) метавонад ба ариза намунаи молеро, ки метавонад ба сифати тасдиќ барои далели он, ки њуќуќњои вай вайрон карда мешаванд, замима кунад.

3. Тартиби додани ариза ва талабот нисбати маълумоти арзшуда вобаста ба намуди объекти моликияти зењнї аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад.

4. Ба ариза ўњдадории хаттии соњибњуќуќ дар бораи товони зарари амволї, ки метавонад ба декларант, соњиби мол ё шахси дар моддаи 15 њамин Кодекс зикршуда аз сабаби боздошти иљозати мол расонида шавад, замима мегардад.

5. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї аризаро дар давоми як моњи расиданаш баррасї менамояд ва дар бораи ќабули тадбирњо мувофиќи њамин боб ё наандешидани чунин тадбирњо ќарор ќабул менамояд.

Бо маќсади санљиши эътимоднокии маълумоти пешнињоднамудаи соњибњуќуќ (намояндаи вай) маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз маќомоти давлатї њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти арзшавандаро дархост намояд. Ин шахсон вазифадоранд дар давоми дањ рўзи гирифтани дархост њуљљатњои дархостшударо пешнињод намоянд. Њамзамон маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад мўњлати баррасии аризаро то як моњ дароз намояд .

Ќарор дар бораи наандешидани чорањо мувофиќи њамин боб њангоми аз тарафи соњибњуќуќ (намояндаи вай) пешнињод шудани маълумоти беэътимод, инчунин аз тарафи вай риоя нашудани талаботи муайяннамудаи ќисми 2 моддаи 439 њамин Кодекс ќабул карда мешавад.

Дар бораи ќарори ќабулшуда соњибњуќуќ (намояндаи вай) дар давоми се рўзи ќабул шудани чунин ќарор хаттї огоњонида мешавад.

6. Њангоми таѓйир ёфтани маълумоти дар ариза сабтшуда ё худ њуљљатњои ба он замимашуда соњибњуќуќ (намояндаи вай) вазифадор аст дар ин бора ба маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї фавран хабар дињад.

Моддаи 439. Реестри гумрукии объектњои моликияти зењнї

1. Объектњои моликияти зењнї, ки нисбати онњо маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар бораи андешидани тадбирњо мувофиќи њамин боб ќарор ќабул намудааст, ба Реестри гумрукии объектњои моликияти зењнї (минбаъд дар њамин боб - Реестр) дохил карда мешаванд. Барои дохил намудан ба Реестр музд ситонида намешавад.

Бо тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї пешбурди Реестр ба роњ монда мешавад.

2. Объекти моликияти зењнї ба Реестр ба шарте дохил карда мешавад, ки соњибњуќуќ ўњдадорињои дар ќисми 4 моддаи 438 њамин Кодекс зикршударо бо усулњои пешбининамудаи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон иљро намояд. Соњибњуќуќ метавонад ба љои иљрои ўњдадорињо ќарордоди суѓуртаи хавфи масъулиятро барои расонидани зарар ба манфиати шахсони дар ќисми 4 моддаи 438 њамин Кодекс нишондодашуда пешнињод намояд. Њамзамон маблаѓи иљрои ўњдадорї ё маблаѓи суѓурта бояд аз андозаи 6000 - каратаи маоши њадди аќал кам набошад.

3. Объекти моликияти зењнї аз Реестр дар њолатњои зерин хориљ карда мешавад:

1) бо хоњиши соњибњуќуќ (намояндаи вай);

2) аз тарафи соњибњуќуќ иљро накардани шартњои пешбининамудаи ќисми 2 њамин модда;

3) њангоми ба анљом расидани мўњлати њифзи њуќуќии объекти моликияти зењнї;

4) агар соњибњуќуќ дар давоми мўњлати боздошти иљозати мол (моддаи 441) ба маќоми ваколатдор мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои њифзи њуќуќи худ мурољиат накарда бошад.

4. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї номгўи объектњои моликияти зењнии ба Реестр дохилшударо дар нашрияњои расмї чоп мекунад.

Моддаи 440.Мўњлате, ки маќомоти гумрук барои боздошти иљозати мол чора меандешанд

Мўњлате, ки маќоми гумрук барои боздошти иљозати мол чора меандешад, дар асоси аризаи соњибњуќуќ (намояндаи ў), ба муддати на зиёда аз панљ сол аз рўзи ворид намудани объекти моликияти зењнї ба Реестр муќаррар карда мешавад. Ин мўњлат метавонад дар асоси аризаи соњибњуќуќ (намояндаи ў) бо шарти риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 438 ва ќисми 2 моддаи 439 њамин Кодекс дароз карда шавад. Мўњлате, ки дар муддати он маќомоти гумрук барои боздошти иљозати мол чора меандешанд, наметавонад аз мўњлати њифзи њуќуќии объекти моликияти зењнї зиёд бошад.

Моддаи 441. Боздошти иљозати мол

1. Агар њангоми барасмиятдарории гумрукї ва назорати гумрукї маќоми гумрук моли њамчун ќалбакї зикркардаи соњибњуќуќро (намояндаи ўро) ошкор намояд, иљозати ин гуна мол ба муддати 10 рўзи корї боздошта мешавад. Бо дархости асосноки хаттии соњибњуќуќ (намояндаи ў) ин мўњлат метавонад ба муддати на зиёда аз 10 рўзи корї зиёд карда шавад, агар шахси мазкур ба маќоми ваколатдори муњофизи њуќуќи соњибњуќуќ мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мурољиат намуда бошад.

Ќарор дар бораи боздошти иљозати мол ва тамдиди мўњлати боздошти иљозати мол аз тарафи сардори маќоми гумрук ё шахси ивазкунандаи ў ба шакли хаттї ќабул карда мешавад.

2. Маќоми гумрук дар мўњлати на дертар аз рўзи дигари баъди боздошти иљозати мол ба декларант ва соњибњуќуќ (намояндаи ў) оид ба боздошти иљозати мол, сабабњо ва мўњлатњои ин боздошт, инчунин ба декларант дар бораи ном (ном, насаб, номи падар) ва суроѓаи соњибњуќуќ (намояндаи ў), ба соњибњуќуќ (намояндаи ў) бошад, ном (ном, насаб, номи падар) ва суроѓаи декларантро хабар медињад.

3. Соњибњуќуќ мувофиќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон барои зарари ба декларант, молик, гирандаи мол ё шахси дар моддаи 15 њамин Кодекс зикршуда дар натиљаи боздошти иљозати мол расонидааш мувофиќи талаботи њамин боб љавобгар аст, агар мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян карда нашавад, ки мол (баста ва этикеткаи онњо) ќалбакї мебошанд.

Моддаи 442. Пешнињоди маълумот. Гирифтани чошнї ва намуна

1. Бо иљозати маќомоти гумрук соњибњуќуќ (намояндаи ў) ва декларант метавонанд тањти назорати гумрукї чошнї ва намунаи молро, ки нисбати онњо ќарор дар бораи боздошти иљозати мол ќабул шудааст, тањќиќ гузаронанд, њамчунин онњоро аз назар гузаронанд ва аксбародорї намоянд ё ба тарзи дигар ин гуна молро сабт намоянд.

2. Бо дархости соњибњуќуќ (намояндаи ў) маќомоти гумрук метавонад маълумоти иловагиеро, ки барои исботи вайрон шудани њуќуќњои вай заруранд, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, пешнињод намояд.

3. Маълумоти гирифтаи соњибњуќуќ (намояндаи ў) ё декларант мувофиќи њамин модда, махфї ба њисоб рафта, бояд ифшо нашавад, ба шахсони сеюм, инчунин ба маќомоти давлатї, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, дода нашавад.

Моддаи 443. Бекор кардани ќарор дар бораи боздошти иљозати мол

1. Агар то гузаштани мўњлати боздошти иљозати мол аз тарафи маќоми ваколатдор мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар бораи ситонидани мол, дар бораи њабси мол ё мавриди мусодира ќарор додани онњо ќарор гирифта нашавад, ќарор дар бораи боздошти иљозати мол аз рўзи дигар баъди гузаштани мўњлати боздошти иљозати мол бояд бекор карда шавад.

2. Ќарор дар бораи боздошти иљозати мол то гузаштани мўњлати боздошти иљозати мол бояд бекор карда шавад, агар:

1) соњибњуќуќ (намояндаи ў) ба маќомоти гумрук бо дархости бекор кардани ќарор дар бораи боздошти иљозати мол мурољиат намуда бошад;

2) объекти моликияти зењнї аз Реестр хориљ карда шуда бошад.

3. Ќарор дар бораи боздошти иљозати мол дар рўзи маълум гардидани асосњои дар ќисми 2 њамин модда пешбинишуда бекор карда мешавад.

4. Бекор карда шудани ќарор дар бораи боздошти иљозати мол аз тарафи сардори маќоми гумруки ин ќарорро ќабулнамуда ё шахси ивазкунандаи ў ба таври хаттї амалї карда мешавад. Баъди бекор кардани чунин ќарор иљозати мол мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи њамин Кодекс амалї карда мешавад (боби 16).

Моддаи 444. Моле, ки нисбати он маќомоти гумрук чорањои боздошти иљозати молро намеандешанд

Чорањои вобаста ба боздошти иљозати мол мувофиќи њамин боб нисбати моли дорои моликияти зењнї, ки аз тарафи шахсони воќеї ё тавассути муросилоти байналмилалии почта ба миќдори кам ирсол мешаванд андешида намешаванд, агар ин мол барои истифодаи шахсї, оилавї, хонаводагї ва дигар эњтиёљот, ки ба иљрои фаъолияти соњибкорї алоќаманд нестанд, таъин нагардида бошанд.