Уќуќ, салоњият ва љавобгарии маќомоти гумрук

Моддаи 467.Салоњияти маќомоти гумрук

Маќомоти гумрук барои иљрои вазифањои ба зиммаашон гузошташуда салоњият доранд, ки:

1) бо маќсади таъмини риояи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон тадбирњои пешбининамудаи њамин Кодексро андешанд;

2) њуљљатњо, маълумотеро, ки пешнињоди онњо мувофиќи њамин Кодекс пешбинї гардидааст, талаб кунанд;

3) њуљљатњои тасдиќкунандаи шахсияти шањрвандон ва шахсони мансабдорро, ки дар амалиёти гумрукї иштирок мекунанд, тафтиш намоянд;

4) аз шахси воќеї ва њуќуќї тасдиќномаи ваколати анљом додани амалњои алоњида ё фаъолияти алоњидаро дар соњаи фаъолияти гумрукї талаб кунанд;

5) мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон оид ба фаъолияти оперативию љустуљўї ба маќсади ошкор кардан, пешгирї намудан, роњ надодан ва кушодани љиноят, амалиёти тањќиќї ва таъхирнопазири тафтишотї, ки тибќи ќонунгузории мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон тањти салоњияти маќомоти гумрук дониста шудааст, ошкор ва муайян намудани шахсоне, ки барои тайёр кардан, анљом додан ва љиноят содир кардан гунањкоранд, гузаронанд;

6) дар доираи салоњияти худ гузаронидани амалиёти тањќиќї ва таъхирнопазири тафтишотиро мувофиќи тартиби муайянкардаи ќонунгузории мурофиавии љиноятии Љумњурии Тољикистон анљом дињанд;

7) парвандањо оид ба њуќуќвайронкунии маъмуриро баррасї намоянд ва шахсонро барои вайрон кардани ќоидањои маъмурї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашанд;

8) дар њолатњои таъхирнопазир аз воситањои алоќа ё наќлиёти мансуби ташкилот ё иттињодияњои љамъиятї (ба истиснои воситањои алоќа ва наќлиёти намояндагињои дипломатї, консулгарї ва дигар муассисањои давлатњои хориљї, инчунин ташкилотњои байналмилалї) барои пешгирии љиноят дар соњаи фаъолияти гумрукї, таъќиб ва дастгир кардани шахсоне, ки ин гуна љиноятњоро содир намудаанд ё шахсони барои содир кардани љиноят гумонбаршуда истифода баранд. Дар ин њолат зарар ва харољоти соњибони воситањои наќлиёт ва алоќа мувофиќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љуброн карда мешавад;

9) шахсонеро, ки дар содир кардани љиноят гумонбар шудаанд ё онро содир намудаанд ё содиркунандагони љиноят ё вайронкунандагони ќоидањои маъмурии соњаи фаъолияти маќомоти гумрукро мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дастгир намоянд ва ба биноњои хизматии маќомоти гумрук ё маќомоти корњои дохилии Љумњурии Тољикистон расонанд;

10) оид ба далелу воќеањои марбути интиќоли молу воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукї ва интиќолу нигањдории моли тањти низоми назорати гумрукї нигоњдоришаванда, борбардорию борфурорї њуљљат тартиб дињанд, ба видео ва аудио сабт кунанд, ба навори кино ва сурат акси онњоро гиранд;

11) аз маќомоти давлатї, ташкилотњо, корхонањо, иттињодияњои љамъиятї ва дигар шахсон маълумоти заруриро барои иљрои вазифањои худ мувофиќи њамин Кодекс гиранд;

12) ба роњбарони маќомоти давлатї, муассисањо, ташколотњо ва иттињодияњои љамъиятї, инчунин ба дигар шахсон огоњинома фиристода, талаб намоянд, ки вайронкунии ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистонро бартараф кунанд ва иљрои талаботи мазкурро назорат намоянд;

13) дар њолатњои зайл ба судњо арзу даъво пешнињод намоянд:

- дар бораи маљбуран ситонидани бољњои гумрукї ва андоз;

- дар бораи ситонидани пардохти бољњои гумрукї ва андоз аз њисоби мол;

- дар њолатњои дигари пешбининамудаи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ;

14) бо маќсади њамкорї ва кўмак оид ба масъалањои татбиќи усулњои самараноки барасмиятдарории гумрукї бо иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљї, дигар шахсоне, ки фаъолияти онњо бо иљрои фаъолияти иќтисодии хориљї алоќаманд аст ва бо иттињодияњои (ассотсиатсияњои) касбии онњо муносибатњои расмии машваратї муќаррар намоянд ва ин муносибатњоро дастгирї кунанд;

15) њангоми сафари хизматї аз њуќуќи пешакї банд кардани љой дар мењмонхонањо ва дар њама намуди наќлиёт истифода намоянд;

16) робитањои байналмилалиро дар соњаи фаъолияти гумрукї муќаррар намоянд ва давом дињанд;

17) аз дигар салоњиятњои пешбининамудаи њамин Кодекс ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро истифода баранд.

Моддаи 468. Њуќуќњои маќомоти гумрук њангоми татбиќи назорати гумрукї бо истифода аз киштињо ва њавопаймоњои маќомоти гумрук

1. Њангоми татбиќи назорати гумрукї бо истифодаи киштињо ва њавопаймоњои маќомоти гумрукї ин маќомот њуќуќ доранд:

1) њангоми муайян намудани нишонањои он, ки дар воситањои наќлиёт мол ѓайриќонунї интиќол дода мешавад ва он бояд тањти назорати гумрукї ќарор гирад, ин воситањои наќлиётро боздошта, муоинаи гумрукии онро анљом дињанд (моддаи 413);

2) шахсони ба содир кардани љиноят гумонбаршудаи савори воситаи наќлиётро, ки амалњои таъхирнопазири тафтишотї ва тањќиќотиро нисбати онњо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба ихтиёри маќомоти гумрук гузоштааст, боздошт намоянд, ба шарте ки санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон тартиби дигарро пешбинї накарда бошанд.

3) берун аз ќаламрави сарњади обии Љумњурии Тољикистон киштии дарёии аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бе иљозати маќомоти гумрук равандаро дар минтаќаи наздики Љумњурии Тољикистон то дохил шудани он ба ќаламрави обии давлатњои хориљї таъќиб ва боздошт намоянд, ба шарте агар таъќиб аз сарњади обии дохилї, сарњади обии Љумњурии Тољикистон баъди додани сигнали садої ва назоратї дар бораи боз доштани киштї аз масофае, ки ин гуна ишораро дидан ва шунидан мумкин аст ва бетанаффус ишора шуда бошад;

4) њангоми ошкор намудани нишонањои ќонунвайронкунї дар соњаи фаъолияти гумрукї воситањои наќлиётро барои ситонидани онњо мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон то њалли ќазия, боздошт намояд;

5) дар њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс воситањои наќлиётро њамроњї кунанд, аз љумла ба онњо мансабдорони маќомоти гумрукро савор намоянд.

2. Ба сарнишинони киштиву њавопаймоњои маќомоти гумрук њуќуќ дода мешавад, ки:

1) ќаламрави обї ва фазои њавоии Љумњурии Тољикистон, акваторияи бандарњои дарёї, инчунин фурудгоњњо, аэродромњои (майдончањои фурудоии) ќаламрави Љумњурии Тољикистонро новобаста аз мансубият ва таъиноти онњо ба таври ройгон истифода намоянд, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон;

2) аз њуќуќи афзалиятноки даромадан ба бандарњо, ки бо маќомоти давлатии ваколатдор мувофиќа шудааст, ройгон истифода баранд;

3) аз маълумоти навигатсионї, гидрометеорологї, гидрографї ва ѓайра ройгон истифода намоянд;

4) парвози њавопаймо ва киштирониро ройгон таъмин намоянд.

Моддаи 469.Њуќуќи маќомоти гумрук нисбати воситањои наќлиёти автомобилие, ки моли тањти назорати гумрукро интиќол медињанд

1. Маќомоти гумрук њуќуќ доранд наќлиёти автомобилї, аз љумла воситањои наќлиёти автомобилиеро, ки ба молкашонии байналмилалї машѓул нестанд, бо маќсади тафтиши мол ва њуљљатњо манъ намоянд, ба шарте ки онњо моли тањти назорати гумрукї ќарордоштаро кашонанд. Маќомоти гумрук метавонанд воситањои наќлиёти автомобилиро дар минтаќањои назорати гумрукии ќад - ќади сарњади гумрукї таъсисёфта, боздоранд.

2. Њангоми манъ кардани воситањои наќлиёт берун аз минтаќаи назорати гумрукї ваќти тафтиши наќлиёт ва њуљљатњои он аз тарафи маќомоти гумрук наметавонад аз ду соат зиёд бошад. Дар бораи тафтиши мол ва њуљљатњои он тибќи намунаи муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї акт тартиб дода мешавад, ки як нусхаи он бояд ба боркашон дода шавад. Воситањои наќлиёт ба њудуди анборњои нигањдории муваќќатї ё мањалњои дигар, ки минтаќаи доимии назорати гумрукї њисоб меёбад (моддаи 403), танњо њангоми кушодани парванда дар бораи њуќуќвайронкунии маъмурї маљбуран љойгир карда шуда, нусхаи ќарор ё протоколи дахлдор ба интиќолдињанда ва ё ронандаи воситаи наќлиёт супорида мешавад. Њамзамон, воситањои наќлиёт дар њудуди анбори нигањдории муваќќатї ё дар мањали дигар, ки минтаќаи назорати гумрукї њисоб мешавад, то мўњлати барои фаровардани бор зарурї, ба истиснои њолатњое, ки воситањои наќлиёт мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бояд мусодира карда шаванд, нигоњ дошта мешавад.

Моддаи 470.Фаъолияти мутаќобила ва њамкории маќомоти гумрук бо дигар маќомоти давлатї

1. Маќомоти гумрук вазифањои худро мустаќилона ва якљоя бо дигар маќомоти давлатї иљро менамоянд.

2. Маќомоти гумрук мувофиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон њуќуќ доранд барои аз тарафи дигар маќомоти давлатї дар минтаќаи назорати гумрукї иљро намудани амалњои алоњидаи марбути салоњияташон иљозат дињанд.

3. Њангоми аз тарафи маќомоти гумрук ошкор намудани нишонањои њуќуќвайронкунии маъмурї (љиноят), ки баррасии парвандаи он тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон салоњияти дигар маќомоти давлатї мебошад, маќомоти гумрук вазифадоранд ин маълумотро ба маќоми дахлдори давлатї фавран пешкаш намоянд.

Моддаи 471. Назорати идории фаъолияти маќомоти гумрук

Маќоми болоии гумрук ё шахси мансабдори он њуќуќ дорад њар ваќт мувофиќи тартиби назорати идорї ќарори хилофи талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон маќоми поёнии гумрук ё мансабдори поёнии маќоми гумрукро бекор кунад, инчунин нисбати амали (беамалии) ѓайриќонунии маќомоти поёни гумрук ё шахсони мансабдори поёнии маќомоти гумрук њама гуна тадбирњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро андешад.

Моддаи 472. Љавобгарии маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори онњо

1. Барои ќарор ва амал (беамалї) - и ѓайриќонунї шахсони мансабдори маќомоти гумрук мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарии интизомї, маъмурї, љиноятї ва дигар љавобгарињо кашида мешаванд.

2. Маќомоти гумрук товони зарареро, ки дар натиљаи ќабули ќарор ва амали (беамалии) ѓайриќонунии шахсони мансабдори худ ва дигар кормандон њангоми иљрои вазифањои хизматї ва мењнатї ба шахсон ва моликияти онњо расидааст, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љуброн менамоянд.

3. Зараре, ки дар асари амали ќонунии маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори он расидааст, љуброн карда намешавад, ба шарте ки дар њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад.