Боби 61. СИСТЕМАЊОИ ИТТИЛООТЇ ВА ТЕХНОЛОГИЯЊОИ ИТТИЛООТЇ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКЇ

Моддаи 502.Системањои иттилоотї, технологияњои иттилоотї ва воситањои таъмини онњо, ки дар маќомоти гумрук истифода мешаванд

1. Тањия, эљод ва истифодаи системањои иттилоотї ва технологияњои иттилоотї, њамчунин ба усулњои мубодилаи электронии иттилоот асосёфта ва воситањои таъмини онњоро маќомоти гумрук мувофиќи њамин Кодекс ва санадњои дигари меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд.

2. Љорї намудани системањои иттилоотї ва технологияњои иттилоотї бо истифодаи воситањои техникаи њисоббарор ва алоќа мувофиќи стандартњои дар Љумњурии Тољикистон амалкунанда ва стандартњои байналмилалї сурат мегирад.

3. Системањои иттилоотї, технологияњои иттилоотї ва воситањои таъмини онњо, ки аз тарафи маќомоти гумрук тањия, эљод ва ё харида шудаанд, моликияти давлатї ба њисоб мераванд. Њуќуќи соњибмулкиро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон анљом медињад.

4. Истифодаи системањои иттилоотї, технологияњои иттилоотї ва воситањои таъмини онњоро, ки моликияти давлатї намебошанд, маќомоти гумрук дар асоси шартномањо амалї менамояд.

5. Шарт ва тартиби истифодаи системањои иттилоотї, технологияњои иттилоотї ва воситањои таъмини онњо барои маќсадњои гумрукї аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

Моддаи 503.Сертификатонии системањои иттилоотї, технолгияњои иттилоотї, воситањои таъмин ва њифзи онњо

Системањои иттилоотї, технологияњои иттилоотї, воситањои таъмини онњо, њамчунин воситањои барномавию техникии њифзи иттилоот, ки дар фаъолияти гумрукї истифода мешаванд, бояд тибќи њолат ва тартиби пешбининамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон сертификатсия шаванд.

Моддаи 504.Захирањои иттилоотии маќомоти гумрук

1. Захирањои иттилоотии маќомоти гумрукро њуљљатњо ва маълумоте, ки шахс њангоми мутобиќи њамин Кодекс гузаронидани амалиёти гумрукї пешнињод менамояд, инчунин њуљљатњо ва маълумоти дигари мувофиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар ихтиёри маќомоти гумрук ќарордошта ташкил медињанд.

2. Захирањои иттилоотии маќомоти гумрук моликияти давлатї мебошанд. Њуќуќи соњибмулкро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

3. Тартиби ташаккул ва истифодаи захирањои иттилоотии маќомоти гумрук, талабот оид ба њуљљатгузории иттилоот аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

4. Њуљљатњое, ки пешнињод ё тартиби пешнињоди онњоро њамин Кодекс пешбинї намудааст, аз љумла декларатсияи гумрукї, метавонад тавассути усулњои электронии мубодилаи иттилоот њангоми риояи талабот оид ба њуљљатгузории иттилоот, ки маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар намудааст, инчунин талаботи дигари муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шаванд.

5. Тартиби аз тарафи шахсон гирифтани иттилооти аз захирањои иттилоотї мављуда, ки дар ихтиёри маќомоти гумрук мебошанд, аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 505. Системањои иттилоотї, технологияњои иттилоотї ва воситањои таъмини онњо, ки иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљї истифода менамоянд

1. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї талаботеро муќаррар менамояд, ки системањои иттилоотї, технологияњои иттилоотї ва воситањои таъмини онњо бояд ба ин талабот љавобгў бошанд ва аз љониби инњо истифода гарданд:

1) аз тарафи шахс њангоми истифодаи расмиёти махсуси соддагардонидашуда (моддаи 68);

2) аз тарафи соњибони анборњои нигањдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї, брокерњои гумрукї ва шахсони дигар бо хоњиши онњо, барои пешнињоди њуљљатњо ва маълумоти пешбининамудаи њамин Кодекс.

2. Истифодаи объектњои мазкур барои маќсади гумрукї танњо баъди санљиши мувофиќати онњо ба талаботи муќарраршуда иљозат дода мешавад. Санљишро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї анљом медињад.

Моддаи 506.Њифзи иттилоот ва њуќуќњои субъектњои дар љараёни иттилоотї ва иттилоотонї иштироккунанда

1. Тањия, эљод ва истифодаи воситањои махсуси барномавии техникии њифзи иттилоот, ки бо воситањои таъмини системањои иттилоотї ва технологияњои иттилоотї мувофиќат мекунанд, аз тарафи маќомоти гумрук бо маќсадњои њифзи иттилоот ва њуќуќњои субъектњои дар љараёни иттилоотї ва иттилоот иштироккунанда мувофиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.

2. Дараљаи њифзи иттилоотии ба воситаи њифзи иттилоот таъминшаванда бояд ба категорияи иттилоот мувофиќат намояд. Мувофиќати дараљаи њифзи иттилоот бо категорияи муайяни иттилоотї аз љониби маќомоти гумрук, ки захираи иттилоотиро дар ихтиёр доранд, таъмин карда мешавад.

3. Назорати риояи талаботи њифзи иттилоот ва истифодаи воситањои њифзи иттилоотро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ва маќомоти дигари давлатї мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї менамоянд.