Боби 13. БАРОВАРДАНИ МОЛ ВА ВОСИТАЊОИ НАЌЛИЁТ

АЗ ЌАЛАМРАВИ ГУМРУКИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Моддаи 119. Мањал ва мўњлати баровардани мол ва воситањои наќлиёт аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон

1. Баровардани мол ва воситањои наќлиёт аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон (минбаъд - баровардани мол ва воситањои наќлиёт) дар нуќтањои гузаргоњњо аз Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян шудаанд ва дар ваќти кории маќомоти гумрук (моддаи 466) иљозат дода мешавад.

2. Муќаррароти њамин модда нисбати моли тавассути роњњои дарёї ва њавої интиќолёбанда, ки аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон бе таваќќуф дар бандарњо ё фурудгоњњои воќеъ дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон убур мекунанд, татбиќ намегардад.

Моддаи 120. Пешнињоди њуљљатњо ва маълумот

1. Мол ва воситањои наќлиёт бо иљозати маќомоти гумрук бароварда мешаванд.

2. Барои гирифтани иљозат аз маќоми гумрук љињати баровардани мол ва воситањои наќлиёт ба маќоми гумрук њуљљатњои гумрукии тасдиќкунандаи нигањдории ин мол тањти низоми гумрукї, ки баровардани молро аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон пешбинї менамояд, пешнињод карда мешавад.

3. То баровардани мол ва воситањои наќлиёти интиќолдињанда вазифадор аст ба маќоми гумрук њуљљатњо ва маълумоти пешбининамудаи моддањои 73 - 76 њамин Кодексро вобаста ба навъи наќлиёти интиќолдињандаи моли байналмилалї пешнињод намояд.

Агар њуљљатњои пешнињодшуда дорои маълумоти пешбининамудаи моддањои 73 - 76 њамин Кодекс набошанд, интиќолдињанда вазифадор аст ба маќоми гумрук маълумоти заруриро бо усули пешнињоди дигар њуљљатњои дар ихтиёраш буда ё њуљљатњои иловагие, ки дар шакли соддагардонидашуда тањия намудааст, манзур дорад.

Маќоми гумрук њуќуќ надорад аз интиќолдињанда маълумоти дар моддањои 73 - 76 њамин Кодекс пешбининашударо талаб намояд.

Аз номи интиќолдињанда њуљљатњо ва маълумотро метавонад њар шахси дигари ваколатдорнамудаи ў пешнињод намояд.

Моддаи 121. Боркунии мол ба воситаи наќлиёте, ки аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон хориљ мешавад

1. Боркунии мол ба воситаи наќлиёти аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон хориљшаванда баъди аз љониби маќоми гумрук ќабул кардани декларатсияи гумрукї ва дар њуљљатњои бору наќлиёт гузоштани штампи «Ба боркунї иљозат дода шудааст», иљозат дода мешавад, ба истиснои њолатњое, ки агар њангоми барасмиятдарории гумрукии мол маќоми гумрук пешнињоди молро барои санљиш талаб нанамояд, инчунин агар интиќоли мол тибќи низоми гумрукии транзити байналмилалии гумрукї ќарор дошта бошад.

2. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук бо маќсади азназаргузаронии мол њуќуќ доранд њангоми боркунии он ба наќлиёти аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон убуркунанда иштирок намоянд. Дар ин њолат мол дар мањале, ки љойгиронии он бо маќомоти гумрук мувофиќа шудааст ва дар ваќти кории маќоми гумрук бор карда мешавад.

Бо дархости шахси манфиатдор маќоми гумрук њуќуќ дорад ба боркунии берун аз ваќти кории ин маќом тибќи моддаи 466 њамин Кодекс иљозат дињад.

Моддаи 122. Талабот нисбати мол њангоми баровардани он аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон

1. Мол бояд аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воќеан тибќи њамон теъдод ва њолате, ки њангоми љойгиронии он тањти низоми муайяни гумрукї ќарор дошт, бароварда шавад, ба истиснои таѓйирёбии теъдод ва њолати мол дар натиљаи фарсудашавии табиї, талаф ё таѓйирёбии хосияти табиии мол њангоми интиќоли мўътадил, инчунин таѓйирёбии теъдоди он дар натиљаи ќисмате, ки дар воситаи наќлиёти интиќолдињанда боќї мемонад.

2. Њангоми талаф ё дигар шудани њолати мол дар натиљаи садама ё таъсири ќувваи рафънопазир ва дар њолатњои пешбининамудаи регламент ва стандартњои амалкунандаи техникии Љумњурии Тољикистон бошад, њангоми таѓйир ёфтани маълумот дар бораи миќдори мол аз сабаби норасоии усули андозагирї шахс барои риоя накардани муќаррароти њамин модда љавобгар намебошад.

3. Њангоми пешнињоди мол ба маќоми гумруки мањали баровардани он ва дархости декларант маќоми гумрук миќдори моли воќеан баровардашударо тасдиќ менамояд.