Боби 45. ТАЃЙИРИ МЎЊЛАТИ ПАРДОХТИ

БОЉИ ГУМРУКЇ ВА АНДОЗ

Моддаи 378.Шартњои умумии таѓйири мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Њукумати Љумњурии Тољикистон тартиби таѓйир додани мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андозро њангоми мављуд будани асосњои муќаррарнамудаи моддаи 379 њамин Кодекс муќаррар менамояд.

2. Мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо роњи батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлат таѓйир дода мешавад.

3. Иљозати батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлат метавонад барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз танњо њангоми мављуд будани асосњои пешбининамудаи моддаи 380 њамин Кодекс рад карда шавад.

4. Батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлат барои пардохти бољи гумрукї ва андоз метавонад нисбати як ё якчанд намуди бољњои гумрукї ва андоз, инчунин барои тамоми маблаѓи пардохтшаванда ё ќисме аз он иљозат дода шавад.

5. Батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољи гумрукї ва андоз ба шарти таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо тартиби пешбининамудаи боби 46 њамин Кодекс иљозат дода мешавад.

6. Батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати супоридани бољњои гумрукї ва андоз аз 1 то 6 моњ фароњам оварда мешавад.

7. Ќарор дар бораи додани иљозати батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз ё надодани чунин иљозат ба маълумоти аризадињанда ба таври хаттї расонида мешавад. Дар ќарор муддати ба таъхиргузорї ё тамдиди мўњлат барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва дар сурати надодани чунин иљозат сабаби чунин тасмим зикр мегардад.

Моддаи 379. Асосњои батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз

Иљозати батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба пардохткунандаи бољњои гумрукї ва андоз дар сурати вуљуд доштани аќаллан яке аз асосњои зерин дода мешавад:

1) зарар дидани ин шахс дар натиљаи офати табиї, фалоќати технологї ё њодисањои дигари рафънопазир;

2) молрасониро дар асоси созишномањои байнињукуматї ба ўњда доштани шахс;

3) дигар њолатњои истисноии муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон.

Моддаи 380. Њолатњое, ки батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлатро истисно менамоянд

1. Батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз иљозат дода намешавад, ба шарте агар нисбати шахси талабгори батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлат:

1) парвандаи љиноятї ё парвандаи маъмурї ба сабаби вайрон кардани ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон оѓоз шуда бошад;

2) расмиёти муфлисшавї оѓоз шуда бошад.

2. Дар сурати мављуд будани сабабњои дар ќисми якуми њамин модда зикршуда ќарори батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз наметавонад ќабул карда шавад ва ќарори ќабулшуда бояд бекор карда шавад ва дар ин бора дар давоми 3 рўзи корї ба маълумоти аризадињанда ба таври хаттї расонида шавад.

Моддаи 381.Фоизњо барои батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Барои батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз, инчунин дар њолатњои дигари пешбининамудаи зерфасли 2 фасли II њамин Кодекс фоизи маблаѓи ќарзи пардохти бољњои гумрукї ва андоз мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон ситонида мешавад.

2. Фоизњо пеш аз пардохти ќарз ё њамзамон бо пардохти маблаѓи ќарзи бољњои гумрукї ва андоз, вале на дертар аз рўзи дигари гузаштани мўњлати ба таъхир гузошташуда ё мўњлати тамдиди пардохти бољњои гумрукї ва андоз супорида мешаванд.

3. Фоизи ќарз бо тартиби пешбининамудаи њамин Кодекс нисбати пардохт, ситонидан ва баргардонидани бољњои гумрукї ва андоз пардохта, ситонида ва баргардонида мешавад.

 

Боби 46. ТАЪМИНИ ПАРДОХТИ

БОЉЊОИ ГУМРУКЇ ВА АНДОЗ

Моддаи 382.Шартњои умумии таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Иљрои вазифаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз дар њолатњои зерин таъмин карда мешавад:

1) батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлат барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз;

2) шартан иљозат додани мол;

3) интиќол ва (ё) нигоњдории моли хориљї;

4) фаъолият дар соњаи гумрук.

2. Агар маблаѓи пардохтшавандаи бољи гумрукї, андоз ва фоизњо камтар аз андозаи 150 - каратаи маоши њадди аќал бошад, таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз пешнињод карда намешавад.

3. Агар њамон як шахс якчанд амалиёти гумрукиро дар муддати муайян анљом дињад, маќоми гумрук вазифадор аст таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андозро барои анљом додани њамаи чунин амалиёт (таъминоти генералї) ќабул намояд. Маќомоти гумрук таъмини генералии пардохти бољњои гумрукї ва андозро барои анљом додани амалиёти гумрукї дар якчанд маќомоти гумрук ќабул мекунанд, ба шарте ки чунин таъминот барои њар як маќомоти гумрук дар сурати вайрон кардани ўњдадорињои тибќи њамин Кодекс таъмингардида истифода шавад.

4. Таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз аз тарафи шахси барои пардохти онњо масъул ё аз тарафи њама гуна шахси дигар ба манфиати шахси масъули пардохткунандаи бољњои гумрукї ва андоз анљом дода мешавад.

5. Таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз дар мўњлати на дертар аз 3 рўзе, ки маќоми гумрук дар бораи иљрои ўњдадорињои таъминшуда боварї њосил кард ё баъди ќатъи фаъолияте, ки шарти он таъмини пардохти бољи гумрукї ва андоз мебошад, баргардонида мешавад, ба истиснои гарави пулї, ки он мутобиќи моддаи 398 њамин Кодекс баргардонида мешавад.

Моддаи 383. Андозаи таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Андозаи таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз аз тарафи маќоми гумрук вобаста ба маблаѓи пардохтњои гумрукї, фоизи пардохтшаванда њангоми иљозати мол барои муомилоти озод ё баровардани он мутобиќи низоми гумрукии содирот муайян гардида, наметавонад аз андозаи маблаѓи мазкур зиёдтар бошад.

2. Агар њангоми муайян кардани андозаи таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба таври даќиќ муайян кардани бољњои гумрукї ва андози супоридашаванда бо сабаби ба маќоми гумрук пешнињод нашудани маълумоти даќиќ дар бораи хусусияти мол, номгўй, миќдор, кишвари истењсолкарда ва арзиши гумрукии он имконпазир набошад, андозаи таъмини пардохт дар асоси андозаи калонтарини ставкањои бољњои гумрукї ва андоз, арзиши мол ва (ё) миќдори он, ки мумкин аст бар асоси маълумоти мављуда муайян гарданд, муайян карда мешавад.

3. Дар њолати пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 153 њамин Кодекс андозаи таъмини пардохти бољи гумрукї ва андозро маќоми гумрук њамчун фарќияти байни маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз, ки мумкин аст ба таври илова, бо назардошти талаботи муќаррарнамудаи ќисмњои 1 ва 2 њамин модда њисоб карда шаванд ва маблаѓи бољњои гумрукї ва андози пардохтшуда муайян мекунад.

4. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад андозаи муайяни таъмини пардохти бољи гумрукиро нисбати намудњои људогонаи мол бо назардошти талаботи муќаррарнамудаи ќисмњои 1 ва 2 њамин модда муќаррар кунад.

Моддаи 384. Таъмини супоридани пардохтњои гумрукї аз тарафи шахсоне, ки дар соњаи гумрук фаъолият мекунанд

1. Фаъолияти брокери гумрукї, соњиби анбори нигоњдории муваќќатї, соњиби анбори гумрукї, соњиби анбори озод, соњиби маѓозаи савдои бебољ ва боркашони гумрукї ба таъмини пардохти бољи гумрукї ва андоз вобаста аст.

2. Андозаи таъмини пардохти бољи гумрукї ва андоз њангоми машѓул шудан бо ин намудњои фаъолият наметавонад камтар аз ин њадд бошад:

1) аз андозаи 3000 - каратаи маоши њадди аќали муќаррарнамудаи ќонун барои брокери гумрукї;

2) аз андозаи 150 - каратаи маоши њадди аќали муќаррарнамудаи ќонун ва иловатан аз андозаи 4 - каратаи маоши њадди аќали муќаррарнамудаи ќонун барои як метри мураббаъи масоњати муфид, ба шарте ки ба сифати анбор майдончаи кушода истифода шавад ё андозаи 2 - каратаи маоши њадди аќали муќаррарнамудаи ќонун барои 1 метри мукааби њаљми муфиди бино, ба шарте ки бино ба сифати анборњо барои соњибони анборњои нигоњдории муваќќатї, анбори озод, инчунин анборњои гумрукии кушода ва пўшида истифода шавад;

3) андозаи 3000 - каратаи маоши њадди аќали муќаррарнамудаи ќонун барои соњиби маѓозаи савдои бебољ;

4) андозаи 6000 - каратаи маоши њадди аќали муќаррарнамудаи ќонун барои боркашонии гумрукї.

Моддаи 385. Усулњои таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо тарзу усулњои зерин таъмин мегардад:

1) ба гарав гузоштани мол ва амволи дигар;

2) кафолати бонкї;

3) гузаронидани маблаѓ ба кассаи маќоми гумрук ё ба суратњисоби депозитии маќоми гумрук (гарави пулї) ;

4) замонат.

2. Таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз метавонад бо њама гуна усули пешбининамудаи ќисми 1 њамин модда тибќи интихоби пардохткунанда анљом дода шавад.

Моддаи 386. Ба гарав гузоштани мол ва амволи дигар

1. Мавзўи гарав метавонад моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда ва инчунин амволи дигаре бошад, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мавзўи гарав буда метавонад.

2. Гарав бо шартномаи миёни маќоми гумрук ва гаравгузор ба расмият дароварда мешавад. Гаравгузор метавонад шахси масъули пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва ё њар шахси дигар бошад.

3. Дар сурати дар назди маќомоти гумрук иљро нашудани ўњдадорињои бо гарав таъмингардида маблаѓи ќарзи пардохти бољи гумрукї ва андоз аз тарафи маќомоти гумрук аз њисоби арзиши амволи ба гарав гузошташуда ба буљети давлат гузаронида мешавад.

4. Моли тањти назорати гумрукї ќарордошта ва ба маќомоти гумрукї ба сифати гарав вогузоршуда, инчунин амволи дигари ба гарав гузошташуда бо тартиби муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ситонида мешавад.

Моддаи 387. Кафолати бонкї

1. Маќомоти гумрук ба сифати таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз кафолатњои бонкеро ќабул мекунад, ки аз љониби бонкњои ба Реестри бонкњои аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї (минбаъд дар њамин боб - реестр) бо тартиби муайяннамудаи ин маќом бурда мешавад, дода шудааст.

2. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї вазифадор аст дар нашрияњои расмии худ рўйхати бонкњои ба Реестер дохилшударо ба таври мунтазам интишор намояд.

3. Њангоми муносибатњои њуќуќии вобаста ба додани кафолати бонкї, пешнињод кардани талабот дар бораи кафолати бонкї, аз тарафи кафолатдињанда иљро шудани ўњдадорињо ва ќатъи кафолати бонкї муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода бурда мешавад.

4. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар мувофиќа бо Бонки миллии Тољикистон барои бонкњои ба Реестр дохилшуда њадди аксари маблаѓи як кафолати бонкї ва њадди аксари маблаѓи њамаи кафолатњои бонкии њамзамон амалкунандаро, ки аз тарафи як бонк ё як ташкилот барои ќабули кафолатњои бонкї аз тарафи маќомоти гумрук бо маќсади таъмини пардохти бољи гумрукї ва андоз дода шудаанд, муќаррар менамояд.

Моддаи 388 . Тартиби дохил намудани бонкњо ба реестр

1. Бонкњо бо риояи шартњои пешбининамудаи њамин модда ба реестр дохил карда мешаванд. Барои дохил кардани бонк ба реестр музд ситонида намешавад.

2. Шартњои дохил шудани бонк ба реестр аз инњо иборатанд:

1) мављуд будани иљозатнома барои анљоми амалиёти бонкї, ки аз тарафи Бонки миллии Тољикистон дода шудааст ва машѓул будан бо фаъолияти бонкї на камтар аз 5 сол;

2) надоштани ќарз оид ба пардохтњои гумрукї ва дигар ўњдадорињо аз маќомоти гумрук ;

3) доштани сармояи оинномавии сабтшудаи бонк ба андозаи на камтар аз њаљми 1,1 - каратаи њаљми минималии сармояи оинномавии бонк, ки Бонки миллии Тољикистон муќаррар намудааст;

4) риояи меъёрњои њатмии иќтисодї барои тамоми даврањои њисоботї дар давоми охирин соли таќвимї.

3. Шартњои дохил намудани филиали бонк ба реестр аз инњо иборатанд:

1) дохил кардани филиал аз љониби бонк ба Реестри ягонаи сабти давлатии намояндагї ва филиалњои шахсони њуќуќї;

2) доштани њуќуќи додани кафолати бонкї аз тарафи филиал, ки дар Низомномаи он пешбинї шудааст;

3) мувофиќати бонки болої ба шартњои дохил намудан ба реестр ё ба реестр дохил кардани он;

4. Бонк барои дохил шудан ба реестр ба маќоми гумрук бо ариза мурољиат менамояд, ки он бояд маълумоти тасдиќкунандаи шартњои дохилшавї ба реестр бошад ва њуљљатњои зеринро пешнињод менамояд:

1) бонк пешнињод менамояд:

- њуљљатњои таъсисотї;

- шањодатномаи баќайдгирии шахси њуќуќї;

- иљозатномаи Бонки миллии Тољикистон барои анљом додани амалиёти бонкї;

- корти расман тасдиќшудаи дорои намунањои имзои шахсони мансабдори бонк, ки ба онњо њуќуќи имзо кардани кафолатњои бонкї дода шудааст ва наќши мўњри бонк;

- њуљљати дорои њисобу китоби маблаѓи (сармояи) худ барои њар давраи њисоботии соли охирини таќвимї, ки бо имзои роњбар ва сармуњосиб ва бо мўњр тасдиќ шудааст;

- њисоботи балансии охирин давраи њисоботї, ки бо имзои роњбар ва сарњисобдор ва мўњр тасдиќ шуда бошад;

- њисобот дар бораи даромад ва зарари охирин давраи њисоботї, ки бо имзои роњбар ва сармуњосиб ва мўњр тасдиќ шуда бошад;

- маълумотнома дар бораи иљрои меъёрњои иќтисодии њатмї ва ањамияти нишондодњо барои њисобу китоби онњо дар њар давраи њисоботи охирини соли таќвимї, ки бо имзои роњбар, сармуњосиб ва мўњр тасдиќ шуда бошад;

- нусхаи хулосаи аудиторї дар бораи эътимоднокии њисоботи бухгалтерии соли гузашта,ки ба он роњбар ва сармуњосиб имзо гузоштаанд ва бо мўњр тасдиќ шуда бошад;

2) филиали бонк ба таври илова пешнињод менамояд:

- низомномаи филиал;

- шањодатнома дар бораи дохил намудани филиали банк ба Реестри ягонаи сабти давлатии намояндагї ва филиалњои шахсони њуќуќї;

- корти расмї тасдиќшуда бо намунањои имзои шахсони мансабдори филиал, ки ба онњо њуќуќи имзо кардани кафолатњои бонкї дода шудааст ва наќши мўњри филиал;

5. Њуљљатњои пешбининамудаи ќисми 4 њамин модда мумкин аст, дар шакли асл ё нусхаи расман тасдиќшуда пешнињод гарданд.

Баъди баррасии ариза маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бояд бо дархости аризадињанда нусхањои асли њуљљатњои пешнињодшударо ба вай баргардонад.

6. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї аризаи дохил шудан ба реестрро дар мўњлати на бештар аз 30 рўзи баъди гирифтани он баррасї намуда, дар бораи дохил кардани бонк ба реестр ќарор ќабул мекунад. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї танњо дар сурати риоя нашудани шартњои дохилшавї ба реестр, ки дар ќисми 2 њамин модда пешбинї шудаанд, дар бораи дохил накардан ба реестр ќарор ќабул мекунад.

Ќарори ќабулшуда дар давоми 3 рўзи баъди ќабул шудани он ба таври хаттї ба маълумоти аризадињанда расонида мешавад.

7. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, ки аризаи дохил намудан ба реестрро баррасї менамояд, барои тасдиќи њуљљату маълумоти пешнињоднамудаи аризадињанда њуќуќ дорад аз шахсони сеюм, инчунин маќомоти давлатї њуљљатњои дорои маълумоти заруриро талаб намояд. Шахсони мазкур дар давоми 10 рўзи гирифтани дархост бояд њуљљатњои талабшударо пешнињод намоянд.

8. Ќарор дар бораи дохил накардан ба реестр танњо дар сурати риоя нашудани шартњои пешбининамудаи њамин модда метавонад ќабул карда шавад.

Ба аризадињанда хабарномаи дохил накардан ба реестр бо зикри сабабњои ќабули чунин ќарор дар давоми 3 рўзи ќабули он фиристода мешавад.

9. Бонкњо аз рўзи аввали моње, ки баъди моњи ќабул шудани ќарори дохил шудан ба реестр фаро мерасад, ба реестр дохил карда мешаванд.

Моддаи 389. Хориљ кардани бонкњо аз реестр

1. Бонк бо ќарори маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар њолатњои зерин аз реестр хориљ карда мешавад:

1) барњам хўрдан ё азнавташкилшавии бонк;

2) бозхонди иљозатномаи иљрои амалиёти бонкии бонк аз тарафи Бонки миллии Тољикистон ;

3) иљро нашудани њатто яке аз шартњои дохилшавї ба реестр;

4) иљро нашудани ўњдадорињои марбут ба кафолати бонкї;

5) гузаштани як сол аз рўзи дохилшавї ба реестр, ба шарте агар то гузаштани мўњлати мазкур ариза дар бораи дубора дохил шудан ба Реестр бо тартиби муќарраргардида пешнињод нашуда бошад.

2. Хориљ кардани бонк аз реестр амали кафолатњои бонкиеро, ки онњо додаанд ва маќомоти гумрукї ќабул кардаанд, ќатъ намегардонад ва онњоро аз масъулияти иљро накардан ё иљрои номатлуби шартњои чунин кафолатњои бонкї озод намегардонад.

3. Бонки аз реестр хориљшуда мумкин аст баъди як сол, ба шарти рафъи сабабњои хориљ шуданаш аз реестр, дубора ба он дохил карда шавад.

Моддаи 390. Супоридани маблаѓ ба суратњисоби депозитии маќоми гумрук (гарави пулї)

1. Маблаѓи ба касса ё суратњисоби депозитии маќоми гумруки Љумњурии Тољикистон ба сифати таъмини пардохти бољи гумрукї ва андоз (гарави пулї) бо асъори Тољикистон ё арзи хориљї, ки ќурби онро Бонки миллии Тољикистон муайян мекунад, супурда мешавад.

2. Фоиз ба маблаѓи гарави пулї њисоб карда намешавад.

3. Њангоми иљро накардани ўњдадорињои бо гарави пулї таъмингардида маблаѓи пардохтњои гумрукї, фоизи пардохтшаванда ба буљети давлатї аз маблаѓи гарави пулї гузаронида мешавад.

4. Баъди иљрои ўњдадорињои бо гарави пулї таъмингардида маблаѓи супоридашуда мувофиќи моддаи 398 њамин Кодекс баргардонида мешавад ё мувофиќи хоњиши супоранда метавонад ба њисоби пардохтњои гумрукии оянда ё барои таъмини супурдани пардохтњои гумрукї тибќи ўњдадории дигар дар назди маќомоти гумрук истифода шавад.

5. Барои тасдиќи супоридани гарави пулї ба шахсе, ки ба кассаи маќомоти гумрук ё ба суратњисоби депозитии маќомоти гумрук пул супоридааст, забонхати гумрукие дода мешавад, ки намуна ва тартиби истифодаи онро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо розигии маќоми давлатии ваколатдор дар соњаи молия мутобиќи моддаи 398 њамин Кодекс муайян мекунад. Забонхати гумрукиро ба шахси дигар додан мумкин нест.

Моддаи 391. Замонат

Замонат мувофиќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон бо роњи бастани шартнома миёни маќоми гумрук ва зомин ба расмият дароварда мешавад. Брокерњои гумрукї, соњибони анборњои нигоњдории муваќќатии гумрукї, соњибони анборњои гумрукї, соњибони маѓозањои савдои бебољ, инчунин шахсони дигар метавонанд ба сифати зомин баромад намоянд.