Саволҳои назоратӣ доир ба мавзӯи «Гурўҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои морӣ.Ҷадвалҳои оморӣ».

1. Нақш ва макони усули таснифот ва гурӯҳбандиро дар тадқиқоти оморӣ шарҳ диҳед. Гурӯҳбандӣ ва таснифот чист?

2. Кадом масъалаҳо дар тадқиқи маҷмӯъҳо бо воситаи гурӯҳбандии оддӣ ҳал карда намешаванд?

3. Намудҳои гурӯҳбандии душворро номбар намоед.

4. Барои чӣ дар гурӯҳбандии муқоисавӣ бисёр вақт фосилаҳои махсусгардонидашуда истифода бурда мешаванд?

5. Дар кадом ҳолатҳо фосилаҳои нобаробар кор фармуда мешаванд? Кадом намуди гурӯҳбандӣ ҳангоми он беҳтар аст?

6. Истифодабарии гурӯҳбандии сохторӣ ҳалли кадом масъалаҳоро талаб менамояд?

7. Барои чӣ ба интихоби нишонаи гурӯҳбандӣ ба хатогӣ роҳ надодан зарур аст?

8. Ҷадвали оморӣ аз дигар ҷадвалҳо бо чӣ фарқ мекунад?

9. Кадом шаклҳои ҷадвалҳои оморӣ ба шумо маълум аст?

10. Барои чӣ ҷадвали оморӣ бояд ба осонӣ мушоҳида шавад ва андозаи наонқадар калон дошта бошад?

Ҳафтаи сеюм: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва нисбӣ»

Дарси якум: «Нишондиҳандаҳои мутлақ ва аҳамияти онҳо»

 

Нишондиҳандаҳои оморӣ - тавсифоти миқдории ҳодисаҳои ҷамъиятӣ дар шароитҳои сифатии муайян.

Системаи нишондиҳандаҳои оморӣ ин маҷмӯи нишондиҳандаҳои оморӣ, ки барои ба дастории тавсифоти умумӣ оид ба ҷараёни иҷтимоӣ - иқтисодӣ истифода бурда мешавад.

Нишондиҳандаҳои омории ҷамъбастшаванда тарафи миқдории маҷмӯи омӯхташавандаи ҳодисаҳои ҷамъиятиро инъикос менамояд, бузургии онҳоро дар бар мегирад, ки бо воҳидҳои мувофиқ ифода карда шудаанд.

Ташкилёбии қариб ҳамаи маълумотҳои оморӣ аз нишондиҳандаҳои мутлақ оғоз меёбад, ки бо ёрии онҳо ҳамаи тарафҳои ҳаёти ҷамиятӣ чен карда мешаванд.

Нишондиҳандаҳои мутлақе, ки андозаи (дараҷа, ҳаҷм) ҳодиса ва ҷараёнҳоро инъикос менамояд дар натиҷаи мушоҳидаи оморӣ ва ҷамъбасткунии маълумотҳои аввала ба даст меоваранд.

Аз рӯи тарзи ифодаи андозаҳои ҳодисаҳои омӯхташаванда нишондиҳандаҳои мутлақ ба инфиродӣ ва умумӣ тақсим мешаванд, ки яке аз намудҳои нишондиҳандаҳои ҷамъбастшаванда мебошад.

Нишондиҳандаҳои мутлақи инфиродӣ андозаҳои нишонаҳои миқдориро дар воҳидҳои алоҳида тавсиф менамояд. Чунин намуди нишондиҳандаҳо ҳангоми ҷамъбасткунии оморӣ барои дохил намудани воҳиди объект ба гурӯҳҳо ҳамчун асос хизмат менамояд. Дар асоси онҳо бузургиҳои мутлақро ба даст меоваранд, ки дар навбати худ аз онҳо ҷудо намудани нишондиҳандаҳои шумораи маҷмӯъ ва нишондиҳандаҳои ҳаҷми нишонаҳои маҷмӯъ мумкин аст.

Нишондиҳандаҳои мутлақи умумӣ бо роҳи ҷамъ намудани нишондиҳандаҳои омории инфиродӣ ба даст меоранд, яъне онҳо ҳаҷми умумии нишонаро тавсиф менамоянд.

Аз рӯи омили вақтӣ нишондиҳандаҳои омории лаҳзавӣ ва фосилавиро ҷудо менамоянд.

Нишондиҳандаҳои омории лаҳзавӣ ин нишондиҳандаҳои оморие, ки дар санаи муайян ба қайд дароварда мешаванд.

Нишондиҳандаҳои омории фосилавӣ ин нишондиҳандаҳои оморие, ки дар давраи муайяни вақт ба қайд дароварда мешаванд.

Аз рӯи шакли ифодакунӣ фарқ менамоянд:

- нишондиҳандаҳои мутлақ

- нишондиҳандаҳои нисбӣ

- нишондиҳандаҳои миёна

Нишондиҳандаҳои мутлақ ин ададҳои муайян, ки андозаи муайян ва воҳидхои ченакро доранд. Нишондиҳандаҳои мутлақ андозаи мутлақи ҳодисаҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ (ҳаҷм, масоҳат, вазн, дарозӣ), тавсифоти динамикаи онҳоро инъикос менамоянд ва инчунин метавонанд ҳаҷми маҷмӯъ, яъне шумораи воҳидҳои ташкилкунандаи онро дар бар гиранд.

Нишондиҳандаҳои мутлақи инфиродиро бевосита дар ҷараёни мушоҳидаи оморӣ ба даст меоранд. Нишондиҳандаҳои мутлақи ҷамъбастӣ (натиҷавӣ) ҳаҷми нишона ё маҷмӯъро (дар умумият, аз рӯи қисмҳои муайяни он) ифода менамоянд.

Вобаста аз сабабҳои гуногун ва мақсади таҳлил воҳидҳои ченкунии мутлақи зерин вуҷуд доранд:

1)аслӣ

2)шартан аслӣ

3)арзишӣ

4)мехнатӣ

1) Дар таҷрибаи байналхалқӣ чунин ченакҳои аслӣ истифода бурда мешаванд: тонна,килограмм,метр,км,м23,литр,дона ва ғ.

2) Ченаки шартан аслӣ ҳамон вақт истифода мешавад, ки мол якчанд хел намуд дошта бошад ва барои ҳисоби ҳачми умумии он ҳар як намуди онро аз рӯи хусусияти истеъмолиаш ба як намуди якхела овардан лозим аст.

Барои гузаронидан ба ченаки шартан аслӣ коэфитсиенти махсус истифода бурда мешавад. Ин коэфитсиент дар асоси муносибати хусусияти истеъмолии молҳои алоҳида ба як меъёри муайянкардашуда ҳисоб карда мешавад.

3) Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ истифодабарии ченаки арзишӣ аҳамияти калон дорад, ки ба ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои иҷтимоию иқтисодие, ки дар ҷамъият мушоҳида карда мешавад, баҳои пулиро медиҳад. Дар шароити бо суръати баланд беқурбшавии пул таҳлил ва муқоисаи нишондиҳандаҳои арзишӣ номумкин аст. Дар ҳамин асос барои таҳлил намудани нишондиҳандаҳои арзишӣ онҳоро бо нархҳои муқоисашаванда ҳисоб кардан лозим аст.

4) Ҳангоми ҳисоби сарфи умумии меҳнат дар корхона ва меҳнатталабии амалиётҳои технологӣ ченакҳои меҳнатӣ истифода бурда мешаванд, ки онҳо бо ченакҳои одам-рӯз ва одам-соат ифода карда мешаванд.

Дарси дуюм: «Нишондиҳандаҳои нисбӣ ва аҳамияти онҳо»

Нишиндоҳандаҳои нисбӣ нисбияти байни тавсифоти миқдории ҷараёнҳои ҷамъиятиро ифода менамоянд ва натиҷаи тақсими як нишондиҳандаи мутлақ ба дигар мебошад. Вобаста аз он ки қимати базаи муқоисавӣ чӣ гуна аст, натиҷаи нисбият дар шаклҳои коэффитсиент, фоиз-%, промилл %о , продетсимилл %ооифода ёфтанаш мумкин аст. Агар қимати асос ё базаи муқоисавӣ ҳамчун 1 қабул карда шавад, дар ин ҳолат нишондиҳандаи нисбӣ коэффитсиент мебошад ва нишон медиҳад, ки чанд маротиба нишондиҳандаи омӯхташаванда аз асос зиёд мебошад. Агар қимати асос ё базаи муқоисавӣ ҳамчун 100 қабул карда шавад, натиҷаи ҳисоби нишондиҳандаи нисбӣ бо фоиз ифода карда мешавад. Дар ҳолате ки базаи муқоисавӣ ҳамчун 1000 ё 10000 қабул карда мешаванд, натиҷаи муқоиса бо промилл ва продетсимилл ифода карда мешаванд.

Ҳангоми нишондиҳандаҳои нисбӣ дар назар доштан лозим аст, ки дар сурат ҳамавақт нишондиҳандае бошад, ки ҳодисаи омӯхташавандаро инъикос намояд, яъне нишондиҳандаи муқоисашаванда дар махраҷ бошад, нишондиҳандае, ки ҳамчун асос ё базаи муқоисавӣ қабул карда шудааст. Базаи муқоисавӣ ба сифати ченкунаки ба худ хос баромад мекунад.

Чунин намудҳои нишондиҳандаҳои нисбӣ мавҷуд ҳастанд:

1) динамикӣ

2) нақша

3) фоизи иҷроиши нақша

4) сохторӣ

5) шиддатнокӣ (интенсивӣ)

6) муқоисавӣ

Ҳисоби нишондиҳандаҳои нисбӣ дар намуди сурати рушд ва дигар нишондиҳандаҳои динамикӣ ба амал оварда мешавад.