Боби 36. ИНТИЌОЛИ ВОСИТАЊОИ НАЌЛИЁТ

Моддаи 292. Низоми гумрукие, ки нисбати воситањои наќлиёт истифода бурда мешавад

Воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукї тибќи тартиби пешбининамудаи њамин боб, тањти низомњои гумрукии воридоти муваќќатї ва содироти муваќќатї интиќол дода мешаванд.

Моддаи 293. Воридоти муваќќатии воситањои наќлиёт

1. Воридоти муваќќатии воситањои наќлиёт ба сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон бо пурра озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз, бо риояи шартњои зерин иљозат дода мешавад:

1) агар воситаи наќлиёт ба номи шахси хориљї ва (ё) дар ќаламрави давлати хориљї ба ќайд гирифта шуда бошад;

2) агар воситаи наќлиёти ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида аз љониби шахсони хориљї истифода бурда шавад, ба истиснои њолатњое, ки воситаи наќлиёт аз љониби шахси ватании ба таври дахлдор аз љониби шахси хориљї ваколатдоршуда истифода мегардад;

3) агар воситањои наќлиёт дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон барои њамлу наќли дохилї истифода бурда нашавад;

4) агар воситањои наќлиёт баъди воридот ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба иљора дода нашавад.

2. Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад њолатњои воридоти муваќќатии воситањои наќлиётро ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо озодкунии пурра аз бољњои гумрукї ва андоз муќаррар намояд, агар воситаи наќлиёти муваќќатан воридгардида аз љониби шахси ватанї истифода бурда шавад ё ба номи шахси ватанї ба ќайд гирифта шуда бошад, инчунин агар дигар шартњои пешбининамудаи бандњои 1 - 4 ќисми 1 њамин модда риоя карда нашуда бошанд, ба шарте, ки дар давоми мўњлати воридоти муваќќатии воситаи наќлиёт њуќуќи моликият ба воситаи наќлиёт ба шахси ватанї нагузарад.

3. Агар озодкунии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи ќисмњои 1 ва 2 њамин модда истифода нагардад, инчунин агар шартњое, ки њангоми он озодкунии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз риоя карда нашаванд, нисбати воситањои наќлиёт тибќи тартиби барои моли муваќќатан воридшаванда муќаррарнамудаи њамин Кодекс (моддаи 212) ќисман озод кардан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз истифода мегардад.

4. Низоми гумрукии воридоти муваќќатї нисбати воситањои наќлиёт њангоми содироти бозпаси он дар мўњлатњои муайяннамудаи моддаи 294 њамин Кодекс анљом меёбад. Бо иљозати маќоми гумрук низоми гумрукии воридоти муваќќатї нисбати воситањои наќлиёти муваќќатан воридгардида метавонад инчунин тибќи ќоидањои барои анљоми низоми гумрукии воридоти муваќќатии мол муайяннамудаи моддаи 214 њамин Кодекс анљом дода шавад.

Моддаи 294. Мўњлати воридоти муваќќатии воситањои наќлиёт

1. Содироти бозпаси воситаи наќлиёти муваќќатан воридгардида бояд бетаъхир, баъди иљрои амалиёти наќлиётие, ки барои он чунин воситаи наќлиёт ворид гардидааст, анљом дода шавад.

2. Дар њолатњои истисної маќоми гумрук бо маќсади татбиќи назорати гумрукї метавонад бо назардошти аризаи интиќолдињанда, инчунин бо назардошти њамаи њолатњои марбут ба амалиёти эњтимолии наќлиётї мўњлати воридоти муваќќатии воситањои наќлиётро муќаррар намояд.

Дар асоси дархости асосноки шахси манфиатдор маќоми гумрук мўњлати ибтидоии муќарраргардидаи воридоти муваќќатиро тамдид менамояд.

Моддаи 295. Амалиёт бо воситањои наќлиёти муваќќатан воридгардида

Бо воситањои наќлиёти муваќќатан воридгардида анљом додани амалиёти маъмулї вобаста ба хизматрасонии техникї ва таъмир, ки њангоми њаракат ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё истифодаи онњо дар ин ќаламрав таќозо мегардад, иљозат дода мешавад.

Моддаи 296. Содироти муваќќатии воситањои наќлиёт

1. Содироти муваќќатии воситаи наќлиёт ба шарте иљозат дода мешавад, ки агар ин воситаи наќлиёт дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар муомилоти озод бошад ва ба номи шахси ватанї, ба истиснои њолатњои пешбинишудаи ќисми 3 њамин модда ба ќайд гирифта шуда бошад.

2. Њангоми содироти муваќќатии воситањои наќлиёт бољњои гумрукї ситонида намешаванд.

3. Содироти муваќќатии воситањои наќлиёте, ки ќаблан ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо ќисман озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз муваќќатан ворид гардидаанд, иљозат дода мешавад, агар содироти муваќќатиро шахси ватание анљом дињад, ки воситаи наќлиёт тибќи њуќуќи моликият ба ў таалуќ надорад, сарфи назар аз он, ки ин воситаи наќлиёт ба номи шахси ватанї ба ќайд гирифта шудааст ё на. Њамзамон низоми гумрукии воридоти муваќќатї нисбати ин воситањои наќлиёт дар ќисми пардохти бољњои гумрукї ва андоз то анљоми амали ин низом тибќи ќоидањои муќаррарнамудаи моддаи 214 њамин Кодекс татбиќ карда мешавад.

4. Содироти муваќќатии воситаи наќлиёт, сарфи назар аз он, ки кадом шахс ва бо кадом маќсад онро берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон истифода мебарад, иљозат дода мешавад.

Моддаи 297. Мўњлати содироти муваќќатии воситањои наќлиёт

Бо маќсади татбиќи назорати гумрукї маќоми гумрук метавонад мўњлати содироти муваќќатии воситањои наќлиётро тибќи аризаи интиќолдињанда, бо назардошти њамаи њолатњои вобаста ба анљом додани амалиёти эњтимолии наќлиётї муќаррар намояд.

Мутобиќи дархости асосноки шахси манфиатдор маќоми гумрук мўњлати ибтидоии муќарраршудаи содироти муваќќатиро тамдид менамояд.

Моддаи 298. Воридоти бозпаси воситањои наќлиёти муваќќатан содиргардида

1. Њангоми ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бозпас ворид намудани воситаи наќлиёти муваќќатан содиргардида бољњои гумрукї ва андоз ситонида намешаванд, агар воситаи наќлиёт берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тањти амалиёти коркард ќарор нагирифта бошад, ба истиснои:

1) амалиёти таъмир, хизматрасонии техникї ва амалиёти шабење, ки барои таъмини нигањдорї ва истифодаи он заруранд, инчунин нигањдории он дар њолате, ки дар рўзи тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї љойгир намудан ќарор дошт;

2) амалиёти вобаста ба таъмир, ки мувофиќи талаботи ќонун ё шартнома ройгон анљом дода мешавад;

3) амалиёти таъмир, аз љумла таъмири асосї барои барќарорсозии воситаи наќлиёт баъди осеб дидани он аз сабаби садама ё таъсири ќувваи рафънопазир, ки берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон рух додааст.

2. Агар воситаи наќлиёте, ки нисбати он берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон амалиёти таъмир ва (ё) амалиёти дигар сурат гирифтааст, мувофиќи талаботи ќисми 1 њамин модда аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз озод карда нашавад, нисбати ин воситаи наќлиёт тибќи тартиби пешбининамудаи моддаи 207 њамин Кодекс оид ба ситонидани бољњои гумрукї ва андоз њангоми воридоти мањсули коркардашуда мувофиќи низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї бо ќисман озод намудан аз бољњои гумрукї ва андоз истифода мегардад.

Њангоми муайян намудани арзиши амалиёти коркард харољоти интиќоли воситаи наќлиёт ба мањали коркард ва баръакс ба инобат гирифта намешавад, агар чунин интиќол ба њамлу наќли байналмилалии мол ё мусофирон алоќаманд бошад.

Моддаи 299. Таѓйир додани низоми гумрукии содироти муваќќатї

1. Нисбати воситањои наќлиёти муваќќатан содиршуда бо риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс таѓйир додани низоми гумрукии содироти муваќќатї ба низоми гумрукии содирот ё низоми дигари гумрукї иљозат дода мешавад.

2. Њангоми ба шахси хориљї додани њуќуќи моликият ба наќлиёти муваќќатан содиргардида шахсе, ки воситаи наќлиётро тањти низоми гумрукии содироти муваќќатї ќарор додааст, вазифадор аст низоми гумрукии содироти муваќќатиро ба низоми гумрукии содирот иваз намояд.

3. Таѓйир додани низоми гумрукии содироти муваќќатї бе пешнињоди воќеии воситаи наќлиёт ба маќоми гумрук иљозат дода мешавад.

Моддаи 300. Воридоти муваќќатї ва содироти муваќќатии таљњизот ва ќисмњои эњтиётї

1. Таљњизоти махсуси якљоя бо воситаи наќлиёт муваќќатан воридгардида, ки барои борбардорї, борфарорї, коркард ва муњофизати мол пешбинї шудааст, сарфи назар аз он, ки алоњида аз воситаи наќлиёт истифода мегардад ё на, бояд тањти шартан пурра озод намудан аз бољњои гумрукї ва андоз ќарор гирад.

2. Ќисмњои эњтиётї ва таљњизоти муваќќатан воридшаванда, ки барои таъмир, хизматрасонии техникї ё истифодаи воситаи наќлиёт таъин гардидаанд шартан пурра аз бољњои гумрукї ва андоз озод карда мешаванд.

3. Ќисмњои эњтиётии муваќќатан содиршуда, ки барои таъмир ва хизматрасонии техникии воситаи наќлиёти муваќќатан содиршуда, бо маќсади иваз намудани ќисмњо ва таљњизоте, ки њангоми содироти муваќќатии воситаи наќлиёт дар он насб шуда буданд, њангоми содироти муваќќатии онњо аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон аз бољњои гумрукї ва андоз шартан пурра озод карда мешаванд.

Воридоти ќисмњои эњтиётї ва таљњизоти истифодашуда ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо озодкунии пурра аз бољњои гумрукии воридотї ва андозњо, ки нисбати онњо низоми гумрукии реимпорт истифода мегардад, иљозат дода мешавад.

Моддаи 301. Барасмиятдарории гумрукии воситањои наќлиёт, ќисмњои эњтиётї ва таљњизот

1. Барасмиятдарории гумрукии воситањои наќлиёт, ќисмњои эњтиётї ва таљњизот бо тартиби соддагардонидашуда дар мањали расидани онњо дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё дар мањали баромади он аз ин ќаламрав анљом дода мешавад.

Барасмиятдарории гумрукии воситањои наќлиёт дар мањалњои љойгиршавии маќомоти гумрук њангоми ваќти кории онњо сурат мегирад.

2. Њангоми барасмиятдарории гумрукии воситањои наќлиёт маќомоти гумрук мутаносибан ба сифати декларатсияи вуруд ва хуруљ њуљљатњои стандартии интиќолдињандаро, ки тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон дар соњаи наќлиёт пешбинї шудааст, истифода мебаранд, агар онњо дар бораи воситаи наќлиёт, хати сайр, бор, захирањо, дар бораи экипаж ва мусофирон, маќсадњои воридоти (содироти) воситаи наќлиёт ва (ё) номгўи ќисмњои эњтиётї, таљњизоти бо маќсади таъмир ва истифодаи воситаи наќлиёт интиќолшаванда маълумотро дар бар гиранд.

Агар дар њуљљатњои пешнињодшудаи стандартии интиќолдињанда њамаи маълумоти дахлдор мављуд набошад, маълумоти нокифоя ба маќомоти гумрук мутаносибан тавассути декларатсияи вуруд ва хуруљ, дар намунаи муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї пешнињод карда мешавад. Дар ин њолат њуљљатњои стандартии пешнињодшаванда мутаносибан њамчун ќисми таркибии декларатсияи вуруд ва хуруљ баррасї карда мешаванд.

Маќоми гумрук њуќуќ надорад пешнињоди маълумоти дигарро талаб намояд.

Декларатсияи вуруд ва хуруљ аз љониби интиќолдињанда њангоми ворид шудани воситаи наќлиёт ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё хориљ шудан аз ин ќаламрав пешнињод карда мешавад.

3. Љойгир намудани воситањои наќлиёт тањти низомњои гумрукии воридоти муваќќатї ва содироти муваќќатї дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 моддаи 293, моддаи 296 ва ќисми 1 моддаи 298 њамин Кодекс бо пешнињоди декларатсияи вуруд ва хуруљ анљом дода мешавад.

Дар њолатњои дигар декларатсияи воситањои наќлиёт тибќи ќоидањои барои декларатсияи мол муќаррарнамудаи њамин Кодекс анљом дода мешавад (боби 14).

Агар ќисмњои эњтиётї ва таљњизот мувофиќи моддаи 300 њамин Кодекс аз сарњади гумрукї њамзамон бо воситаи наќлиёт гузаронида шаванд, арзи маълумот дар бораи онњо дар декларатсияи вуруд ва хуруљ, ки барои ин воситаи наќлиёт пешнињод шудааст, иљозат дода мешавад.

4. Агар талабот нисбати њуљљатњои ба маќоми гумрук њангоми вуруд ва хуруљи воситањои наќлиёт пешнињодшаванда мувофиќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон дар соњаи наќлиёт муайян гардида бошад, барои маќсадњои гумрукї њуљљатњои пешбининамудаи ин санадњо истифода бурда мешаванд.

5. Агар воситаи наќлиёт ба ин ё он низоми гумрукї барои маќсадњои гумрукї њамчун мол арз нашуда бошад, аз лањзаи барасмиятдарории гумрукии воситаи наќлиёт он мутаносибан тањти низоми гумрукии воридоти муваќќатї ё содироти муваќќатї ќарордошта њисобида мешавад, ки ин боиси ўњдадории шахс љињати риояи шартњои низомњои мазкури гумрукї мегардад.

6. Барасмиятдарории гумрукии ќисмњои эњтиётї ва таљњизоти ивазшуда, ки ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид мешаванд, тибќи ќоидањои барасмиятдарории гумрукии моле сурат мегирад, ки мувофиќи низоми гумрукии реимпорт ворид гардидаанд.

7. Ќисмњои эњтиётї ва таљњизоти истифодашуда, вале бозпас содирнагардида бояд ба муомилоти озод иљозат дода шаванд ё бо риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс тањти низоми дигари гумрукї ќарор дода шаванд.

Моддаи 302. Интиќоли киштињои дарёї ва њавопаймоёне, ки барои њамлу наќли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешаванд

1. Киштињои дарёие, ки муваќќатан аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо маќсадњои истифодаи зайл содир карда мешаванд:

1) барои амалиёти љустуљўї, наљотдињї ва ядакї (буксир);

2) барои корњои гидротехникї, зериобию техникї ва корњои дигари шабењ;

3) барои назорати санитарї, карантинї ва назорати дигар;

4) бо маќсадњои таълимї, варзишї ва фарњангї, инчунин барои дигар маќсадњо аз ќаламрави гумрукї њангоми содироти муваќќатї ва воридоти бозпаси онњо тибќи ќоидањои пешбининамудаи њамин боб интиќол дода мешаванд, ба истиснои воситањои наќлиёте, ки шахсони воќеї барои истифодаи шахсї, оилавї, хољагидорї ва дигар њолатњои ба фаъолияти соњибкорї алоќаманд набуда интиќол медињанд.

2. Њавопаймои гражданї, давлатї ва таљрибавї, ки барои њамлу наќли байналмилалии мол ва мусофирон истифода намешавад, аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон њангоми содироти муваќќатї ва воридоти бозпаси он тибќи ќоидањои муќаррарнамудаи њамин боб интиќол дода мешавад.