Боби 37. ИНТИЌОЛИ МОЛ АЗ ЉОНИБИ ШАХСОНИ ВОЌЕЇ

Моддаи 303. Интиќоли мол аз љониби шахсони воќеї барои истифодаи шахсї, оилавї, хољагидорї ва дигар амалњое, ки ба пешбурди фаъолияти соњибкорї алоќаманд нестанд

1. Моли барои истифодаи шахсї, оилавї, хољагидорї ва дигар эњтиёљоти шахси воќеї таъингардида, ки ба пешбурди фаъолияти соњибкорї алоќаманд нест (минбаъд - барои истифодаи шахсї), аз љониби њамин шахси воќеї аз сарњади гумрукї тибќи муќаррароти њамин боб, вале дар ќисмате, ки њамин боб танзим нанамудааст - тибќи тартиби умумии муќаррарнамудаи њамин Кодекс интиќол дода мешавад.

2. Таъиноти молро маќоми гумрук дар асоси аризаи шахси воќеї оид ба моли аз сарњади гумрукї интиќолшаванда, вобаста ба хусусият ва теъдоди мол, инчунин мунтазамии интиќоли мол аз сарњади гумрукї муайян менамояд.

3. Тартиби интиќоли моли таъиноти истифодаи шахсї аз сарњади гумрукї аз љониби шахсони воќеї пурра озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андозњо, татбиќи ставкаи ягонаи бољњои гумрукї ва андоз, ситонидани пардохтњои гумрукї дар шакли пардохти маљмўии гумрукї, инчунин истифода набурдани мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодї, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар шудаанд, тасдиќи њатмии мутобиќати мол ва тартиби соддагардонидашудаи барасмиятдарории гумрукиро дар бар мегирад.

Моддаи 304. Ворид ва содир намудани молу воситањои наќлиёт барои истифодаи шахсї ва ситонидани бољњои гумрукї ва андоз аз чунин молу воситањои наќлиёт

1. Нисбати моле, ки шахсони воќеї дар доираи меъёрњои вазнї (миќдорї) ва арзишии муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ворид менамоянд, ба истиснои моле, ки воридоти он ба Љумњурии Тољикистон манъ аст, озодкунии пурра аз пардохти бољњо, андозњо (тартиби воридоти имтиёзнок) фароњам оварда мешавад.

Нисбати воситањои наќлиёт, инчунин моле, ки арзиши он аз меъёри имтиёзнок зиёд аст, дар ќисмати чунин афзоиш ставкаи ягонаи бољњои гумрукї ва андоз (тартиби воридоти соддагардонидашуда) татбиќ карда мешавад. Арзиши нињоии моли воридотї барои шахсони воќеї њангоми истифодаи тартиби соддагардонидашуда аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад. Тартиби татбиќи ставкаи ягонаи бољњои гумрукї ва андозро Њукумати Љумњурии Тољикистон дар асоси андозаи миёнаи ставкаи муќарраршудаи бољњои гумрукї ва андозе муайян менамояд, ки нисбати молу воситањои наќлиёте, ки ба миќдори нисбатан зиёд аз љониби шахсони воќеї аз сарњади гумрукї интиќол дода мешаванд, истифода мегардад.

Озодкунии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ё ставкањои ягонаи бољњои гумрукї ва андоз дар доираи андозањои миќдории муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон татбиќ карда мешавад.

2. Њукумати Љумњурии Тољикистон барои воридоти мол аз љониби шахсони воќеї бо истифодаи озодкунии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ё ќабули ставкаи ягонаи бољњои гумрукї ва андоз нисбати моли зераксизї, моле, ки нисбати он тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон барои воридот ба Љумњурии Тољикистон мањдудиятњои теъдодї муќаррар шудаанд, мањдудиятњои (вазнї) миќдорї ё арзишї муќаррар менамояд.

3. Њукумати Љумњурии Тољикистон њолатњоеро муайян менамояд, ки нисбати моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон аз љониби шахсони воќеии ба синни муайян нарасида, инчунин шахсони сарњади гумрукиро муттасил убуркунанда воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз фароњам оварда намешавад ё озодкунї аз пардохт дар доираи нисбатан камтар фароњам оварда мешавад.

4. Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад њолатњоеро муайян намояд, ки озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ё ставкањои ягонаи бољњои гумрукї ва андоз нисбати моли аз тарафи шахсони воќеї њангоми кўчидан ба љойи зисти доимї интиќолшаванда, моли аз љониби гурезањо ва муњољирони иљборї воридшаванда, инчунин нисбати моликияти меросї дар њаљми бештар аз андозаи муайяннамудаи ќисми 1 њамин модда татбиќ гардад.

5. Нисбати арзишњои фарњангии аз љониби шахсони воќеї воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба шарти декларатсиякунонии хаттии онњо, инчунин баќайдгирии махсусе, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар бораи содирот ва воридоти арзишњои фарњангї пешбинї намудааст, фароњам оварда мешавад.

6. Моли тибќи њамин модда ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда, инчунин аз ин ќаламрав содиршаванда барои маќсадњои гумрукї мутаносибан њамчун барои муомилоти озод иљозатшуда ё тањти низоми гумрукии содирот содиршуда баррасї мегардад.

7. Нисбати моли аз љониби шахсони воќеї содиршаванда озодкунї аз пардохт, баргардонидан ё љуброни андозњои дохилї тибќи тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад.

8. Нисбати моле, ки барои онњо тартиби соддагардонидашуда ё имтиёзноки интиќоли мол аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон пешбинї нашудааст, тартиби умумии барасмиятдарории гумрукї ва пардохти бољњои гумрукї ва андоз, ки њамин Кодекс муќаррар намудааст, татбиќ карда мешавад.

9. Муќаррароти њамин модда нисбати моле, ки шахсони воќеї муваќќатан ворид (содир) ва бозпас содир (ворид) менамоянд, татбиќ намегардад.

Эзоњ. Барои маќсадњои татбиќи њамин боб тањти мафњуми воситањои наќлиёт воситаи наќлиёти автомобилї ва ядакњо, киштињои дарёї ва њавопаймо њамзамон бо ќисмњои эњтиётии онњо ва дигар ќисму таљњизоти маъмулии онњо, ки шахсони воќеї танњо барои истифодаи шахсї ворид ё содир менамоянд, дар назар дошта шудааст.

Моддаи 305. Воридоти муваќќатии мол аз љониби шахсони воќеї

1. Нисбати моли муваќќатан ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон аз тарафи шахсони воќеии хориљї воридшаванда озодкунии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз њангоме фароњам оварда мешавад, ки агар ин мол танњо барои истифодаи шахсї дар давраи буду боши муваќќатии онњо дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид карда шавад.

2. Озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андози пешбининамудаи ќисми 1 њамин модда нисбати воситањои наќлиёти ба шахсони воќеии хориљї таалуќдошта ё аз љониби онњо иљорашуда ё барои истифодаи муваќќатї гирифташуда ё ба тариќи дигар истифодашаванда, ки ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон њамзамон бо вуруди шахси хориљї ё то вуруд ё баъди вуруди вай оварда шудаанд, татбиќ мегардад.

Воситањои наќлиёте, ки аз љониби шахсони воќеї барои интиќоли пулакии шахсон ё барои њамлу наќли моли саноатї ё тиљоратї оварда мешаванд, аз сарњади гумрукї тибќи ќоидањои муќаррарнамудаи боби 36 њамин Кодекс интиќол дода мешаванд.

3. Дар њолате, ки агар моли муваќќатан воридшуда бояд мувофиќи ќисми 2 моддаи 308 њамин Кодекс ба таври хаттї декларатсия шавад, мўњлати воридоти муваќќатиро маќоми гумрук дар асоси аризаи шахси воќеии хориљї, бо назардошти давомнокии буду боши вай дар Љумњурии Тољикистон, дар доираи мўњлати муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, тибќи ќисми 4 њамин модда муќаррар менамояд.

Бо дархости асосноки шахси воќеии хориљї мўњлати воридоти муваќќатии муќаррарнамудаи маќоми гумрук метавонад дар доираи мўњлати муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон тибќи ќисми 4 њамин модда тамдид карда шавад.

4. Њукумати Љумњурии Тољикистон метавонад мўњлати нињоии воридоти муваќќатиро нисбати намуди алоњидаи мол, аз љумла воситањои наќлиёти муваќќатан ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон аз љониби шахсони воќеии хориљї воридшаванда муќаррар намояд.

5. Моли муваќќатан воридгардида, аз љумла воситањои наќлиёт метавонанд аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон аз тариќи њама гуна маќоми гумрук бозпас содир карда шаванд. Њангоми содироти моли муваќќатан воридгардида бољњои гумрукї ва андоз ситонида намешаванд, мамнўияту мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон татбиќ карда намешаванд.

6. Содироти бозпаси моли муваќќатан воридшуда, аз љумла воситањои наќлиёт метавонад анљом дода нашавад, агар ба ин мол, аз љумла воситањои наќлиёт дар натиљаи садама ё таъсири ќувваи рафънопазир зарари љиддї расонида шуда бошад.

7. Шахсони воќеии ватанї метавонанд муваќќатан воситањои наќлиётро ворид намоянд, ба шарте агар ин воситањои наќлиёт дар ќаламрави давлати хориљї ба ќайд гирифта шуда, дар маљмўъ мўњлати воридоти муваќќатї дар тўли як соли таќвимї вобаста ба њар як воситаи наќлиёти муваќќатан воридшаванда аз се моњи таќвимї зиёд набошад.

Моддаи 306. Содироти муваќќатии мол аз љониби шахсони воќеї

1. Шахсони воќеии ватанї њуќуќ доранд аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон молро барои истифодаи шахсї ба мўњлати буду боши муваќќатии худ дар ќаламрави давлати хориљї бо пурра озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз муваќќатан содир ва бозпас ворид намоянд.

2. Дар асоси аризаи шахси воќеї маќоми гумрук њаммонандсозии (моддаи 434) моли муваќќатан содиршавандаро анљом медињад, агар чунин њаммонандсозї ба воридоти бозпас, бо пурра озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз мусоидат намояд. Дар бораи њаммонандсозии моли дар декларатсияи гумрукї дарљкардашуда, як нусхаи он ба шахси воќеии содирнамудаи мол баргардонида мешавад. Мављуд набудани чунин њаммонандсозї барои бозпас ворид намудани ин мол аз љониби шахсони воќеї, бо озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз монеъ намегардад.

Моддаи 307. Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз љониби шахси воќеї барои истифодаи шахсї интиќол дода мешавад

1. Барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз љониби шахсони воќеї барои истифодаи шахсї интиќол дода мешавад, мувофиќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тибќи њамин Кодекс анљом дода мешавад.

2. Шахсони воќеї, ки бо воситањои наќлиёти худ, инчунин воситањои наќлиёти таъиноти тиљоратї ё ќатора сарњади гумрукиро убур мекунанд, чун ќоида метавонанд воситаи наќлиётро тарк накарда, амалиёти гумрукиро анљом дињанд.

3. Мол, аз љумла воситањои наќлиёте, ки шахсони воќеї барои истифодаи шахсї интиќол медињанд, дар њолатњои зерин дар анборњои нигањдории муваќќатї љойгир карда мешаванд:

1) бо хоњиши шахсони мазкур;

2) агар барасмиятдарории фаврии гумрукии мол ва (ё) пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо сабабњои аз маќомоти гумрук вобастанабуда имконнопазир бошад.

4. Нигањдории муваќќатии мол тибќи тартиби муќаррарнамудаи боби 12 њамин Кодекс аз њисоби шахсоне, ки моли онњо дар анборњои нигањдории муваќќатї ќарор доранд, сурат мегирад.

5. Бо маќсади соддагардонии барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз љониби шахсони воќеї тавассути наќлиёти автомобилї ва роњи оњан интиќол дода мешаванд, маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад бо хадамоти гумруки давлати њаммарз дар хусуси барасмиятдарории муштараки гумрукї ва назорати гумрукии моли мазкур созишнома бандад.

Моддаи 308. Декларатсия кардани моли шахсони воќеї

1. Моли шахсони воќеї, ки дар борљомаи дастї ва баѓољ интиќол дода мешавад, њангоми убури Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон декларатсия карда мешавад.

2. Дар шакли хаттї моли зайл, аз љумла воситањои наќлиёт декларатсия карда мешавад:

1) моле, ки шахсони воќеї дар шакли баѓољи њамроњинашаванда интиќол медињанд;

2) моле, ки ба суроѓаи шахсони воќеї барои истифодаи шахсї фиристода мешавад, ба истиснои моле, ки тавассути почтаи байналмилалї ирсол мегардад;

3) моле, ки мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон воридоташ мањдуд карда шудааст ё арзиш ва (ё) теъдодаш аз мањдудияти муайянгардидаи интиќоли мол бо озодкунї аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон бештар мебошад (моддаи 304);

4) моле, ки содироташ мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудааст;

5) моле, ки њангоми содироти он санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон декларатсияи њатмиро дар шакли хаттї пешбинї кардаанд;

6) воситањои наќлиёт.

3. Дар њолатњое, ки дар ќисми 2 њамин модда зикр нашудаанд, мол ба таври шифоњї декларатсия карда мешавад.

Шахси воќеї њуќуќ дорад бо хоњиши худ молеро, ки тавассути сарњади гумрукї интиќол медињад ва декларатсияи хаттии он њатмї намебошад, дар шакли хаттї декларатсия кунад.

4. Тибќи њолатњо ва тартибе, ки маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян мекунад, моли дар шакли шифоят декларатсияшаванда бо риояи анљом додани амалњое декларатсия карда мешавад, ки дар борљомаи дастї ва баѓољи њамроњишавандаи шахси воќеї мављуд набудани молеро тасдиќ менамоянд, ки бояд дар шакли хаттї декларатсия карда шавад (декларатсия дар шакли конклюдентї), мављуд нест. Бо ин маќсад дар нуќтањои гузаргоњ барои убури шахсони воќеї љойњои махсус ишорашудае таъин мегарданд, ки шахс метавонад шакли декларатсия кардани молро интихоб намояд. Агар шахси воќеї аз тариќи љойи махсуси муайяншуда гузарад, ки барои убури шахсоне таъин гардидааст, ки дар борљомаи дастї ва баѓољ моли барои декларатсияи хаттї зарурї надоранд, он њамчун арз ба маќомоти гумрук дар хусуси дар ихтиёри ин шахс мављуд набудани моли дар шакли хаттї декларатсияшаванда баррасї мегардад.

5. Моли шахсони ноболиѓи то синни 16 - сола аз љониби падар ё модар, фарзандхонда, васї, парастор ё њамроњикунанда ва њангоми хуруљи (вуруди) муташаккилона ва вуруди (хуруљи) муташаккилонаи гурўњи шахсони ноболиѓ бе њамроњї кардани падар ё модар, фарзандхонда, васї ё парастор - аз љониби роњбари ин гурўњ декларатсия карда мешавад.

6. Нисбати моли аз сарњади гумрукї њамчун баѓољи њамроњинашаванда интиќолшаванда декларатсияи гумрукї бояд њангоми воридоти чунин мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар мўњлати муќаррарнамудаи моддаи 129 њамин Кодекс ва њангоми содироти онњо - њамзамон бо пешнињоди мол ба маќоми гумрук манзур мегардад.

Моли аз сарњади гумрукї чун баѓољи њамроњинашаванда интиќолшаванда метавонад аз љониби шахси интиќолдињанда ё шахси дигаре, ки тибќи бовариномаи шахси интиќолдињандаи мол амал мекунад, декларатсия карда шавад.

Моли баѓољи њамроњинашавандаи шахси ноболиѓи то синни 16 - сола аз љониби падар ё модар, фарзандхонда, васї, парастор ё шахсоне, ки тибќи бовариномаи шахсони мазкур амал мекунанд, декларатсия карда мешавад.

Моддаи 309. Пардохти бољњои гумрукї ва андоз аз љониби шахсони воќеї

1. Бољњои гумрукї ва андоз аз љониби шахсони воќеї њангоми декларатсияи мол дар шакли хаттї, дар асоси ордери кассавии гумрукї, ки намунаи онро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд, пардохта мешавад. Як нусхаи ордери кассавии гумрукї ба шахсе, ки бољњои гумрукї ва андозро пардохтаст, супорида мешавад.

2. Бољњои гумрукї, андозњо нисбати моле, ки аз сарњади гумрукї барои истифодаи шахсї интиќол дода мешавад, аз љониби шахсони воќеї дар шакли пардохти маљмўии гумрукї (пардохт дар шакли маблаѓи умумии бољњои гумрукї, андозњо, бе таќсими ќисмии онњо ба ќисми таркибии бољњо, андозњо) ё тибќи ставкаи ягонаи бољи гумрукї супорида мешаванд (моддаи 304).

Моддаи 310. Арзиши гумрукии моле, ки шахсони воќеї интиќол медињанд

1. Арзиши гумрукии мол аз љониби шахсе, ки молро интиќол медињад, њангоми декларатсия кардани онњо арз карда мешавад. Барои тасдиќи арзиши гумрукии арзшуда шахси воќеї метавонад чекњо, њисобномањо ва дигар њуљљатњои тасдиќкунандаи дастрас намудани моли декларатсияшаванда ва арзиши онњоро пешнињод намояд.

2. Њангоми аз љониби шахсони воќеї барои истифодаи шахсї ворид намудани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба арзиши гумрукии мол харољоти боррасонї то фурудгоњњо, бандарњои дарёї ва мањали дигари расонидани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дохил карда намешавад.

3. Њангоми мављуд набудани њуљљатњо ва маълумоти тасдиќкунандаи дурустии муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамудаи шахси воќеї, маќоми гумрук метавонад арзиши гумрукии молро мустаќилона, дар асоси маълумоте, ки дар каталогњои ташкилотњои хориљии машѓули фурўши мањсулот мављуд буда ё дар асоси маълумоти дигари нархие, ки нисбати моли шабењ дар ихтиёри маќоми гумрук ќарор доранд, муайян намояд.

Њангоми истифодаи маълумоти нархии мазкур маќоми гумрук тасњењи арзиши гумрукии молро вобаста ба сифати мол, талабот нисбати он дар бозор, кишвари истењсолкардаи мол, ваќти истењсол ва дигар омилњои ба нарх таъсиркунанда анљом медињад.

Моддаи 311. Ќисмњои эњтиётї ва сўзишворї барои воситањои наќлиёти аз љониби шахсони воќеї интиќолшаванда

1. Ќисмњои эњтиётие, ки барои таъмири воситањои наќлиёти муваќќатан аз љониби шахсони воќеї ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшуда заруранд, метавонанд муваќќатан бо пурра озодкунї аз бољњои гумрукї ва андоз ба мўњлати на зиёда аз мўњлати воридоти муваќќатии воситањои наќлиёт ворид карда шаванд.

2. Сўзишвории воситањои наќлиёт, ки дар бакњои мувофиќи конструксияи воситаи наќлиёт насбшуда мављуданд ва ин воситањои наќлиётро аз сарњади гумрукї шахсони воќеї интиќол медињанд, метавонад бе пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид ё мутаносибан аз ќаламрави он хориљ карда шавад.

Моддаи 312. Маълумот дар бораи ќоидањои интиќоли мол аз љониби шахсони воќеї аз сарњади гумрукї

Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ва маќомоти дигари гумрук дастрасии маълумотро дар бораи ќоидањои интиќоли мол аз љониби шахсони воќеї, аз љумла тавассути пахши вараќањои иттилоотї дар муассисањои наќлиётї ва туристї бо забони давлатї, забони муоширати байни миллатњо ва забонњои хориљї, инчунин тавассути тањияи лавњањои иттилоотї дар мањалњои барасмиятдарории гумрукии моле, ки аз љониби шахсони воќеї интиќол карда мешаванд, таъмин менамоянд.