Баҳодиҳии ЗММ аз рӯи арзиши холиси фурӯш

Арзиши холиси фурӯш (нархи софи фурӯши имконпазир) - ин нархи фурӯши эҳтимолии мол тарҳи хароҷот оиди тайёркунӣ ва фурӯгии он мебошад. Арзиши холиси фурӯш дар ҳолате истифода мешавад, ки арзиши аслиро бо сабабҳои зерин барқарор кардан имконнопазир аст:

> маълумот оиди ЗММ нуқсон доранд;

> онҳо қисман ё пурра кӯҳна шудаанд;

> нархи бозории ЗММ паст шудааст.

Баҳодиҳии ЗММ яке аз масъалаҳои нисбатан шавқовар ва васеъ муҳокимашавандаи баҳисобгирии бухгалтерй мебошад. Баҳои хатои ЗММ дар охири давра ба натиҷаҳои номатлуби фоидаи соли ҷорӣ ва соли оянда оварда мерасонад. Ин ба миқдори андоз аз фоида низ таъсир мерасонад.

Барои муайянкунии камтарин аз арзиши аслӣ ва арзиши холиси фурӯши ЗММ усулҳои зерин истифода мешаванд: моддавй, гурӯҳҳои асосии молӣ ва дараҷаи умумии захираҳо.

Усули моддавӣ барои ҳар як номгӯи ЗММ интихоби ифодаи камтаринро аз арзиши балансӣ ва арзиши холиси фурӯш пешбинй менамояд.

Бо усули гурӯҳи асосии молй барои ҳар як гурӯҳи ЗММ қимати хурдтарин аз арзиши балансӣ ва арзиши холиси фурӯш интихоб карда мешавад.

Бо усули дараҷаи умумии захираҳо барои тамоми ЗММ қимати хурдтарин аз арзишя балансӣ ва арзиши холиси фурӯш интихоб карда мешавад.

Мисоли 2. Корхона бо фурӯши автомобил машғул аст. Дар поён рӯйхати номгӯи ЗММ дар 31 декабри соли 2001 оварда шудааст. Захира аз 15 автомобил иборат аст, ки ба 3 гурӯх тақсим мешавад. Дар асоси арэиши аслӣ ва арзиши холиси фурӯш бақияи дурусти ЗММ-ро, ки дар баланси бухгалтерӣ инъикос намудан лозим аст, бо усулҳои зерин муайян кунед: А) воҳидҳои ЗММ (усули моддавӣ); В) гурӯҳҳои асосии ЗММ; С) ҳаҷми умумии ЗММ.

1) Ҳангоми истифодаи ҳар яке аз ин усулҳо арзиши аслии ЗММ ба кадом маблаг кам мешавад?

2) Кадоме аз ин усулҳо нисбатан консервативӣ аст? Кадоме аз ин усулҳо нисбатан беҳтар ва пешқадам аст?

3) Агар ЗММ аз 1500 автомобил иборат мебуд ва корхона низоми баҳисобгирии
автоматонидашударо намедошт ин ҳолат оё ба ҷавоби шумо таъсир мерасонд? Агар ҳа, пас чӣ хел
ва барои чӣ?


Гуруҳ Арзиши асли Арзиши холиси ФУРӮш Хурдтарин аз арзиши асли ва арзишихолиси фурӯш
А  
А  
А  
А  
  Ҳамагӣ      
Б  
Б  
- Б  
Б  
Б  
Б  
  Ҳамагӣ      
В  
В  
13 13 В  
В  
В  
  Ҳамагӣ     !

 

Гурӯҳ Арзиши аслй Арзиши холиси фурӯш Хурдтарин аз арзиши асли ва арзиши холиси фурӯш
А
А
А _]
А
  Ҳамагй 43000 42000 41000
Б 1 14000 ^
Б
Б
Б
Б
Б
  Ҳамагй 89000 90000 86000
В
. -, В
В
в
в
  Ҳамагӣ 59000 70000 59000 "^
  Ҷамъ 186000 1

1) 186000 в.ш.

:- 190000 в.ш. . 191000 в.ш. I 5000,1000

2) а) аз арзиши аслӣ; в) вобаста ба вазъият

З) агар таносуб дар гурӯҳҳо ва арзишҳо нигоҳ дошта шавад, пас натиҷаҳо бо зарбкунии 1000 фарқ мекунанд. Фақат дар ин ҳолат ҳисобкуниҳо мураккаб мешаванд. Агар таносуб нигоҳ дошта нашавад, пгйяр ёфтани ҷавобҳо мумкин аст.

Мебояд ба хотир гирифт, ки дар саноат арзиши захираи масолеҳ ва ашёи хом то арзиши холиси фурӯш аз ҳисоб бароварда намешавад, агар маҳсулоти тайёре, ки аз онҳо юркард мешавад, бо нархи ба арзиши аслй баробар ё аз он зиёд фурӯхта шавад.

Низоми баҳисобгирии ЗММ

Ду низоми баҳисобгирии ЗММ мавҷуд аст:

> баҳисобгирии даврй;

► бахисобгирии бефосила.

Ҳангоми баҳисобгирии даврӣ дар давоми сол баҳисобгирии муфассали ЗММ бурда -:ашуда, арзиши аслии моли фурӯхташударо танҳо дар сурати гузаронидани барӯихатгирӣ И7 охири сол муайян кардан имконпазир аст.

Барои муайянкунии арзиши аслии моли фурӯхташуда формулаи зеринро истифода мебаранд:

Арзиши аслии ЗММ дар ибттдои давр + арзиши аслии ЗММ-и харидашуда = арзиши аслии ЗММ барои фурӯш.

Арзиши аслии ЗММ барои фурӯш - арзиши аслии ЗММ дар охири давр= арзиши аслии ЗММ -и фурӯхташуда.

Фарқияти асосии баҳисобгирии бефосилаи ЗММ аз баҳисобгирии даврии ЗММ дар он
аст, ки ҳангоми баҳисобгирии бефосила дар хисоби «молҳо» доимо харидҳои нав, фурӯш ва дигар амалиёти бо ҳаракати молҳо вобаста инъикос мегарданд. Ҳангоми беҳисобгирии
даврӣ маълумоти ин хисоб то вақти гузаронидани барӯйхатгирӣ бо маблағи ибтидоӣ
меистад. Ҳисобҳои муваққатие, ки ҳангоми баҳисобгирии даврй истифода бурда мешаванд, ҳангоми баҳисобгирии бефосила истифода бурда намешаванд. Ба ин ҳисобҳо «Хариди молҳо», «Баргардонидан ва баҳои молҳои харидашуда», «Кам кардани нархи харид» ва «Хароҷоти нақлиётй оиди хариди мол» мансубанд. Ба ғайр аз ин ҳисоби «Арзиши аслии молҳои фурӯхташуда» ҳангоми баҳисобгирии бефосила барои ҷамъшавии арзиши аслии тамоми молҳои ба харидорон фурӯхташуда истифода бурда мешавад.

 

Дарсхои амалии№11.

 



php"; ?>