Мавзуи 6 . Низоми (система) счетхо ва навишти дутарафа

Накша:

Системаи навишти дутарафаи амалиёт дар ҳисобҳо

Баҳисобгирии куллӣ (синтетикй) ва чузъӣ (аналитикӣ)

Таснифот ва нақшаи ҳисоби бухгалтерӣ

Баҳисобгирии бухгалтерй хислати муназзам дорад. Ин чунин маъно дорад, ки ггхои аз рӯи мазмуни иқтисодӣ ва таъинот гуногун (активҳо ва пассивҳо) бо ченаки ягонаипулӣ ба ҳисоб гирифта шуда, дараҷаи таъсири амалиёти хоҷагӣ ба ҳисоб ва баланси бухгалтерй муайян карда мешавад.

Навишти дутарафа баҳисобгириро хислати муназзам мебахшанд, ҳисоби бухгалтериро ба системаи ба ҳам пайвастаи ахборотй мубаддал мегардонад, ки ба игардиши ҳақиқии воситаҳо ва захираҳои хоҷагӣ мувофиқат мекунад» (3,с.64).

Тарзи навишти дутарафа аллакай ба халқҳои антиқа маълум буд, вале чун системаи ггти дутарафа ва тартиб додани баланси бухгалтерй дар таҷриба дар миёнаи асрҳои щдум амалӣ шуда буд, ки дар натиҷаи пайдо шудани ширкатҳо, кредит ва тараққиёти :« чаҳонй ба амал омадааст.

Моҳияти системаи навишти дутарафа дар он аст, ки воқеаҳои фаъолияти хоҷагй бояд ду маротиба ба қайд гирифта шаванд: аз рӯи дебети як ҳисоб кредити дигар ҳисоб ва бо маблаги баробар.

Мисоли 1. 10 январи соли 2002 ширкати «Рустам» мувофиқи шартнома ба маблағи 5 000 в.ш. молҳоро кард. Ин амалиётро дар ҳисоби бухгалтерй ин тавр дарҷ мекунем:

Молҳо........................................... 5 000

Ҳисобҳо барои пардохт............. 5 000

Мисоли 2. Маблағи қарздорӣ ба молтаъминкунандагон пардохта шуд:

Ҳисобҳо барои пардохт............. .5 000

Хазина (воситаҳои пулӣ).............. 5 000

Коидаи навишти дутарафа имкон медихад. ки:

• дуруст сабт намудани ҳодисаҳо дар системаи ҳисобҳо зери назорат гирифта шаванд;

• таҳлили ҷорӣ вд баҳодиҳии тагйирёбиҳо дар таркиби молу мулки корхона, ӯҳдадориҳо ва сармояи корхона ба роҳ монда шавад;

• баробарии бадансц: активҳо - ӯҳдадориҳо +сармоя таъмин гардад;
в тарҳрезй намудани ахбороти баҳисобгирӣ в,а ҳалли масоили интихоби самараноки

ахбороти зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Ба ақидаи Б. Нидлз ва дигар муаллифони китоби машҳури «Қоидаҳои баҳисобгирия бухгалтерй»: «яке аз душвортарин лаҳза дар фаҳмиши навишти дутарафа дад истифодабарии ин қоида барои дарҷ намудани чунин қисматҳои сармоя, ба монандя даромад, хароҷот ва аз истеъмол баровардани сармоя мебошад. Азбаски даромад сармоям задд мекунад, вале харочот ва ҳариҷкуниҳои сармоя онро кам мекунанд, бинобар он чунии алоқамандй ҷой дорад»

Сармоя

 

 

Камшавӣ (дебет) Хароҷот   Зиёдшавӣ (кредит) Даромад  
Зиёдшавӣ (дебет) Бозгири Камшавӣ (кредит) фти сармоя "Ч.. Камшавӣ (дебет)   Зиёдшавӣ (кредит)
Зиёдшавӣ (дебет) Камшавӣ (кредит)    
           

Бухгалтери ҷавони таҷрибаомӯз аксар вақт нисбати ба ҳисоб гирифтани амалиёти даромад, хароҷот ва истифодабарии сармоя бо душвориҳо дучор мегардад. Тарҳи дар боли овардашудаи ҳисоби сармоя нишон медиҳад, ки зиёдшавии даромад ва сармоя дар кредш камшавиаш - дар дебет сабт мешавад. Зиёдшавии ҳароҷот ва камшавии сармоя маблаги худ сармояро кам мекунад (маънои дебетро дорад),

Хулоса: амалиёти хоҷагӣ бо усули навишти дутарафа дар ҳисоб сабт мешаваи бевосита ба зиёдшавӣ (кредит) ва камшавии (дебет) сармоя таъсир мерасонанд. Агар амалиет бо сармоя ба ҳолати молиявии субъекти хоҷагидорӣ таъсир нарасонад, он гоҳ чун: ҳодисаҳо амалиёти хоҷагӣ ҳисобида намешаванд.

Баҳисобгирии куллӣ ва ҷузъӣ

Маълумоти ҳисобҳои активӣ ва пассивй вобаста ба дараҷаи ҷамъбасткунии ахбороти куллӣ, мобайнӣ (ёрирасон) ва ҷузъӣ мешаванд. Аз ин ҷост, ки се дараҷаи тафсили ахборот дар ҳисобҳо вуҷуд дорад:

Дараҷаи 1 - ҳисобҳои куллӣ;

Дараҷаи 2 - ҳисобҳои мобайнӣ;

Дараҷаи 3 - ҳисобҳои ҷузъӣ.

Ҳисобҳои куллй (ҷамъбасткунанда) - ин тарзи таснифот ва ба тартиб даровардан ахборот мувофиқи давраҳои гирдгардиши востаҳо ва ӯҳдадориҳо мебошанд.

Ҳисобҳои ҷузъй дар дохили ҳисоби куллй вобаста ба мазмуни амалиётҳои хоҷа вазифаҳои назорат ва таҳлил, талаботи истифодабарандагони дохилӣ ва берунаи ахборот кушода мешавад.

Дар системаи ахбороти ҳисобгирии бухгалтерӣ ҳисоби куллӣ дар бораи ҷараа инкишофи активҳои корхона ба ҳисоби пулӣ маълумот медиҳад (алоқаҳои уфуқӣ) ва ҳисоби ҷузъй дар дохили ҳисоби куллй (амудӣ) навишта мешавад.

 

Дарсхои амалии№6.

1. Супориш бароихудсанҷӣ

Супориши 1. Дар зер баланси тасҳеҳношудаи санҷишии ширкати «Помир» барои санаи 31.12.1998. : варда шудааст. Ҳамаи рақамҳо бо ҳазор в.ш. дода шудаанд.

ҶС «Помир»
Баланси санҷишӣ барои 31 декабри соли 1998.
Воситаҳои пулӣ 2,160

Хисоби қарздории дебиторй 1,250

Молҳои идоравӣ 180

Сутуртаи пешакӣ пардохтшуда 240

Тачҳизоти идоравӣ 3,400

2,000 2,870 2,900

Истеҳлоки ҷамъшудаи таҷҳизоти идоравӣ

Хисоби қарздории кредиторӣ

Даромади давраҳои оянда

Сармояи саҳҳомй

Фоидаи тақсимношуда

Хаққусаҳм 400

Даромад аз хизматрасонй
Хароҷоти музди меҳнат 1,500

Хароҷоти иҷора 400

9.5309.530

Бар илова ахбороти зерин мавҷуд мебошад:

А) Хароҷоти суғурта барои моҳи декабр 40 в.ш.-ро ташкил дод.

В т

б) Молҳои идоравии истифоданошуда дар охири моҳи декабр 75 в.ш.-ро тартиб доданд.

В) Истеҳлоки моҳи декабр 100 в.ш.-ро ташкил дод.

Г) Музди меҳнати ҳисобкардашуда дар охири моҳи декабр 120 в.ш.-ро ташкил дод.

Д) Хизмати дар давоми моҳи декабр расонидашуда, ки аз рӯи онҳо то 31 декабр ҳисоб пешниҳод нагардидааст, 300 в.ш.-ро ташкил дод.


Е) Даромад аз хизматҳои иҷрошуда, ки пешпардохт шуда буданд, 160 в.ш.-ро ташкил доданд.

Ж) Андоз аз фоида ба маблағи 250 в.ш. баҳо дода шудааст. Талаб карда мешавад:

1. Мукотиботи ислоҳиро тартиб диҳед;

2. Ҷадвали кориро тартиб дода, онро пур кунед;

3. Баланси санҷишии ислоҳшударо тартиб диҳед;

4. Ҳисобот оиди фоида ва зарар ва ҳисоботи балансиро барои соли дар 31 декабри соли баитмомрасида тартиб диҳед;

5. Ҳамаи ҳисобкуниҳоро нишон диҳед.

Хафтаи хафтум

Дарси 7.

Мавзуи 7 . Активьои жорц: воситахои пули ва

Муодили онхо.

Накша:

1.Таърифи ва таснифи активҳои цорӣ

Воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо: мафҳумҳои асосӣ

Баҳисобгирии амалиёти хазина

Баҳисцбгирии амалиёти хазинаи хурд

Таъриф ва таснифи активҳои ҷорӣ

Активҳо (дороиҳо) - захираҳои иқтисодианд, ки натиҷаи ҳодисаҳои давраҳои гузашта буда, корхона онҳоро назорат карда метавонад, истифодабарии онҳо, одатан ба корхона фоидаи иқтисодӣ меорад. Дар навбати худ фоидаи иқтисодӣ бевосита ва ё бавосита ба дохилшавии воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо мусоидат мекунад. Молҳо ва хадамот, хоҳиш ва талаботи харидоронро қонеъ гардонида, ҷараёни воситаҳои пулиро зиёд мекунанд.

Аз инҷо се тавсифи асосии активхр бармеояд:

1) онҳо бояд ба корхона фоидаи иқтисодӣ оваранд, яъне барои ба даст овардани фоида зарур бошанд;

2) фоидаи иқтисодӣ бояд зери назорати корхона бошад;

3) натиҷаи доду гирифт ва ҳодисаҳои давраҳои гузашта бошанд.

Ду талабот ба активҳо пешниҳод карда мешавад;

• онҳо бояд дар ихтиёри корхона бошанд, моликияти онро ташкил диҳанд;

» арзиши пулӣ дошта бошанд, яъне аз рӯи қоидаҳои баҳодиҳӣ нарх гузошта шаванд (арзиши аслӣ, арзиши бозорӣ).

Аломатхои таснифи активҳо:

А) вобаста ба мақсади баҳисобгирии бухгалтерй - активҳои ғайригардон ва активҳои гардон:

Активҳо = Активхои ғайригардон + Активҳои гардон

Активҳои ғайригардон - инҳо активҳоянд, ки мӯҳлати истифодабариашон аз 12 моҳ зиёд мебошад: воситаҳои асосӣ, активҳои гайримоддӣ, маблаггузориҳои молиявии дарозмуддат, дигар активҳои гайригардон.

Активҳои гардон - инҳо дороиҳоянд, ки: (а) онҳоро дар давраи муқаррарии амалиётии ширкат фурӯхтан ва ё истифода бурдан дар назар дошта шудааст;

(Ь) ба мақсади фурӯш ва ё таъинот барои фурӯш дар давоми 12 моҳ аз санаи ҳисобохй харид карда шудаанд;

(с) дар ҷараёни истеҳсол ва фурӯши молҳо (хадамот) якчанд маротиба иштирок мекуманд; (й) дар шакли воситаҳои пулй ва ё муодили онҳо, ки дар истифодабарй маҳдудият иадоранд. мавҷуданд;

Б. Аз рӯи мӯҳлати пардохт активҳоро ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд:

- ҷорӣ ва ё кӯтоҳмуддат (ба мӯҳлати то як сол);

- дарозмуддат (зиёда аз як сол).

Дар маънидодҳо ба СБҲМ қайд гардидааст, ки СБҲМ аз корхонаҳо талаб намекунанд, ки активҳо ва ӯхдадориҳо ба ҷорӣ ва дарозмудцат дар баланс тақсим карда цаванд. Муҳимтарин талабот ба баланс дар он зоҳир мегардад, ки активҳо ва ӯҳдадориҳо 5ояд мувофиқи дараҷаи зиёдшавии бозоргириашон, яъне аз рӯи мӯҳлати мубаддал гаштани 1ктивҳо ба воситаҳои пулӣ нишон дода мешавад. Дар балансҳои мо активҳои гардон бо тартиби зиёдшавии дараҷаи бозоргириашон нишон дода мешаванд: захираҳо, қарздории дебиторӣ, маблағгузориҳои молиявии кӯтоҳмудат ва воситаҳои пулӣ. Воситаҳои пулӣ бозоргирии мутлақро дороянд.