Максади омузиши фани Стандартхои байналмиллалии хисобгири ва хисоботдихи

Мазмун ва мохияти «Стандартхои байналмиллалии хисобгири ва хисоботдихи».

Принсипхои асосии Стандартхои байналмиллалии хисобгири ва хисоботдихи.

Пахлухои омузиши фан.

Предмети фан.

Саволхои иловаги:

Саволхо ва барои худсанҷӣ:

1. Мохияти баҳисобгирии бухгалтерӣ дар чист?

2. Барои чй баҳисобгирии бухгалтериро «забони бизнес» меноманд?

3. Ахбороти бухгалтерӣ чӣ арзише дорад?

4. Барои чй истифодабарандагони беруна бештар ба эътимоднокии ахбороти бухгалтерӣ таваҷҷӯҳ доранд?

5. Зарурияти тақсими баҳисобгирии бухгалтерӣ ба молиявй ва идоракунӣ дар чист?

6. Накши ченаки пулӣ дар ҷараёни баҳисобгирй ва ҳисобот аз чӣ иборат аст?

7. Се шакли фаъолияти ташкили – хочагиро ба хотир оваред.

8. Ба вазъи молияви таъриф дода, таъсири амалиети хочагиро ба он нишон дихед.

9. Таърифи активхо, ухдадорихо ва сармояи худиро дихед.

10. барои чи ширкатхо хисоботи молиявиро тахия месозанд?

11. фарки байни ахбороти Хисобот оиди фоида ва зарар ва Хисобот оиди фоидаи таксимношуда дар чист?

12. Барои чи кабули карорхои муносиби идоракуни аз бухгалтер вобаста аст?

Хафтаи сеюм.

Дарси 3

Мавзуи 3. Таълимот (консепсия) дар бахисобгирии бухгалтери ва хисоботи молиявии таснифоти.

Накша:

Максади иттилооти молиявӣ

Тавсифномаҳои сифатии иттилооти молиявӣ

Фарзияҳои умдатарини иттилооти молиявӣ

Таълимот дар баҳисобгирии молиявӣ ва одоби пешниходи ҳисобот

Максади иттилооти молияви

Хисоботи молиявӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби ҳамаи субъектҳои хочагидорӣ таҳия ва пешниҳод мегардад. Сарфи назар аз тафовути мавҷудбуда дар шаклу мазмун, ки вобаста ба шароити иҷтимоӣ - иқтисодй ва ҳуқуқии кишварҳои мухталиф ба миен омадаанд, мақсади ҳисоботи молиявӣ - ин то ҳадди ниҳоӣ қонеъ гардонидани ниёзи еотии доираи васеи истифодабарандагон мебошад.

Катъи назар аз он, ки дар ҳар кишвар:

· стандартҳои хоси миллй, ки қоидаҳои таҳия ва пешниҳоди хисоботи молиявиро мукаррар намудаанд;

· хисобот ба самъи истифодабарандагони мушаххас равона карда мешавад;

· модддаҳои ҳисоботи молиявӣ аз рӯи меъёрҳои гуногун эътироф карда шуда, системаҳои гуногуни ченкунӣ истифода мешаванд;

· шароити хоси иҷтимоӣ - маишӣ ва ҳукуқӣ арзи вуҷуд доранд, аммо дар амал мафҳумҳо ва истилохоти объектҳои баҳисобгирии бухгалтерии якранг истифода мешаванд. Вобаста

трансмилликунонй ва куллигардонии (глобаликунонии) равандҳои иқтисодӣ, зарурати гакли якхела даровардан ва ҳамоҳангсозии баҳисобгирии бухгалтерй дар сатҳи байналналхалқӣ ба миён омад.

Ин тавре шарҳ дода мешавад, ки тақрибан аксари истифодабарандагон қарорҳои глзш бо сармоягузорӣ, насйядиҳй, баҳодиҳии сифатӣ ва тобеъияти ҳисоботи шунӣ, баҳодиҳии қудрати пардохт, бозоргирӣ ва фоидаоварии ширкатҳо вобаста гс обул мекунанд. Сарфи назар аз он, ки ҳисоботи молиявӣ маълумоти мукаммалро

наметавонад, он ба воқеаҳои пешина нигаронида шуда, мувофиқи баъзе меъёрҳои арзиши то дараҷае нисбӣ аст, таҳияву пешниҳоди он барои истифодабарандагон муҳим мебошад, чунки усули дигари маълумотгирӣ ҳоло ихтироъ нагардидааст. Махз тавассути «хониш» ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ, истифодабарандагон оиди вазъи молиявӣ, натиҷаҳои фаъолият, тағйирот дар вазъи молиявии обьект маълумот пайдо мекунанд

Хисоботи молиявӣ барои ҳалли масъалаҳои зерин равона карда шудааст:

· пешниходи маълумоти возеҳ, муфид, саҳеҳ ва воқеӣ ба истифодабарандагон;

· пешниходи маълумоте, ки ба истифодабарандагон барои мулоҳизаронӣ оиди маблаг, фурсат ва хавфи вобаста бо даромади интизорӣ ёрй мерасонад.

 

· пешниҳоди маълумот оиди захираҳои иқтисодӣ, ӯҳдадориҳо, таркиби сармоя ва сарчашмаҳои он.

Дар шароити вусъатёбии муносибатҳои бозоргонӣ зарурати такмили системаи бахисобгирй ва ҳисоботӣ ба миён меояд. Баҳисобгирии бухгалтерии муосир бояд ба доираи васеъи истифодабарандагони иттилоот фаҳмо бошад. Бо ин мақсад баҳисогирии ватаниро аз рӯи кулли меъёрҳо ба ҷаҳонй наздик намудан зарур аст. Бинобар ин мебояд низомнома в дастуруламалҳоро доир ба баҳисобгирй ва ҳисобот, ки айни замон амал карда истодаанд, б стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ намуда, ҳамзамон истифодаи қоидаҳои онҳоро ба тавр: ҳамаҷониба бояд таъмин кард.

Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) дар ҷараёни беҳтаргардот мутобиқнамой ва мйнбаъд наздикшавии ҳисоботи молиявй дар тамоми ҷаҳон, нақши муҳимер бозидаанд. Онҳо:

а) ҳамчун асос бароижалаботи миллӣ нисбати баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар аксари мамлакатҳо;

б) ҳамчун намунаи байналхалқй аз ҷониби мақомоти ҷудогонае, ки бо кор карда баромадан

талаботи хусусии худ машғуланд (аз ҷумла, мамлакатҳои дорои иқтисодиёти мутараккӣ, ҳамчуни

афзоиши миқдори бозорҳо ба мисли Хитой ва аксарияти мамлакатҳои Осиё, Аврупои Марказӣ в

собиқ Иттиҳоди Шӯравй);

в) аз ҷониби биржаҳои фондӣ (сармоявӣ) ва сохторҳои амрдиҳандае, ки ба ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ пешниҳоди ҳисоботи молиявиро мувофиқи СБҲМ иҷозат медиҳанд, ё худ талаб мекунанд:

г) аз ҷониби сохторҳои миллй, аз ҷумлаи Ӣттиҳоди Аврупоӣ, ки оиди комилан такья намудан 6а

Кумитаи СБҲМ (КСБҲМ) мавриди коркарди»меъёрҳои ба эҳтиёҷоти бозори сармоя ҷавобгӯянд

эълон намудааст;

д) аз ҷониби ширкатҳои микдоран афзудаистода, ҳатто дар кишварҳое, ки истифодаи СБҲМ - ро

эҳтиёҷ нест, истифода мешаванд. Пешниҳоди маълумоти саҳеҳ доир ба фаъолияти молиявӣ - хоҷагй масъулияти ниҳоя дақиқро талаб мекунад. Аз рӯи сифат ва боэътимодии ҳисоботи молиявии пешниҳодшуда мутобиқати он ба низомномаҳои амалкунанда оид ба баҳисобгирии бухгалтерӣ ва қонунгузори минтақавӣ, ба кордонии менеҷерони хоҷагидорй ва самаранокии усули идоракунӣ бах медиҳанд. Аз ин хотир, мақсади таҳияи ҳисоботи молиявӣ, усулҳои баҳисобгирии бухгалтери тавсифномаҳо, ки муфид будани иттилооти молиявӣ ва ҷузъиёти он, қоидаҳои инъикос амалиёти хоҷагиро дар баҳисобгирӣ муайян мекунанд, дар таълимоти (консепсияҳо} стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявй дарҷ гардида, онҳо самтҳои асосии омод намудану пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ мебошанд.

Ҳисоботи молиявӣ бо мақсади пешниҳоди маълумот оиди моҳияти фаъолияти ширкат, мавҷудияти активҳои гардон ва ғайригардишӣ, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ - хоҷагӣ ва тағйирёбии вазъи молиявии ширкат ба доираи васеъи истифодабарандагон таҳия мегардад.

Ҳисоботи молиявӣ - ин ифодаи маълумоти ҷамъшуда оиди мавҷудият, вазъ е ҳаракати манбаъҳои моддӣ, меҳнатӣ ва пулии ширкат аст. Бинобар ин, устувории молияви ширкат аз мавҷудияти захираҳои иктисодӣ, сатҳи идоракунӣ ва пухтакории кормандон муносибат бо таъминкунандагону пудратчиён, сохторҳои молиявй ва андоз вобаста ас Натиҷаҳои молиявӣ ва қобилияти пардохтадокунии ширкат оиди вазъи фаъолияти амалиёп сармоягузорӣ ва молиявӣ дар муддати давраи муайяни вақт шаҳодат медиҳанд.

Мутобиқи СБҲМ, мақсади ҳисоботи молиявиро пешниҳоди маълумот нисбати вазъ молиявӣ, натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва ҳаракати воситаҳои пулии ширкат, ки баро доираи васеъи истифодабарандагон мавриди қабули қарорҳои пқтисодӣ муфиданд, ташки медиҳанд. Ҳисоботи молиявӣ ҳамзамон натиҷаҳои идоракунии захираҳоеро, ки ба роҳбарш боварӣ гардидаанд, инъикос мекунад. Бо ин мақсад ҳисоботи молиявӣ маълумотро оид нишондиҳандаҳои зерини ширкат дарбар мегирад:

> Активҳо;

> Уҳдадориҳо;

> Сармоя;

> Даромад ва хароҷот, аз ҷумла фоида ва зарар;

> Ҳаракати воситаҳои пулӣ.

Тавсифномаҳои сифатии иттилооти бухгалтерй

Маълумоти барои истифода пешниҳодгардидаи муҳосибон хусусияти умумиро дорос Истифодабаранда бояд ин маълумотро фаҳмад, таҳлил намояд ва барои қабули қарорх истифода барад. Вобаста аз он, ки дақиқии маълумоти бухгалтерй нисбист ва он «с баҳодиҳии эҳтимолӣ, таснифкунии шартӣ, ҷамъбаст ва тақсимоти субъективӣ, аз рӯи ягон аломат такия мекунад» истифодабарандагон бояд маълумоти пайдокардаро дар асоси меъерхои муайян фахмонанд ва истифода баранд. Ин меъёрҳо тавсифномаҳои сифатӣ (принсипхо) мебошанд, ки маълумоти баҳисобгирӣ бояд онҳоро доро бошад. Принсипҳои -бахисобгирии бухгалтерй - ин қоидаҳои муайян, тартибот ва усулҳое мебошанд, ки аз кумкта оиди Стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ барои бурдани бахисобгирии бухгалтерӣ ва таҳияи ҳисобот маъқул дониста шудаанд. Хамин тариқ, ҳамчун ёрмандӣ ба истифодабаранда бо мақсади шарҳдиҳии саҳеҳ ва истифодабари тавсифномаҳои сифатии (qualitative characteristics - качественные характерисстики ) иттилооти баҳисобгирӣ кор карда баромада шудаанд. Тавсифномаҳои сифатии иттилооти баҳисобгирӣ аз чониби Дафтари (бюрои) стандартхои бухгалтери кор карда баромада шуда, меъери баходихии маълумот мебошанд.

Тавсифномахои сифатии иттилооти бахисобгири мутобики СБХМ инхоянд:

· Возехи

· Бамавриди

· Боэътимоди

· мукоисашавандаги

Возехи (фаҳмоӣ). Маълумоти дар ҳисоботи молиЯвй пешниҳодшаванда бояд ба истифодабарандагон фаҳмо бошад. Фаҳмоии маълумот набояд иттилооти мураккаб, лекин барои карорҳо муҳимро истисно намояд, чунки иттилооти молиявй асосан ба истифодабарандагони дорои донишҳои муайян дар соҳаи иқтисодиёт ва тиҷорат, бахисобгири ва хисобот ва хоҳиши азхудкунии ин маълумот нигаронида шудааст.

Бамавриди.. Маълумоти ба қарорҳои иқтисодии истифодабарандагон дар асоси таҳлил, баходихии амалиети хоҷагӣ - молиявӣ ва тағйирот дар муҳити бизнес таъсир расонандабамаврид аст.

Маълумоти бамаврид имконияти баҳодиҳӣ ва ислоҳи камбудиҳои давраи пешинро, хамчунин пешгӯии ҳодисаҳои ояндаро фароҳам месозад.

Барои банақшагирии нишондодҳои фаъолияти молиявй - хочагӣ ва пешбинии ходисахои оянда маълумотро оиди фаъолияти ширкат дар давраҳои пешин истифода мебаранд.

Мухимият. Ба бамавридии иттилоот хусусият ва мухимияти он таъсири чидди мерасонад. Итиилоот он вакт мухим хисобида мешавад, агар ихтисор е тахрифи он ба карорхои иктисодии истифодабарандагон таъсир расонад. Хамин тарик, мухимият, камбудиро инъикос намуда ва тавсифномаи сифати нест. Дар амалия мухимияти маълумот аз руи хисоби «3 ё 5% аз фоидаи соф», ё худ «0,5 ё 1% аз арзиши хамаи активхо» ба хисоб гирифта мешавад. Ин махдудиятро, ки бо мухимияти маълумот вобастаги дорад, хамчунин худуди мухимият низ меноманд. Худуди мухимият ба хисоб нагирифтани моддахо ва маблагхои начандон калонро ифода намекунад. Зеро дар мачмуъ онхо метавонанд маблаги каолнро ташкил диханд.

Боэътимоди. Маълумот бояд аз камбудию тахрифот озод буда, сарчашмаи бэътимоди ташкилебиро доро бошад, то истифодабарандагон барои пешниходи дакики нишондодхо ба он такя намуда тавонанд,

Хакконият. Иттилоот сахех хисобида мешавад, агар он амалиет ва ходсахоро хаккони пешниход кунад, е худ пешбини намояд. Масалан, хулосаи аудитори бояд вазъи корхорор дар ширкат хаккони пешниход намояд,то рохбарият карори муайян кабул кунад, саххомон дар оянда маблаггузори намоянд ва ширкат андозхоро сари вакт супорад.

Бартарии мазмун бар шакл. Агар иттилоот амалиет ва руйдодхоро хаккони пешниход намояд, заруур аст, ки онхо мутобики мазмун ва коеияти реали ба хисоб гирифта шуда, пешниход гарданд. На балки танхо бо шакли хукукию. Хамзамон мазмуни амалиет ва руйдодхо на хама вакт ба шакли хукукии онхо мувофикат мекунанд. Масалан, ширкат ба ширкати дигаре бор охи ба суратхисоб гузаронидани пул ва бон архи аз арзиши бозори паст автомашина фурухт. Ин маълумот амалиети хаккони ичрогардидаро ифода намекунад, чунки амалиети диаре метавонад арзи вучуд дошта бошад, ки ба мулкдор кафолати мукофотро медихад.

Бетарафӣ. Маълумоти ҳисоботи молиявӣ бояд бетарафона, аниқтараш беғаразона бошад. Он набояд ба қабули қарорҳо таъсир расонида, дар ақидаронӣ барои мақсадҳои пешакӣ муайянгардида мусоидат намояд.

Мулоҳизакорӣ. Ҳангоми таҳияи ҳисоботи молиявӣ, таҳиягар бо рӯйдод ва амалиётҳ< номуайян, ба монанди қарзҳои дебитории шубҳанок, мӯҳлати истифодаи муфиди воситаҳ! асосӣ, амалиёт вобаста ба мубодилаи мол ва ҳоказо ногузир рӯ ба рӯ мешавад, ки ба восит кушодани хусусияти онҳо ва риояи қоидаи мулоҳизакорй эътироф карда мешавг Мулоҳизакорӣ - ин ҷорй намудани дараҷаи муайяни эҳтиёткорй дар ҷараё мулоҳизаронист, ки мавриди ҳисобкуниҳо дар шароити номуайян зарур аст, то ки актив даромадҳо аз будаш зиёдтар нишон дода нашуда, ӯҳдадорӣ ва хароҷот - аз будаш камт инъикос нагарданд. Истифодаи қоидаи (принсипи) мулоҳизакорӣ ба ташкил намуда захираҳои пинҳонӣ, қасдан камкунии даромад ва ё изофа намудани хароҷот роҳ намедиҳад

Мукаммалӣ. Маълумоти ҳисоботи молиявй ҳангоми таъмини мукаммалӣ саҳеҳ донис мешавад. Ихтисори маълумоти зарурй метавонад онро аз нуқтаи назари бамаврид иттилоот қалбакӣ ва беэътибор намояд.

Саҳеҳӣ. Муфидии маълумот дар саҳеҳии он акс меёбад. Саҳеҳии маълумот дар эътимоднокй ва озод будани он аз норасоиҳо ифода меёбад. Истифодабарандагон метавонанд ба маълумоти саҳеҳ такя намуда, онро мавриди қабули қарор ва пешбинии фаъолият истифода баранд.

Маълумот метавонад бамаврид, лекин аз ҷиҳати хусусият ва пешниҳодот ғайрисахех
бошад. Дар ин сурат вай ба фиреби истифодабарандагон оварда мерасонад. Масалан, агар асоснокй ва ҳаҷми даъво оид ба товони зарар дар суд дида баромада шаванд, барои шир эътироф намудани маблағи даъво дар баланс мувофиқи мақсад нест, ҳарчанд ошкорсозии маблағ ва ҳолати вобаста ба даъвои пешниҳодшуда бамаврид аст. /

Қиёспазирӣ. Ҳисоботи молиявӣ бояд муқоисашаванда бошад, то истифодабарандагон имконияти бо давраҳои дигар муқоиса намуданро дошта бошанд. бо он мақсад пешбинӣ шудааст, ки истифодабаранда тамоюли ташаккулёбии фаъолияти молиявии ширкатро муайян намуда, ҳисоботи молиявии ширкатҳои мухталифро муқоиса намояд ва ба вазъи молиявӣ баҳо дода тавонад. Ҳисоботи молиявии аз ҷониби ширкат пешниҳодшуда бояд мувофиқи як усул пешниҳод карда шавад, то дар оянда дар ҳудуди ноҳия, шаҳр ва кишвар муқоиса карда шавад.

СБҲМ маҳдудияти зерини бамавридӣ ва эътимоднокии маълумотро муайян мекунад:

Бамавқеъӣ. Ширкатҳоро на ҳама вақт сари вақт таъмин намудани маълумот муясссар мегарданд, чунки ҳангоми риояи бамавқеъӣ ҷанбаҳои ҷудогонаи амалиёт муайян нашуда мемонанд ва ҳамин тариқ эътимоднокӣ аз даст меравад. Ва баръакс, мавриди таъмини маълумоти эътимодноку муайян намудани ҳамаи ҷабҳаҳои амалиёт, маълумот метавонад таъхирпазир бошад. Дар ин ҳолат бамавридӣ ва муфидии он барҳам мехӯрад. Аз ин хс менеҷерон бояд мувозинати принсипҳои бамавқеӣ ва эътимоднокии ҳисоботи молияви нигоҳ доранд, то эҳтиёҷоти истифодабарандагонро хубтар қонеъ гардонида тавонанд.

Мувозинати байни фоида ва хароцот. Нафъе, ки аз маълумот бармеояд, бояд хароҷоти бадастории он барзиёд бошад. Лекин пешниҳоди муфассали маълумот барои ширкат ба маҳрум шудан аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва нуфузи молиявӣ оварда мерасонад.

Бинобар ин, дар асоси ақидаронии оқилонаи касбӣ ҳаҷми маълумотро муайян намуда, ба фоида ва хароҷот баҳо додан зарур аст.

Мувозина байни тавсифномаҳои сифатӣ.

Муҳосибон дар асоси ақидаронии касбӣ бояд мувозинаро байни тавсифномахои сифатӣ муқаррар намоянд, то маълумот баробардараҷа ба талаботи онҳо мувофиқат кунад.

Фарзияҳои умдатарини иттилооти молиявӣ

СБҲМ ба ҳисоб гирифтани фарзияҳои умдатарини зеринро мавриди ташкили сиесати баҳисобгирии ширкат талаб мекунанд:

Усули хисобкуни (метод начисления).Яке аз талаботи асосии СБҲМ оиди бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ ва пешниҳоди ҳисобот- ин истифодаи усули ҳисобкунӣ мебошад. Дар сохтори амалкунандаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ ин усул бо номи «ҳамлу : (отгрузка) қабул шудааст, ки натиҷагирии молиявиро вобаста бо фурӯши мол, иҷрои корҳо ва хизматгузорӣ новобаста аз воридшавии воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо дар назар дорад. Инъикоси ин амалиёт дар ҳисоботи даврае, ки онҳо ба вуқӯъ омадаанд, ифода мекунад. Маълумоте, ки мувофиқи усули ҳисобкунӣ таҳия шудааст, истифодабарандагонро на танхо бо амалиети пешин ошно менамояд, балки аз ухдадорихо оиди пардохти пул низ вокиф месозад. Усули хисобкуни хамчунин оиди даромадхои оянда, ки ширкат бояд аз руи амалиети гузаронида ба даст орад, маълумот медихад. Хамин тарик, мутобики усули хисобкуни, даромад дар мавриди ба он хак пайдо кардан, харочот бошад, дар мавриди ба бавукуъоии он новобаста аз дохилшави е хоричшавии воситахои пули эътироф ва инъикос мешавад.

СБХМ истифодаи усули хисобкуни, мавкуфгузори ва таксимотро барои мутобикгардонии даромад ва харочоти давраи хисоботи талаб мекунанд.

Мувофики СБХМ мавриди тахияи хисобоити молияви истифодаи усули хисобкуни, ки хусусиятхои зеринро дорост, pfheh fcn^

· амалиет ва руйдодхо хангоми ба амал омадани онхо бояд эътироф карда шаванд, вале на хангоми воридшави ва пардохти воситахои пули

· вай хукуки гирифтани воситахо ва е худ захирахои дигари молиявиро медихад, ки дар баланси бухгалтери хамчун актив инъикос мегарданд

· вай барои пардохти воситахои пули ва хизматрасони ухдадор месозад, ки дар баланси бухгалтери хамчун ухдадори дарч гардидаанд

· дар хисобот оиди фоида ва зарар инъикоси даромад ва харочот ба он даврае, онхо тааллук доранд, талаб карда мешавад

· усули хисобкуни бо усули мувофикаткунони мутобик карда шудааст, яъне даромад аз лахзаи ба вукуъ омадани фуруши молу хадамот, новообаста аз вакти воридшавии воситахои пули эътироф мегардад.

Марвиди истифодаи усули хисобкуни харочот дар он вакт эътироф мегардад, ки даромади бо он вобаста буда эътироф гардидааст, новобаста аз он, ки воситахои пули кадом вакт пардохт мегарданд.

Муттасилии фаъолият.Хар як ширкат бо максади амлаи намудани фаъолияти муттассилона ва бадстории фоиад барпо карда мешавад.пас, хисоботи молияви дар асоси фарзияи он, ки ширкат фаъолият дора два дар оянда хамчунин амал хохад кард, тахия мегардад. Пешбини шудааст, ки ширкат максади ихтисори хачми корро дар фаъолияти худ надорад. Дар холати пайдо шудани чунин зарурат, хисоботи молияви бояд дар асоси дигаре бо шарху маънидод кардани сабабхо тахия гардад.

Бариловаи ин фарзия бояд зикр намуд, ки хисоботи молияви хамчунин мувофики коидахои зерин тахия мегардаданд:

· пайдарпай (мунтазами). Ширкат бояд сиесати бахисобгирии кабулшударо мунтазам аз як давраи хисоботи то дигараш истифода барад, пешниход ва таснифи моддахо дар хисоботи молияви аз як давра ба давраи дигар нигох дошта шаванд. Дар холати аз асосхо ва усулхои истифодашудаистода даст кашидан, мохият, сабаб ва асоснокии тагйирот бояд дар эъохнома маънидод карда шавад, хамзамон бояд мукоисашавандаги бо даврахои пешин бояд таъмин карда шавад.

· Мувофикати даромад ва харочот. Мутобики усули хисобкуни, харочоти дар чараени даромадгири ба амал омада бояд дар он даврае, ки даромад эътироф карда шудааст, ба хисоб гирифта шавад

· Пайрави. Хар як хисоботи молиявии минбаъда бояд аз пешина барояд

· Баходихи. Дар бахибсобгирии бухгалтери баходихи ва тахияи хисоботи молиявиро бо ифодаи пули бояд анчом дод

· Алохидаги. Захирахои субъекти иктисоди бояд аз захирахои молик алохида ба хисоб гирифта шаванд.

· Мухимият ва муттахидкуни. Хар як моддаи мухим дар хисоботи молияви бояд чудогона пешниход гардида, маблагхои начандон мухим бояд муттахид карда шаванд.

· Ошкорсозии комил. Дар хисоботи молияви оиди вазъи иктисоди, натичахои фаъолият ва сохтори сармояи ширкат бояд тамоми маълумоти зарури дарч гардад. Хадаф аз ошкорсозии пурра дар он аст, ки ба истифодабарандагони беруна барои кабули карорхои бехтарин ва сарфакороа маълумоти амик дода шавад.

· Бахисобгири мутакобила. Актив ва ухдадорихо набояд мутакобила ба хисоб гирифта шаванд. Бахамории (хисобкунии мутакобилаи) даромад ва харочот мумкин аст, агар ин амалро СБХМ ичозат диханд ва е талаб кунанд, е худ фоида, зарар ва харочот, ки дар натичаи амалиети якхела ба вучуд омадаанд, мухим набошанд.

· давравият. Ширкат ҳисоботи молиявиро бояд мувофиқи фосилаҳои муайян таҳия пешниҳод намояд. Аксаран, қонунгузории амалкунанда даврият ва вақти пешниҳо, ҳисоботи молиявиро муқаррар мекунад. Мутобиқи СБҲМ ҳисоботи молиявй бо аққалан як маротиба дар як сол пешниҳод карда шавад.