КОДЕКСИ ГУМРУКИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

АРОРИ

МАЉЛИСИ МИЛЛИИ МАЉЛИСИ

ОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Оид ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ќабул намудани Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ва мавриди амал ќарор додани он»

 

Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Ќонуни Љумњурии Тољикистонро «Дар бораи ќабул намудани Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ва мавриди амал ќарор додани он» баррасї намуда, ќарор мекунад:

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ќабул намудани Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ва мавриди амал ќарор додани он» љонибдорї карда шавад.

 

Раиси Маљлиси миллии

Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Ш. Душанбе 25 ноябри соли 2004 № 573

 

АРОРИ

МАЉЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАЉЛИСИ ОЛИИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Оид ба ќабул намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон

Дар бораи ќабул намудани Кодекси

гумруки Љумњурии Тољикистон ва мавриди амал ќарор додани он»

 

Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ќарор мекунад:

1.Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ќабул намудани Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ва мавриди амал ќарор додани он» ќабул карда шавад.

2.Њукумати Љумњурии Тољикистон то 1 апрели соли 2005:

доир ба мутобиќ гардонидани ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бо Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон таклифњо пешнињод намояд;

санадњои меъёрии њуќуќиеро, ки аз Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон бармеоянд, ќабул намояд ва санадњои меъёрии њуќуќии худро, ки то 1 январи соли 2005 ќабул гардидаанд, ба Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон мутобиќ созад;

 

аз љониби маќомоти дахлдори идораи давлатї ќабул гардидани санадњои меъёрии њуќуќиеро, ки аз Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон бармеоянд, таъмин намояд.

 

Раиси Маљлиси намояндагони

Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон С.ХАЙРУЛЛОЕВ

Ш. Душанбе 3 ноябри соли 2004 № 1209

 

ОНУНИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

Дар бораи ќабул намудани Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон

Ва мавриди амал ќарор додани он

 

Моддаи 1

1.Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон ќабул карда шавад.

2.Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон аз 1 январи соли 2005 мавриди амал ќарор дода шавад.

Моддаи 2

Ќонуни Љумњурии Тољикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи мавриди амал ќарор додани Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с.1996, №15, мод.233) ва Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с.1996, №15, мод.232; с.1997, №23-24, мод. 333, фасли XX; с.2001, №7, мод.496; с.2002, №11, мод.744; с.2003, №12, мод.692) аз 1 январи соли 2005 беэътибор дониста шаванд.

 

Моддаи 3

Минбаъд, то мутобиќ намудани ќонунњо ва санадњои дигари меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон бо Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон, ќонунњо ва санадњои дигари меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар ќисмате, ки ба Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон мухолиф намебошанд, татбиќ карда мешаванд.

 

Моддаи 4

Шартњои амали литсензияњо ва иљозатномањое, ки то 1 январи соли 2005 барои истифодаи низомњои гумрукии «Коркарди мол дар ќаламрави гумрукї», «Коркарди мол тањти назорати гумрукї», «Коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї», «Воридоти (содироти) муваќќатї» дода шуда буданд, то ба охир расидани мўњлати амали чунин литсензияњо ва иљозатномањо дар њолати мухолифат накарданашон ба муќаррароти ин Кодекс нигоњ дошта мешаванд. Ќисман ё пурра озод намудан аз бољњои гумрукї ва андозњо ва мамнўъият ва мањдудиятњои мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќарраршуда нисбати молњое, ки тањти низомњои мазкур ќарор доранд, то мавриди амал ќарор додани ин Кодекс, мутобиќи муќаррароти ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон, ки дар рўзи додани ин литсензияњо ва иљозатномањо амал мекарданд, татбиќ карда мешаванд.

Моддаи 5

Литсензияњое, ки барои машѓул шудан ба њайси миёнарави (брокери) гумрукї ва интиќолдињандаи гумрукї, барои таъсиси анбори нигоњдории муваќќатї, анбори гумрукї, инчунин шањодатномањои ихтисосии мутахассиси барасмиятдарории гумрукї, ки то 1 январи соли 2005 дода шудаанд, то ба охир расидани мўњлати амали онњо тибќи муќаррароти Кодекси гумруки Љумњурии Тољикистон амал менамоянд.

 

Президенти Љумњурии Тољикистон Э.РАЊМОНОВ

Ш. Душанбе 3 декабри соли 2004 №62

 

 

КОДЕКСИ ГУМРУКИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

(Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 2004, №12, ќ-2, мод. 704; соли 2006, №3, мод. 159; соли 2007, №7, мод.681)

 

Кодекси мазкур асосњои њуќуќї, иќтисодї ва ташкилии фаъолияти гумрукро муайян намуда, ба њимояи истиќлолият ва амнияти иќтисодии Љумњурии Тољикистон, фаъол сохтани муносибатњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар системаи муносибатњои иќтисодии љањонї, таъмини њимояи њуќуќи шањрвандон, субъектњои хољагидорї ва маќомоти давлатї ва аз љониби онњо риоя намудани ўњдадорињо дар соњаи фаъолияти гумрукї нигаронида шудааст.