Боби 43. ЊИСОБИ БОЉЊОИ ГУМРУКЇ ВА АНДОЗ

Моддаи 367. Объекти ситонидани бољњои гумрукї ва андоз

Объекти ситонидани бољњои гумрукї ва андоз моле мебошад, ки аз сарњади гумрукї интиќол дода мешавад. Заминаи андоз барои њисоби бољњои гумрукї ва андоз арзиши гумрукии мол ва (ё) миќдори он мебошад.

Моддаи 368. Тартиби муайян кардан ва арзи арзиши гумрукии мол

1. Арзиши гумрукии молро декларант тибќи усулњои муайян намудани арзиши гумрукї, ки онро њамин Кодекс муќаррар намудааст, муайян менамояд ва њангоми декларатсия кардани мол ба маќоми гумрук арз мекунад.

2. Арзиши гумрукии моле, ки аз тарафи декларант арз мешавад ва маълумоте, ки ў барои муайян кардани он пешнињод менамояд, бояд боэътимод ва бо њуљљатњо тасдиќ шуда бошад.

3. Арзиши гумрукии молро маќомоти гумрук тибќи тартибе назорат мекунад, ки маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мутобиќи њамин Кодекс муайян кардааст.

Маќоми гумрук дар асоси њуљљату маълумоти пешнињодкардаи декларант, инчунин дар асоси иттилооти дар ихтиёр доштааш, ки барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода мешавад, дар бораи розї буданаш бо усули муайянкунии арзиши гумрукии мол, ки декларант интихоб кардааст ва дар бораи дурустии муайян намудани арзиши гумрукии мол, ки декларант арз кардааст, ќарор ќабул мекунад.

4. Агар њуљљату маълумоти пешнињодкардаи декларант барои ќабул кардани ќарор нисбати арзиши гумрукии арзшудаи мол кофї набошад, маќоми гумрук дар шакли хаттї аз декларант њуљљату маълумоти иловагї хоста, мўњлати пешнињод намудани онњоро муайян мекунад, ки он барои ин амал кифоя аст.

Декларант барои тасдиќи арзиши гумрукии арзшудаи мол вазифадор аст бо дархости маќоми гумрук њуљљату маълумоти иловагии заруриро пешнињод кунад ё ба таври хаттї тавзењ дињад, ки њуљљату маълумоти дархосткардаи маќоми гумрук ба чї сабаб пешнињод нашудаанд. Декларант њуќуќ дорад дурустии истифодаи усули интихобкардаи худро барои муайян кардани арзиши гумрукии мол ва эътимоднокии маълумоти пешнињодкардаашро исбот намояд.

5. Дар сурати набудани маълумоти тасдиќкунандаи дурустии муайян кардани арзиши гумрукии мол, ки декларант арз кардааст, ё њангоми ошкор гардидани он, ки њуљљату маълумоти пешнињодкардаи декларант эътимодбахш ва (ё) кофї нестанд, маќоми гумрук њаќ дорад дар бораи розї набудани худ бо усули интихобшуда барои муайян кардани арзиши гумрукии мол ќарор ќабул кунад ва ба декларант бо усули дигар муайян намудани арзиши гумрукии молро пешнињод намояд. Дар ин њолат маќоми гумрук ва декларант оид ба интихоби усули дахлдори арзиши гумрукии мол метавонанд байни худ машварат кунанд.

6. Агар дар мўњлати иљозат додани мол (моддаи 152) расмиёти муайян кардани арзиши гумрукии мол ба охир нарасида бошад, иљозати мол ба шарти таъмин намудани супурдани пардохтњои гумрукї, ки метавонанд ба таври иловагї њисоб карда шаванд, ба амал бароварда мешавад. Маќоми гумрук андозаи лозимаи таъмини супурдани бољу андозњои гумрукиро ба таври хаттї ба декларант хабар медињад. Њангоми содироти моли биржавие, ки нархи он дар лањзаи барасмиятдарории гумрукї маълум нашудааст, таъмини иловагии супурдани бољи гумрукї ва андозњо пешнињод карда намешавад.

7. Агар декларант дар мўњлати муайяннамудаи маќоми гумрук њуљљату маълумоти иловагиро пешнињод накарда бошад ва (ё) худ маќоми гумрук нишонањои онро ошкор карда бошад, ки маълумоти пешнињодкардаи декларант боэътимод ва (ё) кофї нест ва дар баробари ин декларант муайян кардани арзиши гумрукии молро дар асоси усули дигари пешнињодкардаи маќоми гумрук рад кардааст, маќоми гумрук бо истифодаи пайдарњам аз усулњои муайянкунии арзиши гумрукии мол ба таври мустаќил арзиши гумрукии молро муайян мекунад. Маќоми гумрук декларантро аз ќарори ќабулшуда хаттї дар рўзи дигари ќабул шудани чунин ќарор хабардор мекунад. Дар њолате, ки маќоми гумрук арзиши гумрукии молро баъди иљозати мол муайян мекунад, маќоми гумрук дар хусуси супурдани пардохтњои гумрукї талабот пешнињод менамояд (моддаи 394), ба шарте ки пардохти иловагии бољњои гумрукї ва андоз зарур бошад. Маблаѓи иловагии бољњои гумрукї ва андоз бояд дар муддати 10 рўзи корї аз рўзи гирифтани дархост супурда шаванд. Фоиз барои маблаѓи иловагии бољњои гумрукї ва андозњои дар ин мўњлат супоридашуда њисоб карда намешавад.

Моддаи 369. Тартиби њисоб кардани бољњои гумрукї ва андоз

1. Бољњои гумрукї ва андоз аз тарафи декларант ё шахсони дигаре, ки барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъуланд, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 317 њамин Кодекс ва ќисми 2 њамин модда мустаќилона њисоб карда мешаванд.

2. Дар сурати пешнињоди талабнома оид ба супурдани бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи моддаи 394 њамин Кодекс бољњои гумрукї ва андози пардохтшаванда аз тарафи маќоми гумрук њисоб карда мешаванд.

3. Маблаѓи бољњои гумрукї ва андози пардохтшаванда бо асъори Љумњурии Тољикистон њисоб карда мешавад.

Моддаи 370. Истифодаи ставкањои бољњои гумрукї ва андоз

1. Бо маќсади њисоб кардани бољњои гумрукї ва андоз ставкањое истифода бурда мешаванд, ки дар рўзи ќабули декларатсияи гумрукї аз тарафи маќоми гумрук амал мекунанд, ба истиснои њолатњое, ки моддањои 150, 334 ва ќисми якуми моддаи 372 њамин Кодекс пешбинї намудааст.

2. Бо маќсади њисоб кардани бољњои гумрукї ва андоз ставкањои мутобиќ ба номгуй ва таснифи мол мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон истифода бурда мешаванд, ба истиснои њолатњое, ки дар сархати дуюми ќисми мазкур, инчунин моддаи 304 њамин Кодекс дар бораи истифодаи ставкањои ягонаи бољњои гумрукї ва андоз нисбати моли аз сарњади гумрукї аз љониби шахсони воќеї интиќолёбанда барои истифодаи шахсї пешбинї шудаанд.

Њангоми декларатсиякунонии моли чандин номгўй бо зикри як коди таснифии марбут ба Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї мувофиќи моддаи 128 њамин Кодекс нисбати њамаи чунин мол ставкањои бољњои гумрукї ва андоз истифода бурда мешаванд, ки бо ин коди таснифї мутобиќанд.

Моддаи 371.Мубодилаи арзи хориљї бо маќсади њисоб кардани бољњои гумрукї ва андоз

Агар барои њисоб кардани бољњои гумрукї ва андоз, аз љумла муайян намудани арзиши гумрукии мол мубодилаи арзи хориљї зарур бошад, ќурби арзи хориљї нисбат ба асъори Љумњурии Тољикистон, ки аз тарафи Бонки миллии Тољикистон барои њисобу китоб ва бољњои гумрукї муќаррар карда шудааст ва дар рўзи ќабули декларатсияи гумрукї аз тарафи маќоми гумрук амал мекунад, истифода мешавад.

Моддаи 372. Њисоб кардани бољњои гумрукї ва андоз њангоми интиќоли ѓайриќонунии мол аз сарњади гумрукї ё истифодаи мол бо вайрон кардани мањдудиятњои муќарраршуда

1. Нисбати моле, ки ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо вайрон кардани шарту талаботи муќаррарнамудаи њамин Кодекс ворид шуда, бољњои гумрукї ва андози онњо супурда нашудаанд, маблаѓи супоридашавандаи бољњои гумрукї ва андоз дар асоси ставкањои бољњои гумрукї ва андозе њисоб карда мешаванд, ки дар рўзи гузаштани сарњади гумрукї амал мекунанд ва агар муайян кардани чунин рўз имконнопазир бошад - рўзи ошкор шудани чунин мол аз тарафи маќомоти гумрук ба инобат гирифта мешавад. Њангоми гум шудан, нарасонидан ё бе иљозати маќомоти гумрук додани моле, ки мувофиќи расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукї ва нигоњдории муваќќатї интиќол дода ё нигоњдорї карда мешавад, маблаѓи пардохтшавандаи бољњои гумрукї ва андоз дар асоси ставкањои дар рўзи љойгиронии мол тањти расмиёти дахлдори гумрукї амалкунанда њисоб карда мешавад.

Дар сурати ѓайриќонунї баровардани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон маблаѓи пардохтшавандаи бољи гумрукї дар асоси ставкањои бољи гумрукие, ки дар рўзи гузаштани сарњади гумрукї амал мекунанд ва агар муайян кардани чунин рўз имконнопазир бошад, рўзи якуми моњ ё рўзи якуми моњи якуми сол, ки дар ин муддат мол бароварда шудааст, њисоб карда мешавад.

2. Барои њисоб кардани бољњои гумрукї ва андози моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшуда арзиши гумрукии мол, миќдори он ё хусусиятњои дигаре, ки барои муайян намудани заминаи андоз дар рўзи татбиќи ставкањои бољњои гумрукї ва андоз мутобиќи ќисми якуми њамин модда истифода мешаванд, ба сифати заминаи андоз ба кор бурда мешаванд. Агар муайян кардани маблаѓи пардохти бољи гумрукї ва андоз бо сабаби ба маќоми гумрук пешнињод нашудани маълумоти даќиќ дар бораи хусусияти мол, номгўй, миќдор, кишвари истењсол ва арзиши гумрукии он имконнопазир бошад, маблаѓи бољњои гумрукї дар асоси болотарин андозаи ставкањои бољњои гумрукї ва андоз, миќдор ва арзиши моле муайян карда мешавад, ки барои муайян намудани онњо маълумоти дахлдор мављуд аст. Дар сурати муќаррар шудани маълумоти даќиќ дар бораи мол дар давоми як сол аз рўзи пардохт ё иљозат маблаѓи бољњои гумрукї ва андози барзиёд пардохтшуда баргардонида мешавад ё маблаѓи кампардохтшуда мутобиќи њамин фасл ситонида мешавад.

Аз маблаѓи бољњои гумрукї ва андози моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида маблаѓи андоз аз арзиши иловашудае, ки њангоми муомилоти мол дар њаљми бо њуљљатњо тасдиќгардидаи барои њисоби андоз аз арзиши иловашуда истифодашаванда мувофиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон истифодашаванда тарњ карда мешавад.

3. Дар сурати истифодаи моли шартан иљозатшуда ба маќсадњои дигар, на бо он маќсадњое, ки мувофиќи онњо озодкунии пурра ё ќисман аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз пешнињод шудааст, ставкањои бољњои гумрукї ва андозњое ба кор бурда мешаванд, ки дар рўзи ќабули декларатсияи гумрукї аз тарафи маќоми гумрук амал мекунанд. Арзиши гумрукии мол, миќдор ё хусусиятњои дигар, ки барои муайян кардани заминаи андоз истифода мегарданд, дар рўзи ба кор бурдани ставкањои бољњои гумрукї ва андоз муайян карда мешаванд.