Боби 44. ТАРТИБ ВА МЎЊЛАТИ ПАРДОХТИ

БОЉЊОИ ГУМРУКЇ ВА АНДОЗ

Моддаи 373. Пардохткунандагони бољњои гумрукї ва андоз

1. Пардохткунандагони бољњои гумрукї ва андоз декларантњо ё шахсони дигаре мебошанд, ки дар асоси њамин Кодекс вазифаи пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба ўњдаи онњо гузошта шудааст.

2. Њар шахс њуќуќ дорад бољњои гумрукї ва андози моли аз сарњади гумрукї интиќолшавандаро пардохт намояд.

Моддаи 374. Мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Бољњои гумрукї ва андоз то ќабули декларатсияи гумрукї аз љониби маќомоти гумрук ё њамзамон бо он, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи њамин Кодекс, пардохт мешаванд.

2. Њангоми воридоти мол бољњои гумрукї ва андоз бояд дар давоми 15 рўзи пешнињоди мол ба маќоми гумрук дар мањали расидани он ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё аз рўзи анљом ёфтани транзити дохилии гумрукї пардохта шаванд, ба шарте агар мол дар мањали воридшавии он декларатсия карда нашавад.

3. Њангоми содироти мол бољи гумрукї бояд дар мўњлати на дертар аз рўзи пешнињоди декларатсияи гумрукї пардохта шавад, ба шарте агар њамин Кодекс тартиби дигарро муќаррар накарда бошад.

4. Дар сурати таѓйир ёфтани низоми гумрукї бољњои гумрукї ва андоз бояд то рўзе, ки њамин Кодекс барои анљом додани амали низоми гумрукии таѓйирёбанда муќаррар кардааст, пардохта шаванд.

5. Њангоми ба маќсади дигар истифода кардани моли шартан иљозатдодашуда на бо маќсаде, ки вобаста ба он имтиёзњои гумрукї пешнињод шуда буданд, барои њисоби фоизњо (моддаи 393) мўњлати супурдани бољњои гумрукї ва андоз рўзи аввале њисоб меёбад, ки шахс талаботи мањдудият барои истифодабарї ва ихтиёрдории молро вайрон кардааст. Агар муайян намудани ин рўз имконнопазар бошад, рўзи аз тарафи маќомоти гумрук ќабул шудани декларатсияи гумрукї ба ин гуна мол рўзи оѓози мўњлати супурдани бољу андозњо њисоб карда мешавад.

6. Њангоми вайрон кардани талабу шартњои расмиёти гумрукї, ки мутобиќи њамин Кодекс шахсро ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз вазифадор месозад, мўњлати пардохти бољњои гумрукї барои њисоби фоизњо рўзи содир шудани чунин ќонуншиканї њисоб мешавад. Агар муайян кардани чунин рўз имконнопазир бошад, рўзи оѓози амали расмиёти дахлдори гумрукї мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз шуморида мешавад.

7. Мўњлати пардохти бољи гумрукї ва андози моле, ки шахсони воќеї барои истифодаи шахсї интиќол медињанд, дар муросилоти байналмилалии почта, тавассути ќубурњо ва хатњои барќ интиќол дода мешавад, моли муваќќатан воридкардашуда ва ќисман аз бољњои гумрукї ва андоз озод кардашуда, моли ѓайриќонунї воридкардашудае, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон аз харидорони он пайдо карда шудаанд (созмонњои машѓули тиљорати яклухт ё чаканаи моли воридшуда) тибќи њамин Кодекс муайян карда мешавад.

Моддаи 375.Пешпардохтњо

1. Пешпардохт маблаѓест, ки ба суратњисоби депозитии маќоми гумрук, ки намуна ва тартиби истифодаи онро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо розигии маќоми давлатии ваколатдор дар соњаи молия муайян мекунад ба њисоби пардохти минбаъдаи гумрукї ворид гаштааст ва аз љониби пардохткунанда ба сифати намудњои мушаххас ва маблаѓи пардохти гумрукї нисбати моли мушаххас њаммонанд карда нашудааст.

2. Пешпардохт мумкин аст ба касса ё суратњисоби депозитии маќоми гумрук дар хазинадории Љумњурии Тољикистон бо асъори Љумњурии Тољикистон, инчунин бо арзи хориљї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ворид карда шавад.

3. Маблаѓе, ки маќоми гумрук ба сифати пешпардохт гирифтааст, амволи шахсе ба шумор меравад, ки пешпардохтро супоридааст ва то замоне, ки ин шахс дар ин бора ба маќоми гумрук фармоиш накардааст ё маќоми гумрук пешпардохтро мутобиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон наситонад, наметавонад њамчун пардохти гумрукї њисоб карда шавад.

Пешнињоди декларатсияи гумрукї аз тарафи супорандаи пешпардохт ё аз тарафи намояндаи вай ё анљом додани амалњои дигаре, ки гувоњи њамчун пардохти гумрукї истифода бурдани маблаѓи худ мебошад, њамчун супориши шахси пешпардохтро анљомдода баррасї мегардад.

4. Бо дархости пардохткунанда маќоми гумрук вазифадор аст ба вай дар бораи харљ шудани маблаѓе, ки ба сифати пешпардохт супоридааст, дар давоми 30 рўзи баъди гирифтани дархости хаттї њисобот пешнињод намояд. Агар пардохткунанда аз натиљаи њисоботи маќоми гумрук розї набошад, харљи маблаѓи пардохткунанда якљоя санљида мешавад. Натиљаи чунин санљиш бо акти тибќи намунаи муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба расмият дароварда мешавад. Акт дар ду нусха тањия гардида, ба он маќоми гумрук ва пардохткунанда имзо мегузоранд. Як нусхаи он баъди имзо ба пардохткунанда бояд дода шавад.

5. Пешпардохтњо тибќи ќоидањои барои баргардонидани бољњои гумрукї ва андоз пешбининамудаи њамин Кодекс (боби 48) баргардонида мешаванд, ба шарте ки аризаи баргардонидани пешпардохтњо дар зарфи се соли ба кассаи маќоми гумрук супоридан ё ба њисоби депозитии маќоми гумрукї гузаронидани он пешнињод шуда бошад.

Моддаи 376. Тартиб ва шаклњои пардохти бољњои гумрукї ва андоз

1. Бољњои гумрукї ва андоз ба кассаи маќоми гумрук супорида ё ба суратњисоби маќоми гумруки дар системаи хазинадории Љумњурии Тољикистон гузаронда мешавад, ки ба ин маќсад онњо мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон кушода шудаанд, ба истиснои њолати пешбининамудаи ќисми 4 моддаи 317 њамин Кодекс.

2. Бољњои гумрукї ва андоз бо интихоби пардохткунанда, њам бо асъори Љумњурии Тољикистон ва њам бо асъори хориљї, ки ќурби онро Бонки миллии Тољикистон муайян мекунад, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон супорида мешавад.

3. Асъори Љумњурии Тољикистон ба асъори хориљї бо маќсади пардохти бољњои гумрукї ва андозе, ки ба асъори Љумњурии Тољикистон њисоб карда шудааст, тибќи нархе мубодила мешавад, ки дар рўзи аз тарафи маќоми гумрук ќабул намудани декларатсияи гумрукї амал мекунад, вале њангоми ба пешнињоди декларатсияи гумрукї вобаста набудани ўњдадории пардохти бољњои гумрукї ва андоз тибќи нархи рўзи пардохти воќеї иваз карда мешавад.

4.Бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар њар шакл пардохта мешавад.

Моддаи 377. Иљрои ўњдадорї оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз

Ўњдадории пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо назардошти хусусиятњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс чунин иљрошуда њисоб меёбад:

1) аз лањзаи хориљкунии маблаѓ аз суратњисоби пардохткунанда дар бонк;

2) аз лањзаи гузаронидани пули наќд ба кассаи маќоми гумрук;

3) аз лањзаи ба њисоби пардохтњои гумрукї њисобї кардани (гузаронидани) бољњои гумрукї ва андози барзиёд пардохтшуда ё маблаѓи барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз, вале агар чунин бањисобгирї бо ташаббуси пардохткунанда сурат гирад, - аз лањзаи ќабули ариза дар хусуси бањисобгирї;

4) аз лањзаи ба њисоби пардохтњои гумрукї њисобї кардани (гузаронидани) бољњои гумрукї ва андози пешпардохт ё гаравпулї ва агар чунин бањисобгирї бо ташаббуси пардохткунанда сурат гирад, - аз лањзаи гирифтани супориш аз љониби маќоми гумрук дар хусуси бањисобгирї;

5) аз лањзаи ба њисоби пардохти бољњои гумрукї ва андоз њисобї кардани (гузаронидани) маблаѓи пардохтаи бонк ё ташкилоти кредитї ё ташкилоти суѓурта мутобиќи кафолати бонкї ё ќарордоди суѓурта, инчунин аз тарафи кафолатдињанда мутобиќи ќарордоди кафолат;

6) аз лањзаи рўёндани пардохтњои гумрукї аз моле, ки аз он бољи гумрукї ва андоз супурда нашудааст ё маводи ба гарав гузошташуда ё амволи дигари пардохткунанда, ба шарте ки андозаи ин маблаѓ аз ќарзи пардохтшавандаи бољњои гумрукї ва андоз камтар набошад.