Боби 47. СИТОНИДАНИ ПАРДОХТЊОИ ГУМРУКЇ

Моддаи 392. Ќоидањои умумии ситонидани маљбурии бољњои гумрукї ва андоз

1. Дар сурати дар мўњлати муќарраршуда насупоридан ё пурра напардохтани бољи гумрукї, андоз маќомоти гумрук бољњои гумрукї ва андозро маљбуран, тибќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон меситонанд.

2. Ситонидани маљбурии бољњои гумрукї ва андоз нисбати шахсони барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъул ё аз њисоби арзиши моле, ки бољњои гумрукї ва андози он супорида нашудааст, анљом дода мешавад

3. Ситонидани маљбурии бољњои гумрукї ва андоз аз шахсон бо роњи ситонидани бољњои гумрукї ва андоз аз њисоби маблаѓњои дар суратњисобњои дар бонкњо будаи пардохткунанда ё аз њисоби амволи дигари пардохткунанда тибќи тартиби судї анљом мегирад.

4. Маќоми гумрук пеш аз истифодаи чорањои вобаста ба ситонидани маљбурии бољњои гумрукї ва андоз ба шахси масъули пардохткунандаи онњо талаби супоридани пардохтњои гумрукиро пешнињод мекунад.

Моддаи 393. Фоизњо

1. Њангоми дар мўњлати муќарраршуда (гузаштани мўњлат) напардохтани бољњои гумрукї ва андоз фоизњо супорида мешаванд.

2. Ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисмњои 3 - 5 њамин модда барои њар рўзи гузаштани мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз аз рўзи дигари гузаштани мўњлати пардохти бољњои гумрукї ва андоз то рўзи иљрои ўњдадории пардохти бољњои гумрукї ва андоз ё то рўзи ќабул шудани ќарор дар бораи батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлат барои супоридани бољњои гумрукї ва андоз фоиз њисоб карда мешавад. Фоиз ба андозаи муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон пардохта мешавад.

3. Њангоми ба кафил ё зомин пешнињод кардани талабнома оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз фоизњо барои на бештар аз се моњи баъди рўзи гузаштани мўњлати иљроиши ўњдадории бо кафолат ё замонати бонкї таъмингардида, њисоб карда мешаванд.

4. Њангоми пешнињоди талабнома оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба шахси масъули пардохткунандаи фоизњо то рўзи пешнињоди талабнома њисоб карда мешаванд. Њангоми напардохтани бољњои гумрукї ва андоз дар мўњлатњои дар талабнома муќарраршуда фоизњо мувофиќи талаботи ќисми 2 њамин модда њисоб карда мешаванд.

5. Дар њолати вайрон кардани мўњлати пешнињоди декларатсияи гумрукї њангоми дар анбори нигоњдории муваќќатї будани мол (боби 12) барои давраи нигањдории муваќќатї фоизи пардохтњои гумрукї њисоб ва пардохт намешаванд.

6. Фоизњо, сарфи назар аз баќияпулињо, новобаста аз андешидани тадбирњои дигари љавобгарї барои вайронкунии ќоидањои гумруки Љумњурии Тољикистон супорида мешаванд.

7. Фоизњо дар баробари пардохти бољњои гумрукї ва андоз ё баъди пардохти ин маблаѓњо, вале дар давоми як моњи баъди супоридани бољњои гумрукї ва андоз пардохта мешаванд,

8. Додани ариза барои батаъхиргузорї ё тамдиди мўњлат барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз њисоб кардани фоизи баќияпулиро бознамедорад.

9. Супоридан, ситонидан ва баргардонидани фоиз тибќи ќоидањои муќаррарнамудаи њамин Кодекс нисбати супоридан, ситонидан ва баргардонидани бољњои гумрукї ва андоз амалї карда мешаванд.

Моддаи 394. Талабномаи супоридани пардохти бољи гумрукї ва андоз

1. Талабномаи супоридани бољи гумрукї ва андоз огоњномаи маќоми гумрук аст, ки ба таври хаттї дар бораи дар мўњлати муќарраршуда насупоридани маблаѓи бољи гумрукї ва андоз, инчунин ўњдадорињои супоридани маблаѓи бољи гумрукї, андоз ва фоизњо дар мўњлатњои дар ин талабнома омадаро дар бар мегирад.

2. Талабномаи супоридани бољњои гумрукї ва андоз бояд маълумотро дар бораи маблаѓи пардохтшавандаи бољи гумрукї ва андоз, андозаи фоизи дар рўзи пешнињоди талабнома њисобшуда, мўњлати супоридани бољи гумрукї ва андоз мувофиќи њамин Кодекс, мўњлати иљрои талабнома, њамчунин тадбирњои маљбурии ситонидани бољи гумрукї, андоз ва таъмини ситонидани онњоро, ки дар сурати насупоридани бољу андозњои гумрукї аз тарафи пардохткунанда истифода мегарданд, инчунин дар бораи асосњои пешнињоди талабномаро дар бар гирад. Намунаи талабнома дар бораи супоридани бољи гумрукї ва андоз аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

3. Талабнома дар бораи супоридани бољи гумрукї ва андоз ба пардохткунанда бояд дар давоми 10 рўзи баъд аз ошкор шудани далели насупоридан ё пурра насупоридани бољи гумрукї ва андоз фиристода шавад.

4. Мўњлати иљрои шартњои талабнома дар бораи супоридани бољи гумрукї ва андоз на зиёда аз 20 рўзро аз рўзи ќабули талабнома ташкил медињад. Њангоми иљро накардани талабномаи мазкур маќомоти гумрук дар бобати маљбуран ситонидани бољи гумрукї ва андоз мувофиќи талаботи њамин Кодекс чора меандешанд.

5. Талабномаи супоридани бољи гумрукї ва андоз ба роњбар ё шахси ваколатдори намояндаи ташкилот ё шахси воќеї бо имзои шахсї ё ба тариќи дигар, ки далели гирифтан ва рўзи гирифтани онро тасдиќ менамояд, супорида мешавад. Агар шахсони мазкур аз гирифтани талабномаи мазкур саркашї намоянд, пас он тавассути почта бо мактуби фармоишї фиристода мешавад. Талабномаи супоридани бољи гумрукї ва андоз баъд аз шаш рўзи фиристодани мактуби фармоишї дастрасшуда њисоб меёбад.

6. Њангоми дар мўњлати дар ќисми 4 њамин модда пешбинишуда иљро накардани шартњои талабномаи супоридани бољи гумрукї ва андоз маќомоти гумрук тадбирњои пешбининамудаи моддаи 395 њамин Кодексро амалї менамоянд.

7. Талабномаи супоридани бољи гумрукї ва андоз ба пардохткунанда сарфи назар аз љалби ў ба љавобгарии маъмурї ё љиноятї фиристода мешавад.

Моддаи 395. Чорањое, ки маќомоти гумрук њангоми иљро накардани талабномаи супоридани бољњои гумрукї ва андоз меандешанд

Боздоштани амалиёти харољотї аз рўи њисобномањои шахс дар бонкњо ва дигар муассисањои молиявию кредитї, њабси амвол ва ситонидани маблаѓњои ба шахс тааллуќдоштаро маќоми гумрук тибќи њамин Кодекс ва дигар ќонунњои Љумњурии Тољикистон амалї менамояд.

 

Боби 48. БАРГАРДОНИДАНИ БОЉЊОИ ГУМРУКЇ,

АНДОЗ ВА МАБЛАЃИ ДИГАР

Моддаи 396. Баргардонидани бољњои гумрукї ва андози барзиёд супорида ва ё барзиёд ситонидашуда

1. Маблаѓи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз маблаѓе мебошад, ки ба сифати маблаѓи бољи гумрукї ва андоз воќеан супорида ё ситонида шуда, андозаи он аз маблаѓи мутобиќи њамин Кодекс ва санадњои дигари меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пардохтшаванда зиёдтар мебошад.

2. Аризаи баргардонидани маблаѓи барзиёд супурда ё барзиёд ситонидаи бољњои гумрукї ва андозро пардохткунанда ба маќоми гумруке, ки ў ин маблаѓро ба он супурдааст ё њамин маблаѓро дар ин маќом аз ў ситонидаанд, дар давоми се соли баъд аз супурдан ё ситонида шудани маблаѓ пешнињод мекунад.

3. Дар сурати ошкор шудани пардохти барзиёд ё ситонидани барзиёди бољњои гумрукї ва андоз маќоми гумрук вазифадор аст дар давоми на дертар аз як моњи баъд аз ошкор шудани чунин далел дар бораи маблаѓи барзиёд супурдашуда ё барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз ба пардохткунанда хабар дињад.

4. Баргардонидани бољњои гумрукї ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда аз тарафи маќоми давлатии ваколатдор дар соњаи молия бо ќарори маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї анљом дода мешавад. Мўњлати умумии баррасии ариза дар бораи баргардонидан, ќабул кардани ќарор дар бораи баргардонидан ва баргардонидани маблаѓи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз набояд аз рўзи додани ариза дар бораи баргардонидан ва пешнињоди њамаи њуљљатњои зарурї бештар аз як моњ бошад. Њангоми вайронкунии мўњлати мазкур ба маблаѓи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз, ки дар мўњлати муќарраргардида баргардонида нашудааст, барои њар рўзи вайронкунии мўњлати баргардонидан фоизњо ба андозаи муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон њисоб карда мешавад. Агар пардохт ё ситонидани бољњои гумрукї ва андоз бо арзи хориљї сурат гирифта бошад, фоизњои ба маблаѓи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз, ки мутобиќи ќурби Бонки миллии Тољикистон бо асъори Љумњурии Тољикистон дар рўзи супоридан ё ситонидани барзиёд њисоб шудааст, њисобї карда мешаванд.

5. Маблаѓи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз ба суратњисобе гузаронида мешавад, ки дар аризаи баргардонидан нишон дода шудааст.

6. Бољњои гумрукї ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда бо асъори Љумњурии Тољикистон баргардонида мешаванд. Агар супоридан ё ситонидани бољњои гумрукї ва андоз бо арзи хориљї сурат гирифта бошад, баргардонидани бољи гумрукї ва андози барзиёд супоридашуда ё барзиёд ситонидашуда бо ќурби Бонки миллии Љумњурии Тољикистон, ки дар рўзи супоридани барзиёд ё ситонидани барзиёд амал мекард, анљом дода мешавад.

7. Њангоми баргардонидани бољњои гумрукї ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда њамчунин бояд фоизњо аз маблаѓи баргардонидашавандаи супорида ё ситонидашудаи бољњои гумрукї ва андоз баргардонида шавад, ба истиснои баргардонидани маблаѓи бољи гумрукї ва андоз мувофиќи моддаи 397 њамин Кодекс.

8. Баргардонидани бољњои гумрукї ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда бо хоњиши пардохткунанда метавонад ба шакли њисобї кардан ба њисоби иљрои ўњдадорињои пардохтњои гумрукии дигар, фоизњо ва љаримањо анљом дода шавад. Бањисобгирии пардохтњои гумрукии барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда мутобиќи њамин модда вобаста ба тартиби баргардонидан, бо назардошти муќаррароти ќисми 9 њамин модда амалї мегардад.

9. Бољњои гумрукї ва андози барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашуда дар њолатњои зерин баргардонида намешаванд:

1) дар сурати ќарздории пардохткунанда оид ба супоридани пардохтњои гумрукї дар њаљми ќарзи мазкур. Дар ин њолат мумкин аст бољњои гумрукї ва андози барзиёд супорида ё ситонидашуда ба њисоб гирифта шавад;

2) агар маблаѓи пардохтњои гумрукии баргардонидашаванда камтар аз андозаи дукаратаи маоши њадди аќали муќарраркардаи ќонун бошад, ба истиснои њолатњои супурдани барзиёди пардохтњои гумрукї аз тарафи шахсони воќеї ё барзиёд ситонидани чунин пардохтњо аз шахсони мазкур;

3) дар сурати додани ариза дар бораи баргардонидани маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз баъд аз гузаштани мўњлати муќарраршуда.

10. Дар сурати мављуд будани ќарз оид ба супоридани пардохтњои гумрукї ва фоизњо маќоми гумрук метавонад мустаќилона онро аз њисоби маблаѓи барзиёд супорида ё барзиёд ситонидашудаи пардохтњои гумрукї пўшонад. Маќоми гумрук вазифадор аст, пардохткунандаро дар бораи њисобї кардани ќарзаш дар давоми 3 рўзи пўшонидани он ба хабар дињад.

11. Ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 4 њамин модда дар сурати баргардонидани пардохтњои гумрукї фоизи он пардохта намешавад, маблаѓњо индексатсия карда намешаванд.

Моддаи 397.Њолатњои дигари баргардонидани бољњои гумрукї ва андоз

1. Баргардонидани бољњои гумрукї ва андоз инчунин дар њолатњои зерин сурат мегирад:

1) агар декларатсияи гумрукии ба маќоми гумрук пешнињодшуда мутобиќи њамин Кодекс пешнињоднашуда њисоб карда шавад;

2) бозхонди декларатсияи гумрукї;

3) додани имтиёзоти тарифї дар шакли баргардонидани маблаѓи супоридашудаи бољи гумрукї;

4) барќарор кардани низоми бештари мусоидаткунандаи миллї ё имтиёзњои тарифї;

5) агар њамин Кодекс баргардонидани маблаѓи бољњои гумрукї ва андози пардохтшударо њангоми баровардани моли хориљї аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё њангоми нобудкунии онњо ё даст кашидан ба манфиати давлат ва ё њангоми реимпорти мол пешбинї карда бошад;

6) бо иљозати маќоми гумрук таѓйир ёфтани низоми гумрукии каблан арзшуда, агар маблаѓи бољњои гумрукї ва андози њангоми ќарор додани мол тањти низоми гумрукии аз нав интихобшуда пардохтшаванда камтар аз маблаѓи бољи гумрукї ва андозе бошад, ки дар низоми гумрукии аввал супорида шудаанд, ба истиснои њолати пешбининамудаи ќисми 6 моддаи 212 њамин Кодекс;

7) дар њолатњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон оид ба тадбирњои њифзи манфиатњои иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар љараёни амалї намудани тиљорати хориљии мол нисбати бољњои махсуси муваќќатї, зиддидемпингї ё љубронї.

2. Ариза дар мавриди баргардонидани бољњои гумрукї ва андоз дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 1 њамин модда дар давоми на дертар аз як соли баъди рўзи фарорасии њолате, ки боиси баргардонидани маблаѓи пардохтшудаи бољњои гумрукї ва андоз мутобиќи муќаррароти моддаи 396 њамин Кодекс гардидааст, пешнињод карда мешавад. Дар ин њолат муќаррароти ќисми 7 моддаи 396 њамин Кодекс истифода бурда намешавад.

Моддаи 398. Баргардонидани гарави пулї

1. Гарави пулї ба шарти иљрои ўњдадорињои таъминшуда бо гарави пулї баргардонида мешавад, агар аризаи баргардонидани он ба маќоми гумрук дар љараёни се сол аз рўзи дигаре, ки баъди иљрои ўњдадорињо фаро мерасад, дода шуда бошад. Баъди гузаштани мўњлати мазкур маблаѓи гарави пулии талабнашуда ба буљети давлат гузаронида шуда, баргардонида намешавад.

2. Гарави пулї ба маќоми гумруке, ки ба њисобнома ё кассаи он маблаѓи гарави пулї супорида шуда буд ё ба маќоми гумруке, ки дар он расмиёти гумрукї ё низоми гумрукие анљом дода мешавад, ки ўњдадории иљрои онњо бо гарави пулї таъмин гардидааст, баргардонида мешавад.

3. Гарави пулї дар сурати пешнињод кардани забонхати гумрукї (ќисми 5 моддаи 390) бо асъори пардохт баргардонида мешавад. Дар сурати пардохти маблаѓи гарави пулї бо арзи хориљї маќоми гумрук њангоми надоштани маблаѓи пулї бо ин арз, метавонад чунин гаравро бо арзи хориљии дигар, ки ќурби онро Бонки миллии Тољикистон муайян мекунад ё бо хоњиши пардохткунанда бо асъори Љумњурии Тољикистон баргардонад. Барои баргардонидани арзи хориљї ба асъори Тољикистон ќурби Бонки миллии Тољикистон дар рўзи баргардонидани маблаѓи гарави пулї истифода бурда мешавад.

4. Агар гарави пулї ба кассаи маќоми гумрук наќд супорида шуда бошад, бо хоњиши пардохткунанда мумкин аст баргардонидани гарави пулї ба тартиби ѓайринаќдї ба суратњисоби нишондодаи пардохткунанда сурат гирад.

5. Дар сурати ќарздории пардохткунанда вобаста ба супоридани пардохтњои гумрукї фоизњо дар њаљми чунин ќарзи гарави пулї баргардонида намешаванд. Маќоми гумрук метавонад гарави пулиро мутобиќи моддаи 394 њамин Кодекс ситонад.

6. Њангоми баргардонидани маблаѓи гарави пулї фоизи он пардохт намешавад, маблаѓ индексатсия намегардад ва подоши комиссионї тибќи амалиёти бонкї аз њисоби маблаѓњои интиќолшаванда пардохта мешавад.