ФАСЛИ VII. МАЌОМОТИ ГУМРУК

Боби 59. МАЌОМОТИ ГУМРУК

ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ОНЊО

Маќомоти гумрук

Моддаи 460. Маќомоти гумрук ва мавќеи онњо дар системаи маќомоти давлатии Љумњурии Тољикистон

1. Маќомоти гумрук маќомоти давлатии њифзи њуќуќ буда, њимояи истиќлолият, амнияти иќтисодии Љумњурии Тољикистон, риояи њуќуќ ва ўњдадорињои шахсони воќеї ва њуќуќиро њангоми интиќол додани мол ва воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон таъмин менамоянд.

2. Њељ яке аз маќомоти давлатї, ба истиснои Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Президенти Љумњурии Тољикистон ва Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ надоранд ќароре ќабул кунанд, ки ба салоњияти маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон дахл намояд, бе иљозати дахлдор вазифањои онњоро иљро намояд ё таѓйир дињад, ба зиммаи онњо вазифањои иловагї гузорад ё бо роњњои дигар ба фаъолияти маќомоти гумрук, ки тибќи муќаррароти њамин Кодекс ва санадњои дигари ќонунгузории Љумњурии Тољикистон анљом дода мешавад, дахолат намояд.

3. Таъсир расонидан ба фаъолияти хизматии кормандони маќоми гумрук манъ аст.

Моддаи 461. Сохтори маќомоти гумрук

1.Маќомоти гумрук инњоянд:

1) маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї;

2) идорањои минтаќавии гумрукї;

3) гумрукњо;

4) дидбонгоњњои гумрукї;

2. Ташкил , азнавташкилдињї, барњамдињии идорањои минтаќавии гумрук, гумрукњо ва дидбонгоњњои гумрукї аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон анљом дода мешаванд.

Салоњияти маќомоти муайяни гумрукї оид ба иљрои вазифањои мушаххас, ба љо овардани амалњои муайяни гумрукї, инчунин минтаќаи фаъолияти маќомоти гумрукро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад маќомоти махсуси гумрукї ташкил намояд, ки ваколатњои онњо барои иљрои баъзе вазифањои ба зиммаи маќомоти гумрук гузошташуда ё гузаронидани амалњои гумрукї нисбати навъњои муайяни мол мањдуд гардонида шудааст.

3. Идорањои минтаќавии гумрукї, гумрукњо ва дидбонгоњњои гумрукї дар асоси талаботи њамин Кодекс, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва инчунин Низомномаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї амал менамоянд. Гумрукњо ва дидбонгоњњои гумрукї метавонанд шахси њуќуќї набошанд.

4. Ба системаи маќомоти гумрук инчунин муассисањое шомиланд, ки маќомоти њифзи њуќуќ ба њисоб намераванд ва онњоро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї барои таъмини фаъолияти худ таъсис медињад.

Моддаи 462. Вазифањои маќомоти гумрук

Маќомоти гумрук вазифањои асосии зеринро иљро мекунанд:

1) дар тањияи сиёсати гумрукии Љумњурии Тољикистон иштирок намуда, ин сиёсатро амалї менамоянд;

2) дар доираи салоњияти худ њимояи соњибихтиёрї ва амнияти иќтисодии Љумњурии Тољикистонро таъмин менамоянд;

3) риояи ќонунгузорињои гумрук ва дигар ќонунњои Љумњурии Тољикистонро, ки назорати иљрои онњо ба зиммаи маќомоти гумрук гузошта шудааст, таъмин менамоянд;

4) мамнўияту мањдудиятњои тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон нисбати моли аз сарњади гумрукї интиќолшаванда муайянгардидаро таъмин менамоянд;

5) њуќуќу манфиати давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљиро дар соњаи фаъолияти гумрукї њимоя мекунанд;

6) заминаи моддию техникї ва иљтимоии маќомоти гумрукро тараќќї медињанд;

7) дар доираи салоњияти худ барои њифзи амнияти миллї, њаёт ва саломатии инсон, њифзи муњити зист ва арзишњои фарњангї тадбирњо меандешанд;

8) барасмиятдарории гумрукї ва назорати гумрукиро татбиќ мекунанд, барои тезонидани интиќоли молу воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукї шароит фароњам меоранд;

9) бољњои гумрукї, андоз, хирољи гумрукї ва дигар пардохтњои гумрукї, бољњои зиддидемпингї, махсус, бољњои љубронї, љаримањои њуќуќвайронкунии гумрукиро меситонанд, дуруст ва сари ваќт њисоб ва супоридани ин бољу хирољ ва андозњоро тањти назорат мегиранд, барои маљбуран ситонидани онњо чора меандешанд;

10) тартиби аз сарњади гумрукї гузаронидани молу воситањои наќлиётро таъмин менамоянд;

11) дар доираи салоњияти худ њуќуќи моликияти зењниро њимоя менамоянд;

12) бар зидди ќочоќ ва дигар љинояткорињо, њуќуќвайронкунињои маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї мубориза мебаранд, ѓайриќонунї аз сарњади гумрукї гузаронидани воситањои нашъадор, моддањои психотропї ва прекурсорњо, яроќу лавозимоти љангї, моддањои тарканда, арзишњои фарњангї, маводи радиоактивї, намудњои њайвоноту набототе, ки ба онњо хатари нобудшавї тањдид менамояд, узв ва мањсули (деривати) онњо, объектњои моликияти зењнї, дигар молро пешгирї менамоянд, инчунин ба муборизаи зидди терроризми байналмилалї ва пешгирї кардани дахолати ѓайриќонунї ба фаъолияти авиатсияи гражданї дар фурудгоњњои Љумњурии Тољикистон мусоидат менамоянд;

13) дар доираи салоњияти худ назорати асъории марбути молу воситањои наќлиёти аз сарњади гумрукї интиќолшавандаро мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон анљом медињанд;

14) омори гумрукии тиљорати хориљї ва Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљиро амалї менамоянд;

15) иљрои ўњдадорињои байналмилалии Љумњурии Тољикистонро дар соњаи фаъолияти гумрукї таъмин менамоянд, бо маќомоти гумрук ва бо маќомоти дигари босалоњияти давлатњои хориљї, ташкилотњои байналмилалие, ки бо масъалањои фаъолияти гумрукї машѓуланд, њамкорї мекунанд;

16) дар соњаи фаъолияти гумрукї корњои иттилоотї ва машваратиро ба љо меоранд, бо тартиби муќарраршуда маќомоти давлатї, муассисањо ва шањрвандонро бо маълумоти марбути масъалањои гумрукї таъмин менамоянд;

17) дар соњаи фаъолияти гумрукї корњои илмию тадќиќотиро доир менамоянд;

18) дигар вазифањои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро иљро менамоянд.

Моддаи 463. Парчам, вимпел ва аломати фарќкунандаи маќомоти гумрук

Маќомоти гумрук дорои парчам ва аломат мебошанд. Киштињои дарёии маќомоти гумрук дорои вимпел мебошанд. Дар воситањои наќлиёти автомобилї ва њавопаймоњои дар ихтиёри маќомоти гумрук буда аломати гумрук гузошта мешавад. Тасвиру наќши парчам ва аломати фарќкунандаи гумрук, инчунин вимпели киштињои дарёии маќомоти гумрукро Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ менамояд.

Моддаи 464.Мањали љойгиршавии маќомоти гумрук1. Маќомоти гумрук дар нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон љойгир мебошанд. Мањалњои дигари љойгиршавии маќомоти гумрукро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо назардошти њаљми муомилоти мол ва шумораи мусофирон, суръати рушди муносибатњои иќтисодии хориљии минтаќањои алоњида, талаботи ташкилотњои наќлиётї, содиркунандагону воридкунандагон, дигар иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљї муайян менамояд.

2. Маќомоти гумрук дар биноњое ќарор мегиранд, ки моликияти маќомоти гумрук мебошанд.

Маќомоти гумрук инчунин метавонанд дар биноњои марбутаи зайл ќарор гиранд:

1) соњибони анборњои нигањдории муваќќатї, анборњои гумрукї, маѓозањои савдои бебољ ва анборњои озод;

2) ташкилотњое, ки бо интиќоли байналмилалии мусофирон тавассути њавопаймо, наќлиёти роњи оњан ва автомобилї машѓул мебошанд;

3) дигар ташкилотњое, ки мунтазам молро ворид ва содир менамоянд.

Моддаи 465.Мањали анљом додани амалиёти гумрукии маќомоти гумрук

Барасмиятдарории гумрукии молу воситањои наќлиёт бевосита дар мањали љойгиршавии маќомоти гумрук ва воњидњои сохтории онњо анљом дода мешавад. Аз рўи дархости асосноки шахси манфиатдор ва иљозати хаттии роњбари маќомоти гумрук, ё шахси ваколатдори он амалиёти гумрукї метавонад дар дигар мањалњо низ анљом ёбад. Маќомоти гумрук барои анљом додани амалиёти гумрукї дар мањали љойгиршавии молу воситањои наќлиёт монеъ намешаванд, ба шарте агар ин самаранокии назорати гумрукиро паст нанамояд.

Моддаи 466. Ваќти кории маќомоти гумрук

1. Ваќти кории маќомоти гумрукро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

Ваќти кории маќомоти гумрук дар бандарњо, фурудгоњњо ва дигар нуќтањои гузаргоњ аз Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон бояд бо ваќти кории маќомот ва хадамоти назоратии ин гузаргоњњо мувофиќат намояд. Ваќти кории маќомоти гумрук дар дигар мањалњои барасмиятдарории гумрукї бо назардошти талаботи ташкилотњои наќлиётї ва иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљї муќаррар карда мешаванд.

Ваќти кории маќомоти гумрук дар нуќтањои гузаргоњи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон, ки бо љойгиршавии гузаргоњњои њамсарњад якљояанд, аз рўи имконият бояд бо ваќти кории маќомоти гумруки ин давлатњои њамсарњад мувофиќат намоянд.

2. Аз рўи дархости асосноки шахси манфиатдор ва њангоми мављуд будани имконоти маќомоти гумрук амалиёти алоњидаи гумрукї метавонад берун аз ваќти кории маќомоти гумрук анљом дода шавад.