Воситањои махсус ва яроќи оташфишон

Моддаи 473.Шартњои истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва яроќи оташфишон аз тарафи шахсони мансабдори маќомоти гумрук

1. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њуќуќ доранд бо тартиби пешбининамудаи њамин Кодекс ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва яроќи оташфишонро истифода баранд.

2. Пеш аз истифодабарии ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва яроќи оташфишон кас бояд аз нияти кор фармудани онњо ба таври ошкоро огоњонида шавад ва њангоми истифодаи яроќи оташфишон барои њушдорї ба њаво тир холї карда шавад. Њамзамон шахсони мансабдори маќомоти гумрук вазифадоранд, ки:

1) барои иљрои талаботи ќонунии худ мўњлати зарурї дињанд, ба истиснои њолатњое, ки ба таъхир гузоштани истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва яроќи оташфишон барои њаёту саломатии онњо бевосита хатарнок аст, метавонад боиси оќибатњои дигари вазнин гардад, њангоми њамлаи ногањонї ё њамлаи яроќнок, њамла бо истифодаи техникаи њарбї, киштињо ва воситањои наќлиёт ё дар њолатњои дигар, ки чунин огоњї нољоиз ва ё имконнопазир мебошад;

2) ба шахсоне, ки љароњат бардоштаанд, ёрии аввалияи тиббї расонида, аз њодисаи рухдода роњбари маќомоти гумрукро фавран огоњ намоянд, ки вай дар навбати худ бояд дар муддати 24 соат ба прокурор хабар дињад.

3. Њангоми истифодаи ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва яроќи оташфишон вобаста ба хусусият ва андозаи хатари ќонуншиканї ва муќовимат шахси мансабдори маќомоти гумрук бояд кўшиш намояд, ки њар гуна зарари њангоми рафъи хатар расонидашуда то њадди имкон камтар бошад.

4. Дар њолатњои муњофизати зарурї ё зарурияти нињої шахсони мансабдори маќомоти гумрук дар сурати набудани воситањои махсус њуќуќ доранд яроќи оташфишон њама гуна воситаи дар даст дошта истифода кунанд.

5. Њангоми хилофи тартиби муќарраргардида истифода бурдани ќувваи љисмонї, воситањои махсус ва яроќи оташфишон шахсони мансабдори маќомоти гумрук мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.

Моддаи 474. Истифодаи ќувваи љисмонї аз тарафи шахсони мансабдори маќомоти гумрук

1. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њангоми иљрои вазифањои хизматиашон њуќуќ доранд ќувваи љисмонї, аз љумла усулњои љанги танбатанро дар њолатњое ба кор баранд , ки усулњои ѓайризўроварї наметавонанд иљрои вазифањои ба зиммаашон гузошташударо таъмин намоянд.

2. Ќувваи љисмонї барои маќсадњои зайл истифода бурда мешавад :

1) пешгирї намудани њуќуќвайронкунї;

2) дастгир кардани шахсони содирнамудаи ќонуншиканї;

3) иљро накардани талабњои ќонунии шахси мансабдори маќомоти гумрук;

4) мамониат барои ворид шудан ба дохили биноњо, ќаламрав, ба назди мол ва воситањои наќлиёте, ки тањти назорати гумрукї ќарор доранд.

Моддаи 475.Истифодаи воситањои махсус аз тарафи шахсони мансабдори маќомоти гумрук

1. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њангоми иљрои вазифањои хизматї њуќуќ доранд, ки аз воситањои махсуси дар ихтиёрашон буда дар њолатњои зайл истифода баранд:

1) барои рафъи њамла ба кормандони маќомоти гумрук ё шахсони дигар;

2) барои рафъи њамла ба биною иморатњо ва воситањои наќлиёти маќомоти гумрук ё аз тарафи онњо истифодашаванда, ба молу воситањои наќлиёте, ки тањти назорати гумрукї мебошанд, инчунин барои озод кардани объектњои номбурда дар сурати тасарруфи онњо;

3) барои дастгир кардани њуќуќвайронкунандагон, овардани онњо ба бинои хизматии маќомоти гумрук ё маќомоти корњои дохилї, ба шарте, ки ин шахсон итоат накунанд, муќобилият нишон дињанд ё ба атрофиён ва ё ба худ зарар расонанд;

4) барои пешгирї намудани муќобилати љисмонї ба шахси мансабдори маќомоти гумрук ;

5) барои боздоштани наќлиёте, ки ронандаи он талаби ќонунии шахси мансабдори маќомоти гумрукро дар бораи боз доштани наќлиёт иљро накунад.

2. Истифодаи воситањои махсус нисбати заноне, ки дорои нишонањои аёни њомилагї мебошанд, шахсони дорои нишонањои аёни маъюбї дошта, ноболиѓон, ба истиснои њолатњое, ки онњо муќобилияти мусаллањона нишон медињанд, њамлаи гурўњї ва ѓайра анљом медињанд, ки ба њаёт ва саломатии инсон, амният ва молу воситањои наќлиёти тањти назорати гумрукї ќарордошта хатарноканд, манъ аст.

3. Номгўи воситањои махсусро, ки маќомоти гумрук мавриди истифода ќарор медињанд, Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

Моддаи 476.Истифодаи яроќи оташфишон аз тарафи шахсони мансабдори маќомоти гумрук

1. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њангоми иљрои вазифањои хизматї њуќуќ доранд дар њолатњои зерин аз яроќи оташфишон истифода кунанд:

1) барои рафъи њамла ба кормандони маќомоти гумрук, њангоме ки њаёт ва саломатии онњо зери хатар аст, ба шарте агар њамла бо восита ва усулњои дигар рафънопазир бошад;

2) барои пешгирї намудани кўшишњои ба даст овардани аслињаи шахсони мансабдори маќомоти гумрук, аз љумла кўшиши шахси дастгиршуда барои наздик шудан ба мансабдори маќомоти гумрук бо маќсади кўтоњ кардани масофае, ки шахси мансабдори маќомоти гумрук нишон дода буд ё даст расонидан ба яроќи оташфишони њамин шахси мансабдор;

3) барои рафъи њамлаи гурўњї ва мусаллањона ба биною иморатњо ва воситањои наќлиёт, киштиву њавопаймоњои ба маќомоти гумрук тааллуќдошта ё аз љониби онњо истифодашаванда ё молу воситањои наќлиёти тањти назорати гумрукї ќарордошта ё ба объектњое, ки ин гуна молу воситањои наќлиёт мављуданд;

4) барои боздоштани шахсоне (шахсе), ки муќобилияти мусаллањона нишон медињанд, инчунин шахсони (шахси) мусаллахе, ки талаби ќонунии супоридани яроќи оташфишонро иљро намекунад;

5) барои боздоштани воситањои наќлиёт, киштї бо роњи вайрон кардани онњо, ба шарте агар онњо ба њаёт ва саломатии шахсони мансабдори маќомоти гумрук хатари љиддї пеш оранд ё ба талаби чандинкаратаи онњо баъди ба њаво тир кушодан, итоат накунанд;

6) барои безарар гардонидани њайвоноте, ки ба њаёт ва саломатии шахси мансабдори маќомоти гумрук тањдид мекунанд;

7) барои огоњ намудан аз нияти истифодаи яроќи оташфишон, додани бонги хатар ё имдодталабї.

2. Истифодаи яроќи оташфишон нисбати занон, шахсони дорои нишонањои аёни маъюбї, ноболиѓон, ба истиснои њолатњое, ки онњо муќобилияти мусаллањона нишон медињанд, њамлаи гурўњї ва ѓайра мекунанд, ки ба њаёт ва саломатии одамон хатарнок мебошанд, манъ аст.

3. Шахси мансабдори маќомоти гумрук вазифадор аст, дар бораи њар як њолати истифодаи яроќи оташфишон дар мўњлати кўтоњтарин ба шакли хаттї роњбари маќомоти гумрукро огоњ намояд, ки ў дар навбати худ бояд дар давоми 24 соати баъди истифодаи яроќи оташфишон дар ин бора ба прокурор хабар дињад.

4. Номгўи намуди яроќи оташфишон ва лавозимоти љангии онро, ки маќоми гумрук истифода мебарад, Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

5. Агар шахси мансабдори маќомоти гумрук лозим донад, ки дар њолати рухдода истифодаи яроќи оташфишон зарур мешавад, ў њуќуќ дорад мутобиќи ќисми 1 њамин модда яроќи оташфишонашро омодаи истифода кунад.