Таъмини фаъолияти маќомоти гумрук

Моддаи 477.Маблаѓгузорї ва таъминоти моддию техникии фаъолияти маќомоти гумрук

Маблаѓгузории харољоти маќомоти гумрук барои таъминот ва рушди он аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї ва дигар маблаѓњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи буљети давлатї таъмин карда мешавад.

Моддаи 478. Љойгиронии объектњои маќомоти гумрук

1. Ќитъањои замин, ки барои љойгиронии объектњои маќомоти гумрук таъин гардидаанд, тибќи тартиби људо намудани замин барои эњтиёљоти ѓайрикишоварзї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи замин дода мешаванд.

2. Њангоми љойгир намудани воњидњои сохтории гумрук барои анљом додани амалиёти гумрукї дар объектњои марбути ташкилотњои дар ќисми 2 моддаи 464 њамин Кодекс зикргардида таъминоти моддию техникии фаъолияти маќомоти гумрук дар бобати истифодаи воситањои алоќа, асбобу анљом ва таљњизоти техникии ташкилї бо розигии соњибони ин объектњо дар асоси шартнома анљом дода мешавад.

Моддаи 479. Њифзи маълумот дар бораи фаъолияти маќомоти гумрук

1. Њуљљату маводи дорои маълумот дар бораи њайати кормандони маќомоти гумрук дар бораи ташкил, тарзу услуб ва воситањои татбиќи фаъолияти оперативию љустуљўї бояд дар бойгонии маќомоти гумрук мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нигоњ дошта шаванд.

2. Маводи бойгонии маќомоти гумрук, ки дорои арзишњои илмї ва таърихї буда, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ифшо шудаанд, барои нигањдорї ба бойгонии давлатї тибќи тартиби муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон супорида мешаванд.

3. Сирњои давлатї, бонкї, андоз, инчунин иттилооти махфии маќомоти гумрук мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њифз карда мешаванд.

Моддаи 480. Муассисањо ва корхонањои воњиди давлатии маќомоти гумрук

1. Барои таъмини фаъолияти маќомоти гумрук маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон лабораторияњои гумрукї, муассисањои илмию тадќиќотї, муассисањои таълимї, матбаа, марказњои иттилоотии њисоббарорї ва дигар муассисањоро таъсис менамояд, њамчунин дар ихтиёри худ корхонањои воњиди давлатие дошта метавонад, ки фаъолияти онњо барои иљрои вазифањои маќомоти гумрук мусоидат мекунанд .

2. Вазифањои муассиса ва корхонањои воњиди давлатии маќомоти гумрук мувофиќи талаботи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 481. Амволи маќомоти гумрук ва ташкилотњои маќомоти гумрук

Амволи маќомоти гумрук, муассиса ва корхонањои воњиди давлатии маќомоти гумрук моликияти давлат њисоб мешавад. Амволи мазкур аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ихтёрдорї карда мешавад.

 

Боби 60. ТАРТИБИ АДОИ ХИЗМАТ

ДАР МАЌОМОТИ ГУМРУК

Моддаи 482. Хизмат дар маќомоти гумрук

1. Хизмат дар маќомоти гумрук намуди хизмати махсуси шањрвандони Љумњурии Тољикистон аст, ки фаъолияти касбиро љињати татбиќи вазифа, њуќуќ ва ўњдадорињои маќомоти гумрук мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї мекунад.

2. Тартиби адои хизмат дар маќомоти гумрук тибќи њамин Кодекс ва санадњои дигари меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 483. Ќабул ба хизмат дар маќомоти гумрук

1. Корманди маќомоти гумрук он шањрванди ќобили амали Љумњурии Тољикистон шуда метавонад, ки синнаш аз 20 кам ва аз 35 зиёд набошад, дорои тањсилоти миёнаи махсус ё олї бошад ва бо сифатњои шахсї, ахлоќї, кордонї, касбї ва вазъи саломатии худ аз ўњдаи иљрои вазифањои ба зиммааш гузошташуда барояд.

2. Дохил шудани шањрвандон ба хизмати маќомоти гумрук ихтиёрї буда, он мувофиќи ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон, бо назардошти хусусиятњои хоси пешбининамудаи њамин Кодекс, сурат мегирад.

3. Ба вазифаи маќомоти гумрук шањрвандони дорои тањсилоти миёнаи касбї ва олї ќабул карда мешаванд.

4. Барои дохил шудан ба хизмат дар маќомоти гумрук њуљљатњои зерин зарур аст:

1) аризаи шахсї;

2) њуљљатњои тасдиќкунандаи тањсилоти касбї;

3) хулосаномаи тиббї дар бораи коршоям будан ба хизмат.

4) тарљимаи њол ;

5) пешнињоди дигар њуљљатњое, ки дар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї шудаанд.

5. Талабот нисбати саломатии шањрвандоне, ки ба хизмати маќомоти гумрук меоянд, тибќи меъёрњои барои хизматчиёни њарбї муќарраршуда муайян карда мешавад.

6. Њангоми дохил шудан ба хизмат дар маќомоти гумрук мўњлати санљиш то шаш моњ, бидуни додани рутбаи махсус муќаррар карда мешавад.

Барои хатмкардагони муассисањои тањсилоти олї, ки онњоро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба тањсил фиристодааст ё барои онњое, ки аз дигар маќомоти њифзи њуќуќ ва сохторњои низомигардонидашуда гузаштаанд, мўњлати санљиш муќаррар карда намешавад.

7. Ба хизмати гумрукї шањрвандоне, ки доѓи судї доштанд ё доранд (сарфи назар аз мўњлати адои љазои таъиншуда, озод кардан аз адои минбаъдаи љазо, ќабул ва татбиќи санади авф, ба истиснои онњое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноњ дониста шудаанд), ќабул карда намешаванд.

8. Шахсони дорои ўњдадории њарбї, ки ба хизмати маќомоти гумрук омадаанд, мувофиќи тартиби муайяншуда аз ќайди њарбї баромада, ба ќайди махсуси маќомоти гумрук гузошта мешаванд.

9. Бо маќсади таъмини техникии фаъолияти маќомоти гумрук дар воњидњои кории онњо вазифањои дахлдори озоди кормандони кирояи маќомоти гумрук (минбаъд кормандон ва хизматчиён) пешбинї карда мешавад. Номгўи вазифањои мазкур аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад. Муносибатњои мењнатии њайати кормандони кирояи (кормандон ва хизматчиёни) маќомоти гумрук мувофиќи ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон танзим карда мешавад.

10. Номгўи вазифањои њайати хурд, миёна ва калони роњбарикунандаи маќомоти гумрук ва талаботи тахассусї нисбати кормандони маќомоти гумрук, ки вазифањоро ишѓол намудаанд аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќ карда мешавад.

11. Адои хизмат дар маќомоти гумрук дар парвандаи шахсии кормандони маќомоти гумрук дарљ карда мешавад. Парвандаи шахсии кормандони маќомоти гумрук аз тарафи маќоми кадрии хадамоти гумрук пеш бурда мешавад ва њангоми гузаштани корманд ба мањали дигари хизмат ба он љо фиристода мешавад. Тартиби пешбурди парвандањои шахсии кормандони маќомоти гумрукро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд.

12. Њангоми ќабул ва хизмат дар маќоми гумрук шањрванд бояд аз ќайди давлатии дактилоскопї гузаронида шавад.

13. Љамъ ва дохил кардани маълумот доир ба мансубияти сиёсї, динї ва њаёти шахсии кормандони маќомоти гумрук дар парвандаи шахсї манъ аст.

14. Корманди маќомоти гумрук мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи коррупсия» ўњдадории хаттї ќабул мекунад.

Моддаи 484.Мањдудиятњо њангоми адои хизмат дар маќомоти гумрук

1. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њуќуќ надоранд, ки:

1) ягон кори муздноки муштаракро ба истиснои фаъолияти илмию эљодї ва омўзгорї иљро намоянд;

2) ба фаъолияти соњибкорї шахсан ё ба воситаи миёнарав машѓул шаванд;

3) мустаќилона ва ё тавассути намоянда дар идораи субъектњои хочагидорї ширкат варзанд;

4) дар корњои шахси сеюм дар маќомоти гумрук шахси боваринок ё намоянда бошанд;

5) корњои вобаста ба фаъолияти гумрукиро тибќи ќарордоди дорои хусусияти њуќуќи шањрвандї ба љо оваранд;

6) ба шахсон бар ивази подош, хизматрасонї ва имтиёзњо бо истифода аз вазифаи хизматї њар гуна кўмаки дар ќонун пешбининашударо расонанд;

7) вазифаи хизматии худро ба манфиати њизбњои сиёсї, иттињодияњои љамъиятї, аз љумла иттињодияњои динї барои таблиѓи муносибат бо онњо истифода намоянд (дар маќомоти гумрук ташкили сохторњои њизбњои сиёсї, инчунин иттињодияњои динї манъ аст) ;

8) корпартої ташкил кунанд ва дар гузаронидани онњо иштирок намоянд.

Нисбати кормандони хадамоти гумрук инчунин дигар мањдудиятњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон татбиќ мегарданд.

2. Кормандони маќомоти гумрук вазифадоранд дар давраи адои хизмат дар маќомоти гумрук њиссаи шахсии худ (пакети сањмия)-ро дар сармояи оинномавии ташкилотњои тиљоратї тибќи тартиби муайяннамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои идораи эътимоднок супоранд.

3. Ба кормандони маќомоти гумрук, ки хешу аќрабои наздик ё ба њам наздиканд (падару модар, зану шавњар, бародарон, хоњарон, писарон, духтарон, њамчунин бародарону хоњарони падару модар, фарзандони зану шавњар) агар он ба тобеияти бевосита ё тањти назорати бевосита алоќаманд бошанд, адои хизмат дар њамон маќоми гумрук манъ аст.

Моддаи 485. Маълумот дар бораи даромади кормандони маќомоти гумрук ва амволе, ки моликияти шахсии онњо мебошад

Кормандони маќомоти гумрук мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон вазифадоранд њар сол ба маќомоти андози Љумњурии Тољикистон дар бораи даромаду амволе, ки моликияти шахсии онњо мебошанд, аз љумла дар бораи сањмияњояшон, њиссаи сармояи оинномавии шахсони њуќуќие, ки объекти андозбандї мебошанд, маълумот пешнињод намоянд.

Моддаи 486.Савганди шахси мансабдори маќомоти гумрук

1. Шањрвандони Љумњурии Тољикистон, ки дар маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон бори аввал ба вазифа таъин мегарданд, баъди ду моњи додани рутбаи аввали махсус савганди зеринро ёд мекунанд: «Савганд ёд мекунам, ки њангоми иљрои вазифаи шахси мансабдори маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон, Конститутсия ва ќонунгузорињои Љумњурии Тољикистонро бечунучаро риоя карда, истиќлолият ва амнияти иќтисодии Тољикистонро њимоя намуда, вазифањои хизматии худро софдилона баљо меоварам, талаботи интизоми хадамоти гумрукро риоя мекунам».

2. Тартиби маросими савгандёдкуниро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрук муайян мекунад.

Моддаи 487.Рутбањои махсуси шахсони мансабдори маќомоти гумрук

1. Рутбањои махсуси кормандони маќомоти гумрук аз тарафи Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешаванд.

2. Тартиби додани рутбањои махсус ба кормандони маќомоти гумрукро Президенти Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.

3. Муќаррароти њамин модда инчунин нисбати роњбарон ва мутахассисони ташкилотњои махсусгардонидашудаи муассисањои гумрук татбиќ карда мешавад.

Моддаи 488.Асосњои ќатъи хизмат дар маќомоти гумрук

1. Фаъолияти корманди маќомоти гумрук бо асосњои зерин ќатъ мегардад:

1) бо хоњиши шахсї;

2) бинобар расидан ба синну соли нињої, мутобиќи низомномаи адои хизмат, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон тасдиќ кардааст;

3) баъди ба охир расидани мўњлати хизмат, ки њуќуќи ба нафаќа баромаданро медињад (бо ташаббуси корманди маќомоти гумрук ва ё ризоияти ў);

4) бо сабаби ба охир расидани мўњлати хизмат мувофиќи ќарордод;

5) бинобар риоя накардани шартњои ќарордод;

6) бо сабаби ихтисори њайати кормандон;

7) бо сабаби беморї – дар асоси хулосаи комиссияи тиббии њарбї оид ба корношоямии ў ба хизмат дар маќомоти гумрук;

8) бинобар иллатмандї дар асоси хулосаи комиссияи тиббии њарбї – оид ба нокифоя будани њолаташ барои хизмат ва бинобар беморї иљро карда натавонистани ўњдадории хизматї, вобаста ба вазифааш ва набудани имконияти ба кори дигар гузаштан;

9) барои даѓалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизом;

10) барои содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди маќомоти гумрук доѓ меорад;

11) эътибор пайдо кардани њукми айбдоркунии суд ё ќатъи парвандаи љиноятї тибќи асосњое, ки сафед намекунанд;

12) бо сабаби мувофиќат накардани вазифаи хизматї ба ихтисосаш аз рўи натиљаи аттестатсия;

13) њангоми вафот;

14) барои вайрон кардани тартиби муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо;

15) дар њолатњои дигаре, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешбинї намудааст.

2. Шахсони мансабдори маќомоти гумруки аз хизмат љавобшуда њамчун низомии эњтиётї ба ќайд гирифта мешаванд, ба шарте ки онњо ба синни нињоии муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои гузаштан ба љумлаи шахсони њарбии эњтиётии коршоями хизмати њарбї нарасида бошанд .

Моддаи 489.Њуќуќу вазифањои кормандони маќомоти гумрук

1. Кормандони маќомоти гумрук њуќуќ доранд:

1) бо тамоми маводи парвандаи шахсии худ шинос шаванд;

2) аз њисоби маблаѓе, ки барои таъмини маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї пешбинї шудааст, касбу ихтисос омўзанд, ихтисоси худро таѓйир ва такмил дињанд;

3) аз кафолатњо ва њифзи иљтимоии пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода намоянд.

Кормандони маќомоти гумрук инчунин дорои дигар њуќуќњое мебошанд, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар намудааст.

2. Њуќуќу вазифањои хизматии кормандони маќомоти гумрук вобаста ба вазифаи ишѓолнамудаи онњо бо дастуруламали вазифавї муайян карда мешаванд. Тартиби тањия ва тасдиќи дастурамали вазифавиро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои гумрук муќаррар менамояд.

3. Иљрои амалњои зерин аз тарафи кормандони маќомоти гумрук њамчун иљрои вазифањои хизматї дониста мешавад:

1) иштирок дар љамъомаду машќњои њарбї, мусобиќањо ва дигар чорабинињои хизматие, ки тибќи наќшаи тасдиќнамудаи роњбари маќомоти гумрук гузаронида мешаванд;

2) амалњо оид ба њимояи њаёт, саломатї, эътибори шањрвандон, њамчунин оид ба амнияти худ вобаста ба иљрои вазифањои хизматї;

3) гаравгон гаштан дар рафти иљрои вазифањои хизматї;

4) рафтуомад ба љои кор ва сафари хизматї.

Моддаи 490. Њавасмандгардонии кормандони маќомоти гумрук

1. Кормандони маќомоти гумрук барои иљрои софдилонаи ўњдадорињои хизматї, натиљањои баланди хизматї, ташаббускорї, њимояи моликияти давлатї, љамъиятї ва хусусї, кори тўлонии бенуќсон, инчунин барои шуљоату фидокорї њангоми иљрои вазифаи хизматї њавасманд гардонида мешаванд.

Кормандони маќомоти гумрук метавонанд бо таври зайл њавасманд карда шаванд:

1) эълони рањматнома;

2) бекор кардани љазои интизомии ќаблан додашуда;

3) додани мукофоти пулї;

4) мукофотонї бо тўњфаи пурќиммат;

5) сарфарозгардонї бо ифтихорнома;

6) сарфарозгардонї бо нишони сарисинагии «Корманди ифтихории гумруки Љумњурии Тољикистон», «Аълочии хадамоти гумрук»;

7) дигар намуди њавасмандгардонї, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї намудаанд.

Кормандони маќомоти гумрук бо тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њавасманд гардонида мешавад.

2. Кормандони маќомоти гумрук метавонанд, барои хизматњои махсуси њимояи амнияти иќтисодии Љумњурии Тољикистон, инчунин корнамоињои дигари хизматї ба мукофотњои давлатї пешбарї гарданд.

Моддаи 491.Љазоњои интизомї барои кормандони маќомоти гумрук

1. Барои риоя накардани интизоми хизматї ба кормандони маќомоти гумрук метавонанд намудњои зерини љазои интизомї дода шаванд:

1) огоњї;

2) танбењ;

3) гузарондан ба вазифаи поёнтар;

4) як зина паст кардани рутбаи махсус:

5) рондан аз маќомоти гумрук.

2. Љазои интизомї гирифтани корманде, ки кирдори ношоям содир кардааст, ўро аз љавобгарии моддї озод намесозад.

3. Љазои интизомї бояд муносиби гуноњ ва кирдори содиршуда бошад. Њангоми муайян намудани љазо хусусияти кирдор, вазъияте, ки он содир шудааст, рафтори ќаблии гунањгор, муносибати вай бо кору хизмат, собиќаи корї, тахассус ба инобат гирифта мешаванд.

Барои як кирдор таъин намудани якчанд љазои интизомї манъ аст.

4. Тартиби додани љазои интизомї ба кормандони маќомоти гумрук тибќи Оинномаи тасдиќнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.

Моддаи 492. Таъин намудани шахсони мансабдори маќомоти гумрук ва тартиби ивази вазифа ва ба кори дигар гузаронидани онњо

1. Роњбарони воњидњои сохторї ва муовинони онњо, сардорони шўъбањои воњидњои сохтории маќоми ваколатдори гумрук оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, роњбарони идорањои гумрукии минтаќавї, гумрукњо, дидбонгоњњои гумрукї ва муовинони онњо дар асоси ќарордод бо фармони маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба вазифа таъин карда мешаванд.

2. Сарнозирон, нозирони калон ва нозирони воњидњои сохтории маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, сарнозирони идорањои гумруки минтаќавї, гумрукњо ва дидбонгоњњои гумрук дар асоси ќарордод бо фармони роњбари маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, ба вазифа таъин карда мешаванд.

3. Нозирони калон, нозирон ва нозирони хурди идорањои гумруки минтаќавї, гумрукњо ва дидбонгоњњои гумрук аз тарафи роњбари идорањои гумруки минтаќавї дар асоси ќарордод бо розигии роњбари маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо фармони роњбари идораи гумруки минтаќавї ба вазифа таъин карда мешаванд.

4. Бо шахсони мансабдори маќомоти гумруки дар ќисмњои 1,2, ва 3 зикршудаи њамин модда ба мўњлати то се сол шартномаи (ќарордоди) мењнатї баста мешавад. Барои шахсони мансабдори маќомоти гумрук, ки бори аввал ба ин вазифа таъин мешаванд, мўњлати санљиш 6 моњ муќаррар карда мешавад.

5. Кормандони маќомоти гумрук, ки мавриди санљишњои хизматї ќарор гирифтаанд, метавонанд муваќќатан, аммо на зиёда аз ду моњ аз иљрои вазифањои мансабиашон бо нигањдории музди миёнаи мењнат дур карда шаванд. Ќарори муваќќатан аз вазифа дур кардани кормандони дар ќисмњои 1 ва 2 њамин модда зикршударо роњбари маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, аммо кормандони дар ќисми 3 њамин модда нишондодашударо роњбари идораи гумрукии минтаќавї ќабул менамояд.

6. Аттестатсияи кормандони маќомоти гумрук барои њалли масъалаи мувофиќати кормандони маќомоти гумрук ба вазифаи ишѓолкардаашон гузаронида мешавад. Аттестатсияи кормандони маќомоти гумрук як маротиба дар давоми 3 сол гузаронида мешавад.

Тартиби аттестатсияи кормандони маќомоти гумрук бо Низомнома дар бораи тартиб ва шартњои гузаронидани аттестатсияи кормандони маќомоти гумрук, ки аз тарафи роњбари маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќ мегардад, гузаронида мешавад.

7. Кормандони маќомоти гумрук баъди дар маќомоти њокимияти давлатї интихоб ё таъин шуданашон дар њайати маќомоти гумрук мемонанд.

Моддаи 493.Тартиботи дохилии фаъолияти маќомоти гумрук

1. Ќоидањои тартиботи дохилї дар маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ва идорањои минтаќавии он аз тарафи роњбарони ин маќомот тасдиќ карда мешавад.

2. Давомнокии ваќти хизмати њафтаинаи кормандони маќомоти гумрук набояд аз давомнокии њафтаинаи ваќти кории муайяннамудаи ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон зиёд бошад.

Кормандони маќомоти гумрук барои иљрои вазифањои таъхирнопазир ё ѓайричашмдошти хизматї метавонанд барои иљрои вазифањои худ илова аз меъёри ваќти хизматии муайяншуда, њамчунин шабонгоњ, рўзњои ид ва истироњат бо тартиби пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љалб карда шаванд.

Барои кормандони маќомоти гумрук, ки вазифањои худро дар шароити зараровар иљро менамоянд, ваќти кории кўтоњи хизматї муќаррар карда мешавад.

Моддаи 494.Хусусиятњои ба рухсатии мењнатї баромадани кормандони маќомоти гумрук

1. Ба кормандони маќомоти гумрук мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон рухсатии мењнатї дода мешавад.

Њангоми рухсатии мењнатї ба кормандони маќомоти гумрук дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон роњкиро пардохта мешавад.

2. Ба кормандони маќомоти гумрук рухсатии солонаи давомнокиаш 30 рўзи таќвимї, аммо ба шахсоне, ки дар мањалњои баландкўњ ва мањалњои шароити иќлимашон вазнин кор мекунанд, рухсатии давомнокиаш 45 рўзи таќвимї дода мешавад. Номгўи ин ноњияву мањалњоро Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян менамояд.

3. Ба кормандони маќомоти гумрук њар сол чунин рухсатии муздноки иловагї дода мешавад:

1) баъди 10 соли собиќаи корї – 5 рўзи таќвимї;

2) баъди 15 соли собиќаи корї – 10 рўзи таќвимї;

3) баъди 20 соли собиќаи корї – 15 рўзи таќвимї.

4. Ба кормандони маќомоти гумрук мумкин аст ба сабабњои асоснок рухсатии бемузди давомнокиаш то ду моњ, дода шавад. Чунин рухсатї ба њисоби рухсатии навбатии њарсола дохил карда намешавад.

Моддаи 495.Музди мењнати кормандони маќомоти гумрук

1. Музди мењнати кормандони маќомоти гумрук аз пардохтњои зерин иборат аст:

1) маоши вазифавї;

2) маош барои рутбаи махсус;

3) иловапулї барои собиќаи хизмат;

2. Маоши вазифавї, маош барои рутбаи махсус, андоза ва тартиби додани иловапулї барои собиќаи хизмати кормандони маќомоти гумрукро Президенти Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

3. Ба корманди маќомоти гумрук ба ивази озуќаворї љубронпулї пардохта мешавад, ки њаљми он бо Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи буљети давлатии Љумњурии Тољикистон» барои њар сол муќаррар карда мешавад.

Моддаи 496.Њифзи њуќуќї ва иљтимоии кормандони маќомоти гумрук

1. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њангоми иљрои вазифаи хизматї ба нишон додани шањодатномаи хизматї њуќуќ доранд, ки дар њудуди мањали хизмат аз тамоми намудњои наќлиёт (ѓайр аз наќлиёти шахсї ва таксї) ройгон истифода баранд.

2. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук баъди ба нафаќа баромаданашон аз њуќуќу имтиёзњое истифода мекунанд, ки њамин Кодекс пешбинї кардааст, аз љумла таъминоти тиббї дар муассисањои табобатие, ки он љо ба ќайд гирифта шудаанд.

3. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук аз њисоби маблаѓи буљети љумњуриявї ба маблаѓи баробар ба њаљми 180 – каратаи музди миёнаи якмоњаашон њатман суѓуртаи шахсии давлатї карда мешаванд.

Маќомоти суѓуртаи давлатї маблаѓи суѓуртаро дар мавридњои зайл медињанд:

1) њалокати (вафоти) шахсони мансабдори маќомоти гумрук дар давраи кор ё баъди љавоб шудан, агар он дар натиљаи расонидани љароњати љисмонї ё зарари дигаре ба саломатї, ки ба иљрои вазифањои хизматиашон вобаста аст, ба амал омада бошад – ба ворисонашон ба андозаи баробар ба њаљми 180 - каратаи музди миёнаи якмоњаи шахсони мансабдори маќомоти гумрук;

2) ба шахсони мансабдори маќомоти гумрук ба иртиботи иљрои фаъолияти хизматї расонидани љароњати љисмонї ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки минбаъд ба фаъолияти касбї машѓул шудани онњоро ѓайриимкон мегардонад, ба андозаи баробар ба њаљми 36 – каратаи музди миёнаи якмоњаашон;

3) ба шахсони мансабдори маќомоти гумрук ба иртиботи иљрои фаъолияти хизматї расонидани љароњати љисмонї ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки дар натиљаи он ќобилияти кориашон ба таври пойдор гум нашуда, ба ќобилияти минбаъд машѓул шудан ба фаъолияти касбї асар накардааст, ба андозаи баробар ба њаљми 12 – каратаи музди миёнаи якмоњаашон.

Агар ба шахсони мансабдори маќомоти гумрук ба иртиботи фаъолияти хизматиашон љароњати љисмонї ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд бо фаъолияти касбї машѓул шудани онњоро ѓайриимкон мегардонад, барояшон њар моњ дар шакли фарќи байни музди миёнаи якмоња ва нафаќаи ба њамин муносибат таъиншуда, бидуни ба њисоб гирифтани маблаѓи пардохт, ки аз њисоби суѓуртаи њатмии шахсии давлатї гирифта шудааст, љубронпулї дода мешавад.

Агар шахсони мансабдори маќомоти гумрук вобаста ба фаъолияти хизматиашон њалок шаванд (вафот кунад), њамчунин шахсони мансабдори маќомоти гумруки аз хизмат љавобшуда, дар натиљаи вобаста ба фаъолияти хизматї ба онњо љароњати љисмонї ё ба саломатиашон зарари дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои ѓайри ќобили мењнати оилаи онњо, ки нонхўри онњо мебошанд, дар шакли фарќи байни њиссаи барояшон баробаршавандаи ќисми музди мењнати њалокшуда (вафоткарда) ва нафаќаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба њисоб гирифтани маблаѓи пардохт, ки аз њисоби суѓуртаи њатмии шахсии давлатї гирифта шудааст, њар моњ љубронпулї дода мешавад. Барои муайян кардани ќисми мазкури маблаѓ музди миёнаи мењнати шахси мансабдори њалокшуда (вафоткарда) ба шумораи аъзои оилаи нонхўраш, аз љумла аъзои ќобили мењнат таќсим карда мешавад.

Зараре, ки ба тариќи несту нобуд кардан ва хароб кардан ба амволи шахсони мансабдори маќомоти гумрук ё ин ки ба амволи аъзои оилаи онњо вобаста ба иљрои вазифањои хизматиашон расонида шудааст, дар њаљми пуррааш, аз љумла фоидаи аз дастрафта аз рўи тартиби муќарраркардаи ќонунгузорї љуброн мегардад.

Асос барои надодани суѓуртапулињо ва љубронпулињои дар њамин модда пешбинишуда фаќат њукмнома ё ќарори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба њалокшавии (вафот кардани) шахсони мансабдори маќомоти гумрук ба онњо расонидани љароњати љисмонї ё нобуд кардану хароб кардани амволи ба онњо тааллуќдошта айбдор дониста шудааст ва мувофиќи ќарори дахлдор муќаррар шудааст, ки ин њодиса ба иљрои вазифаи хизматиашон вобастагї надорад.

Моддаи 497.Таъминоти моддию маишии кормандони маќомоти гумрук ва аъзои оилаи онњо

1. Ба шахсоне, ки дар маќомоти гумрук ба вазифа таъин шудаанд, аз љониби маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар навбати аввал, вале дар давоми як соли баъди мурољиат манзили истиќоматии хизматї дода мешавад.

Маќомоти гумрук метавонанд фонди манзили хизматї дошта бошанд, ки он тибќи тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ташкил дода мешавад.

Дар сурати фавти шахси мансабдори маќомоти гумрук њангоми иљрои вазифањои хизматї ба аъзои оилаи марњум њуќуќи гирифтани манзил боќї мемонад.

2. Кормандони маќомоти гумрук ва аъзои оилаи онњо барои хизмати ройгони тиббї дар муассисањои тандурустии системаи маќомоти гумрук њуќуќ доранд. Њангоми дар љойи кор ва ё дар љойи истиќомати корманди маќомоти гумрук набудани муассисањои тандурустии системаи маќомоти гумрук, шўъбањои дахлдор дар онњо ё таљњизоти махсуси тиббї, инчунин дар њолатњои таъхирнопазир ба кормандони маќомоти гумрук ва аъзои оилаи онњо дар муассисањои давлатї ё идоравии системаи тандурустї ёрии тиббї расонида мешавад.

3. Кормандони маќомоти гумрук ва аъзои оилаи онњо њангоми гузаронидан ба мањали дигари хизмат мувофиќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ба љуброни харољоти роњкиро ва интиќоли моли шахсї тавассути наќлиёти роњи оњан, њавої ва автомобилї аз њисоби маблаѓњои маќоми ваколатдор оид ба масъалањои гумрукї њуќуќ доранд.

Моддаи 498.Тайёр намудани кадрњои маќомоти гумрук

1. Тарбияи мутахассисон, бозомўзонї (таѓйири тахассус) ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони маќомоти гумрук дар муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон, инчунин дар муассисањои таълимии давлатњои хориљї дар асоси санадњои дахлдори њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ба роњ монда мешавад.

2. Тартиб ва шартњои тайёр намудан, бозомўзонї (таѓйири тахассус) ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони маќомоти гумрук аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои таълимї муайян карда мешавад.

3. Ба хатмкунандаи муассисањои таълимї, ки аз њисоби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї барои тањсил фиристода шуданд, баъди хатми муассисањои таълимии мазкур дар маќомоти гумрук мувофиќи ихтисос ва касби гирифтааш вазифањо кафолат дода мешавад.

4. Ба донишљўёни муассисањои таълимии олии хориљї, ки дар доираи барномаи тасдиќнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон барои тањсил фиристода шудаанд, стипендияи њармоња, соле як маротиба кирои рафтуомад ба мањали зисти доимї ва тањсил пардохта шуда, инчунин онњо бо либоси расмї таъмин карда мешаванд.

Моддаи 499.Либоси расмии кормандони маќомоти гумрук

1. Барои кормандони маќомоти гумрук пўшида гаштани либоси расмї пешбинї карда мешавад. Шакли либоси мазкур, нишонањои фарќкунада ва меъёри таъмини ашёи кормандони маќомоти гумрукро Њукумати Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд. Тартиб, мўњлат ва ќоидањои пўшидани либоси расмиро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд.

2. Либоси расмї ба кормандони маќомоти гумрук аз њисоби буљети давлат дода мешавад.

3. Дар њолатњои бо либоси расмї таъмин накардани кормандони маќомоти гумрук ба онњо ба андозаи арзиши либоси расмї, бо назардошти меъёри таъмини амвол мувофиќи ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон љубронпулї дода мешавад.

Моддаи 500.Таъмини нафаќаи кормандони маќомоти гумрук

Таъминоти нафаќаи кормандони маќомоти гумрук ва аъзои оилаи онњо тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон « Дар бораи таъмини нафаќаи хизматчиёни њарбї» амалї карда мешавад.

Моддаи 501.Барќароркунии кормандони маќомоти гумрук ба хизмат дар маќомоти гумрук

1. Ба кормандони маќомоти гумрук, ки ба хизмат барќарор шудаанд, ваќти аз рўзи озодшавии онњо то рўзи барќароршавї ба хизмат дар маќомоти гумрук ба собиќаи хизмати дарозмуддат барои додани рутбаи махсуси навбатї, додани ёрдампулї барои хизмати дарозмуддат дохил карда мешавад.

2. Ба кормандони маќомоти гумрук, ки ба хизмат дар маќомоти гумрук барќарор карда шудаанд, музди миёнаи мењнаташон тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пардохта мешавад.

3. Роњбари маќоми гумруке, ки дар бораи озод кардан аз кор дар маќомоти гумрук ё ба кори дигар гузаронидани корманди маќомоти гумрук бо вайрон кардани талаботи њамин Кодекс ќарор кабул намудааст ё иљрои ќарори ба хизмати маќомоти гумрук барќароркунии корманди мазкурро боздоштааст, мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар мебошад.