Боби 51. ЭКСПЕРТИЗА ВА ТАЊЌИЌ ЊАНГОМИ

НАЗОРАТИ ГУМРУКЇ

Моддаи 419. Муќаррар кардани экспертиза њангоми назорати гумрукї

1. Молу воситањои наќлиёт ё њуљљатњое, ки дар бораи молу воситањои наќлиёт ё амалиёти (амали) нисбати онњо гузаронидашаванда маълумот доранд, дар њолатњое мавриди экспертиза ќарор мегиранд, ки дар рафти назорати гумрукї барои эзоњи масъалањои пайдошуда маълумоти махсус зарур бошад.

2. Экспертиза аз љониби коршиноси лабораторияи гумрукї, инчунин дигар ташкилотњои дахлдор ё дигар коршиносоне, ки маќомоти гумрук таъин мекунад, гузаронида мешавад. Ба сифати коршинос мумкин аст њар шахсе, ки барои додани хулоса маълумоти махсус дорад, таъин карда шавад. Барои гузаронидани экспертиза коршинос дар асоси шартнома љалб карда мешавад. Њангоми таъини экспертиза бо ташаббуси декларант ё дигар шахси манфиатдор шахсони мазкур њуќуќ доранд ба маќомоти гумрук номзади коршиносро пешнињод намоянд.

3. Оид ба таъини экспертиза шахси мансабдори маќоми гумрук бо розигии сардори ин маќомот ё муовини ў дар ин бора ќарор мебарорад, ки дар он сабаби гузаронидани экспертиза, ному насаби коршинос, номи ташкилоте, ки бояд дар он экспертиза гузаронида шавад, масъалањои ба зиммаи коршинос гузошташуда, рўйихати мавод ва њуљљатњои ба ихтиёри коршинос гузошташаванда, мўњлати гузаронидани экспертиза ва пешнињоди хулоса ба маќомоти гумрук ќайд карда мешавад.

Дар ќарор њамчунин дар бораи огоњонии коршинос оид ба љавобгарии љиноятї барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўѓ ќайд мешавад.

4. Мўњлати экспертиза бояд аз мўњлатњои зерин зиёд набошад:

1) аз мўњлати нигоњдории муваќќатї (моддаи 103), ба шарте агар мол то гирифтани натиљаи экспертиза иљозат дода нашавад;

2) шаш моњ, ба шарте агар экспертиза нисбати воситањои наќлиёт анљом дода шавад;

3) як сол дар дигар њолатњо.

5. Шахси мансабдори маќоми гумрук вазифадор аст декларант ё дигар шахси ваколатдори молро, ба шарте, ки ин шахс аниќ бошад, бо ќарори таъин шудани экспертиза шинос намояд ва њуќуќњои дар моддаи 423 њамин Кодекс пешбинигардидаро фањмонида, дар ќарор сабти дахлдор мегузорад, ки онро шахси мазкур ё намояндааш тасдиќ менамояд.

6. Харољоти маќомоти гумрук, лабораторияњои гумрукї ва дигар коршиносону ташкилотњое, ки экспертиза гузаронидаанд, ба истиснои њолатњое, ки экспертиза бе ташаббуси маќомоти гумрук гузаронида шуда бошад, аз њисоби буљети давлат пардохта мешавад.

Моддаи 420. Хулосаи коршинос

1. Коршинос дар асоси тадќиќоти гузаронидашуда ва бо назардошти натиљаи онњо аз номи худ ба таври хаттї хулоса пешнињод мекунад.

2. Дар хулосаи коршинос бояд замон ва макони гузаронидани тадќиќот, аз тарафи кї, дар кадом асос гузаронидани экспертиза, масъалањои дар назди коршинос гузошташуда, объекти тадќиќот, маводу њуљљатњои ба коршинос пешнињодшуда, мундариља ва натиљаи тадќиќот, бо нишон додани усулњои татбиќшуда, арзёбии натиљаи тадќиќот, хулосањо тибќи масъалањои пешнињодшуда ва асоснокии онњоро зикр намояд.

Маводу њуљљатњое, ки аз хулосаи коршинос ё якчанд коршинос далолат мекунанд, ба хулоса замима мегарданд ва ќисми таркиби он мебошанд.

Агар коршинос дар рафти экспертиза њолатњои мављудаи муњимро муайян кунад, ки аз ин хусус дар назди ў масъала гузошта нашуда буд, вай њуќуќ дорад мулоњизањояшро доир ба ин њолатњо ба хулоса њамроњ кунад.

3. Агар экспертиза бо иштироки якчанд коршинос гузаронида шуда бошад, хулоса аз тарафи њамаи онњо имзо карда мешавад. Агар байни коршиносон мухолифат пайдо шавад, њар яки онњо хулосаашонро алоњида тартиб медињанд.

4. Маќоми гумрук, ки экспертизаро таъин намудаст, ба декларант ё дигар шахсони ваколатдор нисбати мол ва (ё) воситањои наќлиёт, агар ин шахсон аниќ бошанд, нусхаи хулосаи коршинос, маълумоти ўро оид ба имконпазирии надодани хулоса месупорад.

5. Њангоми ќабули ќарор маќомоти гумрук хулосаи коршиносонро тибќи натиљаи экспертиза, аз љумла экспертизаи бо ташаббуси декларант ё шахси дигари манфиатдор гузаронидашударо баррасї менамоянд.

Моддаи 421. Экспертизаи иловагї ва такрорї

1. Њангоми нофањмо ё номукаммал будани хулоса мумкин аст гузаронидани экспертизаи иловагї ба њамин коршинос, коршиноси дигар ё ташкилот супурда шавад.

2. Њангоми асоснок набудани хулоса ё шубња доштан ба дурустии он мумкин аст экспертизаи такроран таъин карда шавад, ки гузарониданаш ба дигар коршинос супорида мешавад.

3. Экспертизаи иловагї ё такрорї мутобиќи моддањои 419 ва 420 њамин Кодекс таъин карда мешавад.

Моддаи 422. Њуќуќ ва масъулияти коршинос

1. Коршинос њуќуќ дорад:

1) маводи марбут ба экспертизаро дида барояд;

2) бо розигии маќоми гумрук ба кори экспертиза дигар коршиносонро љалб кунад;

3) барои гузаронидани экспертиза маводи иловагии заруриро талаб карда гирад;

4) аз додани хулоса даст кашад, ба шарте ки маводи ба ў пешнињодшуда пурра набошад ё он барои гузаронидани экспертиза дониши зарурї надошта бошад. Маълумот дар бораи надодани хулоса ба маќомоти гумруки экспертизаро таъинкарда ба таври хаттї пешнињод карда мешавад;

5) бо иљозати маќомоти гумрук њангоми назорати гумрукї дар гузаронидани амалњои аниќ иштирок намояд.

2. Ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон маълумоти дар рафти экспертиза ё тайёрї бадастовардаи коршинос, ки аз маълумоти дорои сирри тиљоратї, бонкї ва дигар сирри ќонунан њифзшуда иборат аст, инчунин дигар маълумоти махфиро набояд ошкор кунад, истифода барад ё ба шахсони сеюм дињад.

Моддаи 423. Њуќуќи декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситањои наќлиёт ваколатдор ва намояндањои онњо њангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза

1. Њангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза декларант шахси дигари нисбати мол ва ё воситањои наќлиёт ваколатдор ва намояндањои онњо њуќуќ доранд:

1) ба коршинос раддияи асоснок пешнињод намоянд;

2) оид ба таъин намудани коршиноси мушаххас дархост пешнињод кунанд;

3) оид ба гузоштани масъалањои иловагї дар назди коршинос барои тибќи онњо хулоса гирифтан дархост пешнињод кунанд;

4) бо иљозати маќоми гумрукии экспертизаро таъиннамуда дар он иштирок кунанд ва ба коршинос тавзењот дињанд;

5) чошнї ва намунаи молро гиранд (моддаи 424);

6) бо хулосаи коршинос ё ахбори ў оид ба надодани хулоса шинос шаванд ва нусхаи чунин хулоса ё ахборро гиранд;

7) оид ба гузаронидани экспертизаи такрорї ё иловагї дархост пешнињод кунанд.

2. Њангоми ќонеъ гардидани дархости декларант, шахси дигари нисбати мол ва (ё) воситањои наќлиёт ваколатдор ё намояндањои онњо, ки экспертизаро таъин намудаанд, шахси мансабдори маќомоти гумрук ќарори дахлдор ќабул мекунад.

Њангоми дархостро ќонеъ накардан шахси мансабдори маќомоти гумрук бояд дар ин бора ба шахсе, ки дархост пешнињод кардааст, ба таври хаттї иттилоъи асоснок дињад.

Моддаи 424. Чошнї ва намуна

1. Шахси мансабдори маќоми гумрук дар рафти назорати гумрукї њуќуќ дорад барои тадќиќот аз мол чошнї ё намунаи зарурї гирад. Оид ба гирифтани чошнї ё намунаи дар шакли муайянкардаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї акт тартиб дода мешавад. Нусхаи дуюми акти мазкур бояд ба шахси нисбати мол ваколатдор, агар вай аниќ бошад ё ба намояндаи ў супорида шавад.

Дар њолатњои зарурї чошнию намуна бо иштироки коршинос ё мутахассис гирифта мешавад.

2. Чошнї ё намунаи моли тањти назорати гумрукї бударо декларантњо, шахсони нисбати мол ваколатдор, намояндањои онњо, шахсони дар ќисми 1 моддаи 442 њамин Кодекс зикргардида ва кормандони дигар маќомоти давлатї, бо иљозати хаттии маќомоти гумрук гирифта метавонанд.

3. Чошнї ё намунањо дар њаљми камтарин, ки барои тадќиќоти онњо заруранд, гирифта мешаванд.

Иљозати аз мол гирифтани чошнї ё намуна аз тарафи шахсони дар ќисми 2 њамин модда ќайдшуда дода мешавад, ба шарте, ки ин амал:

1) назорати гумрукиро душвор нагардонад;

2) тавсифи молро таѓйир надињад;

3) боиси саркашї кардан аз пардохти бољњои гумрукию андоз ё риоя накардани мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нагардад.

4. Њангоми гирифтани чошнї ва намунаи мол декларант барои чошнї ва намуна декларатсияи гумрукии алоњида пешнињод наменамояд, ба шарте агар онњо дар декларатсияи гумрукии мол ќайд шуда бошанд.

Агар чошнї ва намуна аз тарафи маќоми гумрук дар мўњлати таъиншуда баргардонида нашавад, декларант њуќуќ дорад арзиши гумрукии моли декларатсияшавандаро ба андозаи арзиши гумрукии чошнї ва намуна кам кунад.

5. Декларантњо, шахсони нисбати мол ваколатдор, намояндањои онњо њуќуќ доранд њангоми аз мол чошнї ва намуна гирифтани шахсони мансабдори маќомоти гумрук ва кормандони маќомоти дигари давлатї иштирок кунанд.

6. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њуќуќ доранд њангоми аз мол чошнї ё намуна гирифтани кормандони маќомоти дигари давлатї, инчунин шахсони дар ќисми 2 њамин модда зикршуда иштирок намоянд.

7. Декларантњо ва намояндагони онњо вазифадоранд ба шахсони мансабдори маќомоти гумрук њангоми гирифтани чошнї ва намунаи мол ба онњо ёрї расонанд, аз љумла аз њисоби худашон молро бор кунанд ва фароранд ва дигар амалиёти заруриро нисбати мол иљро кунанд.

8. Шахсони мансабдори маќомоти гумрук њуќуќ доранд дар ѓайби декларантњо ва намояндагони онњо дар њолатњои пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 413 њамин Кодекс аз мол чошнї ё намуна гиранд. Дар чунин њолатњо чошнї ё намуна дар њузури на камтар аз ду шахси холис гирифта мешавад.

9. Маќомоти гумрук бояд аз натиљаи тадќиќоти чошнї ё намунаи моле, ки аз тарафи маќомоти дигари давлатї гирифта шудаанд, хабардор бошанд ва дар ин бора шахсони дар ќисми 2 њамин модда зикршударо огоњ намоянд.

10. Тартиби аз мол гирифтани чошнї ё намуна, инчунин тартиби тадќиќи онњо аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мутобиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.

11. Баробари ба охир расидани тадќиќот чошнї ё намунаи мол ба соњибаш баргардонида мешавад, ба истиснои њолатњое, ки чунин чошнї ва намуна мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон бояд нобуд ё партов карда шавад, инчунин агар харољоти баргардонидани чошнї ё намуна аз нархи онњо бештар бошад.

Моддаи 425. Иштироки мутахассис њангоми гузаронидани назорати гумрукї

1. Њангоми зарурат барои иштирок дар иљрои амалњои мушаххаси назорати гумрукї мумкин аст мутахассиси ба натиљаи чунин амалњо манфиатнадоштаи дорои донишу малакаи махсус, ки барои мусоидат ба маќомоти гумрук муњим аст, махсусан њангоми истифодаи воситањои техникї љалб карда шавад.

2. Шахс ба сифати мутахассис дар асоси шартнома љалб карда мешавад.

3. Мутахассис њуќуќ дорад:

1) бо маводи дахлдори амале, ки бо иштироки ў иљро мегардад, шинос шавад;

2) бо иљозати шахси мансабдори маќоми гумрук ба иштирокчиёни ин амал саволњои ба ин амал дахлдорро дињад;

3) њуљљатњоеро, ки тибќи натиљаи иљрои амал дар рафти назорати гумрукї тартиб дода мешаванд, аз назар гузаронад, пешнињоду мулоњизањояшро оид ба иљрои ин амал баён кунад, ки бояд дар чунин њуљљатњо ќайд карда шаванд.

4. Мутахассис вазифадор аст:

1) дар амале, ки дониши махсусро талаб мекунад, иштирок кунад, оид ба амали пешгирифтааш шарњу эзоњот дињад;

2) иљро шудани ин амал, мазмун ва натиљаи онро бо имзои худ тасдиќ кунад.

5. Ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон маълумоти њангоми иљрои амали назоратї гирифтаашро, ки он сирри тиљоратї, бонкї ва ё дигар сирри ќонунан њифзшаванда мебошад, инчунин дигар маълумоти махфиро набояд ошкор кунад, бо маќсади дигар истифода барад ё ба шахси сеюм дињад.

6. Харољоти маќомоти гумрук нисбати љалби мутахассис аз њисоби буљети давлатї пардохта мешавад, ба истиснои њолатњое, ки мутахассис бе дархости маќомоти гумрук љалб шуда бошад.

Моддаи 426. Љалби мутахассисони маќомоти дигари давлатї барои мусоидат ба назорати гумрукї

1. Маќомоти гумрук њуќуќ доранд мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мутахассисони маќомоти дигари њифзи њуќуќ ё маќомоти назораткунандаро барои мусоидат ба назорати гумрукї љалб намоянд.

2. Харољоти вобаста ба љалби мутахассисони маќомоти дигари давлатї, ба шарте агар кори иљрокардаи онњо ба доираи вазифањои хизматиашон вобаста набошад, бо тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон љуброн карда мешавад.

 

Боби 52. БАЊОДИЊЇ ВА ИДОРАИ ТАВАККАЛ (РИСК)

Моддаи 427. Мафњуми умумї ва маќсади истифодаи идораи таваккал

1. Таваккал дараљаи эхтимолияти риоя накардани ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон мебошад, ки мумкин аст ба давлат зарар орад.

Бањои таваккал ин мунтазам муайян кардани афзалияти идораи таваккал бо роњи бањодињї ва муќоисаи сатњи таваккал бо стандарти пешакї муайяншуда бошад.

Идораи таваккал ин тарзи истифодаи тадбирњои пешгирї мебошад, ки имконият медињанд, усулњои назорат барои пешакї огоњонидани таваккал муайян карда шаванд.

2. Маќсади истифодаи идораи таваккал чунин аст:

1) таваљљўњ ба соњаи таваккали ѓайримуќаррарї ва самараноктар истифода кардани захирањои дар ихтиёрдошта;

2) зиёд кардани имконияти ошкор сохтани њуќуќвайронкунї дар соњаи фаъолияти гумрукї;

3) барои иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљї, ки ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистонро риоя мекунанд, муњайё намудани шароити мусоид ба интиќоли молу воситањои наќлиёт аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон.

Моддаи 428. Категорияњои таваккал

Ба категорияњои таваккал объектњои зерин дохил мешаванд:

1) намуди мол;

2) рамзи мол мутобиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї;

3) кишвари истењсоли мол;

4) кишвари интиќолшавандаи мол;

5) кишвари таъиноти мол;

6) воситаи наќлиёт ;

7) арзиши гумрукї;

8) хати сайри интиќоли мол;

9) иштирокчии фаъолияти иќтисодии хориљї;

10) њуљљатњое, ки барои барасмиятдарории гумрукї пешнињод карда мешаванд.

Моддаи 429. Фаъолияти маќомоти гумрук оид ба бањодињї ва идораи таваккал

1. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї љамъоварї, љамъбаст, тањлили маълумоти оморї ва фавриро оид ба содир шудани њуќуќвайронкунї дар соњаи фаъолияти гумрукї, аз љумла њамаи далелњои њуќуќвайронкуниро, ки дар марњалаи тафтиш ќарор доранд, инчунин нисбати онњо ќарори мурофиавї ќабул шудаанд, анљом медињад.

2. Рўйхати нишондињандањои таваккал, меъёри муайян намудан ва татбиќ кардани онњо аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

3. Рўйхати муќарраргардидаи нишондињандањои таваккал дар рафти назорати гумрукї барои татбиќи усулњои гуногуни назорати гумрукї аз тарафи маќомоти гумрук истифода мешавад ва барои мањдуд кардани интиќоли мол аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон асос шуда наметавонад. Рўйхати мазкур маълумоти махфї мебошад.

4. Бо пешнињоди воњидњои минтаќавии маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї рўйхати нишондињандањои таваккал бо назардошти вазъи фаврии баамаломада дар њамаи давраи амали онњо метавонад иваз карда шавад.

5. Иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљиро тибќи тартиби муќарарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба дараљаи таваккали њадди аќал ё њадди аксар мансуб донистан мумкин аст.

Тартиби мансуб донистани иштирокчиёни фаъолияти иќтисодї ба категорияи њадди аќал ё њадди аксари таваккал ва нисбати онњо ќабул намудани расмиёти алоњидаи гумрукї ва шаклњои назорати гумрукї дар асоси пешнињоди тартибдодаи воњидњои минтаќавии маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, якљоя бо ташкилотњои ѓайритиљоратии соњаи фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.