Боби 21. КОРКАРД ДАР ЌАЛАМРАВИ ГУМРУКЇ

Моддаи 173. Мазмуни низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї

1. Коркард дар ќаламрави гумрукї низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон овардашуда барои маќсади иљрои амалиёти коркард дар мўњлати муайяншуда (мўњлати коркарди мол), бо озодкунии шартии пурра аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз ва минбаъд содир намудани мањсули коркардашуда берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар мўњлати муайян истифода мегардад.

2. Нисбати моли воридотї, ки тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї љойгир карда шудааст, њамаи мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон истифода бурда мешавад.

Моддаи 174. Шартњои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї

1. Коркард дар ќаламрави гумрукї дар сурати мављуд будани иљозати маќоми гумрук анљом дода мешавад (моддаи 179).

2. Коркарди мол дар ќаламрави гумрукї иљозат дода мешавад, агар маќомоти гумрук моли барои коркард воридшударо ба мањсули коркард њаммонанд карда тавонанд (моддаи 175), ба истиснои њолатњое, ки агар низоми гумрукї бо содироти мањсули коркард, ки дар натиљаи коркарди мол њосил шудааст ва мувофиќи моддаи 186 њамин Кодекс эквиваленти моли воридшуда мебошад, анљом ёбад.

3. Тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї, бо риояи талабот ва шартњои пешбининамудаи њамин Кодекс, метавонад моли хориљие љойгир карда шавад, ки пештар тањти низомњои дигари гумрукї ќарор дошт.

4. Њукумати Љумњурии Тољикистон њолатњоеро муайян менамояд, ки нисбати намудњои муайяни моли воридшуда коркард дар ќаламрави гумрукї иљозат дода намешавад, инчунин љињати иљозат додани мол барои иљрои амалиёти коркард тибќи низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї, бо назардошти њифзи манфиатњои истењсолкунандагони ватанї мањдудиятњои миќдорї ё арзиширо муќаррар намояд.

Моддаи 175. Њаммонандсозии мањсули моли коркардшуда

1. Барои њаммонандсозии мањсули моли воридотии коркардшуда метавонанд усулњои зайле истифода шаванд, ки агар ин усулњо вобаста ба хусусияти мол ва амалиёт оид ба коркарди мол ќобили истифода бошанд:

1) аз љониби аризадињанда, коркардкунанда ё шахси мансабдори маќоми гумрук гузоштани мўњр, штамп, маркировкаи раќамї ва ѓайра ба моли воридшуда;

2) тавсифи пурраи моли воридшуда, суратгирї ва тасвири он дар масштаб;

3) муќоисаи натиљаи тањќиќи чошнї ва намунањои моли воридшуда ва мањсули коркарди он;

4) истифодаи раќамњои силсилавї (сериявї) ё дигар маркировкаи истењсолкунандаи моли воридшуда.

2. Ќобили истифода будани усули њаммонандсозии моли барои коркард ба ќаламрави гумрукї воридшударо бо мањсули коркард маќоми гумрук вобаста ба хусусияти мол ва амалиёти коркарди он муќаррар менамояд.

3. Бо дархости аризадињанда ва розигии маќоми гумрук барои маќсадњои гумрукї њаммонандсозии зикршуда метавонад бо роњи пешнињоди маълумоти даќиќ оид ба ашё, мавод, ќисмњои такмилие, ки дар истењсолот ба кор бурда мешаванд, инчунин технологияи истењсоли мањсули коркард ё бо роњи назорати гумрукї њангоми амалиёти коркарди мол таъмин карда шавад.

Моддаи 176. Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол тањти низоми гумрукии коркард дар ќаламрави гумрукї амалњои зайлро дар бар мегирад:

1) коркард ё такмили худи мол;

2) истењсоли моли нав, аз љумла насб, васл ё ба ќисмњо људо кардани мол;

3) таъмири мол, аз љумла барќарорсозї, ивази ќисмњои асосї ва барќарор кардани хусусиятњои истеъмолї;

4) коркарди моле, ки барои истењсоли мањсули моли коркардашуда мусоидат менамояд ё онро осон мекунад, њатто агар ин мол ќисман ё пурра дар љараёни коркард мавриди истеъмол ќарор гирад.

Моддаи 177. Мўњлати коркарди мол

1. Мўњлати коркарди мол аз љониби аризадињанда бо розигии маќоми гумрук муќаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол зиёд бошад.

2. Муќаррар намудани мўњлати коркарди мол дар ќаламрави гумрукї бо назардошти давомнокии љараёни коркарди мол ва мўњлате, ки барои ихтиёрдории мањсули коркарди он зарур аст, муайян карда мешавад.

3. Агар шахси барои коркард иљозатгирифта дар мўњлати муайян, бе вайрон кардани талабот ва шартњои дар њамин боб зикргардида, бо сабабњои ба ў новобаста низоми гумрукиро ба охир расонида натавонад, бо пешнињоди асосноки шахси барои коркард иљозатгирифта мўњлати аввалаи коркард дар доираи мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда тамдид карда мешавад.

4. Љараёни ваќти коркарди мол аз рўзи љойгир намудани он тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї ва дар сурати бо партияи алоњида ворид намудани мол аз рўзи воридоти партияи аввали он оѓоз мегардад.

Моддаи 178. Меъёри баромади мањсули коркард

1. Меъёри баромади мањсули коркард (миќдор ё таркиби фоизии мањсули коркард, ки дар натиљаи коркарди миќдори муайяни моли овардашуда њосил шудааст) аз љониби аризадињанда бо розигии маќоми гумрук бо назардошти шароити воќеие, ки мол мавриди коркард ќарор мегирад ба истиснои њолатњои дар ќисми 3 њамин модда пешбиншуда муайян карда мешавад.

2. Њангоми мувофиќаи миќдори баромади мањсули коркардшуда маќоми гумрук хулосаи ташкилотњои экспертиро (аз љумла лабораторияњои гумрукиро), ки ба љараёни мушаххаси технологї асос ёфтааст, ба инобат мегирад.

3. Агар амалиёт оид ба коркарди моли дорои хусусияти доимї маъмулан мувофиќи шартњои муайяни техникї иљро шуда, боиси истењсоли мањсули коркарди сифатан бетаѓйир гардад, маќомоти давлатии аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон ваколатдоршуда барои маќсади гумрукї меъёри стандартии баромади мањсули коркардро муќаррар мекунад.

4. Тавсиф, сифат ва миќдори мањсули коркард баъди мувофиќаи баромади нињоии мањсули коркардшуда пурра муайян карда мешавад.

Моддаи 179. Рухсатнома барои коркарди мол дар ќаламрави гумрукї

1. Барои коркарди мол дар ќаламрави гумрукї њар як шахси манфиатдори ватанї, аз љумла шахсе, ки мустаќиман амалиёти коркарди мањсулотро анљом намедињад, метавонад рухсатнома гирад.

2. Рухсатномаи коркарди мол аз љониби маќоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дода мешавад.

3. Дар рухсатномаи коркарди мол инњо зикр карда мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва миќдори мањсулоте, ки барои коркард таъин гардидааст ва мањсули коркардшудаи он;

2) амалиёти вобаста ба коркарди мол ва тарзи иљрои он;

3) меъёри баромади мањсули коркард;

4) усулњои њаммонандсозии моли воридшуда бо мањсули коркард;

5) мўњлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад ва барои маќсадњои гумрукї зарур аст.

Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд.

4. Рухсатнома барои коркарди мол дар мўњлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.

5. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, дар мўњлати амали он њуќуќ дорад онро бо иљозати хаттии маќоми гумрук (моддаи 61) ба шахси дигари ватанї супорад, ба шарте ки ин шахс ўњдадор шавад, ки минбаъд низ талабот ва шартњои дар моддањои 173 - 180 њамин Кодекс муќарраршударо риоя менамояд. Њамзамон шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, бояд ба маќоми гумрук оид ба иљрои талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин модда барои даврае, ки мол мутобиќи низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї истифода шудааст, њисобот дињад, инчунин агар мутобиќи њамин Кодекс дар ин давра њолатњое ба миён оянд, ки пардохти бољњои гумрукї ва андозро таќозо мекунанд, бољњои гумрукї ва андозро пардозад.

Шахсе, ки ба ў барои коркарди мол рухсатнома дода шудааст, бояд ўњдадор шавад, ки талабот ва шартњои мувофиќи њамин боб муќарраргардидаро риоя менамояд, инчунин агар риояи низоми гумрукї бо кафолат таъмин бошад (моддаи 160), њуљљатњои заруриро ба номи худ ба расмият дарорад. Шахси мазкур аз рўзи аз љониби маќоми гумрук ќабул намудани ќарор дар бораи додани рухсатнома барои коркарди мол дорои њуќуќ ва ўњдадорињое мебошад, ки њамин Кодекс нисбати шахси барои коркарди мол рухсатнома гирифта муќаррар намудааст.

6. Бо шарти аз љониби аризадињанда риоя гардидани талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин боб рухсатнома барои коркарди мол метавонад то овардани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва баъди он дода шавад.

7. Шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, мутобиќи ќисми 2 моддаи 350 њамин Кодекс барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъул мебошад.

Моддаи 180. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба маќоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешнињод мешавад:

1) дар бораи аризадињанда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустаќиман амалиёти коркарди молро иљро менамояд;

3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, мањсули коркард, инчунин партову пасмондањо;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, тарз ва мўњлати иљрои он;

5) дар бораи љойгиршавии иќтидорњои истењсолие, ки тавассути онњо амалиёти коркарди мол иљро карда мешавад;

6) дар бораи меъёри мањсули коркард;

7) дар бораи усулњои њаммонандсозии моли воридшуда бо мањсули коркард;

8) дар бораи ивази моли воридшуда бо моли эквивалентї;

9) дар бораи мўњлати коркарди мол.

2. Намунаи ариза ва тарзи пешнињоди дорои маълумоте, ки дар он мебошад, аз љониби маќоми ваколатдор оид ба фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

Ба ариза њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти арзшуда замима мегардад.

3. Маќоми гумрук ариза ва њуљљатњои замимагардидаро дар давоми 30 рўзи гирифтани он баррасї менамояд. Дар ин муддат маќоми гумрук риояи талабот ва шартњои муќарраргардидаро тафтиш намуда, оид ба мувофиќаи меъёри арзшудаи мањсули коркард ва мўњлати коркарди мол ќарор ќабул мекунад.

Маќоми гумрук њуќуќ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз маќомоти давлатї њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти дар ќисми 1 њамин модда зикргардидаро дархост намояд. Шахсони зикргардида дар давоми 10 рўзи гирифтани дархост вазифадоранд њуљљатњои талабшударо пешнињод намоянд. Њамзамон маќоми гумрук њуќуќ дорад мўњлати баррасии аризаро то ду моњ аз рўзи ќабул тамдид намояд.

Рухсатнома барои коркарди мол ва њуљљатњои ба он замимашуда аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба ќайд гирифта мешавад. Њангоми риоя накардани талабот ва шартњои муќарраршуда маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад рухсатномаи коркарди молро надињад.

4. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукї оид ба љойгиронии мол тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї истифода бурда мешавад, ба шарте ки њангоми воридоти мол ва содироти минбаъдаи мањсули коркардшуда он њамзамон ба њамон як маќоми гумрук пешнињод гардида, ба расмият дароварда шавад, агар:

1) маќсади тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї ќарор додани он аз таъмир, аз љумла таъмири ройгон иборат бошад;

2) арзиши гумрукии моле, ки тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї ќарор дорад, набояд аз њаљми 600 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда зиёд бошад;

3) пасмондаи моли ќаблан овардашуда мутобиќи ќисми 1 моддаи 184 њамин Кодекс тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї љой дода шавад.

5. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукї истифода шавад, мўњлати баррасии он набояд аз мўњлати тафтиши декларатсияи гумрукї, ки ќисми 1 моддаи 400 њамин Кодекс муќаррар кардааст, зиёд бошад.

6. Маќоми гумрук танњо дар њолате, ки агар аризадињанда њангоми пешнињоди он талабот ва шартњои муќаррарнамудаи моддањои 173 - 180 њамин Кодексро иљро накунад, инчунин њангоми аз љониби маќоми гумрук ќабул намудани ќарори мувофиќа накардани меъёри арзшудаи мањсули коркард ва мўњлати коркарди мол додани рухсатномаро рад менамояд.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз љониби маќоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оиди надодани рухсатнома аризадињанда хаттї огоњ карда мешавад.

Моддаи 181. Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол

1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз љониби маќоми гумрук бозхонда мешавад, агар љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї дар асоси ќисми 4 моддаи 174 њамин Кодекс мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон иљозат дода нашавад.

2. Ќарор дар бораи бозхондани рухсатнома аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани санади дахлдори Њукумати Љумњурии Тољикистон амал мекунад.

3. Њангоми бозхондани рухсатномаи барои коркарди мол тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї додашуда тибќи рухсатномаи бозхондашуда коркарди мол рухсат дода намешавад ва нисбати моле, ки то бозхондани рухсатнома тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї ќарор дорад, мувофиќи њамин боб ба охир расонидани низоми гумрукии мазкур иљозат дода мешавад.

4. Намунаи бозхондани рухсатнома барои коркарди мол аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

Моддаи 182. Озод намудани мањсули коркард аз бољи гумрукии содиротї ва љорї намудани мамнўият ва мањдудиятњо нисбати мањсули коркард

1. Њангоми содироти мањсули коркард аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бољњои гумрукии содиротї пардохта намешаванд.

2. Нисбати содироти мањсули коркард њамаи мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон татбиќ мегарданд.

Моддаи 183. Партовњои коркарди мол

1. Нисбати партовњое, ки дар натиљаи коркарди мол дар ќаламрави гумрукї ба вуљуд меоянд, бољњои гумрукї ва андоз пардохта мешаванд, чуноне, ки агар ин партовњо дар њамон њолат ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид карда шудаанд, ба истиснои њолатњое, ки ин партовњо аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бароварда шудаанд ё дар шакле коркард шудаанд, ки барои истифодаи тиљоратии минбаъда дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон корношоям мебошанд ва наметавонанд бо усули аз нигоњи иќтисодї судманд ба њолати аввалаашон баргардонида шаванд.

Партовњое, ки аз онњо бољњои гумрукї ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

2. Бо маќсади ситонидани бољњои гумрукї ва андоз партовњо чун моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида њисоб карда мешаванд.

Арзиши гумрукии партовњо мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон, бо назардошти мушаххасоти муќарраркардаи ќисми 3 њамин модда муайян карда мешавад.

3. Њангоми муайян карда натавонистани арзиши гумрукии партовњо бо усули нархи ањдномавии моли овардашуда, усули арзиши ањдномавї ба моли шабењ ё усули арзиши моли њамљинс мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, арзиши гумрукии партовњо бо яке аз арзишњои зерин муайян карда мешавад:

1) нархи фурўши партовњо њангоми фурўши ибтидоии онњо дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоќаманд нест;

2) нархи фурўши моли шабењ ё њамљинси партовњо, агар ин мол дар натиљаи коркарди шабењ, бо истифодаи низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї истењсол шуда бошад ва агар нархи фурўш њангоми фурўши ибтидоии он дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба харидоре, ки бо ягон аъзои муомилот оид ба коркарди мол алоќаманд нест;

3) нархи ањдномавии моле, ки ба нархи партовњо шабењ ё њамљинс мебошад, агар ин мол њамчун моли содиротї ба Љумњурии Тољикистон фурўхта шуда бошад ва ба Љумњурии Тољикистон дар њамон ваќт ё таќрибан дар њамон ваќте, ки декларатсияи партовњо сурат гирифтааст, ворид карда шуда бошад;

4) нархи фурўши моли ба партовњо шабењ ё њамљинси дар бозори дохилии Љумњурии Тољикистон байни фурўшандаю харидори ба њамдигар вобастагї надошта, бо тарњи андозњое, ки њангоми фурўши мол дар Љумњурии Тољикистон пардохта мешавад.

Моддаи 184. Пасмондањои коркарди мол

1. Пасмондаи моли тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї љойгир шударо аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бе пардохти бољњои гумрукии содиротї баровардан ё тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ќарор додан мумкин аст.

2. Аз пасмондаи бароварданашуда маблаѓи бољу андозњои воридотии гумрукї ситонида мешавад, чуноне, ки агар ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон дар њамин шакл ворид шуда бошад.

Пасмондањое, ки барои онњо бољњои гумрукї ва андоз пардохта мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.

Маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз бо назардошти њаљми миќдор ё арзиши пасмондањо мутаносибан ба маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз муайян карда мешавад, чуноне, ки агар моли дар натиљаи коркарди он чунин пасмондањо њосилшуда дар рўзи тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї ба муомилоти озод бароварда шуда бошад.

Моддаи 185. Анљом ва боздошти низоми гумрукї

1. Дар мўњлати на дертар аз рўзи анљоми мўњлати коркард (моддаи 177) низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї бояд бо содироти мањсули коркард аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон анљом ёбад ё моли воридшуда ва мањсули коркарди он тањти низоми дигари гумрукї љойгир карда шавад.

2. Агар мањсули коркард аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо якчанд партия бароварда шавад, муќоисаи нињоии миќдори мањсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 179) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди баровардани мањсули коркард, аќаллан дар се моњ як маротиба ва дар давоми 30 рўзи баровардани партияи охирини мањсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиљаи чунин муќоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ќаламрави гумрукї гирифтааст, бољњои гумрукї ва андоз супорад, аз чунин маблаѓи пардохтњои гумрукї фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рўзи ба таври хаттї ќабул шудани ќарори маќоми гумрук оид ба зарурияти пардохти зикршуда анљом дода шавад. Маќоми гумрук дар рўзи дигари ќабули ќарор ба шахсе, ки рухсатномаи коркарди молро гирифтааст, оид ба зарурияти пардохти бољњои гумрукї ва андоз огоњинома мефиристад.

3. Низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї метавонад бо иљозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) мањсули коркарди онњо барои муомилоти озод ё љойгир намудани онњо тањти дигар низоми гумрукї, бо риояи шарту талаботи муќарраркардаи њамин Кодекс анљом ёбад.

4. Бо иљозат додани моли барои коркард овардашуда ва (ё) мањсули коркарди онњо барои муомилоти озод маблаѓњои бољњои гумрукї ва андоз тарзе пардохта мешаванд, ки агар моли овардашуда дар рўзи љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї ќарор гирифта бошад, инчунин фоизњо аз маблаѓи зикршуда дар њаљми муќарраркардаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон тарзе пардохта мешаванд, ки агар нисбати ин маблаѓњо аз рўзи љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї мўњлат дароз карда шудааст.

5. Бо талаби шахси манфиатдор амали низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї мумкин аст дар чунин њолатњо боздошта шавад:

1) њангоми љойгир намудани мањсули коркард дар анбори гумрукї мутобиќи ќисми 3 моддаи 217 њамин Кодекс;

2) њангоми љойгир намудани мањсули коркард тањти дигар низомњои гумрукие, ки иљозат барои муомилоти озодро пешбинї наменамоянд.

6. Боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї боиси боздоштани мўњлати коркарди мол мегардад (моддаи 177). Фоиз ва бољу андозњое, ки мутобиќи њамин модда дар назар дошта шудааст, дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї њисобї ва пардохт карда намешаванд.

Дар давраи боздоштани амали низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї иљрои амалиёт оид ба коркарди мол (моддаи 176) иљозат дода намешавад.

7. Низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї метавонад њангоми бе таѓйир баровардани моли овардашуда низ хотима ёбад (бо усули реэкспорт).

Моддаи 186. Љуброни баробарарзиш (эквивалентї)

1. Бо иљозати маќоми гумрук моли овардашудае, ки тањти низоми гумрукии коркарди мол дар ќаламрави гумрукї љойгир шудааст, метавонад бо дигар мол, аз љумла бо моли ватанї иваз карда шавад, агар он тибќи намуд, сифат ва хусусияти техникї ба моли овардашуда монанд бошад (љуброни баробарарзиш).

2. Мањсулоте, ки дар натиљаи коркарди моли баробарарзиш њосил шудааст, мутобиќи муќаррароти њамин боб, њамчун мањсули коркарди моли овардашуда баррасї мегардад.

3. Моли баробарарзиш бо маќсадњои гумрукї дорои статуси моли овардашуда буда, моли овардашуда бошад - статуси моли баробарарзишро дорад.

4. Агар љуброни баробарарзиш иљозат дода шавад, содироти моли коркардшуда бо шарти будани рухсатномаи коркард то овардани мол барои коркард ба ќаламрави гумрукї иљозат дода мешавад. Барои воридоти чунин мол маќомоти гумрук мўњлат муќаррар менамоянд.