Боби 22. КОРКАРД БАРОИ МУОМИЛОТИ ОЗОД

Моддаи 187. Мазмуни низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

1. Коркард барои муомилоти озод низоми гумрукие мебошад, ки мувофиќи он моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон овардашуда бо маќсади иљрои амалиёти коркард дар мўњлати муайяншуда (мўњлати коркарди мол), бо пурра шартан озод кардан аз бољи гумрукї ва баровардани мањсули коркардшуда барои муомилоти озод бо пардохти бољњои гумрукї тибќи ставкањое, ки нисбати мањсули коркард ќабул карда шудааст, истифода бурда мешавад.

2. Нисбати моле, ки тањти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод љойгир шудааст, њамаи мамнўият ва мањдудиятњои муќарраркардаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон истифода бурда мешаванд.

Моддаи 188. Шартњои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

1. Мол тањти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод бо шартњои зерин иљозат дода мешавад:

1) агар рухсатномаи маќоми гумрук мављуд бошад (моддаи 192);

2) пешнињоди хулосаи маќоми давлатии ваколатдор оид ба меъёри мањсули коркард тибќи намунаи муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми давлатии ваколатдор;

3) њаммонандсозии мањсули коркард бо моли хориљї аз љониби маќомоти гумрук (моддаи 189);

4) таъмини иљрои талаботи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, аз љумла таъмини имконнопазирии гирифтани молу мањсули коркард бидуни назорати гумрукї, фароњам овардани шароит барои назорати гумрукї, таъмини дастрасии маќомоти гумрук ба мол, њисоби мол ва иљрои амалиёт бо онњо, инчунин додани њисобот;

5) имконнопазирии барќарор намудани мањсули коркард ба њолати ибтидої бо усули аз нигоњи иќтисодї судманд;

6) маблаѓи бољњои гумрукии барои мањсули коркард пардохтшаванда аз маблаѓе, ки дар рўзи љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод бояд пардохта шавад, камтар аст, чуноне агар онњо барои муомилоти озод иљозат дода мешуданд;

7) воридоти мол барои коркард аз љониби шахсе, ки мустаќиман ба коркарди мол машѓул мебошад.

2. Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод аз љониби шахсе арз карда мешавад, ки мутобиќи њамин Кодекс ба сифати декларант баромад карда метавонад.

3. Моли хориљие, ки пештар тањти низомњои дигари гумрукї ќарор дошт, бо риояи талабот ва шартњои пешбининамудаи њамин Кодекс метавонад тањти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод љойгир карда шавад.

4. Рўйихати молеро, ки тањти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод љойгир намудан мумкин нест, Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

Моддаи 189. Њаммонандсозии мол дар мањсули коркарди он

Њангоми њаммонандсозии мол ба мањсули коркарди он усулњои пешбининамудаи моддаи 175 њамин Кодекс истифода бурда мешаванд.

Моддаи 190. Амалиёт доир ба коркарди мол

Амалиёт доир ба коркарди мол тањти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод амали зайлро дар бар мегирад:

1) коркард ва такмили худи мол;

2) истењсоли моли нав, аз љумла васл, насб ё ба ќисмњо људо кардани мол.

Моддаи 191. Мўњлати коркарди мол

1. Мўњлати коркарди мол бо розигии маќоми гумрук аз љониби аризадињанда муќаррар карда мешавад ва наметавонад аз як сол зиёд бошад.

2. Мўњлати коркарди мол барои муомилоти озод бо назардошти давомнокии љараёни коркарди он муќаррар карда мешавад.

3. Агар шахси барои коркард иљозатгирифта бе вайрон кардани талабот ва шартњои дар њамин боб зикргардида натавонад дар мўњлати муайян бо сабабњои ба ў новобаста низоми гумрукиро ба охир расонад, тибќи аризаи асосноки шахси барои коркард иљозатгирифта мўњлати ибтидоии коркард дар доираи мўњлатњои муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда дароз карда мешавад.

4. Мўњлати коркарди мол аз рўзи љойгир намудани он тањти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод ва њангоми ќисман ворид намудани мол аз рўзи воридоти партияи аввали он оѓоз мегардад.

Моддаи 192. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод

1. Рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод аз љониби маќоми гумрук дар асоси аризаи декларант дода мешавад (ќисми 1 моддаи 193).

2. Дар рухсатнома инњо зикр карда мешаванд:

1) тавсиф, сифат ва миќдори моли барои коркард воридшуда ва мањсули коркарди он;

2) амалиёт нисбати коркарди мол ва усули иљрои он;

3) меъёри мањсули коркард;

4) усулњои њаммонандсозии мањсули моли воридотии коркардшуда;

5) мўњлати коркарди мол;

6) дигар маълумоте, ки аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад ва барои маќсади гумрукї зарур аст.

Намунаи рухсатнома барои коркарди мол аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

3. Рухсатнома барои коркарди мол дар мўњлати муайяншудаи коркарди мол амал мекунад.

4. Рухсатнома барои коркарди мол то љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод дода мешавад.

5. Рухсатномаи гирифтаро ба шахси дигар додан мумкин нест.

6. Мутобиќи ќисми 2 моддаи 350 њамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъул мебошад.

Моддаи 193. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол

1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба маќоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот дода мешавад:

1) дар бораи аризадињанда;

2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустаќиман амалиёти коркарди молро иљро менамояд;

3) дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, мањсули коркард, инчунин партову пасмондањо;

4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мўњлати иљрои он;

5) дар бораи мањали љойгиршавии иќтидорњои истењсолие, ки тавассути онњо амалиёти коркарди мол иљро карда мешавад;

6) дар бораи меъёри мањсули коркард;

7) дар бораи усулњои њаммонандсозии мањсули моли воридотии коркардшуда;

8) дар бораи мўњлати коркарди мол.

2. Намунаи ариза ва пешнињоди маълумоте, ки дар онњо мебошанд, аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

Ба ариза њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти пешнињодшуда замима мегардад.

3. Маќоми гумрук ариза ва њуљљатњои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рўзи ќабули онњо баррасї менамояд. Дар давоми ин мўњлат маќоми гумрук риояи талабот ва шартњои муќарраргардидаро тафтиш менамояд, инчунин оид ба мувофиќаи мўњлати коркарди мол меъёри мањсули коркарди он, ки мутобиќи ќоидањои муќаррарнамудаи моддаи 178 њамин Кодекс муайян карда мешавад, ќарор ќабул мекунад.

Маќоми гумрук њуќуќ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз маќомоти давлатї њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти дар ќисми 1 њамин модда зикргардидаро талаб намояд. Ин шахсон вазифадоранд дар давоми 10 рўзи гирифтани дархост њуљљатњои талабшударо пешнињод намоянд. Њамзамон маќоми гумрук њуќуќ дорад мўњлати баррасии аризаро аз рўзи ќабул карда гирифтанаш то ду моњ дароз кунад.

Рухсатнома барои коркарди мол ва њуљљатњои ба он замимашуда аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба ќайд гирифта мешавад. Њангоми риоя накардани талабот ва шартњои муќарраршуда маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.

4. Маќоми гумрук танњо дар њолате, ки агар њангоми додани ариза аризадињанда талабот ва шартњои муќаррарнамудаи моддањои 187 - 193 њамин Кодексро иљро накунад, инчунин њангоми аз љониби маќоми гумрук ќабул намудани ќарори мувофиќа нашудани маълумоти арзшуда метавонад рухсатнома надињад.

Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз љониби маќоми гумрук бояд асоснок карда шавад. Оид ба надодани рухсатнома аризадињанда хаттї огоњ карда мешавад.

Моддаи 194. Партовњо ва пасмондањо

Нисбати партовњое, ки дар натиљаи коркарди мол барои муомилоти озод ба вуљуд меояд, инчунин пасмондаи моли тањти низоми гумрукии коркарди мол барои муомилоти озод ќарордошта ќоидањои пешбининамудаи моддањои 183 ва 184 њамин Кодекс татбиќ мешаванд.

Моддаи 195. Анљоми низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод

Низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод баъди иљозати мањсули коркард барои муомилоти озод анљом меёбад. Њангоми иљозати мањсули коркард барои муомилоти озод бољњои гумрукї бо назардошти ставкањои барои мањсули коркард муайяншуда њисоб карда мешаванд. Арзиши гумрукї ва миќдори мањсули коркард дар рўзи иљозат додани онњо барои муомилоти озод муайян карда мешавад.

Моддаи 196. Хусусиятњои истифодаи ставкањои бољи гумрукї нисбати мањсули коркард

Нисбати мањсули коркард ставкаи бољњои гумрукии мамлакате истифода бурда мешавад, ки моли барои коркард овардашударо истењсол намудааст. Агар дар љараёни коркард моли хориљие истифода шавад, ки мамлакатњои гуногун истењсол намудаанд, ставкаи бољњои гумрукї бо назардошти хусусиятњои зайл татбиќ карда мешавад:

1) агар дар натиљаи коркард коди таснифотї тибќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї дар сатњи њама гуна чор нишони аввал таѓйир ёфта бошад, нисбати мањсули коркард ставкаи бољњои гумрукї њамчун нисбати моли воридотии мамлакатњое истифода мегардад, ки Љумњурии Тољикистон бо онњо дар муносибатњои тиљоратию сиёсї низоми ба миллат нисбатан мусоидаткунандаро фароњам овардааст;

2) дар дигар њолатњо ставкаи бољњои гумрукї тибќи кишвари истењсолкардаи моли хориљие татбиќ мегардад, ки арзиши гумрукии он нисбатан баланд аст.