Боби 20. ТРАНЗИТИ ГУМРУКИИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ

Моддаи 167. Мазмуни низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалї

Транзити гумрукии байналмилалї низоми гумрукие мебошад, ки мувофиќи он моли хориљї дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тањти назорати гумрукї байни љойи расидани онњо ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва љойи баровардани онњо аз ин ќаламрав (агар ин як ќисми роње бошад, ки берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон оѓоз мегардад ва хотима меёбад) бидуни пардохти бољњои гумрукї ва андоз, инчунин бидуни истифодаи мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон интиќол дода мешавад.

Моддаи 168. Шартњои љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалї

1. Тањти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалї њама гуна моли хориљиро љойгир намудан мумкин аст, ба истиснои моле, ки транзиташ мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон манъ карда шудааст.

2. Мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон метавонанд шартњои иловагии тањти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалї љойгир намудани мол муќаррар карда шаванд.

Моддаи 169. Нисбати ќоидањои транзити гумрукии байналмилалї истифода бурдани ќоидањои пешбининамудаи њамин Кодекс оид ба транзити дохилии гумрукї

1. Њангоми транзити гумрукии байналмилалї тартиби додани иљозат аз љониби маќоми гумрук барои транзити гумрукии байналмилалї ва муайян намудани мўњлати транзити гумрукии байналмилалї, њаммонандсозии мол ва чорањои таъмини ќонунгузории гумрукии Љумњурии Тољикистон тибќи ќоидањои муќаррарнамудаи моддањои 80 - 86 њамин Кодекс нисбати транзити дохилии гумрукї ва нисбати транзити гумрукии байналмилалї татбиќшаванда анљом дода мешавад.

2. Нисбати њуќуќ, ўњдадорї ва масъулияти интиќолдињанда ё экспедитор њангоми транзити гумрукии байналмилалї муќаррароти пешбининамудаи ќисмњои 1 ва 2 моддаи 88, инчунин моддањои 90 ва 91 њамин Кодекс татбиќ карда мешавад.

Моддаи 170. Азнавборкунии моли транзитї ва дигар амалиёт нисбати моли транзитї

1. Аз нав бор кардани моли транзитї аз наќлиёте, ки тавассути он мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид гардидааст, ба наќлиёте, ки мол аз ин ќаламрав бароварда мешавад, танњо бо иљозати маќоми гумруке анљом дода мешавад, ки дар минтаќаи фаъолияти он чунин амалиёти молї сурат мегирад. Агар моли транзитї ба наќлиёти дигар бе кандани тамѓа ва мўњрњои гузошташудаи гумрукї бор карда шаванд, чунин азнавборкунї бо огоњонидани пешакии маќоми гумрук иљозат дода мешавад.

2. Ба анбор љойгир кардани (нигањдорї, ба ќисмњо људо намудан, љамъ намудани партияњои зиёди мол ва дигар чунин амалиёт) моли транзитї дар минтаќаи гумрукии Љумњурии Тољикистон бо риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс иљозат дода мешавад.

3. Нисбати моли транзитї иљрои амалиёте, ки дар ќисмњои 1 ва 2 њамин модда пешбинї нашудаанд, танњо њангоме иљозат дода мешавад, ки агар он вобаста ба хатари воќеии нобудшавї, гумшавї, тамоман талафшавї ё бенињоят вайроншавии мол ва (ё) воситањои наќлиёт анљом дода шавад.

Моддаи 171. Анљоми низоми гумрукї

1. Транзити гумрукии байналмилалї бо баровардани моли транзитї аз минтаќаи гумрукии Љумњурии Тољикистон анљом меёбад.

Интиќолдињанда вазифадор аст, ки моли транзитї, декларатсияи транзитї ва дигар њуљљатњои моли транзитии бо маќсади транзити гумрукии байналмилалии мол истифодашавандаро ба маќоми гумруки таъинот пешнињод намояд (ќисми 1 моддаи 92). Маќоми гумруки таъинот вазифадор аст барои ба анљом расонидани транзити гумрукии байналмилалї амалиёти зарурии гумрукиро иљро намуда, дар рўзи пешнињоди моли транзитї ва њуљљатњои транзитї барои баровардани мол ва воситањои наќлиёт (моддаи 120) иљозат дињад.

Њангоми баровардани моли транзитї бо партияњои алоњида транзити гумрукии байналмилалї баъди баровардани партияи охирини мол аз минтаќаи гумрукии Љумњурии Тољикистон анљомёфта ба њисоб меравад.

2. Транзити гумрукии байналмилалї дар сурати риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс метавонад инчунин њангоми тањти низоми дигари гумрукї љойгир намудани мол ба анљом расад.

Моддаи 172. Хусусиятњои истифодаи низоми гумрукї

1. Агар мањали расидани моли транзитї ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо мањали бароварданаш аз ин ќаламрави гумрукї мутобиќ ояд, транзити гумрукии байналмилалї бо тартиби соддагардонидашуда иљозат дода мешавад. Интиќолдињанда ё экспедитор танњо он њуљљату маълумотеро пешнињод мекунад, ки њангоми расидани мол ва воситањои наќлиёт зарур аст (моддаи 72) ва иљозат барои транзит бошад - дар рўзи пешнињоди мол ва њуљљату маълумот ба маќоми гумрук дода мешавад.

2. Агар моли транзитї дар мањали дар ќисми 1 њамин модда зикршуда аз воситаи наќлиёте, ки њангоми ворид намудан истифода шудааст, ба наќлиёте бор карда шавад, ки њангоми баровардани мол истифода мешавад, азнавборкунї танњо бо иљозати маќоми гумрук иљозат дода мешавад. Чунин иљозат ба интиќолдињанда ё экспедитор њангоми пешнињод намудани њуљљату маълумоти пешбининамудаи моддаи 72 њамин Кодекс дода мешавад.

Маќоми гумрук танњо дар њолатњое, ки агар амалиёти молї нисбати моли транзитї боиси аз байн рафтан ё таѓйирёбии хусусияти истеъмолии он мегардад, метавонад ба иљрои амалиёти молї иљозат надињад.