Боби 10. ТРАНЗИТИ ДОХИЛИИ ГУМРУКЇ

Моддаи 79. Транзити дохилии гумрукї

1. Транзити дохилии гумрукї расмиёти гумрукие мебошад, ки мувофиќи он моли хориљї тавассути ќаламрави гумрукии Тољикистон бидуни ситонидани бољи гумрукї, андоз ва татбиќи тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќарраршуда интиќол дода мешавад.

2. Транзити дохилии гумрукї њангоми интиќоли мол аз мањали расидани он то мањали љойгиршавии маќоми гумруки таъинот (моддаи 92), аз мањали љойгиршавии мол њангоми декларатсиякунонии он то мањали баровардани он аз ќаламрави гумрукии Тољикистон, байни анборњои нигањдории муваќќатї, анборњои гумрукї, инчунин дар њолатњои дигари интиќоли моли хориљї дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон истифода бурда мешавад, агар ба ин мол таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз пешбинї нашуда бошад.

3. Муќаррароти њамин боб нисбати моле, ки тавассути наќлиёти њавої интиќол дода мешавад, агар њавопаймо њангоми парвоз дар хати сайри доимии байналмилалї дар мањали расидани мол муваќќатан ё ночор (ба сабаби техникї) бе фаровардани ќисми мол фуруд ояд, инчунин нисбати моли тавассути ќубур ё хати барќ интиќолшаванда татбиќ намегардад.

4. Интиќоли мол тибќи расмиёти транзити дохилии гумрукї метавонад аз љониби њама гуна интиќолдињанда, аз љумла боркашони гумрукї анљом дода шавад.

Моддаи 80. Иљозат барои транзити дохилии гумрукї

1. Транзити дохилии гумрукї бо иљозати хаттии маќоми гумрук, ки дар минтаќаи фаъолияти он интиќоли мол тибќи расмиёти транзити дохилии гумрукї (маќоми гумруки ирсолкунанда) оѓоз мегардад, иљозат дода мешавад.

2. Иљозат ба транзити дохилии гумрукї ба инњо дода мешавад:

1) ба интиќолдињанда;

2) ба экспедитор, агар вай шахси ватанї бошад;

3) ба шахсоне, ки дар ќисми 6 њамин модда зикр шудаанд.

3. Ба транзити дохилии гумрукї бо риояи шартњои зерин иљозат дода мешавад:

1) агар воридоти мол ба Љумњурии Тољикистон мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъ нашуда бошад;

2) агар нисбати моли воридшаванда дар мањали расидани он назорати сарњадї ва дигар намуди назорати давлатї гузаронида шуда бошад, дар њолате, ки агар мол тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар мањали расидани он бояд тањти чунин назорат ќарор гирад;

3) агар нисбати мол иљозат ва (ё) иљозатнома пешнињод шуда бошад, дар њолатњое, ки агар тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон интиќоли ин мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон њангоми мављуд будани чунин иљозат ва (ё) иљозатномањо имконпазир бошад;

4) агар нисбати ин мол њуљљати назоратии расидани мол (моддаи 81) пешнињод шуда бошад;

5) агар мол бо аломатњои њаммонандсозї таъмин бошад:

6) агар воситаи наќлиёт ба таври зарурї муљањњаз бошад, дар њолате, ки мол тањти пломбањо ва мўњрњои гумрукї интиќол дода шавад (моддаи 84);

7) агар барои таъмини риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тадбирњо андешида шуда бошанд (моддаи 86).

4. Иљозат ба транзити дохилии гумрукї баъди пешнињоди мол ба маќоми гумруки ирсолкунанда фавран, баъди он, ки маќоми гумрук ба риояи шартњои муќаррарнамудаи ќисми 3 њамин модда итминон њосил мекунад, аммо на дертар аз як шабонарўзи ќабули њуљљати назоратии расидани мол дода мешавад (моддаи 81). Њуљљати назорати расидани мол аз љониби маќоми гумруки ирсолкунанда дар мўњлати 30 даќиќа ќабул карда мешавад, агар он ба њамаи талаботи муќарраршуда љавобгў бошад.

Њангоми додани иљозат барои транзити дохилии гумрукї маќоми гумруки ирсолкунанда мўњлати транзити дохилии гумрукї (моддаи 82) ва мањали расонидани молро муайян менамояд (моддаи 85).

5. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї метавонад љињати иљозат надодани интиќолдињанда ё экспедитор ба транзити дохилии гумрукї, ки якчанд маротиба ўњдадории худро оид ба интиќоли мол тибќи транзити дохилии гумрукї иљро нанамудааст, агар тибќи ќарор маълум гардад, ки оид ба ќонунвайронкунињои маъмурї дар фаъолияти гумрукї нисбати он љавобгарии маъмурї андешида шудааст ва њатто агар яке аз ин ќарорњо иљро нашуда бошад ё њамин интиќолдињанда ё экспедитор ўњдадорињояшро оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз тибќи моддаи 90 њамин Кодекс иљро накарда бошад, ќарор ќабул намояд. Ќарори мазкур бояд дар мўњлати 5 рўзи баъди пардохти љаримаи маъмурї, бољњои гумрукї ва андоз тибќи моддаи 90 њамин Кодекс бекор карда шуда, дар ин бора интиќолдињанда ё экспедитор, ки нисбати онњо чунин ќарор ќабул шудааст, дар мўњлати муќарраршуда дар шакли хаттї огоњ карда мешаванд.

6. Њангоми интиќоли мол тибќи транзити дохилии гумрукї ба мањали расидани мол (моддаи 85), ки мањали љойгиршавии маќоми гумрук њисоб намешавад, иљозати транзити дохилии гумрукї ба таври истисно ба шахсе дода мешавад, ки тибќи њамин Кодекс ба зиммааш нигањдории мол ва иљрои дигар амалиёт бо мол дар мањали расидани мол гузошта шудааст. Дар ин њолат шахси мазкур ўњдадорињо ва масъулиятњои барои экспедитор муќаррарнамудаи њамин бобро бо назардошти њолатњои ќисми 5 моддаи 92 њамин Кодекс ба зимма дорад.

7. Агар иљозат ба транзити дохилии гумрукї барои риоя нашудани бандњои 1 - 3 ќисми 3 њамин модда дода нашавад, маќоми гумрук њуќуќ дорад ба интиќолдињанда иљозат дињад, ки молро ба анбори нигањдории муваќќатї ё дигар љойњои минтаќаи назорати гумрукї њисобшаванда интиќол дињад, бо шарти мушоияти гумрукии воситањои наќлиёте, ки тавассути онњо мол интиќол дода мешавад.

Эзоњ: 1.Бо маќсади истифодаи њамин боб тањти мафњуми воситањои наќлиёт инчунин воситањои наќлиёте фањмида мешаванд, ки дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мол тавассути онњо интиќол дода мешавад.

2. Бо маќсади истифодаи њамин боб тањти мафњуми экспедитор шахсе фањмида мешавад, ки тибќи ќарордоди экспедитсияи наќлиётї мутобиќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон амал мекунад.

Моддаи 81. Декларатсияи транзитї

1. Ба сифати декларатсияи транзитї маќоми гумруки интиќолдињанда њуљљатњои тиљоратї, наќлиётї (борбарї) ва (ё) њуљљатњои гумрукии дорои маълумоти дар ќисми 2 њамин модда зикршударо ќабул мекунад.

2. Барои гирифтани иљозат ба транзити дохилии гумрукї интиќолдињанда (экспедитор) ба маќоми гумруки интиќолдињанда маълумоти зеринро пешнињод менамояд:

1) дар бораи ном ва љои интиќолдињанда (ќабулкунанда) тибќи њуљљатњои наќлиётї;

2) дар бораи мамлакати интиќолдињандаи (мамлакати таъинот) мол;

3) дар бораи ном ва љои интиќолдињандаи мол ё экспедитор, агар экспедитор барои транзити дохилии гумрукї иљозат гирифта бошад;

4) дар бораи воситаи наќлиёте, ки тавассути он бор дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќол дода мешавад, њангоми боркашонї тавассути наќлиёти автомобилї бошад - њамчунин дар бораи ронандаи воситаи наќлиёт;

5) дар бораи намуд ё ном, миќдор ва нархи мол тибќи њуљљатњои тиљоратї, наќлиётї (борбарї), вазн ё њаљм, коди мол, тибќи Системаи њамоњангшудаи тавсифот ва кодгузории мол ё Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї дар сатњи на камтар аз чор аломати аввал;

6) дар бораи миќдори умумии љои бор;

7) дар бораи мањали таъиноти мол;

8) дар бораи ба наќша гирифтани азнавборкунї ё дигар амалиёти борбардорї ё борфарорї дар роњ;

9) дар бораи ба наќша гирифтани мўњлати интиќоли мол (моддаи 82);

10) дар бораи хати сайр, агар интиќоли мол бо хатњои сайри муайян ба љо оварда шавад (ќисми 3 моддаи 86).

3. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њуќуќ дорад номгўи маълумоти дар ќисми 2 њамин модда зикршударо бо назардошти категорияи шахс, молу воситањои наќлиёти интиќолшаванда, навъи мол, инчунин вобаста ба навъи наќлиёт ихтисор намояд.

4. Агар њуљљатњои тибќи ќисми 1 њамин модда пешнињодшуда њамаи маълумоти дар ќисми 2 њамин модда зикршударо надошта бошанд, ин маълумот иловатан, бо роњи ба шакли хаттї дохил намудани маълумоти нокифоя ба декларатсияи транзитї пешнињод карда мешавад. Шакли декларатсияи транзитї ва тартиби пур кардани онро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд.

5. Маќоми гумрук њуќуќ надорад аз интиќолдињанда ё экспедитор дигар маълумотро, ба истиснои маълумоти дар ќисми 2 њамин модда зикргардида, талаб намояд.

6. Дар хусуси ќабули њуљљатњо ба сифати декларатсияи транзитї тибќи ќисми 1 њамин модда шахси мансабдори маќоми гумрук дар чунин њуљљатњо тибќи намуна ва тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї сабт мегузорад.

7. Декларатсияи транзитиро ба шакли њуљљати электронї пешнињод кардан мумкин аст. Тартиби пешнињоди декларатсияи транзитї ба шакли њуљљати электронї ва тартиби истифодаи онро дар транзити гумрукии дохилї маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тибќи њамин Кодекс муайян менамояд.

8. Дар њолатњои пешбининамудаи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ба сифати декларатсияи транзитї њуљљатњое, ки чунин санадњо муќаррар кардаанд, истифода бурда мешавад.

Моддаи 82. Мўњлати транзити дохилии гумрукї

1. Мўњлати нињоии транзити дохилии гумрукї, агар интиќол тавассути наќлиёти автомобилї ва роњи оњан сурат гирад, наметавонад аз мўњлати ба њисоби 2000 км дар як моњ муайяншуда зиёд бошад ва дар њолате, ки агар интиќол тавассути наќлиёти њавої сурат гирад - ин мўњлат аз рўзи гирифтани иљозат барои транзити дохилии гумрукї набояд аз се рўз зиёд бошад.

2. Њангоми гирифтани иљозат ба транзити дохилии гумрукї мўњлати транзити дохилии гумрукї аз љониби маќоми гумруки ирсолкунанда дар доираи мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда, вобаста ба аризаи интиќолдињанда (экспедитор), мўњлати муќаррарии интиќоли мол, навъи наќлиёт ва имкониятњои воситаи наќлиёт, хати сайри он ва дигар шароити њамлу наќл муќаррар карда мешавад.

3. Бо дархости асосноки шахси манфиатдор маќоми гумрук мўњлати муќаррарнамудаи транзити дохилии гумрукиро дар доираи мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда тамдид менамояд. Агар њангоми интиќоли мол тибќи расмиёти транзити дохилии гумрукї интиќолдињанда дар мўњлати аввали муќарраргардида аз сабаби садама ё таъсири ќувваи рафънопазир молро расонида натавонад, бо иљозати маќоми гумрук дар шакли хаттї мўњлати транзити дохилии гумрукї метавонад ба мўњлати зиёда аз мўњлати нињоии муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда тамдид карда шавад.

Моддаи 83. Њаммонандсозии (идентификатсияи) мол ва њуљљатњои он

1. Маќоми гумруки ирсолкунанда њаммонандсозии молеро, ки ба расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукї фаро гирифта шудаанд, бо маќсади таъмини имконияти аз љониби маќоми гумруки таъинот (ќисми 1 моддаи 92) ошкор намудани аломати гирифтани бор, љойгузории бор дар наќлиёт ё иљрои ягон амалиёт бо бор, агар амалњои мазкур њангоми интиќоли ин мол мувофиќи транзити дохилии гумрукї сурат гирифта бошанд, анљом медињад.

2. Бо маќсади њаммонандсозии мол маќоми гумруки ирсолкунанда њуќуќ дорад воситањои зеринро истифода намояд:

1) гузоштани пломбањои гумрукї ва мўњрњо ба наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда;

2) гузоштани нишонњои њаммонандсозии раќамї, њарфї ё маркировкаи дигар, гузоштани пломба ва мўњрњо ба љойњои бори алоњида;

3) гузоштани штамп;

4) гирифтани чошнињо ва намунањо;

5) тавсифи мол ва воситањои наќлиёт;

6) истифодаи наќшањо, суратњои калонњаљм тањияшуда, фотосуратњо, видеосабтњо, ороишњо;

7) истифодаи наќшањои тањиянамудаи шахсони мансабдори маќомоти гумрук, суратњои калонњаљм тањияшуда, фотосуратњо, видеосабтњо, ороишњо;

8) воситањои дигари имкондињандаи њаммонандсозии мол, инчунин пломбаи ирсолкунандаи мол.

3. Њаммонандсозии мол бо роњи гузоштани пломбаю мўњри гумрукї ба воситањои наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда бо риояи шартњои муќаррарнамудаи моддаи 84 њамин Кодекс амалї карда мешавад.

Дар њолатњои дигар њаммонандсозии мол бо истифодаи воситањои дигари муќаррарнамудаи ќисми 2 њамин модда анљом дода мешавад.

4. Маќомоти гумрук инчунин пломбањои гумрукї ё воситањои дигари њаммонандсозии маќомоти гумруки давлатњои хориљиро истифода мебаранд, ба истиснои њолатњое, ки агар:

1) пломбањои гумрукї ё воситањои дигари њаммонандсози аз љониби маќоми гумруки ирсолкунанда нокифоя ё ба мизони муайяннамудаи ќисми 1 моддаи 84 њамин Кодекс беэътимод њисобида шаванд;

2) маќоми гумруки ирсолкунанда муоинаи гумрукии молро анљом дињад.

Агар маќомоти гумрук пломбањои гумрукї ё воситањои дигари њаммонандсозии маќомоти гумруки давлатњои хориљиро истифода баранд, барои таѓйир додан, нест ё нобуд кардан ё хароб намудани ин воситањои њаммонандсозї мамнўиятњои пешбининамудаи њамин Кодекс нисбати воситањои њаммонандсозии маќомоти гумруки Љумњурии Тољикистон татбиќ мегарданд.

5. Маќомоти гумрук њаммонандсозии њуљљатњои наќлиётї (борбарї), инчунин њуљљатњои тиљоратии моли дар ихтиёри интиќолдињанда бударо барои маќсадњои гумрукї амалї менамоянд.

Барои маќсадњои њаммонандсозии њуљљатњо маќомоти гумрук њуќуќ доранд воситањои зеринро истифода баранд:

1) гузоштани мўњр ва штамп дар њуљљатњо;

2) гузоштани воситањои махсуси часпанда ва махсуси њимоятї;

3) љойгир намудани њуљљатњои зарурї барои маќсадњои гумрукї дар ќисматњои боргузории воситањои наќлиёт, контейнерњо ё бордонњои људошаванда, ки ба онњо пломбаю мўњри гумрукї гузошта мешаванд;

4) гузоштани њуљљатњои зарурї барои маќсадњои гумрукї дар сейф - лифофањо.

Моддаи 84. Таљњизонидани воситањои наќлиёт, контейнерњо ва бордонњои људошаванда њангоми интиќоли мол тањти пломба ва мўњрњои гумрукї

1. Воситањои наќлиёт, контейнерњо ё бордонњои људошаванда барои интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї иљозат дода мешаванд, ба шарте агар пломбаю мўњри гумрукї мустаќиман ба њамин воситањои наќлиёт, контейнерњо ва бордонњои људошаванда тарзе гузошта шуда бошанд, ки сохт ва таљњизонии онњо имкон медињад:

1) пломбаю мўњри гумрукї ба таври оддї ва эътимодбахш гузошта шаванд;

2) мол аз ќисми борљои пломбашудаи воситаи наќлиёт бе гузоштани пайњои назарраси кушодани борљои воситаи наќлиёт ё хароб кардани пломбаю мўњри гумрукї мол ба борљойњои воситаи наќлиёт гирифта ё гузошта нашаванд;

3) дар воситањои наќлиёт ва борљои он барои пинњон намудани мол љойњои махфї набошанд;

4) њамаи љойњое, ки дар онњо мол гузошта шудаанд, барои азназаргузаронии гумрукї дастрас бошанд.

2. Талаботи муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда нисбати наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда иљрошуда њисобида мешаванд, агар воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда љавобгўи талаботи техникие бошад, ки маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар менамояд.

3. Дар бораи иљозат додани воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда ба интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї маќоми гумруки ирсолкунанда ќарор ќабул менамояд, агар воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда пешакї ба интиќол тањти пломбаю мўњри гумрукї иљозат дода нашуда бошад.

Ќарори мазкур аз љониби маќоми гумруки ирсолкунанда дар рўзи мурољиати шахси манфиатдор ќабул карда мешавад.

4. Мувофиќати воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда ба талаботи дар ќисмњои 1 ва 2 њамин модда зикргардида метавонанд сари ваќт, бо роњи гирифтани гувоњнома дар бораи иљозат додани воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда ба интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї тасдиќ карда шавад.

Гувоњнома дар бораи иљозат додани воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда ба интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї бо тартиби зайл дода мешавад:

1) инфиродї;

2) вобаста ба конструксияи (навъи) воситаи наќлиёт ё бордони људошаванда.

Гувоњнома дар бораи иљозат додани воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда ба интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї аз тарафи маќоми гумрук дар асоси аризаи шахси манфиатдор дар давоми 5 рўзи гирифтани аризаи мазкур дода мешавад. Гувоњномаи мазкур то даврае амал мекунад, ки дар конструксияи воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда таѓйирот сурат нагирад. Гувоњнома дар бораи иљозат додани воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда ба интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї њангоми ба шахси дигар гузаштани њуќуќи соњибии воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда эътибори худро нигоњ медорад. Шакли гувоњнома дар бораи иљозат додани воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошаванда барои интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї ва тартиби додани онњо аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад.

5. Маќомоти гумрук пешакї иљозат додани воситаи наќлиёт, контейнер ё бордони људошавандаро барои интиќоли мол тањти пломбаю мўњри гумрукї, ба истиснои њолатњои зерин, талаб наменамоянд:

1) агар интиќоли молро боркаши гумрукї анљом дода бошад (боби 11);

2) иљозати пешакї дар санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон пешбинї шуда бошад.

Моддаи 85. Мањали расонидани мол њангоми транзити дохилии гумрукї

1. Мањали расонидани молро њангоми транзити дохилии гумрукї маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар асоси маълумот дар бораи мањали таъиноти дар њуљљатњои наќлиётї (борбарї) зикргардида муайян менамояд. Мањали расонидани мол минтаќаи назорати гумрукие мебошад, ки дар ќаламрави фаъолияти маќоми гумруки таъинот ќарор дорад (ќисми 1 моддаи 92). Њамзамон моли интиќолшаванда аз љойњои расидааш (моддаи 69) ба мањали љойгиршавии маќоми гумрук расонида мешавад (моддаи 464).

2. Дар сурати таѓйир додани мањали таъинот мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи наќлиёт њангоми транзити дохилии гумрукї интиќолдињанда њуќуќ дорад ба маќоми гумрук бо дархости таѓйир додани мањали расонидани бор мурољиат намояд. Дар ин њолат интиќолдињанда метавонад ба њама гуна маќоми гумруке, ки дар хати сайри он мављуд аст, бо ариза, ки дар шакли озод тањия шудааст, дар мавриди таѓйир додани мањали таъинот мурољиат намояд ва њуљљатњои тасдиќкунандаи таѓйир додани мањали таъинот, инчунин њуљљатњои пешбининамудаи ќисми 3 моддаи 92 њамин Кодексро пешнињод кунад.

Ќарор дар бораи таѓйир додани мањали расонидани бор аз љониби маќоми гумрук дар рўзи дигари гирифтани ариза ва њуљљатњои дар сархати 1 њамин ќисм зикргардида ќабул карда мешавад. Ќарори мазкур бо роњи анљом додани транзити дохилии гумрукї нисбати моле, ки мањали расонидани он таѓйир дода шудааст ва додани иљозати нав ба транзити дохилии гумрукї (моддаи 80) ба расмият дароварда мешавад. Иљозати нав ба транзити дохилии гумрукї дар рўзи ќабули ќарор дар бораи таѓйир додани мањали расонидани бор дода мешавад.

Моддаи 86. Тадбирњо барои таъмини риояи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон њангоми транзити дохилии гумрукї

1. Интиќоли мол ва воситањои наќлиёт тибќи расмиёти транзити дохилии гумрукї њангоми риояи шартњои зерин амалї мегардад:

1) моле, ки воридоташ ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва содироташ аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон манъ карда нашудааст;

2) барасмиятдарории декларатсияи транзитї тибќи моддаи 81 њамин Кодекс,

3) таъмини яке аз тадбирњои интиќоли мол ва воситањои наќлиёт тибќи ќисми 2 њамин модда.

2. Ба тадбирњои таъмини назорати боррасонї ва воситањои наќлиёт тибќи расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукї инњо дохил мешаванд:

1) таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо роњи дохил намудани маблаѓ ба кассаи маќоми гумрук ё ба њисобномаи њама гуна маќоми гумрук (гарави пулї);

2) таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз бо роњи ба гарав гузоштани амвол;

3) кафолати бонк;

4) интиќоли мол аз љониби боркашони гумрукї;

5) мушоияти гумрукии мол;

6) дигар тадбирњои пешбининамудаи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон;

Шахси интиќолдињандаи мол ва воситањои наќлиёт њуќуќ дорад яке аз тадбирњои номбаршударо интихоб намояд.

3. Њангоми интиќоли мол тибќи расмиёти транзити дохилии гумрукї тавассути наќлиёти роњи оњан муќаррароти ќисми 2 њамин модда истифода намешавад.

4. Тадбири таъмини расонидани мол ва воситањои наќлиёт тибќи транзити дохилии гумрукї њангоми интиќол дар асоси санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон тавассути наќлиёти њавої ва боркашонњои гумрукї истифода намешавад.

5. Рўйхати моле, ки интиќолаш дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо пардохти њатмии бољњои гумрукї ва андоз таъмин мегардад, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян ва тасдиќ карда мешавад.

6. Дар њолатњои пешбининамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад хати сайри интиќоли намудњои алоњидаи молро тибќи транзити дохилии гумрукї муќаррар намояд. Дар њолатњои дигар хати сайр барои интиќоли намудњои дигари мол, ки њангоми интиќоли он тавассути ќаламрави гумрукї њодисањои муттасил вайрон кардани ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст ё тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мамнўият ва мањдудиятњо муќаррар гардидааст, муайян карда мешавад. Њамзамон хати сайрро интиќолдињанда интихоб менамояд. Хати сайри аз љониби интиќолдињанда арзшуда њангоми интиќоли мол барои ў њатмї мебошад. Таѓйир додани хати сайр бо иљозати хаттии маќоми гумрук мумкин аст.

Моддаи 87. Мушоияти гумрукї

1. Мушоияти гумрукї – њамроњї кардани воситањои наќлиёти интиќолдињандаи мол тибќи транзити дохилии гумрукї мебошад, ки аз љониби шахсони мансабдори маќомоти гумрук танњо бо маќсади таъмини риояи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон њангоми транзити дохилии гумрукї анљом дода мешавад.

2. Маќоми гумрук њуќуќ дорад оид ба мушоияти гумрукї дар њолатњои зерин ќарор ќабул кунад:

1) агар таъмини пардохти бољи гумрукї дар асоси банди 1 ќисми 2 моддаи 86 њамин Кодекс пешнињод карда нашавад;

2) интиќоли намудњои алоњидаи мол, ки дар асоси системаи тањлили хатар ва идораи онњо тибќи њамин Кодекс муайян карда шуда бошад;

3) аз љониби интиќолдињанда аќаллан як маротиба дар тўли сол аз рўзи мурољиат барои иљозати транзити дохилии гумрукии мол ба љойи таъинот расонида нашудааст ва он тибќи ќарори эътибори ќонунї пайдокарда дар хусуси таъини љазои маъмурї аз рўи парвандаи ќонуншиканињо дар соњаи фаъолияти гумрукї тасдиќ шуда бошад;

4) баргашта баровардани моле, ки иштибоњан ба Љумњурии Тољикистон ворид шудааст ё моле, ки воридоти он манъ аст, агар мањали интиќоли воќеии моли зикршуда аз сарњади гумрукї њангоми содироти он бо мањали љойгиршавии ин мол мувофиќат накунад;

5) интиќоли мол тибќи ќисмњои 6 ва 7 моддаи 80 њамин Кодекс;

6) интиќоли моле, ки тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нисбати он мамнўият ва мањдудият муќаррар шудааст.

3. Барои мушоияти гумрукї дар њаљми муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон хирољи гумрукї ситонида мешавад.

Моддаи 88. Вазифањои интиќолдињанда њангоми транзити дохилии гумрукї

Њангоми интиќоли мол тибќи транзити дохилии гумрукї интиќолдињанда вазифадор аст:

1) мол ва њуљљатњои онро мувофиќи мўњлати муайяннамудаи маќоми гумрук ба мањали расонидани мол тибќи хати сайри дахлдор интиќол дињад, агар ин хати сайри муайян ё арзшуда бошад;

2) њифзи мол, пломбаю мўњри гумрукї ё дигар воситањои њаммонандкуниро таъмин намояд, агар онњо истифода шуда бошанд;

3) нисбати мол бе иљозати маќомоти гумрук ба азнавборкунї, борфарорї, борбардорї ва амалиёти дигарро иљозат надињад, ба истиснои азнавборкунии бор ба наќлиёти дигар, ки мувофиќи ќисми 1 моддаи 89 њамин Кодекс пешбинї шудааст.

Моддаи 89. Азнавборкунї, борфарорї, борбардорї ва дигар амалиёт нисбати мол

1. Азнавборкунї, борфарорї, борбардорї ва дигар намуди амалиёт, ки тибќи транзити дохилии гумрукї анљом дода мешавад, бо иљозати маќоми гумруки ирсолкунанда (ќисми 1 моддаи 80) ё маќоми гумруке, ки дар минтаќаи он амалиёти дахлдор амалї мегардад, анљом дода мешавад. Агар аз нав бор кардани мол аз як воситаи наќлиёт ба воситаи дигари наќлиёт бе вайрон кардани пломбаю мўњри гумрукї имконпазир бошад, чунин амал баъди огоњонидани пешакии маќоми гумрук иљозат дода мешавад.

2. Маќоми гумрук метавонад барои амалиёти боркунии мол дар њолатњое иљозат надињад, ки агар он боиси нобудшавии мол ё таѓйирёбии хосияти он гардад.

Моддаи 90. Љавобгарии интиќолдињанда ва экспедитор њангоми транзити дохилии гумрукї

1. Њангоми нарасонидани моли хориљї ба маќоми гумруки таъинот (ќисми 1 моддаи 92) интиќолдињанда ё экспедитор, агар барои транзити дохилии гумрукї экспедитор иљозат гирифта бошад, вазифадор аст бољњои гумрукї ва андози воридотиро тибќи њамин Кодекс пардозад.

Агар молро интиќолдињанда ба ќабулкунанда ё шахси дигар бе иљозати маќоми гумрук дода бошад, шахсе, ки ин борро ба соњибї гирифтааст, барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъул мебошад, агар муайян карда шавад, ки њангоми гирифтани ин мол ин шахс аз вайрон кардани ќоидањои гумрукии Љумњурии Тољикистон огоњ буд ё бояд онро медонист.

2. Интиќолдињанда ва экспедитор барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъул нестанд, дар сурате, ки агар ин мол дар натиљаи садама, њодисаи рафънопазир ё талафи табиї дар шароити оддии интиќол (борбарї) нобуд шудааст ё тамоман талаф шуда бошад.

Маќомоти гумрук њуќуќ надоранд ба интиќолдињанда ё экспедитор дар асоси он, ки интиќол тавассути хати сайри муайяншуда сурат нагирифтааст ё мўњлати муайяншудаи транзити дохилии гумрукї риоя нашудааст, оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз талабот пеш гузоранд, агар шароиту талаботи дигари муайянкардаи њамин боб иљро шуда бошад.

3. Дар сурати њангоми транзити дохилии гумрукї аз нав бор кардани мол аз як воситаи наќлиёт ба воситаи дигари наќлиёт масъулияти пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба зиммаи интиќолдињандае (экспедиторе) хоњад буд, ки барои транзити дохилии гумрукї иљозат гирифтааст.

4. Њангоми интиќоли мол тавассути наќлиёти роњи оњан мутобиќи транзити дохилии гумрукї масъулият барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз ба зиммаи роњи оњан, ки молро талаф кардааст ё онро бе иљозати маќомоти гумрук додааст, гузошта мешавад. Талабот оид ба супоридани пардохтњои гумрукї ва андоз аз љониби маќомоти гумруки роњи оњани таъинот пешнињод карда мешавад. Муќаррароти њамин ќисм нисбати њолатњое, ки агар иљозати транзити дохилии гумрукї ба экспедитор дода шуда бошад, инчунин њангоми интиќоли мол тибќи муросилоти мустаќими омехта, агар иљозати транзити дохилии гумрукї ба интиќолдињандаи навъи дигари наќлиёт дода шуда бошад, татбиќ намегардад.

Моддаи 91. Тадбирњои њангоми садама ва (ё) таъсири ќувваи рафънопазир андешидашаванда, ки монеи интиќоли мол ва воситањои наќлиёт њангоми транзити дохилии гумрукї мегарданд

Њангоми садама ва (ё) таъсири ќувваи рафънопазир интиќолдињанда вазифадор аст:

1) барои таъмини нигањдории мол ва воситањои наќлиёт тамоми тадбирњои заруриро андешад;

2) дар бораи њодисаи рухдода ба маќоми дахлдори ваколатдори давлатї ва минбаъд ба маќоми гумруки наздиктарин бетаъхир хабар дињад. Маќоми гумруки огоњёфта вазифадор аст бетаъхир маќоми гумруки ирсолкунанда ва таъинотро огоњ намояд, инчунин дар бораи имконияти интиќоли минбаъдаи мол бо риояи ќоидањои транзити дохилии гумрукї ќарор ќабул кунад.

Маќомоти гумрук харољоти интиќолдињандаро вобаста ба андешидани тадбирњои дар њамин модда пешбинишуда љуброн намекунанд.

Моддаи 92. Анљоми расмиёти транзити дохилии гумрукии мол

1. Маќоми гумруке, ки дар он транзити дохилии гумрукї (маќоми гумруки таъинот) хотима меёбад, анљоми транзити дохилии гумрукии молро дар мўњлати кўтоњтарини имконпазир, вале на дертар аз 24 соат аз лањзаи баќайдгирии расидани воситаи наќлиёт, бо роњи ба интиќолдињанда додани гувоњнома дар бораи анљоми транзити дохилии гумрукї тибќи намунаи муайянкардаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба расмият медарорад, агар њангоми санљиши њуљљатњо ва њаммонандсозии мол њамин маќоми гумрук вайронкунии ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро ошкор накарда бошад.

2. Маќоми гумруки таъинот вазифадор аст расидани воситаи наќлиётро ба мањали боррасонї дар мўњлати 2 соат аз лањзаи аз љониби интиќолдињанда пешнињод кардани њуљљатњои дар ќисми 3 њамин модда зикршуда ба ќайд гирад ва фавран, баъди баќайдгирї ба интиќолдињанда дар бораи расидани воситаи наќлиёт тибќи намунаи муайянкардаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќнома дињад.

3. Барои анљоми транзити дохилии гумрукї интиќолдињанда вазифадор аст ба маќоми гумруки таъиноти мол, њуљљати назорати расидани мол (моддаи 81), инчунин њуљљатњои дигари барои мол доштаашро дар давоми 1 соати расидани воситаи наќлиёт ба мањали молрасонї ва њангоме, ки агар мол берун аз ваќти кории маќоми гумрук расида бошад - дар давоми як соати оѓози кори њамин маќоми гумрук пешнињод намояд. Њангоми интиќоли мол тавассути наќлиёти роњи оњан мўњлати пешнињоди њуљљатњои мазкур набояд аз 12 соат зиёд бошад.

4. Дар мањали молрасонї то анљоми транзити дохилии гумрукї воситањои наќлиёт дар минтаќаи тањти назорати гумрукї љойгир карда мешаванд. Љойгиркунии воситањои наќлиёт дар минтаќаи назорати гумрукї барои њар ваќту соат иљозат дода мешавад.

5. Њангоми интиќоли мол ба мањали молрасонї, ки мањали љойгиршавии маќоми гумрук (ќисми 6 моддаи 80) намебошад, транзити дохилии гумрукї метавонад бе пешнињоди мол ба маќоми гумруки таъинот хотима ёбад.

Шахси барои транзити дохилии гумрукї иљозатгирифта вазифадор аст молро барои нигањдорї ќабул намуда, ба иљрои амале, ки боиси таѓйир ёфтани њолати мол, вайроншавии бастабанди он мегардад, роњ надињад, истифода ва ихтиёрдории онро то лањзаи аз љониби маќоми гумрук тасдиќ наёфтани расонидани мол ба анборњои нигањдории муваќќатї, анбори гумрукї ё љойи дигар, ки тибќи ќоидањои муќаррарнамудаи њамин боб чун љойи молрасонї муайян шудааст, таъмин намояд. Зимнан, мол бояд дар бинои алоњида ё дар майдони ињоташуда, бо лавњаи дорои иттилооте, ки њаммонандсозии онро имконпазир мегардонад, љой дода шавад.

Барои анљом додани транзити дохилии гумрукї дар маќоми гумруки таъинот њамзамон бо њуљљатњои дар ќисми 3 њамин модда зикршуда дар давоми як шабонарўзи расидани воситањои наќлиёт ба мањали молрасонї њуљљатњои тасдиќкунандаи ќабули мол пешнињод карда мешавад. Дар давоми се рўзи пешнињод шудани њуљљатњои зикршуда маќоми гумрук расидани молро тибќи намуна ва тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тасдиќ менамояд.